ТАБРИКОТИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК БАҲОДУР ИСКАНДАРОВИ АМИТ
Бо камоли ифтихор ва самимияти хоса устоди муҳтарам, доктори илми иқтисод, сарходими калони илмии шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшон, ҒОИБНАЗАРЗОДА САИД МУҲАММАДНАЗАРРО бо интихоб шуданашон ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯем!
Ин пирӯзии шоиста самараи меҳнати зиёди устоди гиромӣ, фаъолияти пурмаҳсули илмӣ ва нуфузу эътибори баландашон дар ҷомеа мебошад. Азми қавӣ, дониш ва малакаи касбии эшон дар тӯли солҳои зиёд ҳамчун муҳаққиқи забардаст ва шахсияти бошараф собит шудааст, ки ҳамеша барои рушду нумӯи Тоҷикистон саҳм мегузоранд.
Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови АМИТ бо эҳтироми бузург аз ин комёбӣ истиқбол намуда, онро дастоварди муҳими на танҳо шахсӣ, балки илмӣ ва давлатӣ медонад.
Вакили мардумӣ будан— масъулият ва рисолати бузург аст. Ин мақом фақат ба онҳое насиб мегардад, ки соҳиби дониши амиқ, садоқати беандоза ба Ватан ва эътимоди ҷомеа мебошанд. Мо мутмаинем, ки Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар, бо таҷрибаи ғании илмӣ ва малакаи касбӣ, дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими заминаҳои қонунгузорӣ ва татбиқи барномаҳои рушди миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Дар ин роҳ ба устоди гиромӣ нерӯи тоза, саломатии бардавом ва муваффақиятҳои пай дар пай таманно дорем!
Бигзор ҳар як иқдоми Шумо барои пешрафти кишвар, таҳкими адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардум бо дастовардҳои назаррас ҳамроҳ гардад!
Бори дигар пирӯзии Шуморо дар интихоботи Маҷлиси намояндагон муборакбод мегӯем ва ба Шумо дар ин масъулияти пурифтихор барору комёбӣ таманно дорем!