wrapper

 

сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои

гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ,

доктори илмҳои филологӣ, профессор Муқбилшо АЛАМШОЕВ

 

СИЁСАТИ ЗАБОН ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ

 

     Дар Паёми имсола Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  боз як бори дигар хотирнишон сохт, ки арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, асосан забон, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. “Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллати худ ва  муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. ... бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давлату Ҳукумат мебошад” [1, 5]. Аз ин суханони Пешвои миллат бармеояд, ки ӯ ҳамеша барои пос доштани забони тоҷикӣ, тоза нигоҳ доштани он ҳамчун забони давлатӣ кӯшиши зиёде мекунад. Дар ҳамаи суханрониҳояш ба масъалаи забон дахл намуда, халқи тоҷик ва, умуман шаҳрвандони Тоҷикистонро ба омӯхтани забони тоҷикӣ, рушду такомули он даъват менамояд ва таъкид менамояд: “Ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад”.

     Забонҳои паҳншудатарин рисолати асосии давлатдорӣ ва ҳастии  миллатро нишон медиҳанд. Забони тоҷикӣ бошад ин рукнҳоро аз қадимулаём дорост. Ба ҳамагон маълум аст, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарин ва бойтарини дунё ба шумор меравад. Дар замони қадим забони тоҷикӣ-дарӣ аз баҳри Миёназамин то Чин забони байналмилалӣ буд. Вай решаи чуқури таърихӣ дошта, ҳанӯз дар замони салтанати Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён ҳамчун забони расмию коргузорӣ ба кор бурда шудааст. Асосан дар давраи салтанати  Сомониён, ки  давлати тоҷикон ба шумор мерафт, ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуда буд. Дар ин давра илму фарҳанг босуръат инкишоф меёбад ва бо ин забон асарҳои бузурги илмию адабӣ ва таърихӣ офарида шудаанд.

     Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳанӯз бузургони мо, файласуфону шоирони классикии тоҷик барои тоза нигоҳ доштани забони дарӣ-тоҷикӣ мубориза мебурданд. Абуали Сино ва Абурайҳони Берунӣ асосгузорони истилоҳотсозӣ мебошанд ва ба мо намунаанд. Минбаъд дар замонҳои мухталиф шоирон ва мутафаккирон аз А. Рӯдакию Фирдавсӣ сар карда то ба Носири Хусраву А. Донишу Садриддини Айнӣ барои равнақу ривоҷ додану тозагии забони тоҷикӣ ҷонбозиҳо кардаанд.

     Бо вуҷуди дучор шудан ба душвориҳо, забони тоҷикӣ то ба имрӯз устувор монд, дар тақдири миллати тоҷик нақши беназирро гузошт. Аҳаммияти забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави таърихӣ – ба даст овардани истиқлолият, инкишофу тақвияти ваҳдату истиқлол, сарҷамъии миллат басо арзишманд аст. Дар Тоҷикистони навин кӯшишҳои зиёди Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои тақвияти мақоми забони тоҷикӣ, инкишофи он қайд кардан равост, ки имрӯз корҳои бузурге дар партави пешниҳодҳояш аз тарафи аҳли зиё ва шаҳрвандон ба сомон расонда мешаванд.

     Дастовардҳо дар дасти мо ҳастанд, лекин имрӯз, ки мавзуи баҳси мо зарурияти таҳлили масъалаҳои инкишофи забони давлатӣ-тоҷикӣ мебошад, каме ҳам бошад, фикру мулоҳизаҳои таҳлилӣ-аналитикии худро дар бораи ин масъалаи мубрами рӯз  эрод созем.

      Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳанӯз бузургони мо, файласуфону шоирони  классикии тоҷик барои тоза нигоҳ доштани забони дарӣ-тоҷикӣ мубориза мебурданд. Чи хеле ки дар боло қайд кардем, Абуали Сино дар «Донишнома» ва Абурайҳони Берунӣ дар асараш дар бораи ситорашиносӣ «Ат тафҳим ли авоили синоати танҷим» чандин истилоҳоти (терминҳои) соҳаҳои гуногуни илмиро барои истифода дар забони дарӣ-тоҷикӣ пешниҳод карданд ва асосгузорони истилоҳотсозӣ (терминсоз) мебошанд ва барои мо намунаанд, аммо ин корҳо қариб, ки ба инобат гирифта намешаванд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки қисман мо вожаҳо (калимаҳо)-и дар матн ё лаҳзаи сухангӯию воситаҳои ахбор аз рӯи маъно кор намефармоем. Мисол, калимаи арабии«интиқол»-ро гирем. Мо донишҷӯи фалониро ба Донишгоҳи миллӣ интиқол додем. Ё донишҷӯи курси дуюмро ба курси сеюм интиқол додем. Ё дар фармон донишҷӯёни курси дуюм ба курси сеюм интиқол дода шаванд. Идрорпулиро барои моҳи сентябрь интиқол додем. Ба фикрам, хуб мешуд, агар бо забони шевои тоҷикӣ гуем: донишҷӯйро ба донишгоҳи миллӣ фиристондем, донишҷӯйро аз курси дуюм ба сеюм гузарондем, донишҷӯён аз курси дуюм ба курси сеюм гузаронда шаванд ва ғайра.

