wrapper

Институт

Институт

ВАТАНДӮСТ ОДАМИ ХУДОГОҲ АСТ!

Садоншоев Тоҳир
Нозири калони кадрҳои
Институти илмҳои гуманитарии ба
номи. академик Б. Искандарови АМИТ
 
ВАТАНДӮСТ ОДАМИ ХУДОГОҲ АСТ!
 
      Азизтарин, муқаддастарин, волотарин сарпаноҳ барои инсон Ватан аст. Ҳар як инсон, аз соати ба дунё омаданаш ба ҳар зарра хоку ба ҳар қатра оби Ватан он қадар дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахт бошад. Меҳри Ватан беканор аст, мисли меҳри модар, ки онро касе аз дили мо берун оварда наметавонад. Касе, ки Ватани худро дӯст намедорад, ӯро нангу номус, саодати абадӣ нест. Ҳар боре, ки ба суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯш медиҳам ва суханони дар васфи Ватан гуфтаашонро мешунавам, беихтиёр тамоми ҳастии ман ба меҳри хоку оби Ватан дода мешавад. Ман худамро дар канори рӯди диёр, замини аҷдодӣ, саҳроҳои пур аз гулу гулзор ва дар доманаи кӯҳҳои сар бар афлоккашида мебинам. Бо ҳар бори муроҷиат ба калимаи «Ватан» ман аз пештара дида, маъно ва муҳаббати онро бештару бештар эҳсос мекунам. 
       Хушбахт касест, ки дар Ватани азизаш ба камол мерасад, касбу ҳунар меомӯзад, пайи ободии он хизмат мекунад ва аз он ифтихор мекунад, зеро Ватан ҷоест, ки хуни нофамон дар он ҷо рехтаасту қадамҳои кӯчаки мо дар замини он устувор гардидааст.  Шоиреро дар тамаддуни миллат пайдо кардан мумкин нест, ки ватанашро тараннум накарда бошад. Аксари шоирон аз муҳаббати ватани аҷдодиашон ба исми хеш номи зодгоҳашонро илова мекарданд, масалан Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Кисоии Марвазӣ, Фирдавсии Тӯсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Саъдии Шерозӣ ва ҳазорҳо бузургони дигар. 
      Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар асари безаволи худ «Шоҳнома», ки саршори ғояи ватандӯстиву ватанпарастист, ҳифзи ватанро аз баҳои ҷон боло гузоштааст. Рустам, ки тимсоли худи Фирдавсӣ аст, баҳри муҳофизати Эрон ҳатто фарзандашро (албатта, надониста) қурбон намуд.  Барои Носири Хусрав Хуросон ва Балх як умр ҳамчун ватани аҷдодӣ намунаи муҳаббати бепоён хизмат карданд. Новобаста аз он, ки ӯ аксари умрашро дар ғарибӣ ва 30-соли охири умрашро дар ғори Юмгон гузаронда буд, як лаҳза ҳам аз муҳаббат ва ёди Хуросон ва Балх фориғ набуд. 
       Шоири ҷанговари адабиёти муосири тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ ватанашро хонаи умед, бахшандаи бахту саодат ва модари меҳрубон номида қайд мекунад, ки ҳар гоҳ ба даст қалам гирифта, шеър эҷод карданӣ шавад, пеш аз ҳама забонаш «Ватан» мегӯяд. Ватан сарчашмаи илҳоми шоир будааст.  Инсони беватан монанди моҳии берун аз дарё ва мурғи дур аз чаман афтода аст, ки як умр дар ёди Ватан месӯзанд. Зеро ҳеҷ ҷои олам мисли Ватан азиз нест. Ватан хонаи умеди ҳар як инсон аст. 
       Бо ҳукми тақдир солҳои 90—уми асри ХХ дар сарзамини тоҷикон, ки Истиқлолият нав насибаш гашта буд, фалокати азим ба вуқуъ омад. Ҷанги хонумонсӯз, ҷанги бародаркуши таҳмилшуда ба сари мардум бадбахтии сахт овард ва як қисмашонро хонавайрон, сарсону саргардон, беманзилу макон, дур аз Ватан кард. ?️ Аз шунидаҳоям, зану мард, пиру ҷавон — онҳое, ки дур аз Ватан афтода буданд, ягона орзуашон ин буд: «Тинҷию осудагӣ дар мамлакат, сулҳу ваҳдати абадӣ ва бозгашт ба Ватан». 
Хушбахтона, ба ҳамаи ин фоҷиаҳо, бесарусомониҳо, хонавайронкуниҳо оғоз аз моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсоз ва таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати сардори хирадманд, миллатдӯст, ватанпарвар, Президенти кунунии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотима бахшида шуд. 
       Солҳо паси сар шуданд, мардуми гуреза ба Ватан баргашт ва ғарибони ба Ватан баргашта кафи хоки замини аҷдодиашро бӯсида, ба чашмонашон молида ин суханҳоро ба забон меоварданд: «Мо, ки ба ғурбат афтодем, танҳо як ормон доштем: бозгашт ба Ватани азиз, бори дигар аз ҳавои софи диёр нафас гирифтан, хокашро ба дидаҳо молидан». 
?️ Оре, ватандӯсти ҳақиқӣ он аст, ки аз гузаштаи худ ифтихор намояд, баҳри ободии кишвари азизаш саъю талош варзад. Барои худшиносиву худогоҳӣ, барои ватандӯсти ҳақиқӣ буданамон, бояд ҳар яки мо аз таъриху тамаддуни гузаштаву имрӯзаи худ огоҳ бошем, зеро таърих моро аз худшиносии маҳаллӣ ба худшиносии миллӣ бурда мерасонад. Чуноне ки Роҳбари давлати мо мегӯянд, “таърих пайвандгари наслҳои гузаштаву ҳозираву оянда аст”! 
Муфассал ...

