Институт
- Чоршанбе, 15 Май 2024
“Афсонаҳои сеҳромези Бадахшон”
Бо ибтикори шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ дар доираи лоиҳаи ҷории шуъба маҷмӯаи дуҷилдаи “Афсонаҳои сеҳромези Бадахшон” аз дасти чоп баромад. Муҳаррирони масъул: д.и.филол. Қаландариён Х.С., д.и.филол. Кочумкулова Э.; мушовир оид ба фолклори Помир: д.и.филол. Додихудоева Л. (Институти забоншиносии АИ ФР, Москва); Муҳаррири матни забони англисӣ: Нишанова Т.; рассом: Аҳмади Мансур; тарроҳ: Тостокова А.
Таҳиягарони матн ва тарҷума ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ: н.и.филол. Ризвоншоева Г., н.и.филол. Некушоева Ш., ходимони илмӣ Ризвоншоева Н. ва Ардабаева М.
Дар таърихи фолклори тоҷик ин нахустин маҷмӯаест, ки бо чор забон: тоҷикӣ, шуғнонӣ, русӣ ва англисӣ, бо фарогирии 12 номгӯи афсонаҳои қадимаи маскунони Бадахшон (Помири Ғарбӣ), ки дар хазинаи илмии Институт, дар бахши дастнависҳои олимони рус маҳфуз буданд, инчунин вижагиҳову матнҳое, ки аз ҷониби олимони худи Институт докторони илмҳои филологӣ Шакармамадов Н., Карамшоев Д. ва бахусус н.и.филол. Ризвоншоева Г., ки бевосита пажуҳиши илмиашон гирдоварию тасниф ва муайян намудани вижагии аслии афсонаҳои Бадахшон буданд, гирд оварда шуданд, нашр гардиданд. Бемуҳобот ин як кори назаррас дар соҳаи фолклори тоҷик ас
Китоби дуҷилда бо сифати хеле хуб ва ороишоти ниҳоят ҷолибу тасвирҳои мавзуии рассоми машҳур Аҳмади Мансур пешкаши ҳаводорони ин жанри мардумӣ мегардад.
Муфассал ...
- Сешанбе, 14 Май 2024
Тарбияи ватандӯстии насли наврас дар ашъори Мирсаид Миршакар
ХУДОЁРБЕКЗОДА Хосият Қамчибек – унвонҷуйи шуъбаи фолклор
ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии
ба номи академик Б.Искандарови АМИТ
Тарбияи ватандӯстии насли наврас дар ашъори Мирсаид Миршакар
Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Мирсаид Миршакар зодаи куҳистони Ватан, натанҳо вассофи зебоии диёр, илҳомгиранда аз заҳматписандиву меҳнатқаринии сокинони мамлакат, тараннумгари хислатҳои неки инсонӣ ва хулқу атвори ҳамида, балки тарбиятгари насли ҷавон дар рӯҳияи ватандустиву худогоҳии миллӣ ва хештаншиносӣ ҳаст. Ӯро тибқи ашъори пурмазмуну ҷоллибаш нахуст шоири бачагона мешиносанд, гарчанд шеърҳои ӯ бо назардошти тамоми синну солӣ ва ҳатто бо инобати сиёсатӣ замон ва таҳлили амиқи мавқеи Инсон дар давру замон эҷод гардидаанд.Имрӯз аз гузашти солҳо ва минбари даврони соҳибистиқлолии Ватан чун ба ашъори ин шоири хушбаён назар меафканем, шеърҳову мавзуъҳои таъкидотии ӯ ва ашъори панду андарзияш тавҳами ғояҳои ин ҷомеаи нави соҳибистиқлол ҳастанд.Бахусус дӯст доштани Ватан ва хизмати содиқона ба он, мавзуи меҳварии ашъори шоир ба шумор меравад. Ин мавзуъ дар ашъори бачагонаи устод мавқеи хоса дорад ва имрӯзҳо он ҷавононе ки ба камолот расидаанд, маҳз дар зери таъсири шеърҳои шоир тарбия ёфтаанд.
