wrapper

Институт

Институт

ВОЖАҲОИ МАРБУТ БА ИДИ НАВРӮЗ (ШОГУН) ДАР ГӮЙИШИ ҒОРОН

НАЗРӢ ОФАРИДАЕВ - доктори илмҳои филологӣ, сарходими илмии
забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ
СУРАЙЁ ШЕРДИЛОВА – номзади илмҳои филологӣ, омӯзгори калони
кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили
ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф
 
ВОЖАҲОИ МАРБУТ БА ИДИ НАВРӮЗ (ШОГУН) ДАР ГӮЙИШИ ҒОРОН
 
     Иди Наврӯз (Шогун) яке аз ҷашнҳои густурда ва қадимтарини ориёиҳо мебошад. Ин ид дар Тоҷикистон ҳар сол 21-22 март бо як шукуҳу шаҳомати махсус ҷашн гирифта мешавад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арзишманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.
     Ҷашни Наврӯз умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Чунон ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав», «ибтидои сол» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз мебошад. Аз нигоҳи ситорашиносон, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи бара (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад. Наврӯз чунон ки гуфтем аз бузургтарин ҷашнҳои мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад, ки ба фарҳанги қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ бо ҳамин ном гузаштааст. Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси сар карда, то ба имрӯз омада расидааст.
      Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷику эронӣ, хориҷӣ дар асоси онҳо мақолоту рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумотҳои мустақим ва пураҳамиятро дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафхим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин вал аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд. Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин навиштааст: «…аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз 1-шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-у иқтидо карданд».
      Абулсаид Абулҳайи Гардезӣ дар китоби «Зайн-ул-ахбор» дар бораи Ҷамшед мегӯяд: «Ҷамшеди Вангахон (Анвҷаҳон) чун бар тахт биншаст, бо девон ҳарб кард ва дасти эшонро аз мардумон кӯтоҳ кард, эшонро зи ободиҳо барандохт ва андар дарёҳову вайрониҳо шуданд ва эшонро корҳои гароне фармуд, ки мардумон натавонистанд кардан. Ва осиёи сангин андар гардани девон афканд, ба рӯйи он нишаст ва ӯро андар ҳаво бибурд ва дуо кард, то Худои азза ва ҷалла гармову сармо ва беморӣ ва марг аз мардумон баргирад. Худои азза ва ҷалла аз некусиратии вай дуои ӯ мустаҷоб кард. Онро ҷашни Наврӯз бисохт ва девонро фармуд то ки конҳо кананд ва ҷавоҳирҳо берун оваранд, ба дарё фурӯ рафтанд ва гармову сармо, беморӣ ва марг аз мардумон баргирад. Худои азза ва ҷалла аз Некӯсирати вай дуои ӯ мустаҷоб кард. Онро ҷашни Наврӯз бисохт ва девонро фармуд то конҳо кананд ва ҷавоҳирҳо берун оварданд, ба дарё фурӯ рафтанд ва гавҳарҳо бароварданд ва ин майл ба мардумон биёмухтанд, ҷомаҳо ранг фармуд кадан».
       Дар дарбори подшоҳони сосонӣ Наврӯз хеле бошукӯҳ ва бо дабдаба таҷлил мегашт. Намояндагони 23-кишвар (тобеъони Эрон ва кишварҳое, ки бо Эрон робита доштанд) ба ҳузури шоҳ мерасиданд ва аз тарафи кишвари худ ҳадяҳо тақдим мекарданд. Аз ин туҳфаҳо бахши бузурге ба хазинаи кишвар ворид мешуд.
       Марселиюс –бозаргони румӣ, ки дар даврони сосониён ба Эрон сафар карда, худ шоҳиди ҷашни Наврӯз будааст, дар сафарномаи худ менависад: «Дар аввалин рӯзи ҷашни рӯзи Наврӯз духтарону занони пойтахт бо либосҳои абрешимӣ обию сабз ва мардон бо ҷомаҳои навдӯхта дар саҳни кох ҷамъ шуда, ба пойкӯбӣ ва рақс мепардохтанд. Дар дохили толори салтанати кохии Нигористони Кисрои Анӯшервон, ки шаш ҳазор метр масоҳат дорад, фарши замини сафеди як қитъаи муайян ба ҷавоҳироти ҳафтранг бар кафи толор густурда шудааст. Ин фарш манзараи баҳору табиатро менамояд. Дарахтони ин фаршро бо зумурад ва шукуфаи дарахтон бо забарҷад ва ақиқа сафед ва сурати ёқути сурх, муҷассамаи шутуре аз нуқраи хом ва аспе аз тиллои ноб бо зин ва барги ҷавоҳир нишон бар зинати толори шоҳаншоҳӣ афзудааст. Дар интиҳои толор пардаи марвориддӯзе бо абрешими обӣ ва овезаҳои зарбафт овезон аст. Дар миёни толор бо меваи ширин ва ошомиданӣ аз шодбошгӯяндагон дар Наврӯзи хосса ва омма борёфтагон пазироӣ мекарданд ва ромишгарон ҳозирони толор ва мардумеро, ки дар саҳни боғ ҷамъ шуда буданд, ба шодмонӣ ва сурур меоварданд…»
      Таҷлили ҷашни Наврӯз дар даврони ҳукуматдории Сомониён бо шукӯҳи тоза идома ёфтааст, ки дар ин бора донишмандон дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ ёдовар шудаанд.
