
Институт

- Шанбе, 16 Ноябр 2024
ПЕШВОИИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Қаландариён Ҳоким Сафар,
директори Институти илмҳои
гуманитарии ба номи академик
Б.Искандарови АМИТ, д.и.фил.
ПЕШВОИИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Пешво шахсияте аст, ки ҳадафи мардумро ҳадафи мушаххас қарор дода, масъулияти пешвоиро мардонавор бар дӯш мегирад. Пешвоӣ, албатта, ин нест, ки мустақилона қарор қабул карда, дигаронро дар амалӣ сохтани он ташвиқ карду дурусту нодуруст ва ҳаққу ноҳақ будани он қарор баъд маълум мегардад. Баръакс, Пешво он аст, ки қарори дуруст барои андешаи воқеа пеш аз вуқӯъро мебарорад. Қарори ӯ аз ҷамъбасти ғояҳои пешниҳоднамудаи ҳушмандону мутафаккирон бармеояд ва салоҳияти амалӣ сохтани онҳоро низ ба дасти аҳли фаҳм медиҳад.
На ҳама дидгоҳ доранд. Назари қазоват дар мавриди масъалае, ки тафсири ҳақоиқ аст, ҳар кас надорад. Ба ҳамин хотир дидгоҳи Пешво дар ҳама маврид аз дигарҳо тафовут дорад, интихоби ӯ саҳеҳ, таъйини ӯ дуруст, аҳду ҷаҳдаш балиғу раъйаш олӣ.
Ба қавли Манучеҳр Ф:
Ягона гашта аз аҳли замона,
Ба алфози матину раъйи мутқан.
Чун Пешво ҳидояту роҳнамоии як миллатро бар дӯш дорад, мушкилоту мақосид ва вазифаҳову корҳои ҳангуфт ӯро фарогиранд. Новобаста аз андешаҳои гуногуну афкори мухталиф ба вазъият худро мутобиқ месозад ва қарорҳои асосноку ҳалшаванда мебарорад. Аз байни иттилооти зиёд берун баровардани маълумоту хулосаи мантиқӣ ба фоидаи умум вазифаи ҷонии Пешво аст.
Барои ин Пешво аз ҷаҳонбинии васеъ, таҷриба ва қобилияти фавқулода бархӯрдор аст. Пешво ҳатман равоншинос аст. Аз ин рӯ, кулли мардум ӯро дармонбахши дардҳо меёбанд ва ба ӯ сахт эътимоду эътиқод доранд. Сифати равоншиносии Пешво инсонҳоро бо худии худ ошно месозад, қудрати ҳувиятҷӯиро дар вуҷудашон зинда нигоҳ медорад, нерӯҳои ботинии инсонҳоро зоҳир месозад ва дар умум, худ саодатнишон аст ва мардумро саодатпартав.
Пешво раванди расидан ба ҳадафҳоро саҳл намегирад, аммо истодагариву устувории оқилонае, ки дорад, ҳамеша собитқадам мемонад ва умеди ба мақсад расиданро дар ҷони уммедворон намешиканад. Хуб гуфтааст Ҷомии хушкалом:
Ошиқи собитқадам он кас бувад, к-аз кӯи дӯст,
Рӯ нагардонад, агар шамшер борад бар сараш.
Чеҳраи зоҳирии Пешво ҷаззоб, дилаш бедору ноб, забонаш фасеҳу дилёб, намуна дар хулқу одоб ва дар рафтору кирдор бемаоб аст. Ӯ ҳатман қавихотира асту соҳибирода, қавиҳиммат асту соҳибшавкат. Дар акси ҳол агар эҳтиром ҳам дошта бошад, эътимоди мардумро аз даст медиҳад. Ба тасвири Садри Зиё чунин инсон:
Фасоҳатбаёну балоғатқарин,
Саодатнишону шарафофарин
Агар андаке аз сифатҳои Пешво ва каме аз хислатҳои пешвоиро баршумурда бошем ҳам, дар ихтисос доштани онҳо ба Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шакку тардиде нест.
Сафари навбатии Пешвои муборакдаму муборакқадами миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба марҳалаи нави рушди ин минтақа рост омад. Ин сафарро метавон сафари таърихӣ унвон кард. Аз даму дуои мубораки Пешвои муаззам дар чанд рӯзи дар вилоят буданашон офтоби оламгир ҳам ба зиёрати ин диёр омада, аз қадами мубораки ӯ ҳамқадди кӯҳҳои зарманбаъ биноҳои нави замонавӣ қад афрохтанду коргоҳҳову корхонаҳои саноатӣ дари худро ба муштариён боз намуданд.