Бояд гуфт,ки боиси сарфарозист,ки маротибаи дувоздаҳум, ин яъне шаш сол пайи ҳам ҷавонони Бадахшонӣ дар рӯзи якум нақшаи даъвати хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иҷро мерасонанд. Ин амали неку хайри ҷавонони минтақа ҳаст. Албатта омилҳои рушд ва тақвият бахшидани ҳисси ватандустии ин насли ҷавон зиёд аст ва яке аз ин таъсиррасониҳо маҳз ашъори устод Мирсаид Миршакар ва ашъори шоирони бачагонаи ҳамсони ӯ мебошад. Имсол дар оғози маъракаи муҳими сиёсӣ, даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки ҳамасола якуми апрел оғоз ва тули ду моҳ давом меёбад, тибқи касабаи рузноманигорӣ бо чанд тан аз ҷавонони даъватшаванда ҳамсуҳбат гардидам ва исботи ин фикрро дарёфтам, зеро ҷавонон зимни сӯҳбат ва ибрози сухан шеърҳои устод Мирсаид Миршакарро вирди забон оварданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ҷавонони имрузаи Бадахшон бо ин рафтори шоистаи таҳсини худ мароми ватандӯстонаи Мирсаид Миршакарро амалан татбиқ намудаистодаанд. Яқинан шеъри дустдоштаи насли хурдсол “Қаҳрамон мешавам” аст. Ин шеър бо маъвои худ насли хурдсолро ба ҷавонони сарсупурда табдил медиҳад.
Ман калон мешавам,қаҳрамон мешавам,
Бар Ватани худамон,посбон мешавам.
Гул барин дар чаман,бишкуфад бахти ман
Доимо дар дилам ,маҳкам аст ин сухан.
Адабиётшиноси тоҷик Рачаб Амонов дар китоби “Адабиет ва бачагон” вобаста ба ин шеър менависад,ки “...Дар вазъияте, ки хавфи ҳучуми фашизм торафт қувват мегирифт ва вобаста ба ин масъалаи мудофиаи Ватан ва дар ин руҳия тарбия намудани мардум аҳамияти бузург пайдо мекард ,қаҳрамони ин шеър,образи шахсе ҳаст,ки барои Ватан ҷонбозӣ кардан мехохад...” Имрӯз хавф ва таҳдиди фашизм бар Ватани мо нест, вале тибқи марҳилаи гелобализатсия боз даҳҳо хавфҳои дигар ба марзу буми тоҷик таҳдид доранд ва аз ин рӯ муҳимияти ин шеър беш аз пеш мебошад. Қаҳрамон шудан, ба халқи худ хизмат кардан беҳтарин ният аст. Барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ дар қалби насли хурдсол,ки оянда сарбозони ин сарзамин ҳастанд,дар муассисаҳои томактабӣ бояд ин шеърро бештар тарғиб кард,омӯхт ва аз он шиор сохт.Бале аз он шиор сохт!
Адабиётшиноси дигар Ҷ.Бобокалонова дар китобчаи “Мирсаид Миршакар –шоири бачагон” менигорад,ки “...Мавзуи дигари ашъори бачагонаи шоир васфи Ватан, мудофиаи он, тасвири бозиҳои гуногуни бачагон ва касбу ҳунар мебошад.Намунаҳои барҷастаи шеърҳои дар ин мавзуъ навиштаи шоир “Дар посбонии Ватан”,”Созем ӯро торумор”, “Қаҳрамон мешавам”, “Киштичаи хушруяк” , “Танкисти ҷавон”, “Ман лочинам” ва монанди инҳо мебошанд”.
Даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон тақозо дорад, ки баҳри ҳифзи дастоварду манфиатҳои миллӣ, дар ин ҷаҳони пуртаззод насли наврасу ҷавон бештар ба мавзуъҳои мудофиаи Ватан фаро гирифта шаванд. Мавзуи ватандӯстонаи Мирсаид Миршакар дар ин айёми бархурди тамаддунҳо, авҷи муборизаи абарқудратҳо бештар омӯзишро талаб дорад, зеро ҳар як инсон агар дар хурдӣ мутаваҷҷеҳи ин раванд нагардад, дар хотири ӯ мавзуъи ватандустӣ нақш набандад, асоси ин ҳадафи калидӣ гузошта нашавад, дар оянда аз ӯ фарзанди муҳофизи марзу бумро интизор шудан ғайриимкон аст.
Ҷ.Бобокалонова дар китобчаи “Мирсаид Миршакар –шоири бачагон” дар ҷойи дигар қайд намудааст,ки “Дар шеъри дигар кудак орзуи ҳавойпаймо шуданро дорад, ӯ ба аэропланчааш савор шуда,дар фазои Ватанаш баланд парвоз мекунад ва душманро торумор мекунад,зеро ӯ писари Ватан аст ва бо номи Ватан қасам ёд кардааст,ки ҳамеша дар роҳи мудофиаи он тайёр бошад:
Аэроплани душман ,ояд агар зидди ман,
Мешиканам ман уро,қасам ба номи Ватан.