Шоирони забардасте чун Рӯдакиву Фирдавсӣ, Дақиқӣ оид ба ҷашни Наврӯз бо меҳру муҳаббат сухан гуфтаанд ва тасвири зебои баҳорро ба қалам додаанд. Дар тӯли садсолаҳо Наврӯз ва ойину маросимҳои марбути он вобаста ба идеологияи давлатҳои ҳукмрон борҳо ба тағйиру дигаргуниҳо мувоҷеъ шудааст ва мардуми тоҷику халқҳои дигари эронӣ дар ҳама давру замонҳои душвору пур аз ҷангу офатҳо аз таҷлили ин ҷашни зебои ниёгони худ даст накашидаанд. Ойину суннатҳои тоҷикон дар айёми Наврӯз инҳоянд, ки аксари онҳо то ба имрӯз роиҷанд.
     Дар ин мақола кӯшиш ба харҷ додем, ки баъзе унсурҳои лексикаи марбут ба маросими иди Наврӯз (Шогун)-ро дар гӯйиши тоҷикзабонони Ғорони ноҳияи Ишкошим мавриди баррасӣ қарор диҳем.
     Оростани хони наврӯзии «ҳафт син» аз суннати бостонии эрониён аст. Ба хони «ҳафт син», 7 ашёи бо ҳарфи арабии «син» шурӯъшаванда гузошта мешавад: сабза, сир, себ, суманак, санҷид, сипанд ва сирко.
     Тибқи ақидаҳои олимон, ба хони «ҳафт шин» 7 неъмате мегузоштанд, ки номи онҳо бо ҳарфи арабии «шин» оғоз мегардад. Яъне ҳафт шин аз инҳо иборат аст: шир, шакар, шамъ, шароб, шарбат, шамшод ва шаҳд.
      Донишмандону фарҳангшиносон кӯшиш кардаанд, ки рамзи ҳар яке аз ин ашё ва неъматҳои табиатро шарҳ диҳанд ва алоқаи мардумро ба онҳо маънидод кунанд. Масалан, шир рамзи сапедии ҳаёт, рамзи покӣ, сулҳу осоиш. Сабза-намоди хуррамию сарсабзии табиат. Себу санҷиду сир- ғизоҳои солим ва ғайра.
      Наврӯзи мардуми Ғорони ноҳияи Ишкошим чи аз ҷиҳати суннат ва чи аз ҷиҳати лексика хусусиятҳои ба худ хос дошта, дар баробари умумиятҳо аз дигар манотиқи ҳаммарз фарқиятҳо низ дорад. Бояд гуфт, ки вижагиҳои марбут ба иди Наврӯз дар гӯйиши тоҷикзабонони Ғорон хеле гуногун буда, омӯзиш ва таҳқиқи пурраро талаб менамоянд.
Қайд кардан лозим аст, ки Наврӯзро дар Ғорону Ишкошим ва Вахон «Шогун» меноманд. Калимаи «Шогун» дар лаҳҷаҳои бадахшонии тоҷикӣ ва забонҳои помирӣ (шуғнонӣ,вахонӣ, ишкошимӣ) маънои фоли нек, хосияти накӯ-ро доро аст. Иди Наврӯз (Шогун) яке аз ҷашнҳои густурда ва қадимтарини ориёиҳо мебошад.
       Омадани Шогун (Наврӯз) дар Ғорон аз съманъкмонӣ (суманакмонӣ) оғоз меёбад. Дар забони адабии тоҷик бошад, ба шакли суманак маъмул аст. Суманакро дар Ғорон як моҳ пеш аз Шогун сабзонида тайёр мекунанд ва дар ҷашн аз вай хӯрокҳои гуногун омода мекунанд. Суманакро дар водии Ғорони ноҳияи Ишкошим бо ду тарз тайёр мекунанд.
1. нонӣ. Ин намуд суманакро аз орди суманак пухта, нонашро бо шир ва равған тайёр карда мехӯранд. Аввал сабзаи суманакро хушк карда сипас онро дар осиёб ё ҷъwоз (ҷувоз) нарм мекунанд.
