
Институт

- Шанбе, 09 Декабр 2023
Бузургонро бузургон зинда медоранд, Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.
Баргузор гардидани симпиозиуми байналмилалӣ бахшида ба 115-солагии арбоби намоёни давлатӣ, муаррих ва олми намоёни собиқ Иттиҳоди Шуравӣ Бобоҷон Ғафуров бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хизмати фарзандони фарзонаи миллат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ намуда, аз кору пайкори пурифтихори эшон дар рушди Тоҷикистон пайваста ёдоварӣ менамоянд. Дар суханронии Пешвои муаззами миллат кору пайкори Бобоҷон Ғафуров дар даврони пуртаззоду ҳукмронии мутлақи тартиботи давлатӣ таҳлил карда шуда, ба хизматҳои арзандаи ин шахсияти маъруфи миллат баҳои сазовор дода шуда, фаъолияти сиёсию давлатии эшон барои даврони имрӯзаи давлатсозию миллатсозӣ омӯзанда ва қобили пайравӣ мебошад. Ёддоварӣ аз ашхоси барӯманди халқ дар самти тарбия ва тақвияти худшиносӣ ва дар рӯҳии ватанпарастӣ ба воя расондани насли ҷавон аҳамияти бузурги маънавӣ дорад.
Бобоҷон Ғафуров дар давоми 10-сол, аз соли 1946 – 1956 котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буданд, ки дар он замон ба вазифаи роҳбари Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон баробар буд. Ин давра ба замони душвори тараққиёти баъдиҷангӣ рост омад. Дар манотиқи марказии давлати шуравӣ ба барқарор сохтани харобиҳои ҷанг машғул буданд. Таҳти роҳбарии Бобоҷон Гафуров дар Тоҷикистон низ короҳои азими бунёдӣ оғоз ёфтанд. Пешвои муаззами миллат фаъолияти Бобоҷон Ғафуровро дар самти бар кор андохтани заминҳои бекорхобида дар шимолу ҷануб ва водии Вахши ҷумҳурӣ хотиррасон намуда, масълаи муҳоҷир кардани як қисми мардум аз манотиқи кӯҳистон ба водиҳои пахтакор омили муҳимми ваҳдати мардуми тоҷик арзёбӣ намуданд. Дар воқеъ, ба кор андохта шудани заминҳои бекорхобидаи водиҳо ва ба мантиқаи муҳимми пахтакорию боғдорӣ ва дигар соҳаҳои кишоварзӣ табдил намудани ин водиҳо ба рушди иқтисодии Тоҷикистон ва беҳбуди сатҳи некуаҳволии мардуми муҳоҷир такони тоза бахшид. Дар ин давра Бобоҷон Ғафуров ба тараққиёти тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ оғоз ёфта, ба рушди саноат асос гузоштаанд.
Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, ки дар рушди маорифу илм низ дар даврони роҳбарии Бобоҷон Гафуров қадамҳои устувор гузошта шуда буданд. Таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар рушди илму маорифи Тоҷикистон рӯйдоди бузурге маҳсуб меёфт. Дар даргоҳи ин маркази илму омӯзиш дар солоҳои минбаъда ҳазорҳо мутахассисони илму маориф тарбия ёфта, дар тараққиёти минбаъдаи ҷумҳурӣ саҳми бузург гуштаанд. Садҳо академикҳо, мутахассисони соҳаҳои мухталиф, нависандагон, шоирон, омғзгорони барҷаста, ки ин маркази илму маърифатро хатм намуданд, дар рушди илму маорифи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми бузург мегузоранд. Дар таъсиси Академияи Илмҳои Тоҷикистон низ Бобоҷон Ғафуров саъю талоши хастанопазир ба харҷ додаанд. Нахустин Президенти АИ Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ таъин гардида буданд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати ин ду шаҳсутуни илму фарҳанги миллатро хотиррасрн намуда, рисолати бузурги онҳоро дар даврони тақдирсози миллат махсус арзёбӣ намуданд. Арҷгузорӣ ба кору пайкор ва фаъолияти созандаи эшон дар марҳиллаи имрӯзаи таҳаввулоти давлати Тоҷикистони соҳибистиқлолол моро руҳбаланд намуда, дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст.