ЗОДРУЗИ ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ФИЛОЛОГИЯ ДАВЛАТБЕКОВ ЛОЛО МИРЗОЕВИЧ

      Ҳайати олимон ва профессорони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо камоли хушнудӣ яке аз олимони пурмаҳсули соҳаи адабиётшиносӣ – доктори илмҳои филология Давлатбеков Лоло Мирзоевичро ба муносибати 68-умин солгардашон табрик ва таҳният гуфта, барояшон тандурустӣ, осоиши рӯзгор ва хотири ҷамъу давлати бегазанди умрро таманно мекунем. 
       Давлатбеков Лоло Мирзоевич 7 январи соли 1957 дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ таваллуд шудаанд. Фаъолияти педагогӣ ва илмии Давлатбеков Лоло аз соли 1979 ҳамчун омӯзгори мактаби миёна оғоз гардида, минбаъд ба ҳайси ассистенти кафедраи методикаи таълими ибтидоии Институти педагогии шаҳри Қӯрғонтеппа (1992), ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи адабиёти ДДХ ба номи М. Назаршоев (1994–2013), дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДЗТ ба номи С. Улуғзода (2013–2018), профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДЗТ (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон) ба номи С. Улуғзода (2018 то ҳол) идома меёбад. 
      Фаъолияти илмии хешро устод Давлатбеков Лоло ҳанӯз аз соли 1999 ба ҳайси ходими илмӣ, ходими калон, ходими пешбари илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ пеш бурда истодаанд. 
     Бояд гуфт, ки устод Давлатбеков Лоло солҳои зиёд дар риштаи адабиётшиносӣ кор карда, соли 2004 рисолаи номзадӣ ва соли 2018 рисолаи докториашонро дар мавзӯи «Хусусиятҳои жанрӣ ва бадеии назми Бадахшон (нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX)» ҳимоя намудаанд. Номбурда муаллифи 6 китоб, дастурҳои илмӣ-методӣ ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ мебошанд, ки дар соҳаи адабиётшиносӣ дастоварди пурарзиш ба шумор мераванд. 
       Бештари осори устод ба таҳқиқи осори пурғановати шоирону адибони Бадахшон бахшида шуда, китобу монографияҳои ӯ аз қабили «Ҳунари бадеии шоирони Бадахшон» (2004), «Шоҳфутур – адиби донишманд» (2012), «Рӯзгор ва осори шоирони Бадахшон» (2014), «Дар ҳошияи андешаи соҳибназарон» (2021), «Суннатҳои шифоҳӣ ва хаттии адабиёти тоҷик дар Бадахшон (нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX)» (2023), «Назмшиносӣ (Дастури таълимиву методӣ барои донишҷӯёни ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик)» (2024) барои илми тоҷик аҳаммияти назаррасро касб кардаанд. 
      Дар баробари фаъолияти пурмаҳсули илмиашон устоди гиромӣ дар давоми умри пурбаракаташон чандин мутахассисони соҳаи филологияро дар риштаи адабиётшиносӣ омода намудаанд, ки барои ҷомеа ва илм яке аз хизматҳои бебаҳо ба шумор меравад. 
 
