Институт
- Душанбе, 08 Июл 2024
Андешае оиди мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони илм ва маориф.
МИРЗОЕВ Шоҳназар- номзади илмҳои филологӣ,
ходими пешбари илмии шуъбаи забонҳои помирии
Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ
Андешае оиди мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони илм ва маориф.
30 майи соли ҷорӣ мулоқоти Пешвои миллат, Асосгузори Сулху Вахдат, Президенти Чумхурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони илм ва маориф баргузор гардид.
Илм ва маориф ду мафҳуме ҳастанд, ки бо ҳам зич алоқаманд буда, бе ҳамдигар арзи вучуд надоранд. Онҳо ҳамдигарро пурра месозанд. Чи қадаре ки илм дар сатҳи баланд қарор дошта бошад, ҳамон қадари дигар сатҳи маориф баланд мешавад.
Ба ин ду соҳа аз рӯзи соҳибистиқлол эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода мешавад. Зиёд шудани шумораи мактабҳои миёна, донишгоҳҳои олӣ ва институтҳои тадқиқотӣ, баланд шудани маоши кормандони ин соҳа, исботи ин амаланд.
Дар бораи маориф ва саҳми он дар пешбурди ҷомеа ҳакими қадими Хитой Канфусий чунин гуфтааст: “ агар хоҳи баъди як сол ҳосил гири, шолӣ бикор; ва агар хоҳи баъди даҳ сол ҳосил гири, дарахт бинишон; ва агар хоҳи баъди сад сол ҳосил гири, кӯдаконро таълим биёмуз”. Гапҳои илоҳӣ ҳастанд. Сатҳи баланди иқтисодиёти Хитойи имрӯза исботи фикриҳои ин оқил мебошанд.
Халки тоҷик аз давраҳои қадим боз соҳиби илму маърифат аст ва шахсони алоҳидаи он то кунун дар илм мақоми намоён доранд ва аз тарафи илми ҳозираи дунё эътироф мешаванд.
Дар шароити ҳозира пешрафти иқтисодии ҷомеа бе пешрафти илм ғайриимкон аст. Барои ҳамин ҳам, бояд кӯшиш ба харҷ дод то суханро бо амал оро диҳем, на ин ки амалро бо сухан.
Агар, миқдоран шумораи мактабҳо, донишгоҳҳо ва институтҳои тадқиқоти зиёд шуда бошанд, сифати кори онҳо ҳам бояд талаботи ҷомеаи ҳозираро қонеъ гардонда тавонад. Ба ин хотир, мо кормандони илм бояд илмро бо тачриба чунон пайваст намоем, ки он сабабгори асосии пешрафти иқтисодии мамлакат гардад.
Дуруст гуфтаанд: Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадре ту яке ҳазор гардад.
Муфассал ...- Ҷумъа, 05 Июл 2024
Таъсиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таҳти унвони “Неруи илм”
Таъсиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таҳти унвони “Неруи илм”
Сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар таърихи 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфтааст, ҳамеша дар ҳолати тавсеа қарор дошта, ҳайати аъзоёни он ҳаррӯза зиёд мегарданд. Афзоиши шумораи аъзои ин ҳизб нишондиҳандаи мақоми хуб ва эҳтироми он дар ҷомеа аст.
Имрӯз як ташкилоти ибтидоии дигари ин ҳизб дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Неруи илм” бо 22 нафар аъзои навворидгардида таъсис ёфт.
Дар чорабинии таъсисёбии ташкилоти ИИГ АМИТ директори Институт, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ишора ба аҳамияти чунин ташкилотҳои ибтидоӣ намуда, иброз доштанд, ки онҳо ба ҳайси асоси як ҳизби сиёсӣ такондиҳандаву таблиғгари сиёсати давлат мебошанд.
Ҳамчунини дигар дар чорабинӣ Раиси ҲХДТ дар сатҳи шаҳри Хоруғ Париноз Азизӣ дар баромади худ аъзоёни нав интихобшуда ба ҲХДТ-ро табрику таҳният намуда, оиди зиёд намудани сафи ташкилоти навбунёди “Неруи илм” аз ҳисоби ҷавонони фаъол ва ашхоси арзанда, инчунин сидқан талош намудан барои тарбияи насли наврас ибрози ақида намуданд.
Дар доираи чорабинӣ Раиси ташкилоти ибтидоии “Неруи илм” ва муовини раис тасдиқ гардида, кортҳои ҳизбӣ дар як фазои тантанавӣ ба аъзоён тақдим гардиданд.
Муфассал ...
- Ҷумъа, 05 Июл 2024
Бардоштҳо аз суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар.
Д.и.и. Ҷонмамадов Ш.Б.
Бардоштҳо аз суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар.
30 май дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот карданд.
Ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад.
Чунонки дар мулоқот таъкид гардид, соҳаи маориф ва илм дар сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бартарӣ дошта, илм ба масобаи “яке аз омилҳои асосии рушди кишвар” ва олимон ҳамчун “захираи бузурги зеҳнии ҷомеа” эътироф гардида, ҷиҳати пешрафти ҳамаҷонибаи илм ва “беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм ҳамаи имкониятҳо” муҳайё гардидаанд. Дар ин росто Президенти кишвар қайд карда буданд, ки: “Мо дар ин марҳала барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намудем, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал гардонидем ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил додем.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд”.
Масъалаи нигаронкунандаи дигар ва мубраме, ки дар мулоқот аз ҷониби Пешвои миллат ба миён гузошта шуд, ба тақозои замон ҷавобгӯ набудани вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯйи баъзе ихтисосҳо мебошад. Дар ин росто президенти кишвар қайд карданд, ки “дар кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология ба тақозои замона ҷавобгӯй нест”.
Дар ин замина таъкид шуд, ки “санҷиши вазъи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи математикаи Академияи миллии илмҳо муайян намуд, ки аз соли 2018 то соли 2023 дар ин муассиса 18 нафар ба докторантура аз рӯйи ихтисос аз ҳисоби буҷет ва 1 нафар ба таври шартномавӣ қабул карда шудааст. Вале, аз шумораи умумии хатмкардагон танҳо 2 нафар докторант рисолаи илмии худро ҳимоя кардааст”.
Идомаи суннати устоду шогирд яке аз масъалаҳои муҳимми дигарест, ки дар мулоқот таъкид шуд. Президенти кишвар қайд намуданд, ки “Ба ақидаи ман, идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд”. Дар ин росто пешниҳод шудани ду меъёри зерин “дар арзёбии фаъолияти илмии ҳар як олим, махсусан, доктори илм” асосу асл ва комилан дурусту мантиқист: а) “посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар” будани натиҷаҳои таҳқиқот; ва б) “тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд”.
Дар мачмӯъ, ҳамин нуқтаро қайд менамоям, ки ин суханронии таърихӣ барои аҳли зиёи кишвар дастури раҳнамо қарор гирифта, ба пешрафти илму маориф, рушди тафаккури техникиву технологӣ ва ҷаҳонбинии илмии ҷомеаи тоҷикистонӣ мусоидат хоҳад кард
Муфассал ...