     Ё ин ки худи калимаи идрорпулиро гирем, ки аслан арабӣ аст. Онро иваз карданд ва гуё тоҷикӣ карданд. Ҳам вожаи идрорпулӣ ва ҳам калимаи стипендия моли мардуми мо нестанд, гарчи ман бештар стипендияро наздиктар мебинам, чунки қариб ними аср, ё аз он бештар, мардуми мо онро истифода мебурд. Агар бисёр мехостанд онро ба тоҷикӣ баргардонанд, пас вожаҳои кумакпулӣ ё ёрдампулӣ мавҷуданд.

      Донишмандони мо ба ин нохзукиҳои забон диққати асосӣ медоданд. Масалан, устод Садриддин Айнӣ дар вақти таҳрири романи  «Одамони ҷовид»-и Раҳим ҷалил қайд мекунад: «Ин ҷо фарқи чӯпон ва подабонро муайян кардан даркор аст: чӯпон – дорандаи доимии рамаи ягон кас, ки дар вай бузу гӯсфандон ҳастанд. Подабон чаронандаи пода аст, ки дар вай ҳайвоноти гуногун ва аз они одамони гуногун мебошанд. Подабон танҳо рӯзона мечаронад ва шаб ҳайвонотро ба соҳибонаш месупорад. «Оши ҳалол» хӯрӣ вазифаи подабон аст, на чӯпон (дар ҳошияи асар). Дар асараш «Тоҷгиз»  яке аз роҳбарон дар бораи калимаи «даҳонмарда» ба устод С. Айнӣ эрод гирифтааст. Устод Айнӣ дар мактуби худ ба А. Лоҳутӣ менависад: «даҳонмарда» одаме, ки касони дар атроф буда ба гапи вай медароянд ва дар вақти лузум аз тарафи онҳо монанди вакили расмӣ гап задан мегирад. Акнун ман намедонам, ки бо ин роҳбарони забони тоҷикӣ чӣ кор кунам. Инҳо забони адабии классикиро намедонанд ва забони зиндаи халқро надонанд ва маҷбур мекунанд,  ки «Чизе навис - ман фаҳмам» (Мактуби С. Айнӣ ба А. Лоҳутӣ (2.04.1939).

    Ҳанȳз бисёрии моён аз вожаҳои арабӣ даст накашидаем, онҳоро дар ҷою маъниҳои ноаён барои хонанда истифода мебарем. Истилоҳоти худиро намесозем ва аз забонҳои дигар ба таври ғалат онҳоро гирифта ба фаҳмиши одамон фишор меоварем. Қисман дар ҷараёни дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик омӯзгорон, агар ба нутқи шифоҳии толибилмону донишҷӯён аҳаммият дода бошанд, ба саводнокии хаттии онҳо кам диққат медиҳанд, ки ин чиз нигаронкунанда мебошад.

     Ҳанȳз овезаҳои шаҳру растаю русто бо забонҳои ғайр навишта мешаванд, ки шахсро ба ҳайрат меоранд, вожаҳою суханони хуби тоҷикӣ ва дигар забонҳои бумии Тоҷикистонро зери назар намегиранд, ки ин ба назари мо носавоб аст. Қисман аз шоҳкориҳою офаридаҳои бузургон ва классикон, ки барои тозагии забони тоҷикӣ ҷонбозиҳо карданд, фаромȳш мекунем. Бисёр вақт калимаҳои топонимикӣ (номи ҷойҳо-ҳудудӣ) ба таври ғалат навишта мешаванд. Дар нашрияҳои матбуоти даврагӣ, ки ба таъин кардани этимологияи номи ҷойҳо бахшида шудаанд, гоҳо маъноҳои таърихӣ нодуруст дода мешавад. Қисман дар матбуот дар бораи ин ё он топоним маводи шубҳанок чоп мекунанд. Мисол: Xoẋdara - ро Шоҳдара, ё Дараи шоҳон меноманд, ки ин аслан хато аст. Ҳақиқатан этимологияи калимаи Шохдараро на калимаи šo, балки калимаи аслии шуғнонӣ хoẋ, ки маънояш шох мебошад, яъне рӯдҳое, ки аз кӯҳҳои Шохдара ҷорӣ мешаванд, монанди шохаи дарахт ё ин ки шохи ҳайвонҳо ҳастанд.

