wrapper

Институт

Институт

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «РАВАНДИ МУҲОҶИРАТ ВА ТТАЪСИРИ ОН БА БОЗОРИ МЕҲНАТ»

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «РАВАНДИ МУҲОҶИРАТ ВА ТТАЪСИРИ ОН БА БОЗОРИ МЕҲНАТ»
       Санаи 27-уми феврали соли 2025 дар толори ҲХДТ бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Раванди муҳоҷират ва таъсири он ба бозори меҳнат” бо иштироки муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон муҳтарам Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир ва ширкати роҳбарони идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ баргузор гардид.
       Директори Институти илмҳои гуманитарӣ, д.и.фил. Қаландариён Ҳоким Сафар сараввал муовини Раиси ВМКБ Абдулназарзода Абдулназарро барои ширкат дар конференсияе, ки ба масъалаи басо муҳим ва актуалӣ – раванди муҳоҷират ва таъсири он ба бозори меҳнат бахшида шудааст, хайра мақдам гуфта, ба Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ барои зери таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарор додани фаъолияти олимон ва ҳалли мушкилоти илмӣ ва барои пиёда намудани сиёсати илмпарваронаи Пешвои соҳибзаковату соҳибфаросати миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипоси самимиамонро баён намуданд.
       Ҳамчунин профессор Қаландариён Ҳ.С. дар суханронии ифтитоҳӣ чунин изҳори назар намуданд: “Масъалае, ки имрӯз моро ба ҳам овардааст, мавзуи нав нест. Тадқиқотҳои охирини генетикӣ ва археологӣ аз он дарак медиҳанд, ки раванд ва ҷараёни муҳоҷират беш аз ду миллион сол аст, ки вуҷуд дорад. Шарҳи мафҳуми истилоҳии муҳоҷират ё таърифи илмии он мазмуни куллии равандро баён мекунад. Яъне ҳама гуна ҳаракати ҳудудии аҳолиро, ки бо убури сарҳади берунӣ ва дохилӣ бо мақсади тағйир додани ҷойи истиқомат ё иқомати муваққатӣ барои таҳсил ё фаъолияти меҳнатӣ, сарфи назар аз он ки зери таъсири омилҳои ҷалб ё фишор ба вуқӯъ мепайвандад, муҳоҷират мегӯянд.
        Аз ин таъриф бармеояд, ки дар умум чор намуди муҳоҷират мавҷуданд: доимӣ, муваққатӣ, ихтиёрӣ ва маҷбурӣ. Агар тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид шумораи муҳоҷирони байналмилалӣ ба беш аз 300 миллион нафар расида, анқариби 4% аҳолии ҷаҳонро ташкил дода, танҳо беш аз 4 миллион шаҳрванди кишварҳои Осиёи Миёна дар Федератсияи Русия қарор дошта бошанд ва тамоюли болоравии ин рақамҳову фоизҳо пешбининашавандаву пешгиринашавандаанд, меарзад то ба ин мавзуъ ва таъсиру паёмадҳои мусбату манфии он таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад.
        Ин масъала ба андозае муҳим ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодии муҳоҷир ба андозае мазмуни сиёсӣ ва зери таваҷҷуҳи созмонҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 18-уми декабрро ба унвони Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон эълом кард.
        Агар имрӯз давлатҳои бо мушкилоти демографӣ ва норасоии қувваи корӣ дар бозори меҳнат маҷбуранд, ки бо таҳияи барномаҳои махсус ва муҳайёи имтиёзҳо шаҳрвандони кишварҳои дигарро ҷалбу даъват намоянд (чун барномаи Переселение дар Федератсияи Русия ё Грин картаи Амрико, барномаҳои мухталифи ҷалби муҳоҷирони Аморати муттаҳидаи Араб, Сербия, Португалия, Эквадор, Германия), пас, кишварҳое, ки ҷараёни муҳоҷират дар онҳо зиёд аст, ночору ноилоҷанд то барномаҳои махсуси зидди муҳоҷиратро таҳия намоянду дар амалӣ сохтани он сахт кӯшо бошанд.
        Агар ба харитаи раванди муҳоҷират як назари иҷмолӣ афканем, муҳоҷирони кишварҳои дунё, ки чанд насли пешашон барои дарёфти зиндагии шоиста тарки диёр кардаанд, имрӯз боз, ҳарчанд хӯрҷини моддияшон пур аст, пуштора карда, дар ҷустуҷӯву кофтукови муҳити амну амоне ҳастанд, ки боду ҳавои тоза дошта бошад, табиати зебову бе ғашу олоиш дошта бошад, осмони софу нилгуни афсонавӣ дошта бошад ва муҳим аз ҳама ғизои табииву ғайри сунъӣ ва мардуме, ки фарҳанги писар ғамгусори падар то дами охирин бошад, ҳастанд.
