Дар доираи иқдоми ҳифзи муҳити зист ва ободкорию созандагӣ, ҳайати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳо ва ташкилотҳо дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Шуғнон, деҳаи Шитами Ҷамоати деҳоти Вер фаъолона ширкат варзид. Ин иқдом дар партави сиёсати созанда ва табиатпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, ки ҳадафи асосии он сарсабзгардонии минтақа ва таҳкими омили экологӣ мебошад.
Дар ҷараёни чорабинӣ, дар масоҳати васеи 12 гектар, зиёда аз 15 ҳазор дарахтони мевадиҳанда шинонда шуд. Ин кор бо иштироки фаъолонаи сокинон, омӯзгорон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва роҳбарияти вилоят, аз ҷумла Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ, баргузор гардид. Ҳамаи иштирокчиён бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба табиат саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Шинондани дарахтон на танҳо як амали рамзӣ, балки як иқдоми стратегӣ дар самти беҳбуди муҳити зист ва таъмини рушди устувори деҳот арзёбӣ мегардад. Бо шинондани дарахтони мевадиҳанда заминаи муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ояндагони ноҳия гузошта шуд, ки дар баробари ободонии муҳит, боз дастгирии фаъолияти хоҷагидорӣ ва рушди бахши аграрӣ хоҳад буд.
Иштироки муассисаҳои илмӣ дар чунин чорабиниҳо далели возеҳи ҳамбастагии илм ва амал дар таҳкими фарҳанги табиатпарварӣ ва масъулияти иҷтимоӣ мебошад. Ин ташаббус на танҳо ба сабзгардонии муҳити атроф, балки ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, бахусус ҷавонон, мусоидат хоҳад кард.
Интизор меравад, ки ниҳолҳои шинондашуда дар ояндаи наздик самари худро диҳанд ва симои деҳаи Шитамро боз ҳам зеботару ободтар гардонанд. Бо ташаббуси роҳбарияти вилоят ва дастгирии аҳолӣ чунин маъракаҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт ва теъдоди боғҳои мевадиҳанда дар Шуғнон ва дигар минтақаҳои Бадахшон афзоиш хоҳад ёфт.
Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров и АМИТ, ҳамчун як муассисаи илмӣ ва иҷтимоӣ, минбаъд низ омода аст дар татбиқи ташаббусҳои сабзу созанда, ки ба ободонии Ватани маҳбубамон равона шудаанд, саҳми фаъол гузорад. Бовар дорем, ки бо талошҳои муштарак мо метавонем муҳити зисти худро муҳофизат ва барои наслҳои оянда фазои сабзтар ва зеботар ба мерос гузорем.