2. шошп. Ин навъи суманак дар шакли атоламонанд тайёр карда мешавад. Занҳои деҳа якҷо шуда, оташ мегиронанд ва суманакро бо хондани сурудҳои дар васфи суманак мепазанд ва ба ҳамаи одамони деҳот аз ин суманак тақсим мекунанд. Ин анъана дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар иди Наврӯз ҳамасола амалӣ мегардад.
Сърхимонӣ (сурхимонӣ), як рӯз пеш соҳиби калони хона, ё падар ё модар, матои сурхро ба рӯйяш гард (сафедӣ), ки рамзи сафедӣ, зиндагии осоишта аст, аз орд монда, дар ягон ҷойи баландии ҳавлӣ мегузоранд. Аз давраҳои хеле қадим дар байни мардуми ориёӣ ойине маъмул буд, ки пеш аз фарорасии соли нав – Шогун (Наврӯз) мардум тамоми хонаву либосҳоро шустушӯй намуда, худро поку озода мекарданд.
      Дар водии Ғорон саҳари барвақт зани хона аз ҷӯйбор оби тоза ба хона меорад ва як пиёларо аз равзана ба хона мерезад, то ҳамаи баракат дар хонаи ӯ пайдо шавад. Ҳамон касе, ки барои об овардан меравад, бояд аз хона то сари чашма ё дарё ва аз он ҷо то хона ба касе сухан нагӯяд. Дар урфу одати ғорониҳо обро ба хона оварда, як қисмашро ба хамир меандозанд ва як қисми дигарашро барои пухтани хӯрокҳо истифода мебаранд ва аз бозмондааш ҳамаи аҳли хонавода кам - кам менӯшанд, ки он шогуни нек ҳисоб меёбад.
Тахзанѝ/хонатахзанѝ (хонабаророн, хонатаконӣ), чангу ғубори соли гузаштаро тоза карда, то ки ба соли нав ҳама ҷо тоза ва дилҳои мардум ҳам тоза бошанд. Мардум як ҳафта пеш аз фарорасии Шогун кӯрпаву палосҳоро аз хона берун бароварда, хонаро руфтаю тамиз мекунанд, курпаҳою пардаҳоро мешӯянд ва хушбӯй мезананд. Тамоми палосу кӯрпаву лавозимоти манзилашонро офтоб дода метаконанд, деворҳои хонаро сафед намуда, тозаву озода месозанд. Дегу зарфҳоро шуста тоза мекунанд. Зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву иқболи нав аст. Мардум бовар доранд, ки агар соли навро дар хонаи тозаву озода пешвоз бигирӣ, ҳамон солро бо хушиву хурсандӣ мегузаронӣ.
       Дудабарорѝ/дудазанѝ (дудабарорӣ) – Дар ин рӯз яке аз мардони хона ду чӯбдаст тайёр карда, дар нӯги онҳо ҷорӯбро мебандад, ки яке савораҷорӯб ва дигаре пиёдаҷорӯб ном дорад ва онҳоро аз равзана ба хона медарорад. Хонаро як ё ду кас аз занҳо рӯбучин карда, дударо ба ҷойи дур, ки касе ба болои он нагузарад, бурда, бо ҷорӯбҳо мепартоянд. Дар вақти партофтани дуда дудапарто кӯшиш мекунад, ки дар ин вақт ба ӯ касе дучор нашавад ё ӯро касе набинад, дигарон ҳам кӯшиш мекунанд ба дудапарто дучор наоянд, зеро дударо кинаву адоват ва ғаму андӯҳи порсола ҳисоб карда, аз он дурӣ меҷӯянд.
       Пъчрмшъканѝ. Лаҳзаеро, ки хӯрокҳои Шогунро якҷоя бо ҳамсояҳо ва хешу табори наздик мехӯранд пъчръмшиканӣ мегӯянд. Одатан пъчръмро баъд аз тоза намудани чангу ғубори хона мешикананд. Баъд аз рӯбучини хона ва Шогун кардани он, лаҳзаи пъчръмшиканӣ фаро мерасад. Хусусан, кӯдакон онро бесаброна интизор мешаванд. Ҳангоми ба хона даромадан одамон ба хона ғимча/химча – шохчаҳои бедро гирифта, «Шогуни баҳор мъборак» (Шогуни баҳор муборак) гуфта медароянд. Дар ин асно зани хона дар ҷавоб «Ба руи шъмо ҳам мъборак» (Ба рӯи шумо ҳам муборак) гуфта бӯйи хуш меандозад, ки он аз гиёҳи арақи расул, орд ва равған тайёр карда мешавад. Ба панҷ сутуни хона орд мезананд, ки онро дар гӯйиши Ғорон гард мегӯянд. Дар ин лаҳза ҳама сарҷамъ омада пъчрм (хӯрокҳои шогунӣ)-ро мешикананд.
