wrapper

Институт

Институт

АҲАМИЯТИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: стратегияҳо, маҳсулоти рақамӣ ва истифодаи технологияҳо (дар ҳошияи Паём)

АҲАМИЯТИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: стратегияҳо, маҳсулоти рақамӣ ва истифодаи технологияҳо (дар ҳошияи Паём)
 
Мудири шуъбаи тадқиқоти иҷтимоию
иқтисодии Бадахшон Искандаршоева З.К.
 
      Иқтисоди рақамӣ барои кишварҳои муосир, махсусан кишварҳое, ки аз ҷиҳати технологӣ дар ҷустуҷӯи рушди устувор ва самаранокии иқтисодӣ қарор доранд, ҳамчун як воситаи асосии рушди иқтисод ва беҳбудии сифатҳои зиндагии мардум амалӣ гардида истодааст. Тоҷикистон дар соли 2024 таваҷҷуҳ ба ин ҷузъи муҳими стратегияи иқтисодии хешро чун воситаи рушд ва таъмини истиқлолияти иқтисодӣ афзуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, ки моҳи декабри 2024 пешкаш гардид, зикр намуданд: «Иқтисоди рақамӣ барои рушди устувор ва самараноки иқтисоди мамлакат кӯмак хоҳад кард. Мо бояд ин соҳаҳоро ҳамчун омили муҳими рушд ва беҳбудии шароити зиндагии мардум таҳким диҳем». 
      Дар ҳақиқат ҳам иқтисоди рақамӣ як маҷмуаи фаъолиятҳои иқтисодӣ, хизматрасониҳо ва раванде аст, ки дар он технологияи иттилоотӣ ва алоқа (ИТ) нақши асосиро мебозад. Технологияҳои рақамӣ инчунин дар ҳама бахшҳои ҷомеа ва иқтисод таъсири босазо гузошта, имкон медиҳанд, ки шароит барои рушди устувор ва самараноки тиҷорат, сармоягузорӣ ва истеҳсолоти саноатӣ фароҳам ояд. 
     Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон таъкид намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои иқтисоди рақамӣ мо метавонем, бо ба вуҷуд овардани равандҳои новаторона ва рақобатпазир, рушди иқтисоди миллиро таъмин намоем. Агар аз ин нуқтаи назар масъалаи мазкурро таҳлил намоем, дар тӯли 5 соли охир Тоҷикистон дар рушд ва истифодаи технологияи иттилоотӣ (ИТ) ва интернети баландсуръат ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. 
     Тафсили расмии Вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон нишон медиҳад, ки то соли 2024, 75% аҳолии кишвар ба интернети баландсуръат дастрасӣ пайдо намуд, ки дар муқоиса бо 5 соли қабл 20% зиёд мебошад. Аз ин рӯ, заминаи рушди иқтисоди рақамӣ дар кишвар тадриҷан тавсеа ёфтааст.
     Технологияҳои рақамӣ барои Тоҷикистон, ки ба иқтисоди рақамии ҷаҳонӣ пайваст мешавад, имкониятҳои бузург барои рушди бахшҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла, рушди тиҷорати электронӣ, хизматрасонии молиявӣ ва бозори рақамии корхонаҳо ва ширкатҳоро фароҳам меоранд. Бо назардошти ин Президенти кишвар дар Паёмашон таъкид мекунанд: «Ҳукумат барои рушди рақамӣ ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ саъйи зиёд менамояд. Мо бояд саъй кунем, ки хидматҳои молиявӣ, ҷалби сармоя ва тиҷорати рақамӣ бо стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ шаванд». 
