wrapper

Институт

Институт

21-уми феврал - Рӯзи байналмилалии забони модарӣ муборак бод!

21-уми феврал - Рӯзи байналмилалии забони модарӣ муборак бод!

     Имрӯз дар тамоми дунё мардум як рӯйдоди муҳимеро ҷашн мегиранд, ки он Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҳаст. Забоне, ки танҳо воситаи иртибот набуда, балки бахши ҷудоинопазир аз фарҳанг, таърих ва ҳувияти мо мебошад. Ин рӯз фурсати олӣ барои ба ёд овардану таъкид аз боигарӣ ва гуногунии забонҳои ҷаҳон, аҳаммияти ҳифзу ташаккули онҳо аст. Ҳар як забон ин таърих, қабати фарҳангӣ ва инъикоскунандаи эҷодиёти шифоҳии халқиятҳои гуногун ба ҳисоб меравад.

     Забони модарӣ... Чӣ қадар калимаи ширин ва азиз аст ин! Ин нахустин суханон, нахустин ҳарфҳоест, ки мо дар кӯдакӣ аз модар мешунавем. Ин забонест, ки бо он мо фикр мекунем, эҳсос мекунем ва бо дигарон муошират мекунем. Забони модарӣ - ин ганҷи бебаҳост, ки аз насл ба насл мегузарад ва моро бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллатамон пайванд медиҳад.

     Дар ҷаҳони имрӯза, ки пур аз гуногунии забонҳост, ҳар як забон дорои арзиши беназир аст. Ҳар як забон - ин як олами бузург аст, ки дар он фарҳанг, таърих ва таҷрибаи халқ таҷассум ёфтааст. Гуногунии забонҳо - ин сарвати умумибашарист, ки бояд ҳифз ва қадр карда шавад. Дарку эҳтиром ба гуногунзабонӣ – ин роҳ ба тақвияту ҳамдигарфаҳмии байни милатҳову нажодҳои мухталиф мебошад.

     Бигзор ин рӯз моро ба омӯзиши минбаъда ва нигоҳ доштани тозагӣ ва зебоии он илҳом бахшад. Бигзор он як такони қавӣ барои рушд ва шукуфоии забонҳо ва фарҳангҳои мо, таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар асоси эҳтиром ва фаҳмиши мутақобила бошад.

Муборак бошад!!!

Муфассал ...

ДУ ЗАБОН, ЯК САДОҚАТ: ТАВОЗУНИ БАЙНИ НИГОҲ ДОШТАНИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ДАСТГИРИИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Назаршоева Чилла, номзади илмҳои филологӣ,
мудири шуъбаи забонҳои помирии Институти
илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
 
ДУ ЗАБОН, ЯК САДОҚАТ: ТАВОЗУНИ БАЙНИ НИГОҲ ДОШТАНИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ДАСТГИРИИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
 