Пешвои миллат фаъолияти тамоми идораву корхонаҳоро мусбат арзёбӣ намуда, ибрози хурсандӣ намуданд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҳимояту муроқибати мудовими Ҳукумат сол ба сол ободу тавсеа ёфта, кайфияти зиндагии бошандагони он ба таври пайваста беҳбуд меёбад. Ҷаноби Олӣ бо имтинон хотирнишон сохтанд, ки мардуми меҳанпарасту заҳматқарини вилоят ба кумаки арзишманди худ дар тавсеаи Тоҷикистони азиз минбаъд низ саҳим хоҳанд буд.
Аз таассуроти Пешвои миллат чунин бардошт кардем, ки табиати нодиру нотакрори вилоят бо гулу гиёҳҳои шифоиву табобатӣ, бо обҳои дармонбахшу давобахш ва сангҳои қиматарзиши дар қалби ин кӯҳҳо ҷогирифта дили тамоми ҷаҳониёнро тасхир намудааст ва он замоне дур нест, ки ин минтақаи кӯҳӣ ба беҳтарин ҷойҳои тамошобоб табдил меёбад ва чун асоситарин минтақаи содиротӣ дар ҷаҳон муаррифӣ хоҳад шуд.
Имрӯзҳо хурду бузурги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти роҳбарии Раиси росихдаму собитқадам муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ маъракаи қабулу пазироӣ ва гусели навбатии босамару бобаракати Пешвои миллатро сарбаландона баргузор карданд.
Бошад, ки аз муборакҳузурию муборакдамии Пешвои муаззами миллат хайру баракат дар ин сарзамину офиятмандӣ дар ин мардум ба маротибҳо афзуда гардад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамватанони азиз табрику муборакбод менамоем!

- Ҷумъа, 15 Ноябр 2024
ҶАШНИ МАВЛУДАТОН МУБОРАК, УСТОДИ АРҶМАНД!!!
Ҳайати кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо камоли эҳтиром 71-умин солгарди ҷашни мубораки сарходими шуъбаи забонҳои помирӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаевро фархундаву ҳумоюн гуфта, ба устод саломатӣ, офияти рӯзгор ва комёбиҳои навро таманно менамоем.
Ҳаёт ва фаъолияти Устоди гиромиқадр, доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаев намунаи барҷастаест, ки масири пурбаракати тайнамудаи на танҳо як олими сарсупурдаи арсаи илмро инъикос менамояд, балки ифшогари меҳру муҳаббати шахсиятест, ки ба касби интихобнамудаи худ, новобаста аз вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, садоқати бемисл дорад.
Саҳми Назрӣ Офаридаев дар пажӯҳиши забонҳои шарқӣ ва ғарбии эронӣ басо арзанда буда, кӯшиши ӯ дар пойдории сулҳу субот ва оромиши кишвар, тарғиб ва тарафдории сиёсат ва стратегияи пешгирифтаи имрӯзаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мақоми забони давлатӣ шуҳрати ин олимро дар байни аҳолии ватанамон афзудаанд.
Ба қалами профессор Назри Офаридаев беш аз 150 асару мақолаҳои илмӣ оид ба масоили топонимикаи Тоҷикистон, лексикологияи забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ, усулҳои таълими забон, таҳлили синхронӣ, диахронӣ ва муқоисавӣ-типологӣ тааллуқ доранд. Ҳанӯз соли 1992 монографияи Назрӣ Офаридаев таҳти унвони “Микротопонимияи Ванҷу Дарвоз” бо забони русӣ чоп мешавад, ки доир ба топонимикаи водиҳои Ванҷу Дарвоз қадами нахустин маҳсуб меёбад. Дар ин асараш устод дар такя ба сарчашмаҳои таърихӣ бори дигар мавҷудияти забони азбайнрафтаи ванҷии қадим (ванҷивор)-ро дар ин водиҳо тасдиқ намуда, барои муҳаққиқон маводи муътамади илмиро пешниҳод мекунад.
Баъдан асарҳои илмии “Ойконимияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” (2002), “Топонимияи таърихии Кӯҳистони Бадахшон” (2013), Очеркҳо оид ба топонимия ва микротопонимияи Кӯҳистони Бадахшон (2024)-и ин олими шинохта аз чоп мебароянд, ки дар соҳаи топонимика арзиши бебаҳо доранд.