      Гардзанѝ: кадбонуи хона ба китфи одамони ба хона даромада орд мепошанд, ки онро дар Ғорон гардзанӣ мегӯянд. Гардзанӣ, ки бо орд, яъне бо сафедӣ амалӣ мешавад, рамзи хос дорад. Ранги сафед (некӣ) ифодагари пирӯзӣ бар сиёҳӣ (бадӣ) аст, нафаре, ки пъчръмро мекушояд, ба хонадон некӣ ва хушбахтӣ биёрад. Фалсафа ё ҳикмати гардпошӣ/гардзанӣ ин талаб кардани хубӣ ва рӯзгори неку буда, бо ин ният мардум мехоҳанд ҳама гуна ранҷу бало ва зиштию нохушӣ рафъ шавад. Вақти пъчръмшиканӣ кӯшиш бояд кард, ки ягон одами калонсол ва ба пою қадам аввал ба хона дарояд.
       Бозиҳои шогунӣ: Дар ин рӯз бозиҳои ҳархела дар байни писарҳо, духтарҳо ва мардҳо, аз қабили қустингирѝ (гуштигирӣ), аспдавонѝ (аспдавонӣ), каwгҷангонѝ (кабкҷанг), бъзкашѝ (бузкашӣ), хърусҷангонѝ (хурӯсҷанг), лашбозѝ, тъхмҷангонѝ (тухмҷанг), дорбозѝ (арғунчак) баргузор мегардад. Дар водии Ғорон дар ин рӯз ҳамаи занон ва духтарон дорбозӣ (арғунчакбозӣ) мекунанд, то ҳамаи гуноҳҳояшон пок шаванд.
       Дорбозѝ (арғунчакбозӣ) – як навъ бозии анъанавии кӯдакон ва ҷавонони Ғорон мебошад ва бештар дар баҳору тобистон бозида мешавад. Ин бозӣ танҳо хоси духтарон мебошад, ки аз рӯзи Шогун (Наврӯз) идома меёбад. Дор (арғунчак) аз таноб ё арғамчине, ки ду нӯки он ба шохи дарахт ё болочӯбе баста шудааст ва аз нишастгоҳ иборат мебошад. Баланд ё паст будани арғунчак ба синну соли кӯдакон вобаста мебошад. Ин намуди дор (арғунчак) танҳо ба кӯдакони хурдсол вобаста мебошад. Дар Ғорон дар иди Наврӯз ба ғайр аз кӯдакони хурдсол боз духтарон ва занҳо низ дар дор (арғунчак) мешинанд. Дор (арғунчак)-и духтарони калон ва занҳо баландтар шуда, он аз расан (таноб)-и дароз иборат буда, ба шохи дарахти сиёҳбед баста мешавад. Духтарон бо навбат дар арғунчак нишаста, дар ҳаво ба пешу қафо алвонҷ мехӯранд ва роҳат мекунанд. Дар аксари мавридҳо дугонаҳо арғунчакро такон дода, дар алвонҷхӯрӣ ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд. Дор (арғунчак) дар Тоҷикистон номҳои зиёде дорад: алвонҷ, бод, бодпеч, ҳой, ҳайбод, ҳулчак ва ғайра.
Дар забони вахонӣ дорбозиро (арғунчак)-ро улчак/wулчак мегӯянд. Номи бозиҳои гурӯҳӣ:
      Тъхмҷангонӣ (дар рӯзи иди Наврӯз бачаҳо тухмҳоро бо ҳам мезананд, тухми касе шиканад, мағлуб дониста мешавад). Бозии тухмҷангониро бачаҳо бештар дар иди Наврӯз иди Рамазон ва Қурбон анҷом медиҳанд.
       Хонагаштък (хонагаштак). Шахси дар хонабуда, ки дударо мезанад, баъд дуо хонда, сутунҳову тирчӯбҳо ва дастакҳои хонаро орд мепошад. Суннати ордпоширо дар Ғорон гардзанӣ меноманд. Дар ин лаҳза тамоми ҳамсояҳо, хешу таборон ёрӯ дӯстон барои табрики ҳамдигар ба хонаи ҳам меоянд. Онҳо дар дастҳояшон химча гирифта ба хонаи ҳамдигар даромада ба ҷойи салом дар ин рӯз «Шогун баҳор муборак» гуфта, соҳиби хона ба онҳо «Ба рӯи шумо ҳам муборак» гуфта ҳамдигарро табрик менамоянд ва бо ҳам хӯрокҳои шогуниро мехӯранд. Касоне, ки дар тӯли чанд сол ва моҳ бо ҳам қаҳрӣ буданд, ҳамдигарро мебахшанд, бо ҳам оштӣ мекунанд ва ба хонаи ҳамдигар муборакбодӣ меоянд.