       Мушкилоти ҳифзи гуногунии забонҳо ва тақвияти ҳуввияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва табодули фарҳангӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Гуногунии забонҳо дар ҷомеа на танҳо хусусияти фарҳангии гурӯҳҳои этникии гуногунро инъикос мекунанд, балки дар ҳифзи ҳувият, анъана ва расму оинҳо нақши калидӣ мебозанд. у такаллуми мардум ба забонҳои модарӣ сурат мегирад.
       Дар робита ба ин масъала муҳаққиқи забонҳои помирӣ, профессор Д. Карамшоев хуб гуфтааст, ки: «Зодагони Бадахшон соҳиби ду мероси қадимрешаи ниёгонанд. Яке форсӣ-тоҷикӣ, дигаре –помирӣ (маҳаллӣ)». Ин забонҳо ё ин мероси пурғановат дар фарҳангу шахсияти мо нақши калидӣ доранд чун арзёбиву гиромидошти ин гуногунзабонӣ метавонад ба ҳамзистии ҳамоҳангии забонҳо ва фарҳангҳои гуногун мусоидат намояд.
       Дар маърӯзаам асосан ба чанд иқтибосҳо аз муҳаққиқи помиршинос, профессор Карамшоев Д. такя мекунам, ба он сабабҳое, ки аввалан саҳму хизмати профессор Карамшоев Д. дар ҳифзи забонҳои помирӣ бебаҳо аст ва пӯшида нест, ки барои омӯзиш ва маъмулгардонии ин забонҳо корҳои зиёди бунёдиро анҷом додаст, аз ҷумла Луғати шуғнонӣ-русӣ дар се ҷилд таҳияшуда, Категорияи ҷинсият дар забонҳои помирӣ, ҳамчунин нашри “Алифбоҳои фаврии забонҳои помирӣ”- ро номбар кардан мумкин аст, ки қатрае аз хизматҳои ӯ барои забонҳои помирӣ ва барои соҳибзабонони ин минтақа ба шумор мераванд. Дувум ин ки фаҳмишу тафаккур ва назари ин олими барҷаста барои аҳаммияти нигоҳ даштани мувозинати байни забонҳои модарӣ ва забони давлатӣ барои мо, бахусус барои насли ҷавони имрӯз нишондиҳандаи ҳувияти фарҳангӣ ба шумор меравад.
       Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягона қаламраве ҳаст, ки забонҳои маҳаллӣ забони модарӣ ба шумор мераванду забони тоҷикӣ, ки мақоми давлатӣ дорад, ҳамчун воситаи муошират ҳатто байни баъзе аз ин забонҳои худӣ ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ истифода мешавад. Ва боз бармегардем ба ҳамон гуфтаи профессор Карамшоев, ки “мардуми Бадахшон соҳиби ду мероси фарҳангӣ ҳаст” ва агар гӯем, ки ифтихормандии мардуми мо бояд аз ин хеле баланд бошад ҳам, хато намекунем. Ба саволи чаро чунин посух медиҳем, ки ифтихори мо аз он бармеояд, ки мо соҳиби ду забони қадимтарин ҳастем, ки яке (забони модарӣ) ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувият ва анъанаҳои фарҳангии мо мебошад ва ҳамчун воситаи муошират дар байни мардум хизмат карда нигаҳдорандаи бойигарии эҷодиёти шифоҳии мардум, урфу одатҳо ва донишҳои аҷдодиамон мебошад ва дигаре (забони тоҷикӣ-форсӣ), ки низ як қисмати мероси мост, дарҳоро барои заминаи васеътари фарҳангӣ ва таълимӣ барои мо боз мекунад.
       Ин забони мутафаккирони бузург ба монанди Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва дигар мутаффакирону донишмандони баргузидаи халқи тоҷик ҳаст, ки мо, мардуми Бадахшон ҷузъи ҷудонашавандаи он ҳастем ва аз калому осори ин бузургмардон дониш гирифтему дар зери суханони пандомезу ҳикматомези ин баргузидагон тарбия ёфтему ба камол расидем. Пас, оё мо гуфта метавонем, ки яке аз ин забонҳо барои мо муҳимтар асту дигараш не. Якеро бештар қадр кунему мартабаи дигарро пасттар гузорем. Ба ин саволамон низ аз профессор Карамшоев Д. як иқтибоси хубе меорем, ки навиштааст: “Мақому мартаба ва истифодаи забонҳои помирӣ ва давлатию расмиро дар як радиф мондану ба ҳам муқобил гузоштан ҷоҳилист.
       Ифтихормандии мардуми Бадахшон бояд аз он барояд, ки онҳо соҳиби ду мерос ... мебошанд ва аз ин рӯ ҳар ду меросро бояд қадршиносӣ намоянду аз даст надиҳанд. Раванди таърихӣ мақоми ҳар кадомашро муқаррар ва тафриқабандӣ кардааст ва Қонуни забони Тоҷикистон онро ба амри ҳукм даровардааст”. Фикр мекунам, мо забони тоҷикӣ-форсиро фаротар аз он, ки он забони давлатии мо ҳаст, бояд донему пазирем, зеро ҳар ду забон барои рушди мо хеле муҳиманд. Забони модарӣ ба мо кӯмак мекунад, ки бо решаҳои худ иртибот дошта бошем чун воҳидҳои забонии зиёде дар забони модарӣ заминаи амиқи фарҳангиро доранд, ки барои гӯяндагони забонҳои дигар на ҳамеша аёнанд ва танҳо донистани забони модарӣ имкон медиҳад, ки ин замина ва робита бо решаҳои таърихӣ ва фарҳангиро дарк кунем, дар ҳоле ки забони тоҷикӣ дастрасӣ ба захираҳои таълимӣ, ки ба рушди шахсӣ ва касбӣ мусоидат мекунад, барои фаҳмиши беҳтари ҷанбаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии ҳаёт дар кишвар, барои ширкат дар корҳои давлатӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҳамчунин барои муошират бо дигар минтақаҳо хизмат мекунад ва метавонад ба рушди робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамкорӣ мусоидат кунад.
       Аз ин рӯ донистану истифода кардану такаллум кардан ба ин ду забон на танҳо барои бою ғанӣ гардондани мероси фарҳангии мо – мардуми Кӯҳистони Бадахшон, балки ба нигоҳ доштани ҳувияти беназир ва ҳамгироӣ бо равандҳои васеътари иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунад.
       Масъалаи ҳифзи гуногунии забон на танҳо масъалаи фарҳанг, балки масъалаи ҳувият аст, аз ин рӯ шоирону нависандагон ва дигар шахсиятҳои эҷодкору суханофар дар ҳифз ва рушди забонҳои модарӣ хеле муҳим ба шумор меравад. Бахусус дар шароити минтақаи мо, ки забонҳои маҳалии модариамон дар муассисаҳои таълимӣ тадрис намешаванд, умеду нигаронии мо, соҳибзабонон, бештар ба олимону шоирону нависандагон ҳаст, ки аввалӣ агар бо таҳқиқотҳои илмиашон забонро ҳифз карда метавонанд, табақаи олимону шоирон тавассути эҷоди шеъру асарофариашон ин забонҳоро, ки таҷассумгари расму оин, арзишҳои мардумӣ ва таъриху фарҳангамон мебошад, инъикос ва ҳифз мекунанд.
       Профессор Карамшоев Д. дар як мақолааш роҷеъ ба ҳифзи забонҳои модарӣ овардааст, ки “Тақдирҷунбони забон шоиру нависандагонанд. Бо мероси аввал онҳо руҳу арвоҳи Рӯдакии зарафшонӣ ва пири хеш Носири Хусрави қубодиёниро шод мегардонанд. Бо мероси дувумӣ шоирони помирзабон анъанаю иқдоми аҷдоди қадимтари боз худи ҳамон халқи номдори тоҷик суғдиён, бохтариён ва сакоиёнро зиндаю поянда медоранд”. Аз ин иқтибосҳо боз ҳам ба хулоса меоем, ки мо бояд аз доштани ҳар ду забон фахр кунем ва онҳоро ҳамчун қувват барои таҳкими ҷомеаи худ истифода барем. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки мо на танҳо анъанаҳои худро нигоҳ дорем, балки ба чолишҳои муосир мутобиқ шавему устувор бимонем.
Муфассал ...