Соли 1956 бо тавсияи Роҳбарияти Олии ҳамонвақтаи Иттиҳоди Шуравӣ Бобоҷон Ғафуров ба вазифаи Институти шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шуравӣ таъин гардиданд. Таъин гардидани намояндаи миллати тоҷик ба вазифаи сарвари чунин муассисаи бонуфузи илмӣ боси ифтихои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ буд. Ашхоси маъруфи сиёсию илмӣ борҳо таъкид кардаанд, ки Бобоҷон Ғафуров на танҳо олим буд, балки ӯ давлатмарди тавоно ва сиёсатмадори маъруф буд, ки ба Институти шарқшиносӣ роҳбарӣ кард. Институти шарқшиносӣ ба таҳкими робитаҳо ва ҳамкориҳои судманди мамолики шарқ ва Иттиҳоди Шуравии собиқ мусоидат намуд. Бобоҷон Ғафуров ба даҳо кишварҳои шарқ сафар намуда, дар доираҳои сиёсии мамолики гуногун соҳиби обрӯю эътибори баланд буда, бо ҷоизаҳои давлатӣ мукофотонида шудааст.
Бобоҷон Ғафуров чун муаррихи тавонодар омӯзиши таърихи халқи тоҷик саҳми бузург гузоштааст. Ба қалами эшон даҳо асари хурду бузург дар бораи таърихи халқи тоҷик тааллуқ доранд. Ва тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, шоҳасари бузурги Бобоҷон Гафуров “Тоҷикон” шиносномаи миллат буда, дар тақвияти худшиносии миллӣ нақши бузург дорад. Бо ин асар муаллиф нақши халқи тоҷикро ба ҳайси миллати фарҳангӣ дар таърихи Осиёи Марказӣ васеъ ва барҷаста нишон дода, таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва арбобони гузаштаи ин халқро, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо далелу бурҳонҳои раднопазир бозгӯ намуда, хонандагонро ба ифтихор аз бузургони худ раҳнамун сохта, дар тақвияти ҳофизаи таърихии миллат нақши созгор мегузорад.
Бо арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “ Тоҷикон - оинаи таърихи миллат” роҳандозӣ карда шуд, ки дар он ҳазорон нафар аз қишрҳои гуногуни мамлакат ширкат варзида, дар арафаи ҷашни 115-солагии Бобоҷон Гафуров ҷамъбаст гардид. Пеш аз ин китоби пурарзиши “Тоҷикон” бо супоришу ҳидоёти Пешвои миллат аз ҳисоби фонди эҳтиётии Президент нашр гардида, ба тамоми хонаводаҳои мардуми Тоҷикистон ҳадя гардид ва баро аҳли ҷомеаи тоҷик ин як ҳадяи пурарзише буд. Мардуми сарбаланди тоҷик аз ин ҳадяи Пешвои муаззами миллат басо шоду масруранд ва сипоси бепоён изҳор мекунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъсиси Ҷоизаи ба номи Бобоҷон Ғафуровро барои офаридани осори барҷастаи таҳрихӣ эълон намуданд, ки бори дигар аз арҷгузории хизматҳои олими тавоно, арбоби намоёни давлатӣ ва ғамхорию пешрафти илм дар мамлакат гувоҳӣ медиҳад.
Дар ин ҳамоиши бузурги илмию фарҳангӣ масъалаи нашри “Шоҳнома” – и Фирдавсӣ ва ба ҳар як хонаводаи мардуми Тоҷикистон тақдим намудани он ба миён гузошта шуда, дар рушди маърифату маънавиёти ҷомеаи тоҷик нақши бузурге хоҳад гузошт.
Бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифтани бузургдошти Академик Бобоҷон Ғафуров сиёсати донишпарварона ва фарҳангпарваронаиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвом миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон дода, нуктаи асосии суханронии эшон дар симпозиуми байналмилалӣ омӯзишу аз худ намудани донишҳои илмӣ буд, зеро илму дониш бузургтарин омили пешрафти ҳар як миллату мамлакат мебошад. Дар амал татбиқ намудани ҳидоятҳои Пешвои миллат вазифаи ҷонии ҳар як корманди илму маориф мебошад.
Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.
Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои филология, сарходими илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ
Муфассал ...
- Ҷумъа, 08 Декабр 2023
БОБОҶОН ҒАФУРОВ – ВИЗАИ МИЛЛАТИ МОСТ (дар ҳошияи суханронии Ҷаноби Олӣ бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров)
Дар таърих шахсиятҳои нотакроре буданд, ки ба таърихи давлату миллат ва тақдири мардуми худ бетафовут набуданд. Ин шахсиятҳои ангуштшумор хуб дарк мекарданд, ки вазифае, ки дар пеши онҳо гузошта шуда буд, иборат аз зинда нигоҳ доштани хотираи таърих аст ва танҳо қобилияту истеъдоди онҳо қодир аст ба ҳалли мусбати ин вазифа.
Пешвои муаззами миллат дуруст қайд кардаанд, ки: «Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест!».
Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафурович Ғафуров офарандаи таърихи миллат ва нигоҳдорандаи хотираи инсоният мебошад.
Барои он ки ба ду сухан шахсияти илмии Б.Ғафуровро шиносем, басанда аст ба ишораи собиқ директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Ростислав Борисович Рыбаков назар афканем: «Замоне, ки Бобоҷон Ғафуров ба Институти мо (1956-1977) - қадимтарин ва калонтарин маркази илмии гуманитарӣ, маркази кишвар, «ситоди асосии» шарқшиносии Русия роҳбарӣ мекард, асри тиллоии тамоми соҳаи мо буд ... Сталини тоҷик, корманди ҳизб ва мусулмоне, ки ҳаҷро адо кардааст. Ӯ виҷдони замони худ буд, аммо ду ҷузъи муҳими табиати ӯ - хирад ва ҷавонмардӣ - ба ӯ имкон доданд, ки дар фазои давраи Шӯравӣ давраи махсуси худ – ғафуровиро офарад... ".
Ба қавли Абурайҳон Берунӣ: «Қабл аз иқдом кардан ба илм равони худро аз фасод, аз одатҳои ношоиста, аз шуҳратпарастӣ ва ғараз пок бояд кард». Маҳз чунин сифатҳо буданд, ки Бобоҷон Ғафуровро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд ва чунонки шахсиāти маҳбуби тоҷик Мирзо Турсунзода мегўяд: «Визаи ҳар як миллат илму маданияти ўст, ки тавассути фарзандони фарзонааш муаррифӣ мешавад» ва Б.Ғафуров бешак дар тамоми замонҳо визаи миллати мо хоҳад монд.
Пас танҳо чунин шахсият агар даст ба навиштани коре бизанад, ҳатман офаридаҳои мондагореро аз худ боқӣ мегузорад, ки асрҳо дар хизмати халқу миллат хоҳанд буд.
Се сифате, ки бидуни онҳо ягон шахси олимшаванда ба ҳадафи мурод нахоҳад расид, иборатанд аз: аввалан, ақлу фаросат, ки сифати модарзодӣ буда, ё ҳаст ё нест; сониян, азму ғайрат, ки зодаи ҳавсала буда куллан ба худи шахс вобаста аст; ниҳоят, ҷасорату матонат, ки маҳсули парвариши фардӣ ё иҷтимоӣ буда метавонад. Бе тардид, ин се сифат ородиҳандаи сурату сирати академик Б.Ғафуров буданд.
Дар таърихнигорӣ се роҳи тасвир ҳаст:
- Сабт кардани ҳар он чизе, ки нигоранда зарур донад ё хуш ояд (дар ниҳояти кор ба ҳадди ифрот расида мардумро бероҳа мекунед).
- Сабт кардани ҳар он чизе, ки одамон мехоҳанд (дар ниҳояти кор ба рукнҳои эҷодии худ хиёнат мекунед).
- Сабт кардани ҳар он чизе, ки дар ҳаёти одамон аз ҳама беш ба кор меояду онҳоро суд мебахшад (…сарфи назар аз шароити номусоиди беруна, сарфи назар аз он ки ба ҷони муаллиф таҳдиду бар ҷисмаш халал ворид кунад… ). Дар таълифи асари безаволи “Тоҷикон” академик Б.Ғафуров маҳз аз роҳи сеюми тасвир оқилонаву одилонаву олимона истифода намудааст.
Бо такя ба андешаҳои Пешвои муаззами миллат дар Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ба чанд омиле, ки Б.Ғафуровро ба бузургтарин олим, намоёнтарин сиёсатмадор ва маъруфтарин ходими давлативу ҷамъиятӣ табдил додаанд ва маҳбубияти ўро дар байни мардум таъмин менамуданд, ишора мекунем:
- Яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои истеъдоди Б.Ғафуров он буд, ки мавсуф аз замони кўдакӣ таҳти тарбияи модараш – Розия Озод – шоираи номӣ ва хонуми бисёр таҳсилкарда умр ба сар мебурд ва Розия Озод тамоми вақти худро ба таълиму тарбияи писараш бахшида буд.
- Новобаста аз он ки Б.Ғафуров замони тўлонӣ (аз соли 1936 то 1956) дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ адои вазифа менамуданд, ягон маротиба корҳои илмиро ба зинаи дуюм намегузоштанд. Соли 1947 аввалин китоби ў «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ба забони тоҷикӣ баромада, се маротиба – солҳои 1949, 1952, 1955 ба забони русӣ нашр мегардад. Дар асоси ҳамин китоб Б.Ғафуров рисолаи докториашонро ҳимоя намуданд. Новобаста аз корҳои сангин вобаста ба корҳо дар идораҳои роҳбарӣ, бахши таърихи АИ ҶТ-ро роҳбарӣ мекарданд. Маҳз дар ҳамин солҳо зери роҳбарии ў чандин маҷмўаҳо рўи чоп диданд ва чандин аспирантон рисолаҳои номзадиашорон дифоъ намуданд.
