НИЁЗБЕКОВ Давлат Толибекович – номзади илми таърих,
ходими пешбари илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаров и АМИТ
ДАР МАСИРИ ОЯНДАСОЗӢ…
(бардошт аз вохӯрии Сарвари давлат бо фаъолон ва намояндагони дин)
Бадахшон аз қадим зебо буду дар ситоиши шоирону ҷаҳонгардон қарор дошт, аммо бо заҳматҳову талошҳои пайдарпайи Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон чанд соли охир чунон зеботару дилработар шудаст, ки ҳатто шоирон дар тавсифи он сухан намеёбанд. Бадахшон як ҷузви ҷудонопазири Тоҷикистони азиз буду њаст. Агар Тоҷикистон хонаи мост, пас Бадахшон равзанаи он аст, ки аз тариқи он Худованд ба мову шумо нуру равшаноӣ ато мекунад. Равшании моҳ равшании илму дониш ва равшании офтоб нури яздонии ақлу фаросат ва одаму одамгарист.
Бадахшон аз қадим дарвозаи ғарбии давлатдории тоҷикон буду њаст ва имрӯзҳо бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, дар ҳақиқат, ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил ёфта истодааст. Гулшаҳри Хоруғ имрӯз аз Хоруғи пешин ба куллӣ фарқ дорад. Баробари табиат имрӯзҳо мардуми мо ҳам дар ботину ҳам дар зоҳир тағйир кардаанд. Баланд гардидани сатҳи донишу илмомӯзӣ, васеъ гардидани ҷаҳонбинии илмиву назариявӣ имкон фароҳам овард, ки ҳар як фард худро дар назди миллату давлат баҳри ояндасозӣ саҳим донад.
Мардуми шарифи Бадахшон дар тӯли қарнҳо агарчи дар мазҳабу ақоиди динӣ дигар буданд, лекин дар андешаву афкор ҳеҷ гоҳ аз бародарони минтаќаҳои дигари худ ҷудо набуда, як умр дар фазои баробариву бародарӣ умр ба сар мебурданд.
Бадахшон аз қадим намунаи олии ҳамгироии мусолиҳатомез, гуногунфарҳангиву гуногунандешӣ буда, таърих ёд надорад, ки боре байни онҳо бархӯрди фикрӣ ё ақидатӣ ба амал омада бошад. Ҳамеша байни онҳо шаҳпули дӯстӣ барқарор буд ва аз тариқи ин шаҳпул бо ҳам равобити мустақими сиёсиву фарҳангӣ, иҷтимоиву тиҷорӣ доштанд. Ягона сабаби ин ҳамзистии бародарона як омил дошт, ки он доштани ҳисси баланди миллӣ буд. Маскунони ин минтақаи кӯҳӣ новобаста аз ҳамаи тафовутҳо тоҷик буданд. Тоҷик будан рамзи ҳастӣ ва ифтихори онҳо буд. Олӣ доштани ҳувияти миллӣ аз ҳувияти динӣ ва манофеи миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, принсипи таърихии мардуми тоҷик буда, мардуми кӯҳистон ба он сахт эътиқодманданд.
Таърих худ мактаби сабақ дар роҳи расидан ба худшиносиву худошиносӣ аст. Азбаски халқи тоҷик ҳанӯз пеш аз таҳоҷуми Ислом ба Шарқ ҳамчун миллат ташаккулёфта арзи ҳастӣ дошт, аз ин мактаби вақту замон кайҳо гузашта буд.
Агарчи то Ислом дар қаламарави Моварҳуннаҳр мардум ба дину мазоҳиби мухталифе гироиш доштанд, лекин байнашон ҷангу пархош вуҷуд надошт, зеро ҳама ҳамхун буданду ориё ва аз ҳама пеш тоҷик. Азбаски аллакай дар тинати миллати тоҷик худогоҳиву худошиносӣ, ҳамдигарфаҳмию ҳамгироӣ ва чандандешиву таҳаммулпазирӣ ҷойгузин гардида буд, Ислом натавонист байни онҳо тафриқа эҷод намояд. Агарчи дар зоҳир ба фирқаҳо тақсим шуда бошанд, вале дар ботин яке буданд, яъне тоҷик. Арабҳо ҳарчи кӯшиданд, ки фарҳангу маданияти ин мардумро аз байн бародоранд, вале дар ин варта ноком монданд. На ин ки онро аз байн бардошта натавонистанд, балки ба онҳо умри ҷовидонаю мақоми байналхалқӣ бахшиданд. Мисоли ин гуфтаҳо Наврӯзи бостонӣ аст, ки бо сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ ба он мақоми байналхалқӣ дода шуда, он василае шуд, ки пас аз парешониҳои ҳазорсола бори дигар тамоми мардуми ориётабори оламро гирди фарҳангу тамаддуни азалӣ муттаҳид намуд. Эҳё намудани ҷашнҳои қадима, аз қабили Садда, Наврӯз, Меҳргон ва амсоли онҳо шаҳодати онанд, ки хазинаи фарҳангии миллати тоҷик сол то сол ғанитар гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун фарҳанги бузурги инсоният шинохта мешавад.
Агар гӯем, ки халқи тоҷик дар ин лаҳазоти мушкил ҳампаҳлӯи Сарвари давлат хизмати худро барои таърихи миллату давлат анҷом дод, иштибоҳ намешавад. Танҳо чизе, ки бояд насли имрӯзу фардои миллат анҷом диҳад, ин пос доштани арзишҳои миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба хизматҳои раҳбари миллат дар ҷодаи давлатсозии навин аст. Гиромӣ доштану ҳифз кардани дастоварҳои бадастомада вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.