wrapper

Институт

Институт

22-юмин таҷлили Ваҳдати миллӣ

 Имрӯз дар таърихи 26 - уми июни соли 2019 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии "Ваҳдати миллӣ" - и тоҷикон Маҷлиси тантанавӣ доир гардид, ки дар он директорон, муовинони директорҳо, ходимони илмӣ ва котибони илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ иштирок намуданд. 

Муфассал ...

Носири Хусрави Қубодиёнӣ – шоири озода ва хирадгаро

  Ба дасти ману туст некахтарӣ,

Агар бад наҷӯем, некахтарем.

  Абумуиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар соли 1004 дар Қубодиён дида ба дунё кушодааст. Ӯ дар олами шеър бо тахаллуси «Ҳуҷҷат» машҳур аст. Носири Хусрав таҳсили нахустини худро дар зодгоҳаш гирифта, пасон дар мадрасаи шаҳри Балх илм омӯхтааст. Аз айёми ҷавонӣ ба хидмати давлатӣ дар дарбори Ғазнавиҳо медарояд. Ӯ худ дар ин бора дар «Сафарнома» маълумот медиҳад: «Ман боргоҳи мулук ва салотини Аҷам дидаам, чун Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писараш Масъуд».

Муфассал ...

Фарҳанги миллӣ дар баробари воқеиятҳои имрӯзӣ

 Аз бозе ки инсон худро дар баробари табиат ва ҷаҳони бекарон шинохт, ба эҷод ва офариниш машғул шуд ва аз ин тариқ нахуст мубориза ва муқовиматро барои зинда мондан ва баъдан ба вуҷуд овардани фазои муътадили зистӣ идома дод. Дар масири шинохт ва муқовимат бо ҳаводиси табиӣ инсонро маҷмӯаи донишҳою бинишҳояш, ки аз роҳи таҳрики  сохтмони мағзӣ имконпазир шуда, шартан фарҳанг ном гирифтаанд, мадад кард.

Муфассал ...