САФАРИ ХИЗМАТИИ КОРМАНДОНИ ИИГ АМИТ БА ВОДИИ ЯЗГУЛОМИ НОҲИЯИ ВАНҶ
Дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои ташвиқотию тағриботии МИҲД ва ИИГ АМИТ кормандони шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ Ниёзбеков Д. Т. – мудири шуъбаи мазкур, н.и.ф. ва ходими калони илмӣ, н.и.т. Шоинбеков А.А. дар ҳайати гуруҳи кории МИҲД ВМКБ дар давоми санаҳои 24-25-уми феврали соли 2025 барои гузаронидани силсилаи чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ ба ҷамоатҳои деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ сафар карда, бо сокинони маҳалии деҳаҳои Жамаг ва Будуни водии Язгулом мулоқотҳои судманд баргузор намуданд. Дар ин вохӯриҳо сокинони маҳаллӣ, раисони маҳалла, омӯзгорони мактабҳо ва раиси ҷамоати деҳоти Язгулом ширкат варзиданд. Дар мулоқотҳои баргузоргардида асосан се масъалаи муҳим мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд:
- Баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон«Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»: Дар ин самт асосан “ Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи маориф”, “Нақши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳукумати ВМКБ дар рушди маориф ва вазифаҳои он”, “Ҳуқуқ ба зиндагии шоиста” суҳбатҳо гузаронида шуда, маърузаҳои илмӣ-оммавӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин дар вохӯриҳо директори ТМ деҳаи Жамаг Назаршозода Пайшанбе оиди сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат суханронӣ намуд.
- Масъалаи интихобот: иштироки фаъолонаи сокинони маҳаллӣ дар интихобот, овоз додан ба вакилони арзанда. Дар ин масъала бахусус қайд карда шуд, ки Раиси ВМКБ муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ номзадии худро аз ҳавзаи интихоботии №30 пешниҳод намудааст ва мақсаду мароми асосии номзад аз он иборат аст, ки дар оянда авзои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии ин диёри зебоманзарро баланд бардошта, сатҳи зиндагии сокинони онро тавассути марҳилаи нави ободонӣ ва эҳёкорӣ баланд бардорад.
- Муаррифии ИИГ ва пайдо намудани робитаи қавии ходимони илмии ИИГ бо сокинони водии Язгулом: дар ин самт ходимони илмии Институт, дар бораи самтҳои фаъолияти Институт ба иштироккунандагон маълумоти муфассал дода, ба муаллимони ҷавон муроҷиат намуданд, ки онҳо метавонанд дар магистратураи Институт таҳсил намуда, ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул шаванд. Ҳамчунин хотиррасон карда шуд, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи тамоми роҳбарияти Ҷумҳурӣ ба ин водии дилкаш нигаронида шудааст ва қарзи ҳар як волидайн ин аст, ки аз он истифода баранд, яъне ба фарзандони худ мамоният накарда, баръакс, мусоидат намоянд то онҳо дар Донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он таҳсил намуда, ҳамчун мутахассис ба зодгоҳашон баргашта, онро дучанд обод намоянд.
Дар масъалаи гирифтани садди роҳи хурофот, ба иштирокчиён таклифҳо пешкаш карда шуданд, то онҳо ба омӯзиши забони маҳаллӣ, таърихи маҳал шуғл варзида, дар ҷашн гирифтани ҷашнҳои суннатӣ – тақвимӣ ва давлатӣ мусоидат намоянд.
Вохӯриҳо дар як фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузаштанд ва мо умедворем, ки натиҷаҳои худро дар ояндаи наздик нишон хоҳанд дод.