- Дар соли 1956 фаъолияти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР аз тарафи роҳбарияти онвақтаи Иттиҳоди Шўравӣ Никита Сергеевич Хрушчев, Анастас Иванович Микоян, Михаил Андреевич Су:слов танқид мешавад ва масъалаи зарурияти иваз намудани роҳбарияти Институти шарқшиносӣ пеш меояд. Роҳбарияти СССР ба хулосае меояд, ки танҳо олими машҳур, ходими давлатии намоён Б.Ғафуров метавонад ин вазифаи ниҳоят сангинро бар уҳда гирад. Ҷойи зикр аст, ки Б.Ғафуров ягона директори институтҳои илмие буд, ки дар он замон аз тарафи Бюрои сиёсии КМ ПКИШ ба ин вазифаи баланд таъйин гардид. Мавсуф аз соли 1956 то 12 июли соли 1977 ин муассисаро роҳбарӣ карданд.
- Таърихи илм ва адабиёт гувоҳӣ медиҳад, ки одамони боистеъдод метавонанд холиқона дар соҳаҳои мухталифи илм кор кунанд. Б.Ғафуров маҳз яке аз ин афроди боистеъдод буд. Ў дар баробари таърих адабиётро низ хуб медонистанд. Ба илова, ў коршиноси беназири мусиқӣ, махсусан, мусиқии классикии «Шашмақом» буданд. Б.Ғафуров силсиламақолаҳои илмӣ дар бораи фаъолияти эҷодии бузургтарин ходимони илму фарҳанг Фирдавсӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ибни Сино, Форобӣ, Берунӣ, М.Иқбол ва ғ. таълиф намуданд.
- Китоби маъруфи ҷаҳонӣ «Тоҷикон» дар илмҳои таърихӣ ва шарқшиносӣ яке аз бузургтарин падидаҳои илмӣ маҳсуб меёбад. Бузургтарин олимони ҷаҳон дар тақризҳои худ бар арзиши мондагори ин асари илмӣ таъкид мекарданд. Нашри китоби «Тоҷикон» дар Россия, Хитой, Полша, Индия, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварњои дунё гувоҳи маҳбубияти ҷаҳонии ўст.
- Яке аз вижагиҳои мутамойизи академик Б.Ғафуров он буд, ки мавсуф ба таври муносиб ва густурда сарчашмаҳои таърихӣ, ҳуҷҷатҳо ва маводи бойгониро истифода мекарданд. Б.Ғафуров дар марҳилаи таҳияи китоби «Тоҷикон» 1904 асару монография, ки 367-тои онҳо ба олимони хориҷӣ мутааллиқ буданд, истифода намуданд. Дар таҳияи ин китоб зиёда аз 85 сарчашмаҳои муътабари форсии тоҷикӣ оид ба таърих, ҷуғрофиё, дин, забону адабиёт истифода гардидаанд.
- Омили дигари маҳбубияти Б.Ғафуров ҷаҳонбинии васеи ў буд, зеро ў ягона доиратулмаорифи замони худ шинохта мешуданд.
- Маҳз тавассути осори худ Б.Ғафуров маҳбубияти ҷаҳониро касб намуданд. Осори зиёде аз ў дар Деҳлӣ, Берлин, Рим, Теҳрон, Пекин, Афина, Кобул, Париж ва дигар марказҳои илмии ҷаҳонӣ нашр шуданд. Бояд таъкид намуд, ки ў дар давоми солҳои зиёд Президенти Анҷумани байналмилалӣ назди ЮНЕСКО доир ба омўзиши маданияти Осиёи Миёна, ноиби Президенти Шўрои байналмилалӣ доир ба омўзиши кишварҳои шарқ буданд. Интихоби Б.Ғафуров ба унвони доктори фахрии чандин донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон, аъзои кунгураҳои илмӣ ва симпозиумҳо дар Монголия, Франсия, Эрон аз хирадмандӣ ва эътибори ў дар байни олимони тамоми ҷаҳон шаҳодат медиҳад.
Ва маҳз чунин шахсият метавонист муаллифи асари мондагори «Тоҷикон» бошад.
ҚАЛАНДАРИЁН Ҳоким Сафар
Муфассал ...