        Ин муҳиту табиате, ки ҷаҳониён ҳавасаш мехӯранду дар орзӯяш хӯрҷинбапушт мегарданд, магар муҳити тоҷиконаи ВМКБ нест?! Агар ҷавоб «ҳа» бошад, пас, чаро фоизи баланди ҷараёни босуръати муҳоҷират ба ин гӯшаи зебои кишвари азизамон рост меояд?
        Таърих гувоҳ аст, ки баргашти муҳоҷирон ногузир аст. Имрӯз агар ин муҳитро мардуме тарк мекунад, ки хуну чеҳраи тоҷикона дорад, шояд муқимшудагони оянда аздастдодагони сириштмоя (генофонд) бошанд ва ё тамоман як халқияту як миллати дигар. Агар генофонди миллат сарнавишти таърихии миллат ва имрӯзу фардои онро муайян намояд, муҳоҷират дар шароити ҷаҳонишавӣ зарбаи сахт ва эҳтимоли нест кардани сириштмояи миллатро дорад.
        Дасти инсон гул аст, - мегӯянд дар урфият. Муҳит бе дахолати инсон ботлоқ асту биябон. Агар ба гуфтаи коршиносон оқибатҳои буҳрони баҳри Арал бузургтарин фалокати аср унвон шуда бошад, муҳоҷирати беист барои ВМКБ бузургтарин фоҷеаи асри 21 хоҳад буд.
        Бо ин каломи муқаддимавӣ, ки зарурати баргузории конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Раванди муҳоҷират ва таъсири он ба бозори меҳнат”-ро равшан намуданд, ҳозирини гиромиро барои ширкат ва шарикият дар кори ин чорабинии илмӣ хайра мақдам гуфта, дар ҳалли муҳимтарин тарафҳои норавшани масъала тавфиқу бурдбориҳо хоҳон гаштанд.
        Сипас, муовини Раиси ВМКБ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир ҳозиринро аз номи Раиси ВМКБ Мизонабот Алишер Худобердӣ хайр мақдам гуфта, оиди масоили равандҳои мухталифи муҳоҷират, хусусиятҳои хосу таъсиррасонии онҳо ба бозори меҳнати ВМКБ нуктаи назари хешро баён намуданд.
Ба иштирокчиёни конференсия рӯйнамои н.и.и., докторанти ИИГ АМИТ Шоидарвозова Марзия Саидвалишоевна, ки дар асоси таҳлили натиҷаҳои аз таҳқиқотҳои саҳроии се навоҳии Бадахшон: Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа ва ш. Хоруғ бадастомада, дар доираи мавзуи зикргардида, пешкаш гардид.
          Дар фарҷоми Конференсия аз ҷониби иштирокчиён: Каниев Мулкамон - сардори Шуъбаи хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, Қозидавлатзода Зайнулараб – сардори Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш. Хоруғ, Мирзоқандов Аминҷон - Сарвари Раёсати маорифи ВМКБ, Шоламов Саидазиз – мутасаддии Барномаи устуворгардонии ш. Хоруғ дар филиали Агентии Оғохон оид ба муҳити зист дар Тоҷикистон, Сайфуллоева Ольга – менеҷер оид ба масъалаҳои академии Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Осиёи Марказӣ баромад намуда, тавсияҳои зерин пешниҳод гардиданд:
1.Таъсиси платформаи институтсионалӣ оид ба муҳоҷират барои идора ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои марбут ба муҳоҷират дар асоси ҳамкориҳои зичи тарафайни хадамотҳои дахлдор.
2.Гузаронидани таҳқиқоти ҳамаҷониба оид ба сабабҳо, оқибатҳо ва дурнамои муҳоҷирати меҳнатӣ бо назардошти хусусиятҳои минтақавӣ.
3.Таҳия ва такмили қонунгузории миллӣ соҳаи муҳоҷирати таҳсилотӣ ҷиҳати танзими равандҳои ин намуди муҳоҷират.
4.Таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди бозори меҳнат бо назардошти талаботи муҳоҷирони минтақа ва имкониятҳои шуғли онҳо.
5.Таҳия ва татбиқи барномаҳои мусоидат ба муҳоҷирони ба ватан бозгашта ҷиҳати бозсозӣ ва шуғли онҳо дар ҷойи зист.
Баёнияи мухтасар:
        Натиҷаҳои бадастомада ва маърӯзаи илмии ироашуда бо иловаи дархост ва бо назардошти эродҳо дар шакли китоб нашр мегарданд, то ки барои муҳаққиқони манбаи таҳқиқотии муътамад оиди таҳқиқи масоили муҳоҷират дар миқёси ВМКБ бошад.
Муфассал ...

