8 МАРТ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН!
Имрӯз дар Институти гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови АМИТ чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон – 8 март баргузор гардид!
Дар ин рӯз, бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза, бонувони гиромии мо – олимон, кормандон ва ҳамкорон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва суханони гарму пурмуҳаббати роҳбарият қадрдонӣ шуданд.
Роҳбарияти институт аз нақши бузурги занон дар ҷомеа, илм, маориф ва рушди фарҳанг ёдовар шуда, зикр гардид, ки бонувон илҳомбахши ҳаёт ва асоси тарбия ва пешрафти насли наврасанд.
Бонувони гиромӣ! Шумо сарчашмаи меҳрубонӣ ва ҳикмат ҳастед! Мо бо шумо ифтихор мекунем ва қадрдони заҳматҳои шабонарӯзии шумо ҳастем. Бигзор дар дилҳоятон ҳамеша меҳру муҳаббат, дар зиндагиатон файзу баракат ва дар корҳоятон муваффақият ҳамсафар бошад!
Рӯзи байналмилалии занон муборак бод!