wrapper

 

Мавлоназарова Ганҷина докторанти (PhD) Институти илмҳои

гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ИЛҲОМ АЗ ПАЁМ

Ҳар сол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири сол бо дигар намояндагони ҳукумати ҶТ дар хусуси масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва  иҷтимоӣ баррасӣ намуда, ҳамчунин вазъи ҷаҳони муосир, тағирёбии иқлим ва оқибатҳои он ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа Паём ирсол менамояд.

Чун анъана дар санаи 28 декабри соли 2023 Паёми навбатӣ, ки онро ҳар як шаҳрванд, яъне аз мактаббачагон сар карда, ҷавонон ва то одамони солхурда хеле интизор буданд.

Чуноне ки аз Паём дарёфт намудем, дар ҶТ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, ММД кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 % зиёд гардида, ба 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Инчунини дигар, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ вобаста ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар, буҷети давлатӣ 102,5 % таъмин гардид.

Дар Паёми навбатӣ дигар масъалаҳои муҳим ба мисоли ташаккули «иқтисодӣ сабз», инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятиҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ баррасӣ шудаанд.

Намояндагони соҳаи маориф низ Паёми имсоларо хеле интизор буданд, чунки соҳаи маориф яке аз муҳимтарин соҳаҳои кишвар ба ҳисоб рафта, барои малакат дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос саҳми нарзаррас дорад. Бояд қайд кард, ки Пешвои миллат ҳам барои пешрафти соҳаи маориф маблағҳои зиёд ҷудо намуда, кудакистонҳои дорои шароитҳои беҳтарин, мактабҳои таҳсилоти умумии замонавӣ ва ҷиҳозонидани онҳо бо техникаю технологияи нав саъю кушиш намуда, ҳамин тариқ дар пешрафти соҳаи маориф қадамҳои назаррас монда мешаванд. Чуноне ки иттилоъ дода шуд, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне, 1,9 баробар зиёд мебошад.

Хушҳол аз он ҳастем, ки Пешвои миллат ба сифати дониши хонандагон низ диққати ҷиддӣ дода, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ё касбӣ, донишгоҳҳо ё донишкадаҳо фароҳам  овардани «Муҳити таълим – асоси таълимоти босифат»-ро асоси таълимоту таҳсилот номидаанд.

Дар ин бора Пешвои миллат барои боз ҳам беҳтар кардани шароити таҳсил ва баланд бардоштани сатҳи маърифтанокии хонандагон дастуру супоришҳоро додаанд: «Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо ин мақсад татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таълимоти босифат», «Чаҳорчубаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикситон»-ро таҳия намоянд».

Ин нуқтаи муҳимро асоси ин мавзуъ гирифта, мехостам атрофи он фикру мулоҳизаҳо ва чанд пешниҳодоти таҷрибавии шахсиро баррасӣ намоям. Яъне, пеш аз он ки чуқуртар ба ин масъала назар андозем, бояд аз ду субъекти асосии ин масъала оғоз намоем.

Таълим ин муколамаи байни ду субъект – муаллим ва талаба, устод ё шогирд мебошад. Ин маънои онро дорад, ки муаллим ягона шахсе дар ситемаи таълиму тарбия мебошад, ки онро ягон кас иваз карда наметавонад.

Муаллим фигураи асосии таълиму тарбия дар мактаб ба ҳисоб меравад, чунки вай бо кудак кор мекунад ва психологияи ҳар як кудакро медонад, талаботи индивидулии ҳар як кудакро бояд ба назар гираду бо онҳо кор кунад. Устодон, муаллимон, педагогон шахсоне мебошанд, ки таълиму тарбияро пеш мебаранд. Омӯзгори муосир қисман равоншинос, методист, мураббӣ ва дӯстест, ки малакаҳои фаннӣ меомӯзад ва корҳои тарбиявиро пеш мебарад. Шогирдон барои дониш, маслихат ва дастгирӣ назди ӯ меоянд. Муаллим рисолати муҳимро иҷро мекунад - ӯ ба ташаккули малакаҳо кӯмак мекунад, донишҳои муҳимро интиқол медиҳад ва шогирдонро ба рушду инкишоф ҳавасманд мекунад.

Талаба бошад ба гуфти олим ва педадоги машҳури рус Ушинский – зарфи холӣ нест, ки онро бояд бо ягон мавод ё моеъ пур кунем. Балки у шамъест, ки онро бояд фурӯзон намоем.