ЭЪЛОН!

ЭЪЛОН! 
     КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ: «РАВАНДИ МУҲОҶИРАТ ВА ТАЪСИРИ ОН БА БОЗОРИ МЕҲНАТ»
Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров бо камоли эҳтиром Шуморо ба конференсияи илмию амалӣ даъват менамояд!
Таърих: 27 феврали соли 2025
Оғоз: 10:00
Макон: Толори ҲХДТ, шаҳри Хоруғ
Забони корӣ: Тоҷикӣ ва русӣ
Либос: Расмӣ
Мавзӯи конференсия
     Муҳоҷирати меҳнатӣ барои ҳалли масъалаи бекорӣ ва воридшавии маблағҳо ба кишвар нақши муҳим дорад. Вале оё он ҳамеша ба манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад? Дар ин конференсия, коршиносон ва олимон масъалаи муҳоҷиратро аз дидгоҳҳои гуногун таҳлил намуда, оқибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии онро баррасӣ мекунанд.
Муфассал ...

БЕТАФОВУТӢ – ЗИДДИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Қаландариён Ҳоким Сафар, директори

Институти илмҳои гуманитарии ба номи

академик Б.Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ

 

БЕТАФОВУТӢ – ЗИДДИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

 

       Нуқтаи асосии муроҷиати Раҳбари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ин аст, ки амнияти миллӣ бояд дар чаҳорчӯби расидан ба ҳадафҳои миллӣ таъмин карда шавад. Маълум аст, ки баррасии мавзуи амнияти миллӣ ва ҳифзи он яке аз вазифаҳои калидии ҳар давлати соҳибистиқлол маҳсуб ёфта, ҳифзу таъмини амнияти миллӣ зарурати раднопазири тамоми давлатҳо, новобаста аз шаклҳои давлатдорӣ пазируфта шудааст. Бе таъмини амнияти миллӣ ҳаёти милливу ҳудудиву демографии кишварҳо низ зери савол ва дар ҳоли хатар боқӣ хоҳад монд. Тамоми пешравиҳо ва ноилшавиҳо ба дастовардҳои бузург агар аз доираи консепсияи амнияти миллӣ берун ба назар расанд, оберо мемонанд, ки чархи осиёби бегонаро метезонад. Чун амнияти миллӣ ба маънои дахлнопазирии мутлақ дар қабули қарорҳои ҳарбиву сиёсиву иқтисодӣ фаҳмида шуда, давлат қудрати худрушдкуниву худҳимоякунӣ дорад ва ҳамчунин қудрати низомиву сиёсӣ ва қобилияти иқтисодиву дипломатӣ аз рукнҳои муҳимтарини амнияти миллӣ маҳсуб меёбанд, сухани Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсола “дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем” ҷиддӣ будани ин масъалаву муҳим будани дарки онро бори дигар барои мо гӯшзад месозад.

