wrapper

Институт

Институт

Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ конференсияи илмию амалӣ бахшида ба «Рўзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» дар мавзуи «Нақши ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар маросимҳои мардумӣ» баргузор гардид

Дар таърихи 29.09.2023 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бо ибтикори директори ИИГ АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. конференсияи илмию амалӣ бахшида ба «Рўзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» дар мавзуи «Нақши ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар маросимҳои мардумӣ» баргузор гардид. Дар конференсия маърузаҳои ҷолиб аз тарафи кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ баррасӣ гардиданд. Доктори илмҳои филологӣ, сарходими шуъбаи забонҳои помирӣ Офаридаев Н. бо маърузаи «Нукоте чанд оид ба вижагии забони маснавӣ», номзади илмҳои филологӣ Қурбонхонова Н. бо маърузаи «Нақши ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар маросимҳои мардумӣ», номзади илмҳои филологӣ Броимшоева М. бо маърузаи «Омўзиши лексикаи Ҷалолиддини Балхӣ» суханронӣ намуданд. Конференсия бо қироати ашъори дилнишини шоир аз ҷониби магистрони ИИГ АМИТ ҷамъбаст гардид.

 

Муфассал ...

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА "РӮЗИ РӮДАКӢ"

Санаи 22.09.23 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бо ибтикори директори ИИГ АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. конференсияи илмию амалӣ бахшида ба «Рӯзи Рӯдакӣ» дар мавзуи «Мақоми Рӯдакӣ дар адабиёт ва фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Дар конференсия маърӯзаҳои ҷолиб аз тарафи кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ баррасӣ гардиданд. Номзади илмҳои филологӣ, ходими калони илмии шуъбаи фолклор ва адабиёт С. Азорабеков бо маърузаи «Ақидаҳои ҷаҳоншиносии Рӯдакӣ», мудири шуъбаи фолклор ва адабиёт, номзади илмҳои филологӣ Н. Қурбонхонова бо маърӯзаи «Унсурҳои фарҳангӣ дар устурапардозии Рӯдакӣ» суханронӣ намуданд. Конференсия бо қироати ашъори дилнишини шоир аз ҷониби магистрони ИИГ АМИТ ҷамъбаст гардид.

Муфассал ...

ҲИМОЯИ НАВБАТӢ ДАР ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б.ИСКАНДАРОВИ АМИТ

Дар таърихи 20 сентябри соли 2023 дар Шурои диссертатсионии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ дифои рисолаи номзадии  Субҳонқулова Наргис Акбаралиевна  дар мавзуи “ХУДОЖЕСТВЕННОЕ ОТРАЖЕНИЕ ПРИРОДЫ В ТАДЖИКСКОЙ ПРОЗЕ ХХ – РУБЕЖА ХХI вв.” таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ  Мурувватиён Ҷамила Ҷамол бо муваффақият гузашт. Раёсати ИИГ АМИТ  ва кормандони илмии ИИГ Субҳонқулова Н.А.-ро бо ҳимояи бомуваффақияти рисола таҳният гуфта, барои корҳои минбаъдаи илмиашон барор хоҳонанд.

Муфассал ...