Воқеан, профессор Назрӣ Офаридаев сарсупурдаи касби хеш буда, умри худро сидқан фидои роҳи илму маърифат намудаанд.
ҶАШНИ МАВЛУДАТОН МУБОРАК, УСТОДИ АРҶМАНД!!!

- Панҷшанбе, 14 Ноябр 2024
КОНСТИТУТСИЯ – ҲИМОЯКУНАНДАИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ШАҲРВАНДОН
Тошмамадова Фарзона – докторант (PhD)-и
Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.
Искандарови АМИТ
КОНСТИТУТСИЯ – ҲИМОЯКУНАНДАИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ШАҲРВАНДОН
Воқеан ҳам 6–уми ноябр барои халқу Ватани азизамон Тоҷикистон ниҳоят рӯзи фархундаю муборак, рӯзи тантанаи ҳуқуқҳои инсонӣ, рӯзи иқболу саодатмандӣ, сулҳу озодӣ, амну амонӣ ва фазои босубот буда, дар кишварамон онро ҳамасола бо як шаҳомату наҷобат ҷашн мегиранд.
Маҳз Конститутсия тарзи идоракунии давлатро муайян намуда, тибқи қонуну қойдаҳои дар он дарҷ гардида давлатдорӣ амалӣ карда мешавад. Мутобиқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванд соҳиби ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба озодии виҷдон буда, тибқи қонунҳои амалкунанда, дорои озодӣ, баробарҳуқуқӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ мебошанд. Чуноне, ки сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ягона, ҳуқуқбунёд ва демократӣ буда, ҳамаи он пешравию тараққиёте, ки дар давоми солҳои истиқлолияташ ба назар мерасанд, вобастагӣ ба интихоби роҳи дурусту мусоид барои кишварамон, яъне роҳи рушди конститутсионӣ дорад. Тараққиёти имрӯзаи кишварамон, сарфиназар аз душвориҳову мушкилоти дохилӣ ва беруна, гувоҳ бар он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳбарии фарзонафарзанди миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дурусти давлатдориву конститутсионӣ қарор дорад.
Дар ҳақиқат ҳам Конститутсия ва Истиқлолият мафҳумҳое бо ҳам зич алоқаманд буда, ҳамдигарро комилу пура мегардонад, чун Конститутсия яке аз нишонаҳои пурарзиши давлату давлатдорӣ мебошад, ки дар асоси ин санади муҳим соҳибихтиёрии кишвар ба расмият дароварда волоияти қонунро дар он муҳайё месозанд. Ба мисле, ки дар моддаи 10 -уми Сарқонун омадааст: “Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд...”
Конститутсия санади низоми қонунгузории мамлакатро инъикос намуда, муносибатҳои ҷамъиятию иҷтимоӣ, иқтисодию сиёсӣ ва фарҳагиро ба низом медарорад. Ва он низом ҳамон вақт пойдор мемонад, агар шаҳрвандон онҳоро поймол накарда, баръакс ҳимоя намуда тибқи он амал кунанд. Пешравии ҳар як давлату миллат ба он вобаста аст, ки дар он шаҳрвандон мутобиқи қонуну қойдаҳои он амал кунад, ки ин нишондиҳадаву ченаки асосии фарҳангу фарҳангдории шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатдиҳандаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон буда, дар моддаи 14-уми он омадааст: “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд ...”.
Волоияти Конститутсия ҳамчун санади инъикоскунандаи роҳу равиши системаи давлатдории як кишвар, роҳи интихобгардидаи он дар суханони Пешвои миллат чунин қайд гардидааст: “Имрӯз замоне фаро расидааст, ки дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем, аз ин рӯ, бе доштани Конститутсия эҷоди ин гуна давлат номумкин аст.”
Воқеан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сарнавиштсози давлату миллати мо буда, дар асоси он халқи шарафманди тоҷик қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дониста шуда, соҳибихтиёрӣ, кафолати озодӣ ва ҳуқуқи шахс, баробарҳуқуқӣ ва дустии тамоми миллатҳо дар он таҷассум гардидааст.
Ҳамватанони азиз, иҷозат фармоед ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин рӯзи саиду фараҳманд шодбош намоям ва зиндагии босуботу давлати баркамолро барои якояки Шумо таманно намоям!