wrapper

Институт

Институт

Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба «рӯзи илми тоҷик»

  Тибқи банди 2-и Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз 28 декабри соли 2021 бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» 15 апрели соли 2022 дар толори Шурои олимон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи: «Проблемаҳои актуалии рушди илми иқтисодӣ дар Тоҷикистон» (бахшида ба нахустин конференсияи омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон) баргузор гардид. Дар оғози кори конференсия директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Рахимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд. Муфассал ...

Дар Институт конференсияи илмию амалӣ бахшида ба 75-солагии доктори илмҳои филологӣ, профессор Исмоли Раҳимӣ баргузор гардид.

  Ба ифтихори 75-солагии профессор Исмоил Раҳимӣ дар Институти имлҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров конференсияи илмию амалӣ доир гардид. Конференсия бо ибтикори Институти илмҳои гуманитарии ба  номи академик Баҳодур Искандаров , Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии ВМКБ ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев доир гардид. Дар кор конфронсия олимон, шогирдон ва ҳаводорони илму маърифат ширкат варзида аз ҳаёт ва фаъолияти илмии Устод Раҳимӣ суханронӣ намуданд.

Муфассал ...

Конфронси илмӣ дар Институти илмҳои гуманитарӣ

  Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови АИ ҶТ конфронси илмӣ бахшида ба Рузи илм баргузор гардид.

 Конфронс  бо сухани ифтитоҳии директори Институти илмҳои гуманитарӣ доктори илми филология, Ҳоким Қаландариён шуруъ гардид. Дар ин конфронс, ки мавзӯи меҳварии онро мафҳуми инсонгароӣ таркиб дод, аз хусуси мушкилоти имрузаи ҷаҳон ва таъсири он ба робитаи инсондӯстонаи одамон назарҳо баррасӣ шуданд.

Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров. All Rights Reserved. Designed by IBlove