Азорабекова Ширингул – ходими илмии шуъбаи таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ АМИТ
ҶАШНИ РӮЗИ МОДАРОН - НИШОНАИ ДАВЛАТИ ТАМАДДУНПАРВАР
Яке аз нишонаҳои пешрафти ҷомеа аз нигоҳи тамаддун ва фарҳанги он дар ҳар давру замон ин муносибати ҷомеа нисбат ба зан – модар баҳогузор ба ҳисоб меравад. Ҳамчун тарбиятгари насли навраси ҷомеа зан модарро агар яке аз аркони ҷомеа гуем, хатто намекунем, зеро вай дар тарбияи насли нав нақши калидиро бозӣ мекунад. Ба ақидаи бархе аз андешаварон, саодати фарзанд ба навъи хонавода марбут аст ва дар таҳлили ҷойгоҳи хонавода модар нақши аввалиндараҷа дорад. Модар аввалан кудакро ба дунё меоварад ва сониян зиндагии худро дар тарбияи вай мегузаронад. Модарон паногоҳи эътимодноки фарзанд шуда, кудаконро дар ҳар замоне, ки қалби модарро эҳсоси ноамнӣ дар нисбаташон фаро мегирад, оѓуши мегиранду ба ҳар навъе наҷотдиҳандаи фарзандашон мегарданд. Чуноне, ки шоир гуфтааст:
Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар.
Чаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар.
Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар.
Аҳмади Дониш роҷеъ ба эҳтироми падару модар чунин навишта буд: «Ва ҳар касе ба виҷдони худ дармеёбад, ки волидайн лозимулитоат ва валиттибоанд, зеро сабаби вуҷуду маърифат ва имону исломи ӯ шудаанд, … дар парваридани ӯ аламу ранҷҳо бардошта». Ва дар ривояте низ гуфтаанд: «Модарат, сипас, модарат, сипас, модарат, баъд аз ин падарат, сипас, наздиктару наздиконат». Абубакр ар-Розӣ дар ин бора дар асари худ «Тадбири манозил» менависад, ки тарбияи фарзанд дар оила ва бахусус тарбияи модар дар ташаккули инсони комил ҷои муҳимро ишѓол мекунад. Бинобар ҳамин, пос доштани бузургии модарон ин арзиши миллии тоҷикон аст, ва онро бояд нигаҳ дошт, зеро ҳифзи арзишҳои миллӣ баробар ба ҳифзи миллат ва давлатдорӣ мебошад.
Дар замони муосир, давлати Тоҷикистон, тамоми шароитҳоро барои таъмини зиндагии озоду баробар барои занонро дар ҷомеа кафолат медиҳад. Тибқи моддаи 32 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои падариву модарӣ, тарбияи фарзанд, маълумотноккунӣ ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якҷоя, бо назардошти принсипи баробарии зану шавҳар ҳал менамоянд. Омузиши ҳар чи бештари арзишҳои миллӣ дар самти ахлоқи ҷомеа барои рушд ва инкишофи минбаъдаи фарҳанги миллӣ мусоидат карда, суботи давлатдориро таъмин месозад. Бо ҳамин мақсад, давлат барномаҳои махсуси иҷтимоиро дар самти таъмини ҷои кор, таҳсил ва баробарҳуқуқии зану мардро татбиқ мекунад.
Дар давоми даврони истиқлолият, беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои зинаҳои мухталифи таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳиби касб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.
Зан-модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад ва аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.
Шоире ба таври умқ бузургии модарро дарк карда менависад:
Модар фаришта буд фақат болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Маҳз ба ҳамин хотир, ки модар дар зиндагии ҳар нафар мақоми бузургу хосае дорад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рузи 8-уми мартро дар мамлакати мо ҳамчун “Рӯзи Модар” эълон намуд.
Модарону хощарону бонувони азиз! Иҷозат фармоед ҳамаи Шуморо бо фарорасии ин ҷашни зебо - Иди Модар табрику таҳният гуфта, хоҳони онам, ки тамоми орзуҳои дар дилатон ҷодошта ҷомаи амал пӯшанд. Сиҳативу саломатӣ, рузгори хушу бурдборӣ ҳамқадаматон бод!