       Ҳукумати миллӣ масъулият бар таъмини амнияти миллӣ дошта, дар баробари қабули сиёсати дурусти иқтисодӣ, барқарор намудани робитаҳои дурусти сиёсӣ бо ҷаҳони беруна, овардани шароити одилонаи сиёсӣ дар дохили кишвар, ҳамчунин бо ҷалб кардани аҳли зиё, олимону донишмандон ҳалли масъалаҳои амалӣ бо истифода аз донишҳои илмиро ба миён меоварад. Рушди илм, ки боиси тавсеаи технология мегардад, бидуни шак дар хидмати амнияти миллӣ меистад ва кишварҳои мутараққӣ дар ин замина ба муваффақиятҳои чашмгир даст ёфтаанд.

      Аммо илм танҳо ихтисос ба илмҳои дақиқу табиатшиносӣ надорад. Бояд таъкид намуд, ки кишварҳо наметавонанд сиёсати муваффақро бидуни арзёбии илмҳои гуманитарӣ анҷом бидиҳанд. Ноумедии нухбагони сиёсӣ нисбат ба илмҳои гуманитарӣ бешубҳа ба амнияти миллӣ зараровар аст, зеро бе таҳлилҳои ҷомеашиносӣ фаҳмиши дуруст дар бораи мушкилоти кишварҳо пайдо кардан аз имкон берун аст.

      Рушди илм ва мушорикати нухбагону донишмандон дар фазои озоду ором ба амалӣ шудани амнияти миллӣ мусоидат мекунад. Зеро таъсиси ҷомеаи пӯшида ва дар сурати набудани озодӣ бисёр намояндагони илму дониш зиндагӣ кардан дар кишвари дигарро афзалтар медонанд. Фазои пӯшида эҳсоси ноамниро дар мардум бедор мекунад. Дар бисёр давлатҳои диктаторӣ аҳли зиё ба сабаби зиндагии берун аз афкори озодбаёнӣ доштан хомӯширо афзал медонанд ва охируламр ҳамовоз бо фурсати фалокатовар мегарданду фурӯпошии ҳар давлату ҳукуматро сабабгор мегарданд. Ҳукумати Тоҷикистон, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ робитаи хубу ҳасана дорад, муваффақ ба пайгирии ҷанбаи мусбати амнияти миллӣ буда, суботи ҳар як шаҳрвандро дар умум таъмин мекунад.

       Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат зиёд таъкид бар он рафт, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ, ки ҳосили вазъи ноорому равандҳои мураккаб дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ҳастанд, метавонанд ба иғвогарии барқасдона бар зидди давлатҳои рӯбатараққӣ табдил ёфта, вазъи иҷтимоии кишвари моро низ ноором созанд. Пешвои миллат сари вақт ва ба мавқеъ таъкид намуданд, ки “нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем”.