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ БОМУВАФФАҚИЯТ АНҶОМ ЁФТ!

 КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ БОМУВАФФАҚИЯТ АНҶОМ ЁФТ! 
      Имрӯз, 20 феврали соли 2025, дар Толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи «Гуногунии забон – омили муҳими ҳувияти фарҳангӣ ва рушди устувор» баргузор гардид.
      Забон – рукни асосии ҳувияти миллӣ ва василаи муколамаи тамаддунҳост. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ҳифз ва рушди гуногунии забонҳо яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир мебошад. Забони модарӣ на танҳо василаи муошират, балки омили нигоҳдории фарҳанг, таърих ва худшиносии миллӣ низ мебошад. Маҳз бо ҳамин мақсад, олимон, муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёни институт дар ин ҳамоиши илмӣ гирд омаданд, то масъалаҳои марбут ба забоншиносӣ ва ҳувияти фарҳангиро баррасӣ намоянд.
 РАВАНДИ КОНФЕРЕНСИЯ
     Конференсияро директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аҳамияти забонҳои модарӣ ва гуногунрангии забонӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва рушди устуворро таъкид намуданд.
Маърӯзаҳои илмӣ ва муҳокимаи мавзуҳои муҳим
     Мутахассисони варзида бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво доир ба нақши забон дар ҷомеа, қонунгузорӣ, таърихи забонҳо ва тавозуни байни забони модарӣ ва забони давлатӣ суханронӣ карданд:
 Офаридаев Н., доктори илмҳои филологӣ: «Мақоми коммуникативии забонҳо ва инъикоси он дар қонунгузории давлатҳо» 
 Некушоева Ш., номзади илмҳои филологӣ: «Языковое разнообразие на примере одного глагола» 
 Мирзоев Шоҳназар, номзади илмҳои филологӣ: «Язык - живая история» 
 Назаршоева Ч.Р., номзади илмҳои филологӣ: «Ду забон, як садоқат: тавозун байни ҳифзи забони модарӣ ва дастгирии забони давлатӣ» 
 МУҲИМИЯТИ КОНФЕРЕНСИЯ ВА ХУЛОСАҲОИ АСОСӢ
       Конференсия ба як платформаи муҳими илмӣ барои табодули афкор миёни муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯён табдил ёфт.
      Гуногунии забонҳо – омили бойгарии фарҳангӣ ва ваҳдати миллӣ.
      Ҳифзи забони модарӣ – масъулияти ҳар як шахс ва ҷомеа.
      Забон – шиносномаи миллат ва калиди рушду худшиносӣ.
      Миннатдории худро ба тамоми устодон, муҳаққиқон, донишҷӯён ва магистрантоне, ки дар кори конференсия фаъолона иштирок карданд баён менамоем! Мавзуи забон ҳамеша мавзуи муҳими ҷомеа буда, ҳифзи он – вазифаи ҳар як шахси бомаърифати ба таъриху фарҳанги худ арҷ гузошта ба ҳисоб меравад!
     Бо чунин ҳамоишҳои илмӣ, дар оянда метавон дар ҳифзи забони модарӣ ва рушди он саҳми арзанда гузошт!
Муфассал ...