       Кълчаи шогунбарѝ (кулчаи шогунӣ) – пас аз се рӯзи Шогун (Наврӯз) ба хонаҳои духтарону хоҳарони худ ё дигар хешу таборони наздик, ки дар деҳаҳои гуногун шавҳар кардаанд, туҳфа мефиристанд ё ин ки худашон хабаргирӣ мераванд.
       Кудакбарорѝ (кӯдакбарорӣ) – суннати дигаре, ки дар рӯзи Шогун (Наврӯз) баргузор мегардад. Ин суннати кӯдакбаророн (бори аввал аз хона ба берун баровардани кӯдакони навзод) ва саркалӣ (сартарошон) мӯйи кӯдаки навзодро бори аввал қайчӣ кардан мебошанд.
        Гоwбарорѝ (ҷуфтбаророн). Аз солҳои пеш то ин ҷониб дар водии Ғорони ноҳияи Ишкошим то фарорасии Шогун маросими ҷуфтбаророн барпо мешавад. Рӯзи аввал деҳқонон дар хонае ҷамъ омада, дастҷамъона оши палав пухта мехӯранд. Сипас, онҳо ба сари замин рафта ба шохҳои барзаговҳо равғани зағир молида ва ба сару бадани говҳо орд мепошанд, ки рамзи хайру баракат ва фаровонии ҳосилро ифода мекунад. Рӯзи аввал каме шудгор мекунанд, яке аз мӯйсафедони калонсолтарини деҳа ба тариқи рамзӣ ва муборакии кор чанд мушт гандум мепошад. Он рӯз бармегарданд ва кори асосӣ рӯзи дуюм оғоз мешавад. Ин анъанаро дар Ғорон говбарорӣ меноманд.
      Ҳамин тавр, хулоса кардан мумкин аст, ки дар замонҳои хеле қадим дар баробари қурбоникуниҳову пешкашҳо ба худоёну фариштагон, эрониёни бостон айёми зиндашавии табиат ва фарорасии баҳор-Наврӯзро ҷашн гирифта, тавассути рамзҳо орзуву омоли худро ифода мекарданд. Дар водии Ғорон низ ин урфу одатҳои хос то ҳол вуҷуд доранд ва то имрӯз ин урфу одатҳо дар ҷашнҳои миллӣ амалӣ мегарданд.
Муфассал ...

ҶАШНИ НАВРӮЗИИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ АМИТ ВА ДОНИШКАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВМКБ

ҶАШНИ НАВРӮЗИИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ АМИТ ВА ДОНИШКАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВМКБ
    Бо шукргузорӣ ва шодии зиёд, боз ба таҷлили Наврӯзи аҷам, яке аз бузургтарин ва муҳимтарин ҷашнҳои миллӣ расидем. Наврӯз на танҳо оғози соли нав, балки рамзи эҳёи табиат, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ буда, бо расму оинҳои хос, хӯрокҳои анъанавӣ ва шодии мардумӣ пешвоз гирифта мешавад.
    Дар ин чорабинии наврӯзӣ Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ ва Донишкадаи Ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи ВМКБ барномаи ҷолиби наврӯзиро омода карданд, ки дар он ҳунарнамоии ин ду муассисаи бонуфузи илмӣ-таҳсилотӣ, намоишҳои фарҳангии гуногун ва таомҳои анъанавии наврӯзӣ ба тамошо гузошта шуданд.
    Пас аз анҷоми чорабинии наврӯзӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Арзишҳои миллии наврӯзӣ» дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ баргузор гардид.
    Конференсия бо суханони ифтитоҳӣ ва табрикотии муовини директори Институти илмҳои гуманитарӣ ва директори Донишкадаи Ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи ВМКБ Азизбек Раҳимдод Раҳмонбек оғоз гардид. Дар идомаи конференсия мутахассисон ва олимони ин ду боргоҳи илмӣ оид ба арзишҳои миллии наврӯзӣ мубодилаи афкор карданд. Ин фурсати беҳтарин барои мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва фарҳангӣ мебошад.
     Аз фурсати муносиб истифода бурда, Раёсати Институти илмҳои гуманитарӣ ва Раёсати Донишкадаи Ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маорифи ВМКБ, ҳамчунин тамоми кормандони ин ду боргоҳи илму маърифат кулли мардуми Бадахшон ва дар симои онҳо тамоми мардуми кишварро бо фарорасии иди Наврӯз табрику таҳният карда, барои ҳамагон шодиву хурсандӣ, умед ба ояндаи дурахшон ва имконияти ҳифзу эҳёи арзишҳои миллиамон таманно дорем.
ШОГУН БАҲОР МУБОРАК!