       Дар шароити ҷаҳонишавӣ танҳо бо ҳифзи манфиатҳои миллӣ наметавон рушд карду ба пешравиҳои назаррас ноил гашт. Танҳо бо бардоштани байрақи ифтихор дар майдони ҷаҳонишавӣ аз он ки мо миллати куҳанбунёдему бояд эътироф шавем, ғунчаи умед гул нахоҳад кард. Бо пайдо кардани робитаи хуб бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ширкат дар ҳалли масоили мубраму глобалӣ, ҳамроҳ бо дигар кишварҳои бузург саҳим будан дар бартарафсозии омилҳову ҷараёнҳо хатарзо заминаҳое барои рушди комили иқтисодиёти иҷтимоиёти миллӣ хоҳанд шуд. Ҷаҳонишавӣ ба истилоҳи дигар навъе аз ҷаҳонсозӣ – қаламравхоҳиву қаламравгустарӣ аст, яъне сиёсати тасарруфи заминҳои дигар ва муқим гаштану муқимӣ шудан дар он ба иллати нафъбадасторӣ аз манбаъҳои он сарзамин. Мисоли содаву ҳаётии ин таърифро метавон аз ҷанги Россияву Украина ва дахолати амрикоиёну аврупоиён хулоса кард. Пас, чун дар ҳоли ҷаҳонишавӣ шоҳиди эҷоди шикофи бузургтаре миёни кишварҳои ҷаҳон ҳастем ва дарк намудем, ки паёмадҳои манфии ҷаҳонишавӣ ҷаҳониёнро таҳти таъсири амиқу азим қарор додаанд, ворид будани кишвари мо дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ ва ҳамқадаму ҳамзамон гаштан бо давлатҳои мутараққӣ ниҳоят муҳимму актуалӣ арзёбӣ мегардад. Мо ифтихорманд аз он ҳастем, ки Пешвои муаззами миллат, Сарвари мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомкунандаи пешниҳоди барномаҳои матлуб барои ҳалли мушкилоти гиреҳхӯрдаи дунё буда, аз минбарҳои баланди созмонҳои таъсиргузори ҷаҳон ба ҳалли ин мавзуъҳо пардохтаанд. Роҳбари давлат дуруст дарк намудаанд, ки “кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд”.

        Ҳарчанд дар раванди ҷаҳонишавӣ дар дунё имрӯз мафҳумҳое чун таҳаммулгароӣ ва гуногунандешӣ бо ташреҳҳои мухталиф ҳадафҳои доираҳои мутараққиро дастгирӣ намуда бошанд ҳам, дар баробари ин рушди бесобиқаи хориҷиситезӣ ва нажодпарастӣ ҳам густариш дорад. Ҷаҳонишавӣ ҳақиқате аз зиндагии моро ташкил додааст ва дар мухолифи он қарор гирифтан ва ё тарафдорӣ кардан аз он худихтиёр нестем. Чун бетараф будан низ хатарнок аст, омода будан дар баробари чолишҳои муосир ва паёмадҳои манфии ҷаҳонишавӣ ҳаётан муҳим талаққӣ мешавад.

        Аз ин рӯ, бадтарин душмани имрӯзаи мо, ки метавонад ба андешаҳои иғвогарона ва садоҳои беасос қувваву қуввати бештаре бахшад, ин бетафовутӣ мебошад. Чаро? Зеро бетафовутӣ эҳсоси худмуҳофизаткунӣ дар баробари паёмадҳои манфии ҷаҳони муосирро, ки зиёд хатарзо ҳастанд, гум мекунад. Маҳз бетафовутӣ аз ғамхору ғамгусор будан дар баробари вазифаҳои ҷониву виҷдонӣ ва манофеи милливу давлатӣ моро дар канор мегузорад. Дар лаҳзаҳои заруриву лозим худро ҳамқисмат эҳсос накардан, ҳавасманд набудан дар пешрафтҳои иҷтимоию иқтисодӣ, бепарво будан нисбат ба рушди соҳаи интихобкарда, бетаваҷҷуҳӣ ба муваффақиятҳои ҳамкорону ҳамандешон чи ба некуаҳволии шахсӣ ва чи ба беҳбудии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Пас, чун бепарвоӣ як падидаи бади иҷтимоист, таъсири ҷомеа дар ташаккули ин сифат басо муассир аст. Агар бетафовутӣ як ҳолати рӯҳии бефаъолиятӣ буда, дар акси ҳол, нишон додани алоқамандӣ як ҳолати фаъоли таваҷҷуҳзоҳиркунист, аллакай дар тифлӣ зери таъсири муҳит ин сифатҳо дар вуҷуди кӯдакон шакл мегиранд. Роҳбари давлат ин вазъиятро хеле хуб дарк намуданд ва аз ин рӯ дар Паёми ироагашта супориши қатъӣ доданд, ки роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”.