Дар ин порчаҳо ҳисси ватандустӣ ҷой дорад. Аммо ин қисса бачагона аст,ки мувофиқи шуур, идрок ва фаҳмишу ақида ва психологияи кудакон акс ёфтааст.Дар шеъри “Киштичаи хушруяк” бошад писарбача худро капитани киштии ҳарбӣ мепиндорад.Вай дар дарёву баҳрҳои беканори Ватани паҳновараш шино мекунад, мақсади ӯ низ далерона ҳимоя намудани Ватани азиз мебошад.Шеъри “Танкисти ҷавон” дар бораи бозии ҳарбии хурдтараконе, ки тактикаи ҳарбиро “азхуд”кардаанд, маълумот медиҳад”.
Дар ин шеърҳои бачагонаи устод Мирсаид Миршакар,ки худ фарзанди давронаш буд ва барои даъвати умдатарини Ватан камари ҳиммат дошт,мехост,ки ҳар як фарзанди диёр чунин ашхос бошад. Ҳимояи марзу буми муқаддаси сарзамини аҷдодиро бошарафтарин ва олитарин вазоиф медонист ва ҳамаи инро тавассути қаҳрамонҳои шеърҳои бачагонааш таҷассум мекард. Ӯ қаҳрамони шеърчаҳои худро зумраи касбу коре интихоб намуд,ки тавассути фаъолияту ибрози сухани онҳо муҳимияти сарбози Ватан будан баён мегардид. Яке танкист буду дигаре дар баҳри беканор киштирон,сеюми лочину чоруми орзуи қаҳрамон шуданро дар дил мепарварид.
Эй душманон бидонед,авлоди қаҳрамонам,
Ман ҳастам бачаи шер,аз ман ҳазар намоед...
Магар чунин иброзҳои қаҳрамони шеър бовиқориву садоқатро талқин намесозад? Магар кушиши дар қалби бадхоҳ ҷойгузин намудани тарсу ҳарос нест? Бо ҳамин баёнияи соддаю равон дар фаҳмиши кудакон муҳимияти ҳифзи Ватан ҷойгир кунонда мешавад. Ё ин ки дар шеъри дигар:
Хезеду тозед,бар куча чаққон,
Камони Рустам,гаштаст рахшон,
Бо ин камонаш,Рустами дастон,
Бар ватанаш буд,содиқ,нигаҳбон.
Ё ин ки дар шеъри дигар “Эй Ватан” соддаву фаҳмо, чени дарки насли хурдсол чунин менигорад;
Эй ватани мо ту дилрабоӣ,эй гулшани мо ту дилкушоӣ,
Ба мо бачагон меҳрубон модар, додӣ дабистон китобу дафтар...
Шеъри дигаре ки бандаи камтарин низ ӯро то ҳануз азёд медонад ин “Ҷон Тоҷикистон” аст.Зимни таҳсил дар мактаб онро дар идҳо бо оҳанги хори умумӣ месурудем. Басо таъсирбахш. Тарбиятдиҳанда. Имрӯз низ бояд ин шеър чун алфози ватандустона тараннум бигардад:
Ҷон Тоҷикистон фарзандат астем,
Дар хизмати ту камар бубастем.
Гулшани бахтат ки бехазон аст,
Чун умри моен доим ҷавон аст.
Гулҳо шукуфта дар бустонат,
Мо булбулонем дар гулситонат.
Дар васфат имруз суруд мехонем,
Аз ту миннатдор хурду калонем.
Ба замми ин дар ашъори бачагонаи шоир васфи меҳнат ва созандагӣ таҷассум ёфтааст,ки ин ҳам Ватандорӣ аст, зеро муҳимияти заҳмату кумакрасонӣ ба насли калонсол, ба волидайни худ тарбия дар руҳияи хислати нек мебошад.
Гумон набаред,ки ман хурд астам,
Ана мебинед,ҷоруб дар дастам.
Бо ин ҷорубам,хона мерубам,
Дар даст кузича,давон бо шитоб,
Ба суи чашма аз барои об...
Ё худ
Дар майдони пахтазор пахтачинӣ сар шудаст,
Рафта пахта мечинем бо мошинаю бо даст,
Пахта либоси мо аст, пахта китобу дафтар,
Пахта тиллои сафед, мечинемаш сар то сар...
Чунин ашъори васфи меҳнат низ раванди тарбиявӣ доранд. Ашъори ватандустию ватандорӣ дар шеърҳои бачагонаи устод Мирсаид Миршакар дар китобҳои “Ғунчаҳои санъат” чопи нашриёти “Маориф” соли 1981, “Зинда бод ханда” чопи матбааи “Адиб” соли 2013, “ Садоқат” нашриёти давлатии Тоҷикистон “Сталинобод” соли 1952, “Ишқ ва зиндагонӣ” чопи нашриёти “Адиб” соли 1989, “Варақаҳои муҳаббат” нашриети “Ирфон” соли 1978 ба табъ расидаанд ва омухтану аз худ кардани онҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ иҷбори мо мебошад. Дар ин китобҳо шеъру таронаҳои устод Мирсаид Миршакар ҳамзамон бо истифодаи жанрҳои фолклор низ басо ҷоллиб мебошанд.