Солгардатонро бори дигар муборак мегӯем, устоди гиромӣ!!! 
Муфассал ...

ПАЁМИ МАРҲАЛАИ НАВИ ТАРАҚҚИЁТ

ПАЁМИ МАРҲАЛАИ НАВИ ТАРАҚҚИЁТ
 
Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои
филологӣ, сарходими илмии Институти
илмҳои гуманитарии ба номи Б.
Искандарови АМИТ, Корманди шоистаи
Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон
 
      Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар шароите пешниҳод гардид, ки ҷаҳони имрӯза ноором аст. Низоъҳои мусалаҳона дар манотиқи гуногун, ташануҷи мухолифатҳои сиёсию иқтисодӣ, таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, заиф шудани робитаҳо ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз тарафи дигар тағйирёбии иқлим метавонанд ба иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонанд. Аз ин рӯ, барои устувории рушди иҷтисодӣ Ҳукумати мамлакат тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, ба дастовардҳои муайян ноил гардид.
       Дар шароити имрӯза таъмини амнияти миллӣ, ки омили муҳими устувории рушди иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад, аз вазифаҳои аввалиндариҷа ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, дар Паём далелҳои зиёде оид ба дастовардҳои соли 2024 оварда шудаанд. Соли 2024 ҳаҷми маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8, 4 фоиз расонида шуд. Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисодӣ ба ҳисоби миёна 7.7 фоизро ташкил дод.
     Даромади пулии аҳолӣ дар соли 2024 ба 147 миллиард сомонӣ расид, музди меҳнат беш аз 1, 8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт. Маоши хизматчиёни мақомоти давлатӣ, ташкилоту идораҳои буҷетӣ, степендияҳо 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд карда шуд.
      Лозим ба ёдоварист, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ дар маҷмуъ ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Вале дар ин муддат дар панҷ соли охир сатҳи тавварум ё баланшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард.
      Ҷумҳурии Тоҷикистон чун як ҷузъи ҷомеаи баналмилалӣ бо равандҳои иқтисоди ҷаҳонӣ робита дошта дастовардҳои он ба иқтисоди мамлакати мо таъсир мерасонанд. Раванди гузариш ба иқтисоди рақамӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ба таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ мусодат менамояд.  То охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд. Инчунин масъалаи баланд бардоштани маърифати молиявии ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон низ дар раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ нақши муҳим мебозад.
     Солҳои 2025-2030 эълон карда шудани “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва иноватсия”, кушодани ихтисосҳои нав дар муассисаҳои таълимӣ оид ба барномасозӣ ва иқтисоди рақамӣ, таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияи рақамӣ, таъсиси кафедраҳои нав дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти рушди иқтисоди мамлакат ва тарзи муосири идораи иқтисод ва таъсиси ҳукумати электронӣ нақши муҳим мебозанд.
       Соҳибкорӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти иқтисодӣ мебошад ва ба рушди иқтисоду беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад. Дар Паёми имсола низ оид ба беҳтар намудани шароити фаъолияти соҳибкорон, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ва сармоягузорон супоришҳои мушаххаси Пешвои миллат матраҳ гардидаанд, ки нақши соҳикоронро дар рушди мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинони мамлакат боз ҳам назаррас менамоянд. Таъкид гардид, ки дар натиҷаи дастгтотҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат солҳои охир аз ҷониби сармоягузорону соҳибкорон бунёди иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ вусъат ёфта истодааст.
