wrapper

23.04.24 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бо ибтикори директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. маҳфили илмию адабӣ дар мавзуи «Адабиёт-зидди хурофот» бо иштироки шоири маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Салими Хатлонӣ баргузор гардид. Маҳфилро директори ИИГ АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар кушода, қудуми шоири маъруфи тоҷик, профессор Салими Хатлониро ба Институти илмҳои гуманитарӣ хайрамақдам гуфта, доир ба фаъолияти густурда, арҷгузорӣ ба дастовардҳои давлату миллати тоҷик ва нақши ўро дар тарбияи худшиносиву худогоҳии насли наврас арзёбӣ намуданд.

         Сипас, муовини раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, доктори илмҳои филологӣ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир сухан ронда, роҷеъ ба ашъори пурғановати Салими Хатлонӣ андешаҳои ҷолибро баён намуда, таклиф карданд, ки минбаъд барои боз ҳам вусъат додани андешаҳои ватандўстии насли наврасу ҷавон чунин маҳфилҳо бештар ба роҳ монда шаванд.  

         Ҳамзамон иштирокчиёни маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев роҷеъ ба ғояҳои баланди ватандўстона, ваҳдату ягонагӣ ва шукргузорӣ аз ватану миллати хеш, ки асоси ашъори ўро фаро гирифтааст, сухан ронданд.

         Дар қисмати дуюми чорабинӣ аз тарафи магистрони ИИГ ба номи академик Б. Искандаров ва донишҷўёни ДДХ ба номи М. Назаршоев  порчаҳои шеърӣ аз ашъори Салими Хатлонӣ қироат гардиданд.

Дар бахши музокирот бошад, иштирокдорон андешаҳояшонро иброз доштанд.

Дар охир аз тарафи раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ ба шоири маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Салими Хатлонӣ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд. Ҳамчунин шоири ширинкалом Салими Хатлонӣ бо самимияти хос ба ташкилкунандагони маҳфил изҳори сипос намуда, китобҳояшро тақдим намуд.

Маҳфил дар сатҳи баланди илмию адабӣ гузаронида шуд.