     Пайдоиши ойконими Тисёнро аз Тусиён мебинанд, ки ин тамоман хато аст. Аслан этимологияи феъли tis «рехт, рехтан аз <* tač-(a)ya-,tāk –[3, 28], [4, 82]; мунҷ. tыc . шуғн. ti, tis, tūyd; руш. ti /-e: tūydхуф. ti: tūyd, баҷ. tе: tūyd, сарақ. tе(z): tыyd аст; рус. теч, течёт.

     Ойконими Porẋinev – ро аз порсинишинон мебинанд, ки низ нодуруст аст. Ҳақиқати ҳол, ин аз шакли қадимии por – гузаштан, гузаронидан ва xan – тахта барои мондани бор, муқоиса кунед: Xanev, tāngxanev, xanak, xanā.

     Пайдоиши ойконими Xaraɣ (Хоруғ) – ро аз xor, xorzor  мебинанд, ки ба назарамон нодуруст аст. Сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки калимаи Xaraɣ аз шакли қадими xarā – калон, васеъ, бузург гирифта шудааст. Дар форсии қадим farnā, авесто шаклаш xvarnā ва дар форсии миёна xvarr, форсии нав farra, xurra, xoro – калон, бузург [5, 19-21];  шуғнонӣ xoro, xarra, xarragi – калон, бузург. Калимаи roɣ аз шакли қадимии raɣa – замини назди кӯҳ, нишебии кӯҳ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон чунин топонимҳо ва микротопонимҳо дучор мешаванд гирифта шудааст. Мисол: Roɣ, Roɣak,   Xāsxaraɣ. Пас маънояш замини фарохи таги кӯҳ мебошад.

     Як чизи дигарро ҳам қайд кардан даркор аст, ки забон бояд сарчашмаи асосӣ барои омӯзиши илм, фарҳанг, таърих бошад. Лекин дар давраи ҳозира на ҳама вақт истилоҳоти илмии дастрас ба вуҷуд оварда мешаванд, ки ин чиз тадқиқотчиён ва омӯзандагонро ба душворӣ дучор мекунад. Дар корҳои илмӣ ва васоити ахбор калимаҳое истифода мешаванд, ки барои хонанда мушкилиеро ба бор меоранд. Ба ҷои вожаҳои хуби забони тоҷикӣ калимаҳои забонҳои арабӣ ва хориҷие истифода мешаванд, ки барои фаҳмиш ва истифода нороҳатанд. Минбаъд аз меъёрҳои ҳуқуқӣ истифода бурда, ба кӯдакони худ номҳои хуби маънодор, ориёӣ – тоҷикӣ диҳем, ки хислатҳои хуби инсонӣ ва  дарккунии аломатҳои мусбии табииро дар худ таҷассум карда бошанд. Аз истифодаи номҳои бегона худдорӣ намоем, чунки онҳо забонамонро коста ва муғлақ мегардонанд. Кореро ба анҷом расонем, ки ояндагон дар ҷойҳои муқаддаси номниҳодаи ниёгонамон зиндагии орому осуда карда тавонанд ва онро аз дилу ҷон ҳифз намоянд.

     Азхудкунии забони тоҷикӣ дар шароити ВМКБ мушкилии дучандро ба бор меорад. Ин пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки мо дар муҳити бисёрзабонӣ зиндагӣ дорем. Моро забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ иҳота кардаанд, ки ин ҳақиқат аст. Кȳдаке, ки ба боғча ё мактаб по мегузорад, аз ин забонҳо бархȳрдор нест. Барои ҳамин, дар ин минтақа диққати аввалиндараҷаро ба омӯзиши забони тоҷикӣ дар муқоиса бо забонҳои маҳаллӣ додан зарур аст, то ки толибилмон забони тоҷикӣ-давлатиро бештар аз худ кунанд.

     Пас барои тозагию суфтагии забони тоҷикӣ ба ҳам биёем ва миён бандем, то дар пайраҳаи шоҳроҳ дар намонем. Чуноне ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудааст: “Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус, ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад”.

Чуноне ки Ҳакими бузург гуфтааст:

           Ман онам, ки дар пои хукон нарезам,

           Ман ин қиммати дурри лафзи дариро

                                                              (Н. Хусрав).

Адабиёт:

  1. Эмомалӣ Раҳмон. Паёми Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, 28.12. 2024), Рӯзномаи “Бадахшон”, 2 январи соли 2025.
  2. Эмомалӣ Раҳмон. Забон миллат-ҳастии миллат. – Душанбе: “Эр-граф”, 2016. – 516 с.
  3. Соколова В.С. Генетические отношения язгулямского языка и шугнанской языковой группы. Л., 1967.
  4. Morgenstierne G. Indo-Iranian frontier languages. Vol. II: Iranian Pamir languages. Oslo, 1929.
  5. Мухаммедова Н.А. “Хар” в значении большой, великий в составе некоторых персидских слов. Научные труды – “Востоковедение”. Выпуск 229, Ташкент, 1964.