Муфассал ...

БОЗ ЯК ИБТИКОРИ НАҶИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АРАФАИ ИДИ НАВРӮЗ

Варқа Охонниёзов
доктори илмҳои филологӣ
 
БОЗ ЯК ИБТИКОРИ НАҶИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АРАФАИ ИДИ НАВРӮЗ
 
 
 
   Ҳамаи мо роҷеъ ба ҷашни аҷдодии Наврӯз иттилои зиёдеро дар даст дорем ва соатҳову рӯзҳо дар ин бора метавонем ҳарф занем. Наврӯз бо тамоми маросимҳояш воқеъан ҷашне аст, ки барои меҳвари ҳамагуна баҳсу таваҷҷуҳ қарор гирифтанаш сазовор аст ва арзишаш бебаҳост. Вале дар миёни тамоми он иттилое, ки андар дастраси мост ва мо онро муттасил мутолиа мекунем, симои шахсиятҳои Наврӯзро ба мақоми Наврӯз ҳамчун иди аз лиҳози арзиши назариву амалии фарҳангӣ беқиёс баровардан камтар ба назар мерасад. Ҳадафи ин гуфтаам он аст, ки агарчи Наврӯз рукни фарҳанги ҷомеа бошад ҳам, вале дар ба мақоми чунин як махзани тафаккур, тасаввур, тамаддун ва фарҳанги ҷаҳонӣ расонданаш хизмати симоҳои алоҳидаи таърихӣ беҳисоб аст.
      Шояд касе гӯяд, ки не, ин ҳукм хатост, балки дар ҳар як сухан ва дар ҳар як мақолаву асар аз кӯшишҳо ва ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатман ёд мешавад. Дуруст аст, ки ёд мешавад, вале то ба имрӯз ин ёдоварӣ танҳо дар гирди ду ибтикори нотакрори Пешвои миллат – эҳёи Наврӯз ҳамчун ҷашни ниёгон бо тамоми маросимҳои арзишманди он ва ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил додани Наврӯз ба гӯш мерсаду халос. Бидуни шубҳа, ин ду ибтикор басандаанд, то ҳазорсолаҳо исми бе ин ҳам бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар тоқи кохи сиёсату фарҳанги ҷаҳон бо ҳарфҳои тиллоӣ нақш гарданд. Аммо ин ҳанӯз басанда нест, зеро амалҳое, ки ҳамасола Пешвои Миллат дар ҷодаи устувории сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон анҷом медиҳад, ҳар якашон рукне аз аркони Наврӯз ҳастанд ва онҳо бояд барои насли имрӯзи Ватан ва фардои миллат ба таври алоҳида, бо тамоми арзишу қиматашон кушода гарданд.
       Мо аз Ҷамшеду Ҳушангу Кайқубоду Кайковус ва дигар симоҳои пешдодиён ёд мекунем, ки Наврӯзро чун ҷашн бунёд гузоштанд ва таҳким бахшиданд. Инчунин, медонем, ки ҷашни Наврӯзро онҳо ва дигар симоҳои таърихӣ, махсусан шоҳону амирон дар майдонҳо ё қасрҳои махсус таҷлил менамуданд ва раъият бошад дар кӯчаву хиёбонҳо ва маҳалҳои худ онро пешвоз мегирифт. Вале мо иттилои каме дар даст дорем, ин давлатдорон ҷоеро махсус барои Наврӯз сохтаанд ё қасре барои он омода намуда бошанд. Шояд камтарин хидматгузори подшоҳе бинои бошукӯҳи қасрмонанд дошта буд, вале Наврӯз онро надошт ва рафта-рафта, ин ҷашни аҷдодӣ, қариб ки ҷашни мардуми қаторӣ шуда монд.
         Акнун мурур ба таърихи муосири иди Наврӯз мекунем, ки натанҳо эҳё шуд, ба бошукӯҳтарин ҷашни миллӣ табли ёфт ва мақоми ҷаҳонӣ гирифт, балки он боиси зебоиҳои дигар дар самти фарҳангу тамаддун ва ҳатто таҳкими сиёсати созандагии давлату миллати тоҷик гардид. Инро бо чанд мисол манзур мегардонем:
Бино гардидани қасре бо номи “Кохи Наврӯз” дар дили Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
        Оё ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистони биҳиштосои мо бо таърихи сохта шудани ин Кох шиносоӣ доранд? Оё ҳамаи мо аз асрори ҳар як толори он бохабар ҳастем? Оё мо бо табиати гирду атрофи он боре таваҷҷуҳ зоҳир кардем, ки чӣ тафовут аз муҳити дигар дорад? Ва билохира, ҳадди аққал, оё мо боре худ ва фарзандонамонро барои тамошои он талқин намудем?