      Бепарвоӣ ба эҳсоси ҳамдилию ҳамдардӣ нисбат ба дигарон, ки асоси ҷомеаи солим аст, халал мерасонад. Ин халалрасонӣ оқибат ба вайрон намудани робитаҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад. Худбаҳодиҳии паст ҳам бештар маншаъ аз бетафовутӣ мегирад.

       Муҳиммияти ироаи Паём аз ҷониби Сарвари мамлакат ба ин хотир ҳам бояд зарур донист, ки эҳсоси ноумедиву афсурдагӣ ва бетафовутиро аз вуҷуди шаҳрвандон берун созад. Зеро онҳое, ки умедгумкардаанду афсурдадилу парешонҳоланд ва бетафовутиро як навъи мухолифатнишондиҳӣ қабул кардаанд, таҳлилҳои вазъияти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ бо истифода аз методи қиёскунӣ (албатта, агар хонанду ба умқи мазмуни Паём андешамандона ворид шаванд) ризомандиву хушнудии онҳоро дучанд хоҳад афзуд. Чаро ки Паём вазъияти хуби дирӯзинаро таҳлил намуда, тағйири масири зиндагии беҳтари имрӯзинаро нишон медиҳад ва умедвор месозаду мутмаин, ки самараи муроди фардоина ба даст хоҳед овард.     

       Имрӯз иғвогариҳои барқасдона ба иллати ноором кардани вазъи иҷтимоӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар майдони ҷанги равонӣ сиёсати расонаҳои давлатҳои бузургро амалӣ месозанд. Дар сурати адами дастгоҳи пуриқтидор ва оқилонаи таблиғу ташвиқ татбиқи амнияти миллӣ имконнопазир аст. Роҳбари давлат дар ин Паём ҳам ду меҳвари асосиро барои аҳли толор нишон дод: эътимод ба худ ва боварӣ ба фардо ва заҳмату талоши ҳама барои муваффақ шудан. Дар ин Паём Пешвои миллат изҳор доштанд, ки Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам. Зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итминон дорам”.

        Барои кишварро ба муқобили паёмадҳои муосир омода сохтан сиёсати иқтисодӣ ва истеҳолии кишвар бояд хеле пурзӯр бошад. Ба таъкиди Пешвои миллат ҷаҳони кунунӣ пешгӯинашаванда ва норавшан аст ва аз ин рӯ, ба қудрату тавоноии дохилии худ барои рафъи нооромиҳои дар пешистода бояд такя карду умед баст.

        Амният дар кишвар яке аз асосҳо ва рукнҳои асосии пешрафт, пайвастагӣ ва ифтихори кишвар аст. Бадтарин мусибате, ки ба миллати афзоянда ва рӯ ба тараққӣ расонида мешавад, маҳрумият аз амният аст. Вақте ки амният вуҷуд надорад, ҳеч гуна андешаи мунтазам вуҷуд нахоҳад дошт ва пешрафт имконнопазир аст. Маҳз дар фазои амният ҳам талошҳои илмӣ, ҳам талошҳои иқтисодӣ ва ҳам тамоми фаъолияти кишварро дуруст ба нақша гирифтан ва бодиққат риоя кардан ва ба натиҷаҳои беҳтар ноил шудан мумкин аст.

 

 

Муфассал ...