Ҳамаи ин гуфтаҳоро ба назар гирифта, барои ба ҳадаф расиданамон, шиори «Муҳити таълим – асоси таълимоти босифат» бояд мояи кори маорифчиён ва устодон шавад. Мо бояд ба чанд масъалаҳои дар зер оварда шуда диққати ҷиддӣ дода, дар ҳаллу фасли онҳо ҳамроҳ кору фаъолият барем:

  1. «Муҳити таълим – асоси таълимоти босифат» масъалаи хеле муҳим аст, ки бояд ҳаматрафа аз ҷониби вазоратҳои дахлдор нақшабандӣ карда шавад ва иҷрои он нақшаҳо бояд пурра ва саривақтӣ пайгириву иҷро карда шаванд. Хеле муҳим аст, ки дар ин раванд муаллимоне, ки дорои собиқаи кории зиёд ҳастанд, шомил карда шаванд. Собиқадорон шахсоне мебошанд, ки аз ҳамаи мушкилоту камбудиҳо, пешравию муваффақиятҳои кории соҳаҳои мухталиф хоҳ дар кудакистонҳо, мактабҳо, донишгоҳҳо ва ғайра, пурра огоҳ мебошанд. Онҳоро ҳамчун як энсиклопедияи зинда бояд барои таҳияи чунин барномаҳо истифода намуда, дар навбати худ онҳо ҳам дар пешравии кор хизмат намуда, саҳми арзандаи худро дар ин кори муҳим гузоранд.
  2. Иловатан, бояд шуъбаҳои маориф, раёсатҳои маориф ва МТМУ, донишгоҳҳову донишкадаҳо кор бо омузгорони ҷавонро пурзур карда, дониши онҳоро такмил додан лозим аст. Аз онҳо мутахассисоне, ки ба кори худ дилбохта ҳастанд, тарбия гарданду нисбати фанне, ки таълим медиҳанд, дониши мукаммал, нисбати талабагони худ меҳру муҳаббат дошта бошад. Такмили ихтисос ҳам метавонад ба раванди таълиму тарбия албатта таъсири мусбии худро расонад. Ҳар қадаре ки муаллим босавод бошад, аз илмҳои замонавӣ бохабар бошад, ҳамон қадар метавонад барои хонандагон низ дониши беҳтару босифаттар пешниҳод намояд. Яъне такмили ихтисоси муаллимон низ як зинаҳое мебошад, ки барои муҳайё намудани «Муҳити таълим – асоси таълимоти босифат» ҳисобида шавад.
  3. Муаллим ягона шахсе мебошад, ки аз талаботи ҳаррӯзаи шогирдони худ бохабар мебошад. Яъне муаллим ҳар рӯз дар майдони илму дониш далерона фаъолияти худро давом дода, ягона шахсе мебошад, ки метавонад дар раванди таълиму тарбия шаорите фароҳам оварад, ки кӯдак дар он муҳит худро озод ҳис намуда, фикру андешаҳои худро доир ба мавзуи баррасишуда озодона баён намояд.

Аз ҳамин сабаб муаллим бояд дар таҳия намудани китобҳои дарсӣ ҳаматарафа ворид карда шавад. Муаллим ҳар рӯз бо китобҳом дарсии хонандагон ва дигар дастурамалҳои таълимӣ сару кор дошта, метавонад баҳои мусбӣ ё манфиро барои китоби нашршуда диҳаду пешниҳодот ва  таҳлиҳои амиқи худро мувофиқи талаботи хонандагон ироя намояд. Яъне, ба раванди нақшабандӣ, тайёркунӣ ва ба нашр баровардани китобҳои дарсӣ муаллимони дорои дониши баланд ва таҷрибаи кории зиёд бояд ҳаматарафа такя намуда, тавсияҳои онҳо дар ин раванд ба назар гирифта шаванд. Мазмун ва мундариҷаи китобҳо аз як тараф ва таҷрибаи касбии муаллимон аз тарафи дигар низ барои фароҳам овардани шароити муҳити таълим мусоидат хоҳанд кард.

Ҳамаи ин нуқоти дар боло зикршуда метовананд раванди «Муҳити таълим – асоси таълимоти босифат»-ро тезонанд ва бо ин васила сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ ба дараҷаҳои баланд бардошта шавад. Оғози ҳар як кор қадами устувор ва нек мебошад ва ман боварӣ дорам, ки қадамҳои зикршуда метавонанд асоси пешрафти кори муҳим шаванду заминаро барои таълимоти босифатро муҳайё созанд.