         Боварӣ дорам, шаҳрвандони қатории мо намедонанд, ки нахустин тарҳи муҳандисии ин қаср ҳамчун тарҳи чойхонаи миллӣ пешниҳод шуда буд, вале боз ҳам Пешвои миллат танҳо як чойхонаро сазовори ҷашни аҷдодӣ надонистанд ва онро ҳар бор бо андеше, бо пешниҳоде, бо тасвире пурра мегардонд ва муҳандисон онҳоро ба тарҳ мувофиқ месохтанд. Ҳамин тариқ, кор ба ҷое расид, ки қасри “Кохи Наврӯз” бунёд гардид ва бастакори асосии он Пешвои миллат, Президенти кишвар буд.
        “Кохи Наврӯз” дорои аҳаммияти зиёди фарҳангӣ ва таърихӣ аст. Он аз рӯзи аввали фаъолияташ рамзи пойтахти муосири кишвар гардида, яке аз калонтарин қасрҳои ҷаҳон маҳсуб мешавад. Пеш аз ҳама, ин қаср намунаи олитарин санъати меъморӣ дар дунё шинохта шудааст, зеро дар рӯи олам биное бо чунин омезиши хирадмандонаи анъана ва навоварӣ ками дар кам вуҷуд дорад.
        Қасри “Кохи Наврӯз” рамзи ифтихори миллӣ ва эҳёи фарҳангии Тоҷикистон буда, таҷассумгари талоши кишвар барои ҳифз ва густариши мероси фарҳангии он аст. Шаҳомат ва зебогии меъмории қаср таваҷҷуҳи ҳам сокинони маҳаллӣ ва ҳам сайёҳони тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб мекунад. Ҷалби сайёҳон аз тамоми ҷаҳон ба рушди сайёҳӣ ва рушди иқтисоди минтақа мусоидат мекунад.
          Фазои экологии “Кохи Наврӯз” аз ҷанбаҳои муҳимми дигар дар бунёди он ба ҳисоб меравад, зеро ҳангоми сохтмони он маҳз ба инобат гирифта шудани ҳамин ҷанбаҳо имкон дод, то бинои аз ҷиҳати экологӣ устувор ва каммасраф бунёд гардад. Сазад, ки роҷеъ ба тамоми тарафҳои ин қаср китобҳо навишта шаванд. Бино ёфтан ва ба истифодаи умум гузоштани Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ».
        Маконе, ки имрӯз ба пойгоҳи калонтарин ва сертамошобинтарин мусобиқот ва базмҳои миллӣ табдил ёфтааст, Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад, ки низ бо ташаббуси мустақими Пешвои миллат сохта шуд. Ҳамаи мо ёд дорем, ки ин пойгоҳ муддати мадиде бо номи “ипподром” як майдони пур аз қуму рег буд, ки аҳён-аҳён дар он мусобиқаҳои аспдавонӣ баргузор мегардиданду халос. Бинобар надоштани шароити хуб, тамошобинони ин ҷорабиниҳо ҳам танҳо одамони шавқманди пойгаҳи аспдавонӣ буданд, на беш.
        Аз соли 2011 сар карда, ин майдон ба як пойгоҳи чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла ҷашни аҷдодии мо Наврӯзи оламафрӯз табдил гардид. Агар хато накунам, худи ҳамон сол Наврӯз дар ҳамин “Наврӯзгоҳ” бо ширкати издиҳоми бузурги сокинони пойтахт баргузор гардид ва ин анъана то ба имрӯз давом дорад. Ба тариқи расмӣ маҷмааи “Наврӯзгоҳ” барои қариб 15 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Дар ин макон инчунин ҷашнҳои Ваҳдат, Истиқлолият ва дигар идҳои бузурги миллӣ таҷлил мегарданд.
Таҷлили нахустин Наврӯзи байналмиллалӣ дар ш. Душанбе.
        Дар ёд дорем, ки соли 2012, боз ҳам бо ибтикору пешниҳоди Пешвои миллат, дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе нахустин маротиба Наврӯзи байналмиллалӣ бо ширкати намояндагони зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон бо шумули роҳбарони онвақтаи ҷумҳуриҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, намояндагони олирутбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ташкилотҳои дигари байналмилалӣ, ки намояндагии худро дар ҳудуди Тоҷикистон доштанд, барпо гардид. Шаммае аз суханони пур аз меҳр ва садоқати Пешвои миллатро ба ёд меорам, ки воқеъан аз ниҳоди шахсе зуҳур намуданд, ки дар муҳити Наврӯз тарбия ёфтааст:
“Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
        Имрӯз мо байни ёрон қарор дорем, ки бо чеҳраҳои кушода ин толори мунаққашро мунаввар гардонидаанд ва чароғи дилҳои моро барафрӯхтаанд. Аз ин рӯ, бароям мояи ифтихору саодат аст, ки ҷашни бузурги байналмилалӣ ва башорати рӯзи ҷадид - Наврӯзи оламафрӯзро дар сарзамини бостонӣ ва фарҳангхези Тоҷикистон ба роҳбарон ва намояндагони воломақоми кишварҳои дӯст ва ба ҳамаи шумо, азизон, бо беҳтарин таманниёту орзуҳо табрику таҳният гӯям. Шодбошиҳои самимии хешро ба ҳамаи меҳмонони азизу олиқадр иброз дошта, бо риояи суннати наврӯзӣ бори дигар таҳнияти аҷдодиро ба забон меорам:
Бародар, ҷашни наврӯзат муборак!