      Дар панҷ соли охир Тоҷикистон ба тавсеаи тиҷорати электронӣ диққати ҷиддӣ додааст, ки нишондодҳои зерин аз он шаҳодат медиҳанд: дар соли 2024, ҳаҷми умумии тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон ба 2,5 миллиард сомонӣ расида, ки дар муқоиса бо соли 2020, ки 1,2 миллиард сомонӣ буд, афзоиши дукарата ё 100%-ро нишон медиҳад. Ин дастоварди назаррас барои иқтисодиёти рақамии кишвар аст, ки инъикоскунандаи пайвастшавии Тоҷикистон ба ҷаҳони рақамии муосир аст. 
      Бо назардошти ин пешравиҳо Президенти кишвар ба зарурати таҳкими инфрасохтори рақамӣ ва истифодаи технологияи муосир барои рушд ва амалӣ намудани ташаббусҳои давлат қайд карданд, ки мо бояд барои таҳкими инфрасохтор, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва ба вуҷуд овардани шароити муфид барои соҳибкории рақамӣ кӯшиш намоем. Барои иҷрои ин дастур Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи стратегияи ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҷаҳонӣ барои ба кор андохтани шабакаи 5G ва пешравии хизматрасониҳои молиявӣ таҳти заминаи рақамӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешида истодааст. 
     Васоити молиявӣ ва тиҷорати рақамии кишвар дар якҷоягӣ бо кишварҳои дигар дар марҳалаи ягонаи ҷаҳонӣ якҷо шуда, ба рушди устувор ва ҳамоҳангии иқтисод мусоидат мекунанд. Аммо бояд ба яке аз самтҳои ниҳоят зарури ҷодаи иқтисоди рақамӣ диққати махсус дод, яъне барои устувор кардани рушди иқтисоди рақамӣ пеш аз ҳама бояд ба таҳкими инфрасохтор ва таълимоти рақамии шаҳрвандон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кард, аз ин рӯ дар Паём гуфта шудааст: «Мо бояд ба инкишофи инфрасохтор ва рушди касбҳои рақамӣ диққат диҳем, зеро ин ҷавҳари рушд дар оянда аст». 
      Дар се соли охир Тоҷикистон 50 млн сомонӣ барои таҳкими шабакаҳои рақамӣ ва рушди марҳилаҳои истифодаи технологияи 5G сарф кардааст. Бо вуҷуди ин, монеаҳои махсуси инфраструктураи гуногуни минтақаҳо ва масъалаҳои қабули омӯзишӣ ва рушди кадрҳо дар соҳаи ИТ барои бахши инфрасохтори рақамии Тоҷикистон мавҷуданд.
      Тоҷикистон дар пайравӣ ба рӯҳияи ҷаҳони имрӯза ва рушди иқтисодҳои рақамии минтақаҳои ҷаҳон қарор дорад ва барои солҳои оянда дар соҳаи рақамӣ нақшаҳои амалӣ ва ояндасозро тарҳрезӣ намудааст, ки инро Президенти кишвар дар суханрониашон махсус таъкид намуданд, ки мо бояд доимо ҷиҳатҳои ҳуқуқии соҳаи рақамиро такмил дода, бештар ба таҳкими захираҳои инсонӣ барои рушди технологияи рақамӣ таваҷҷуҳ кунем. 
      Тибқи нақшаи стратегии ҳукумати Тоҷикистон барои 2024-2025, як қатор лоиҳаҳои стратегӣ барои тавсеа ва таълими соҳибкории рақамӣ ва беҳтар кардани хизматрасониҳои давлат ба назар гирифта шудааст. Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ, кӯшиш дорад, ки то соли 2027, ҳиссаи иқтисоди рақамии кишварро ба 10% ММД расонад. 
      Бинобар ин мо, шаҳрвандони кишвар, бояд ба хубӣ дарк намоем, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтисоди рақамӣ ба унвони як омили асосии рушд ва таҳкими иқтидори иқтисодӣ, дар айни замон, имкониятҳои бесобиқа ва манфиатҳои калонро фароҳам меорад.
Муфассал ...

РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН (Дар ҳошияи Паёми Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28.12.2024)

РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН
(Дар ҳошияи Паёми Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28.12.2024)
 
Қурбонхонова Н.М., н.и.ф.,
мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти ИИГ АМИТ
 
      Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола дар моҳи декабр аз ҷониби Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад. Паёми имсоларо Ҷаноби Олӣ бо ёдоварӣ аз таҷлили 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон оғоз намуданд. Баъдан, Ҷаноби Олӣ нуктаҳои боиси нигаронӣ гардида, сатҳи сифати зисту зиндагӣ ва роҳҳои пешгирӣ намудани онҳоро таъкид карданд. Аз ҷумла, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.
      Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо, мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин, ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Дар ин раванд, масъалаи соҳаи маориф, ки яке аз омилҳои муҳими тараққиёти ояндаи мамлакат ба ҳисоб меравад, дар Паём мавриди баррасии васеъ қарор гирифт.
       Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолияти кишвар ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд, ки сол аз сол рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст.
       Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд.
       Айни замон бошад, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон таъкид гардид, ки муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд ва аз навсозӣ гарданд. Аз ҷумла, барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ, ба бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ эҳтиёҷ аст.
      Ҳамчунин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳрҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, бояд барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
    Дар муқоиса ба солҳои пеш, имрӯз дар кишвар 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсей ва гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ нисбат ба солҳои пеш зиёд гардида, айни замон 48 муассиса бо фарогирии зиёда аз 214 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият доранд. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ низ афзоиш ёфта, 65 литсейи касбҳои техникӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд.
      Мақсад аз овардани мисолҳо ин аст, ки таваҷҷуҳи Ҷаноби Олӣ ба соҳаи маориф хеле зиёд аст. Маҳз ҳамин гуна арҷгузорӣ нисбат ба соҳаи маориф аст, ки имрӯз беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдод дар донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои пешрафтаи дунё таҳсил менамоянд, ки беш аз 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Ин рақам нишондиҳандаи он аст, ки соҳаи маориф тайи солҳои соҳибистиқлолӣ то андозае рушд намудааст.
       Дар баробари дастовардҳо, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд масъалаи муҳиме, ки ба зинаи таҳсилоти олӣ иртибот доранд, пешниҳод карданд. Ҳалли ин масъалаҳо боиси баланд гардидани сатҳи сифати соҳа ба ҳисоб меравад. Барои беҳбуд бахшидан ба сифати соҳаи маориф, афроде, ки дар ин самт фаъолият мекунанд, бояд аз технологияҳои муосир ва дараҷаи донистани забонҳои хориҷӣ бархӯрдор бошанд. Онҳо бояд ин донишу технологияҳоро дар раванди таълим васеъ истифода баранд, то аз суръати рушди замони муосир қафо намонанд ва шогирдонашонро низ ба ин раванд ҷалб кунанд.
     Ҳамзамон, дар фазои талаботи ҷаҳони муосир, камол ёфтани омӯзгорон шарт ва зарур аст. Омӯзгорон бояд дар тарбияи насли наврасу ҷавон саъю кӯшиши худро дареғ надошта, шогирдонро мутобиқи талаботи замони муосир ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ ба воя расонанд. Ин раванд метавонад насли ҷавону наврасро аз хурофотпарастӣ ва дигар кирдорҳои номатлуб дур созад.
      Бо дарназардошти вазъи кунунии ҷомеаи муосир дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки хатари аз байн рафтани арзишҳои инсонӣ дорад, зарур аст, ки аз арзишҳои маънавии гузаштагон, таърихи пурғановати миллати тоҷик ва панду андарзи ниёгон баҳра барем. Мунтазам ба шогирдон ёдовар намудани мероси маънавии аҷдодон муҳим аст, зеро ин усул метавонад насли ҷавонро бо таъриху арзишҳои миллиашон ошно намуда, онҳоро барои ҳифзи ин арзишҳо ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда омода созад.
        Вобаста ба суханони боло, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат беэътиноӣ ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. То замоне ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиршуда ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангин боқӣ хоҳанд монд.
Муфассал ...

СОЛИ НАВИ 2025 МУБОРАК БОД!

СОЛИ НАВИ 2025 МУБОРАК БОД! 
     Соли нав на танҳо оғози як марҳилаи тоза, балки фурсати арзишмандест барои баррасии дастовардҳо ва мушаххас намудани ҳадафҳои оянда. Ин сол, ҳамчун рамзи навсозӣ ва рушд, бояд ба ҳар яки мо рӯҳияи тоза, ғояҳои созанда ва имкониятҳои нави пешрафт ато кунад. 
     Дар соли 2024 мо дар ҳамкорӣ бо донишҷӯён, олимон ва устодони муҳтарам барои рушди илм ва маърифат талошҳои зиёде ба харҷ додем. Бо дастгирии шумо, мо тавонистем ба ҳадафҳои худ бирасем ва умед дорем, ки соли оянда ин комёбиҳоро боз ҳам бештар гардонем. 
     Соли 2025-ро бо орзую ниятҳои нек оғоз намоед. Ба шумо саломатии бардавом , бахту иқболи нек  ва барорро дар тамоми корҳо орзумандем. Бигзор ин сол ба ҳар хонадони тоҷик файзу баракат, сулҳу осоиштагӣ ва муваффақиятҳои нав биёрад. 
     Соли Нави 2025 муборак бод! 
Муфассал ...