Дар ин бора фолклоршинос Абдуламин Мажнунов дар мақолаи худ роҷеъ ба “Миршакар ва фолклор” таъкид бар он дорад, ки “...Суруду таронаҳо, ҳазлу шухӣ, афсонаҳо, нақлу ривоятҳо барин намунаҳои асарҳои фолклорӣ аввалин воситае мебошанд ки инсонро аз хурдӣ бо санъати баланди забону маданияти халқ шинос месозанд...дорои аҳамияти чуқури тарбиявӣ, ахлоқӣ, маълумотдиҳӣ буда хонандагони хурдсолро бо донишҳои зарурӣ дар бораи зиндагонӣ, кишвар, табиати халқи меҳнаткаш мусаллаҳ менамоянд, бо маданият, урфу одат, санъатҳои халқҳои гуногун шинос мекунанд”
Дар ҳақиқат бо истифодаи жанрҳои мардумӣ чун афсонаву ривояту нақлҳо, шухиҳову ҳазлҳои тарбиявӣ моҳияти Ватандустӣ бештар дар мафкураи насли ҷавону хурдсол ҷойгузин мегардад ва истифодаи жанрҳои фолклор аз ҷониби устод Мирсаид Миршакар ҳадафмандона ба роҳ монда шудааст.
Бандаи камтарин бар он ақоид аст, ки ашъори шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Мирсаид Миршакар дар таълиму тарбияи насли наврас басо муҳим мебошад, бахусус ашъори ватандустонаю тарбиявии ӯ. Тоҷикистон дар марҳилаи оғози таърихи навини худ –даврони соҳибистиқлолӣ-ба чунин ашъори устод Мирсаид Миршакар ниёзи беше дорад, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи навро сохта, дар он насли дар руҳияи миллӣ тарбиятёфтаро ба камол мерасонад. Шеърҳои устод Мирсаид Миршакар дар ин раванд бо созгории худ нақши муҳим доранд.
Бояд гуфт, ки устод Мирсаид Миршакар чун фарзанди замони худ буд, албатта дар бархе аз шеърҳову достонҳояш сохти давлатдории даврони Шуравӣ, Партияву доҳии пролетариат –Ленин , сохти ҷамъиятии он давраро васф ва ба қалам медод. Барои мо имрузиён ҳамаи ин чун саҳифаи таърих дар ҷаридаи ҳастӣ боқӣ мемонад,вале мо он чизеро аз ашъори ин васссофи сарзамин мегирем,ки бо ғояҳои миллии мардуми тоҷик рост меояд ва онро барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ истифода мебарем.
Боз бармегардем ба маъракаи муҳими сиёсӣ,- даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат,ки номусу мардонагии ҳар як ҷавонмардро нишон медиҳад. Тайи чанд сол, дар нахуструзи ин маърака, дар Бадахшон сад фоиз иҷро гардидани нақшаи даъват ба фикри ман, далолат аз он аст, ки ҷавонони ин минтака ниятҳою ормонҳои фарзанди ин диёрро, инсони содиқу сарсупурда, ки аз ободову озодии ватан нумуъгиранда буд ва ашъораш саропо ҳидоят ба дӯстдории марзу буми аҷдодӣ мебошад, амалӣ намудаистодаанд.
Муфассал ...
- Якшанбе, 12 Май 2024
Имрӯз яке аз ходимони илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ номзади илмҳои филологӣ, фолклоршиносӣ шинохта Қурбонхонова Нуриҷаҳон зодрӯз дорад.
Имрӯз яке аз ходимони илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ номзади илмҳои филологӣ, фолклоршиносӣ шинохта Қурбонхонова Нуриҷаҳон зодрӯз дорад. Кормандони ИИГ АМИТ аз фурсати муносиб истифода бурда, номбурдаро бо ин рӯз табрику таҳният гуфта, барои ӯ сиҳатӣ ва саломатӣ, рӯзгори хуш ва осуда, тансиҳатии фарзандону наздикон ва муваффақиятҳои бемислу монандро таманно доранд. Ходимони ИИГ АМИТ барои Нуриҷаҳон Қурбонхонова пешрафт дар ҳаёти илмиаш хоҳон буда, дуогӯи онанд, ки Нуриҷаҳон Қурбонхонова аҳли илм ва дӯстдорони фолклору адабиётро бо асарҳои илмиву публитсистии навин шод гардонад.
Муваффақият ҳама вақт ҳамроятон бод!
Бо эҳтироми хоса кормандон ва ходимони илмии ИИГ АМИТ.
Муфассал ...