Баробар шуд шабу рӯзат, муборак!”
       Мурур шавад бори дигар ба суханони Президенти мо, ки аз ишора ба таъриху фарҳанги миллат, ифтихор аз тоҷик будан, ифтихор аз аҷдодон ва ифтихор аз доштани Наврӯз ва маросимҳои он дар онҳо ҷойгоҳи асосӣ дорад. Инро калима ва ибораҳои “сарзамини бостонӣ”, “сарзамини фарҳангхез”, “суннати наврӯзӣ”, “таҳнияти аҷдодӣ”, “бародар” ва мисли инҳо барои мо ба таври ошкор рӯшан месозанд.
       Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон боз як восита ва ҷорабиние буд, ки фарҳангу тамаддуни миллати моро манзури ҷаҳониён гардонд. Бар замми ин, дар чунин сатҳ баргузор намудани ҷашни аҷдодии Наврӯз боиси таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ низ гардид.
      Дар ин масир, инчунин ёдовар бояд шуд, ки 17 сентябри соли 2021 ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай бо ҳузури раҳбарону намояндагони 27 кишвари ҷаҳон маҳз дар “Кохи Наврӯз” баргузор гардида буд. Дар пайи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, маҷмаа яке аз ҳашт муъҷизаи муосири ҷаҳон дар Осиёи Марказӣ эътироф гардид.
       Пешвои мо худ тимсоли Наврӯз мебошанд, яъне ҳар амалеро, ки анҷом медиҳанд, он амал анъана, ойин ва расми Наврӯз аст. Роҳбари олии давлат дар арафаи Наврӯз аксаран худ аз ятимхонаҳо, интернатҳо барои кӯдакон ва наврасони маъюб дидан мекунанд ва ё намояндагони Дастгоҳро ба ин кор раҳнамун месозанд, ки аз таомулҳои аҷдодӣ дар рӯзи Наврӯз маҳсуб меёбад. Дили чӣ қадар ятимону маризон, куҳансолону барҷомондагон дар ин рӯз хурсанд мегардад, ...ҳисоб надорад.
       Дар миёни суннатҳои Наврӯз як амали аз ҷиҳати мафҳуми башарӣ шоистае вуҷуд дорад, ки мувофиқи он ҳамсояҳои бо ҳам ташвиш ё нофаҳмие дошта бояд ҳатман ба ҳамдигар дасти дӯстӣ дароз кунанд ва ба сари дастурхони наврӯзӣ барои тановули нону намак ба ҳам оянд. Ин суннати шоистаи авлодӣ то ба ҳол дар маҳалҳои кӯҳистони Тоҷикистон зиндаву пойдор аст.
       Аммо алҳол Пешвои муаззами мо ба ин суннати аҷдодӣ низ мақоми волои байналхалқӣ бахшид. Дар арафаи Наврӯзи аҷдодӣ Президени кишвари мо ин суннатро дар барқарор намудани пули дӯстиву бародарӣ миёни ду кишвари ҳамсоя, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба кор гирифт ва онро муваффақона ба амал баровард. Чеҳраҳое, ки дар сарҳади ин ду кишвари ҳамсоя интизори кушода шудани марзҳои дӯстӣ буданд, чӣ нигоҳҳо доштанд ва чандин умеду орзуҳоро дар дил мепаравриданд! Онҳо ба муроду мақсадашон, ки истиқрори осоиштагиву сулҳ дар миёни ду кишвари ҳамсоя буд, расиданд.
Ин аст эҳё кардан ва амалӣ сохтани суннатҳои наврӯзӣ!
 
Ин аст эҳтиром ба суннатҳои аҷдодӣ!
Ва ин аст ғамхории дараҷаи олӣ нисбати халқ, миллат ва Ватан!
Ҷонам фидои Модари Эмомалӣ, ки ӯ,
Фарзонае чунин ба ҷаҳон офаридааст.
Миллат ба ин ҳама дороӣ то кунун,
Шоҳе чунин баадлу адолат надидааст!
Муфассал ...