Ҳайати олимони Институти илмҳои гуманитарӣ бо самимияту хушнудии беандоза бонуи хушзеҳну донишманд муовини директор оид ба илм ва таълим, номзади илмҳои филологӣ, муҳаққиқи забонҳои помирӣ Некушоева Шаҳло Саиднуриддиноваро ба хотири он ки имрӯз аз ҷониби Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муносибати Рӯзи модарон қадрдонӣ гардид, табрик мекунем. Ин таваҷҷуҳи сазовори шахсияте ҳаст, ки дар соҳаи забоншиносӣ фаъолияти пурсамар ва саҳми ӯ дар рушди илми тоҷик сазовору шоистаи эътироф ва қадр мебошад. Некушоева Шаҳло дар тӯли солҳои зиёд вазифаи пурмасъули муовини директор оид ба илм ва таълими яке аз муассисаҳои илмии бонуфузи вилоят – Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаровро иҷро намуда, дар баробари ин бо фаъолияти илмии худ дар соҳаи забоншиносӣ, бо қобилияти баланди эҷодӣ доштан, бо маҳорати забондонӣ ва дигар сифатҳои арзандаи хоси пажуҳишгар дар ҷомеа мавқеи устуворро касб карда, дар арсаи илм ҷойгоҳи назаррас дорад. Корҳои таҳқиқотии ӯ на танҳо як ҷузъи фаъолияти касбиаш маҳсуб меёбанд, балки бо натиҷаҳои пурмаҳсули илмӣ дар рушду маъмулгардонӣ ва муаррифии илми тоҷик саҳми арзанда мегузорад.
Барои мо ҳамкоронаш ин як фурсате ҳаст, ки бори дигар ба ифтихори Рӯзи модарон ва барои қадрдонӣ гардиданаш аз тарафи Раиси вилоят муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ Шаҳло Некушоеваро табрик кунем ва таманно мекунем, ки дар ҳамаи самтҳои зиндагии хеш муваффақ бошад ва бо неруву суръати баланд фаъолияти пурсамару пурифтихорашонро идома бахшанд.