       Рушди саноат аз ҷумлаи ҳадафи стратегии рушди кишвар ба шумор меравад. Дар ин самт истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, рушди иқтидори истеҳсолии мамлакат, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногуннавъии истеҳсолоти сааноатӣ, зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, такмили саноати коркард, коҳиш додани содироти ашёи хом, зиёд намудани содироти молу маҳсулот ба саноатикунонии мамлакат мусоидат мекунанд. Танҳо дар соли 2024-ум 740 корхонаю коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, қариб 20000 ҷойи корӣ ташкил карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки соли 2024 дар вилояти мо низ зиёда аз 20 коргоҳу корхона ба баҳрабардорӣ супурда шуд.
     Рушди устувори иқтисоди милли ро истиқлои энергетикӣ таъмин менамояд. Махсусан, дар шароити имрӯза ба инкишофи “энергия сабз”, ки ба муҳити атроф зарари намерасонад, таваҷҷуҳи бештар дода мешавд. Мамлакати мо барои бунёди НБО-ҳои пуриқтидор захираҳо фаровон дорад. Дар баробари бунёди неругоҳҳои нави барқии обӣ, таҷдиду азнавсозии иқтидорҳои мавҷуда идома дорад. Корҳои таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои Норак ва Қайроқум ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи Себзор ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома дошта баъди итмоми ин корҳо иқтидори неругоҳи Қайроқум 24 меговат, Норак 40 меговат зиёд гардида, бунёди неругоҳи Себзор бо тавоноии 11 меговат ба анҷом расонида мешавад. Ҳамин тариқ, соли 2025 иқтидорҳои энергетикии мавҷудаи мамлакат 80 мегават зиёд мегарданд. Корҳои сохтмонии бузургтарин неругоҳи барқии обии Роғун 50 фоиз ба анҷом расонида шудаанд. Барои ба анҷом расонидани бунёди ин неругоҳи азим бо як қатор созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкориҳои судманд ҷиҳати ҷалби маблағҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ ҳакориҳои судманд ба роҳ монда шудааст.
      Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.
Ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим мебошад ва Паёми имсола низ дар соҳаи нақлиёту роҳ вазифаҳо ва барномаҳои нав ба миён гузошта шудаанд.
      Ҳар сол дар мамлакат роҳҳои нав обод мегарданд. Аз ҷумла, соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
     Соли 2025 дар ҳудуди вилояти Суғд бунёду барқарорсозии 52 километр роҳҳои мошингарди аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта ва дар мавзеи Барсеми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4,5 километр роҳ, 550 метр долонҳои зидди тарма, пул бо дарозии 82 метр аз болои дарёи Шорв ва пул аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр ба анҷом расонида мешавад.
    Бо таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард дар зарфи панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид.
     Рушди саёҳӣ низ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Омаду рафти сайёҳон ба мамлакат сол то сол зиёд шуда истодааст. Соли 2024 ба Тоҷикистон 1миллиону 400 ҳазор нафар омадаанд, ки нисбат ба соли 2019 12 фоиз афзудааст. Дар ин самт ҳам иҷрои вазифаҳои муҳим, аз ҷумла бунёди инфрасохтори муосири саёҳӣ дар назар дошта шудааст.
      Вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, камобӣ, хушксолии паиҳам боиси боло рафтани нархҳо дар бозори истеъмолӣ мегардад ва ба барномаи амнияти озуқавории кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2024 ба 17 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2019 1,9 баробар афзудааст. Дар баробари ин афзоиши аҳолии мамлакат талаб мекунад, ки барномаи аз худ намудани заминҳои нави кишоварзӣ қабул карда мешавад. Зимнан самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, беҳтар гардондани вазъи соҳаҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди саноати хӯрокворӣ ва саноати сабук, ташкили ҷойҳои нави корӣ, нигоҳдорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмин намудани рушди инноватсионии соҳа бояд самаранок дар амал татбиқ карда шаванд.
     Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хоса дорад. Барои дастгирии соҳаи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ сол то сол зиёд карда мешавад. Соли 2024 – ум хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-ум 2 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Соҳаи мазкур 43 фоизи хароҷоти буҷети давлвтиро ташкил медиҳад.
 
