
Институт

- Ҷумъа, 26 Май 2023
Табрикот
Имрӯз яке аз шахсиятҳои беҳтарин, олими варзида, адабиётшиноси шинохта, суханвари мумтоз, роҳбари беҳтарин, доктори илмҳои филологӣ, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ Қаландариён Ҳоким Сафар рӯзи мавлуд доранд. Аҳли кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ Қаландариён Ҳоким Сафарро ба муносибати ҷашни фархундаи мавлудашон сидқан табрик намуда, барояш танисиҳат, хонаи обод, толеи баланд, хушбахтии ҷовидонаро таманно менамоянд.
Хушо, хуршеди умрат ҷовидон бошад,
Сари болои ту то Каҳкашон бошад.
Муфассал ...

- Ҷумъа, 26 Май 2023
Сиёсати “дарҳои кушод”- и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Чин
Дар давоми даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз масъалаҳои асосии сиёсати берунии Тоҷикистонро татбиқи принсипҳои ҳамкории минтақавӣ ва хамзистии осоиштаи давлатҳо ташкил медод, ки онро мо ҳамчун сиёсати “дарҳои кушод” - ҳамкории мутақобилан судманд бо ҳамаи давлатҳо амалисозӣ менамоем. Дар ин масир Тоҷикистон стратегияи сохтмони роҳҳоро ҳамчун омили беҳтар кардани ҳамкории байнидавлатӣ мавриди амал татбиқ карда истодааст ва мавқеи асосиро дар ин самт мунорсибатҳои давлати Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Чин ишғол мекунад.
Сохтмони шоҳроҳи бузург ва замонавии Кӯлоб–Қалъаи Хумб ва Қулма–Қароқурум, Тоҷикистонро бо Шоҳроҳи Абрешим Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Халқии Чин пайваст намуд. Инкишофи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дустона ва мутақобилан манфиатбахш бо Ҷумҳурии Халқии Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Хитой дар шумори аввалинҳо кишварҳост, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта бо ҷумҳурии мо муносибатҳои дипломатиро барқарор намуд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин пеш аз ҳама ҳамсояи наздик, дӯст ва шарики боэътимод мебошанд. Ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат, ки бар пояи усулҳои ҳамзистии осоишта асос ёфтааст, устуворона ва пайгирона ба манфиати ҳар ду давлат ва миллат инкишоф меёбад.
Маҳз ҳамкориҳои дутарафа имкон доданд, ки сохтмони шоҳроҳи Мурғоб-Қулма-Қароқурум сохта шуда, Тоҷикистонро бо Чин, Покистон, Эрон, Ҳинд ва бандарҳои калонтарини ҷаҳонӣ пайваст намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои хабаригорони воситаи ахбори Ҷумҳурии Халқии Чин 22 майи соли 2006 оид ба аҳамияти бузурги ин роҳи мошинагарди байналмиллалӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон посух гуфта, зикр кард: «Сохтмони роҳи Душанбе-Хоруғ–Кошқар тавассути ағбаи Кулма ба ифтитоҳи гузаргоҳи марзӣ дар июли соли 2004 анъанаи «Роҳи Абрешим»-ро эҳё менамояд. Шарқу Ғарбро мепайвандад ва аҳамияти на фақат иқтисодӣ, балки сиёсӣ хоҳад дошт. Орзуи деринаи халқи тоҷик дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҳамсоя бузурги худ амалӣ гардид. Фаъолияти роҳи автомобилӣ ба инкишофи минтақавӣ мусоидат намуд. Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавори он имконияти амалӣ пайдо намуданд, ки нафақат ба бозорҳои Чин, балки Покистон, Ҳинд, Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ ва бандарҳои уқёнуси ҷаҳон роҳ ёбанд».
Дар давоми сафари кории худ ба Ҷумҳурии Халқии Чин рӯзҳои 18-19 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи саммити “Чин – Осиёи Марказӣ” бо роҳбари ин давлат Си Зин Пин вохурӣ намуда, тарафҳо бори дигар мавқеи худро доир ба хамкории ҳамаҷониба, дар самти иқтисодӣ ва сохтмони минбаъдаи муносибатҳои дустонаи байни давлатҳо изҳор намуданд, ки ин бевосита барои беҳбудии халқҳои ин ду давлат мусоидат хоҳад кард.
Ю.Саидасанов номзади илмҳои таърих, ходими калони илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ
акс: https://vecherka.tj/archives/55152
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 25 Май 2023
Устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, Шосафоева Сазибна Шогадоевна дар дар Шӯрои диссиртатсионии 73.1.015.01-и Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ рисолаи нозадиашро дифо намуд
Санаи 24.05.2023 Шосафоева Сабзина Шогадоевна рисолаи номзадиро таҳти унвони “Эквивалентнокии лексико-семантикӣ ва сохторӣ-грамматикии гурӯҳҳои мавзуии воҳидҳои фразеологии забонҳои тоҷикӣ ва шуғнонӣ” аз рўи ихтисоси 5.9.6. – забонҳои мамолики хориҷӣ (забонҳои помирӣ) дар Шӯрои диссертатсионии 73.1.015.01-и Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ ҳимоя намуд. Бо қарори ҳайати Шӯрои диссертатсионии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ рисолаи номзадии Шосафоева С.Ш. барои дарёфти унвони номзади илмҳои филологӣ ба Шӯрои олии аттестатсионии Федератсияи Русия пешниҳод гардид.
Кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ Шосафоева Сабзина Шогадоевнаро бо дифои бомуваффақияти рисолаи номзадӣ табрику таҳният менамоянд.
Муфассал ...