     Ба мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чунин тадбирҳо дар назар дошта шудаанд:
1. Аз якуми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ 30 фоиз зиёд карда шавад;
2. Маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идораи 3. Давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;
4. Ҳади аққали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
5. Аз якуми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ, инчуни иловапулиҳо ба онҳо, андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд карда шавад.
      Пешравии мамлакат ва ҳар як давлатро мактабу маориф ва илми дониш таъмин менамоянд. Аз ин рӯ Пешвои миллат дар Паёми имсола низ масъалаи рушди маорифро мавриди баррасии амиқ қарор додаанд. Аз солҳои аввали истиқлол бо ҳидояту супоришҳои Пешвои миллат дар мамлакат садҳо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бунёд карда шудаанд. Вале дар мамлакат афзоиши сол то соли аҳолӣ мушоҳида карда мешавад,ки зарурат ба бунёди муассисаҳои томактабӣ ,мактабҳои нави таҳсилоти умумӣ ба миён меояд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 3670 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 262 муассисаҳои томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бунёд карда шудаанд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷу фаъолият мекарда бошад, ҳоло дар мамлакат 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо зиёда аз 214 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекунанд. Рушди соҳаи маориф бо пешрафти илм алоқаи ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, таҳияи “Барномаи давлатии таёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030” ба миён гузошта шудааст.
     Вусъат ёфтани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисони дорои касбияти баланд, донанда хуби забонҳои хориҷӣ махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин вазифа гузошта шудааст, ки стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифода босамари технологияи иттилоотӣ дар таълим, усулҳои нави таълими забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон таҷдиду такмил ёбанд.
      Чунин андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар фарди тоҷик омӯзанда ва дархури ниёзҳои ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад: “Дар баробари ин бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид баро таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он млил ба ҳар гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯинашаванда боқӣ хоҳад монд. Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад.Маҳз барои ҳамин ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам”
      Дар Паёми имсола Пешвои муаззами миллат бори дигар таъкид мекунанд, ки фарҳанг ҳастии миллат аст, фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона мегирад. Дар соҳаи рушди фарҳанги миллӣ лоиҳаҳои муҳим амалӣ гардиданд. Бунёди Китобхонаи миллӣ, таъмиру азнавсозии 100 ёдгории таърихию фарҳангӣ, фаъолияти 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона, дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгориҳои фарҳангӣ дохил намудани ёдгориҳои фарҳангии миллӣ, гиромидошти нобиғаҳои миллат намунае аз дастовардҳои давлат дар рушди фарҳанги миллӣ мебошанд.
     Ба ЮНЕСКО пешниҳод намудани таҷлили ҷашни 2550 солагии Эъломияи Куруши Кабир як рӯйдоди фарҳангии муҳимме хоҳад шуд, ки тамаддуни пешрафтаи бостонии аҷдоди моро ба намоиш хоҳад гузошт. Зеро Эъломаи Куруши Кабир тафаккури пешоафтаи далатдории аҷдоди мардуми тоҷикро нишон медиҳад. Лозим ба ёдоварист, ки дар шаҳри Душанбе боғи фарҳангие бо номи “Куруш” бунёд гардида, дар он тандиси “Эъломияи Куруши Кабир” гузошта шудааст.
      Доир гардидани озмунҳои “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” дар рушди фарҳангии миллат, аз ҷумла насли ҷавон нақши назаррас доранд. То имрӯз дар ин озмунҳо 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан ҷавонону наврасон иштирок карда, қариб 1500 нафар соҳиби шоҳҷоиза, чойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардиданд.
     Инчунин дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои дигари иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла ба шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ, роҳҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, касбомӯзӣ, тадбирҳои судман андешидан дар самти гуногуни муҳоҷирати меҳнатӣ матраҳ гардидаанд. Масъалаи ҷавонон ва занон низ дар Паёми таҳлили ҳамаҷониба гардида, вазифаҳои мушаххас дар ин самт муайян карда шудаанд.
     Тақвияти амният омили муҳимми тарақиёти мамлакат ба шумор меравад, ки дар ин самт давлат тамоми имконоту захираҳоро ба кор меандозад. Тоҷикистон вобаста ба маефиати миллии худ ҳамкориҳои судмандро бо тамоми кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ривоҷ дода, дар сатҳи байналмилалӣ тбтикору пешниҳодҳои созандаро пешниҳод мекунад, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ дастгирӣ ёфтаанд. Дар Тоҷикистон маъракаҳои муҳимми ҷаҳонӣ баргузор мегарданд, ки аз нуфузу обрӯи байналитлалии мамлакати мо шаҳодат медиҳанд.
     Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳимми давлатӣ буда, вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва ҳукуматӣ, вакилони мардумӣ ва аҳли ҷомеаро дар рушди ояндаи иҷтисодию иҷтимоии мамлакат инъикос кардааст. Дар амал татбиқ намудани нишондодҳои барномавии Паём ба сарҷамъию ваҳдати миллӣ, дӯстдории Ватани маҳбубамон, ба пешрафти давлати соҳибистиқлол, ободии ватани аҷдодиамон, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарафманди Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Муфассал ...