- Ҷумъа, 08 Декабр 2023
Бардоштҳо аз Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муарифгари таърихи халқи тоҷик” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров
Бардоштҳо
аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муарифгари таърихи халқи тоҷик” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров
Ба шарофати бузургдошти 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров бори дигар ба вохӯрӣ ва баҳрабардорӣ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафёб гардидем. Шояд барои аксари мардуми замони муосир масъалаи вохӯрӣ ва дидорбинӣ бо президентҳои кишварашон як ҳол ва вазъи маъмулӣ бошад, вале барои мардуми Шарқ ин ҳодиса дар тӯли таърих ҳамеша ва ҳама вақт бар фоли нек рақам мезад. Дар ҳар сурат, ман барои худам онро фоли нек медонам.
Симпозиум ва маърӯзаҳои меҳмонон ҳақиқатан ҷолиб буданд ва бори дигар ба ифтихори миллии мо фахри дучанд зам намуданд. Ҳамаи меҳмонони хориҷӣ аз бузургии миллати тоҷик, шуҳрати фарзандони он, таърихи пурғановаташ ва саҳми беқиёси ин фарҳанг дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ ҳарф заданд. Ва ҳарфҳои онҳо барои худнамоӣ ё тамаллуқ набуд, онҳо самимӣ ва бар мабнои далелҳои раднашаванда ҳарф заданд. Аммо, ҳарфи аввал ва ниҳоӣ ҳарфи Пешво, суханронии Президенти кишвар буд, ки дар баробари ҷалби таваҷҷуҳи аҳли зиё ва фарҳехтагони Ватан ба таърихи пурғановати миллати мо, ки дар асари мондагори академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” холисона таҳлилу таҳқиқ шудааст, аз роҳнамоӣ ва насиҳатҳои одилонаву оқилона саршор буд. Ба чанде аз онҳо ишора мекунам, то ҳам барои худам ва ҳам дигарон сабақи рӯзгор бошанд.
- Муҳити оилавӣ муҳимтарин дунё барои тарбия ва ояндаи шахсияти ҳар кӯдак маҳсуб мешавад. Пешвои миллат дар хусуси муҳити хонаводагии Бобоҷон Ғафуров сухан ронда, муҳиммияти тарбияи оиларо дар шахсиятсозии инсон махсус ба таъкид гирифт, чунончи: “Самараи тарбия дар фазои мусоиди оилавӣ буд, ки Бобоҷон Ғафуров баъдтар ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ, тарғибгари арзишҳои ҳаётбахши миллӣ ва таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар фазои пӯшидаву мураккаби даврони хеш ба камол расид”.
- Модари босавод нақше беқиёс дар тарбияи кўдак дорад. Пешвои муаззами миллат, дар аснои таъкиди нақши муҳити бофарҳанги хонаводагӣ дар тарбияи кӯдак, ба мақоми модар дар камоли маънавии инсон, дар мисоли нақши модари Бобоҷон Ғафуров тамаркуз намуд. Президенти мамлакат яке аз муҳимтарин рукнҳои ба дараҷаи фидоии таъриху фарҳанги миллат расидани Бобоҷон Ғафуровро дар асоси тарбияи модараш, шоира Розияи Озод медодонад, ки бидуни ҳаргуна шакку шубҳа мебошад.
- Бофарҳангии модари тоҷик, пеш аз ҳама, дар шиносоии ӯ бо фарҳангу адабиёти гузаштааш зоҳир мешавад. Пешвои миллат дар хусуси модари Бобоҷон Ғафуров сухан ронда, ин масъаларо махсус зикр кард, чунончи: “Аз ҷумла, модари ӯ шоираи номдор Розияи Озод, ки бо асарҳои адибони классики тоҷик, хусусан, бо осори устод Рӯдакӣ, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизу Бедил ва дигар шоирону донишмандон ошноии комил дошт, дар ташаккули шахсияти фарзанди худ нақши ҳалкунанда бозид”.
- Аллома Бобоҷон Ғафуров тавонист дар тӯли ҳаёти хеш тавассути эҷоди асарҳо ва мақолаҳои сершумораш таъриху тамаддуни тоҷиконро аз нав зинда кунад ва ба он такони ҷиддӣ бахшид.
- Китоби “Тоҷикон” оинаи таърихи миллат аст, ки тамоми ҳасту буд ва бурду бохти онро одилона ва мунсифона таҷассум намудааст. Аз ин рӯ, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» эълон гардид, то насли кунунии миллат гузаштаи худро дар он муоина кунад ва ояндаи худро бар мабнои дастовардҳои пешин ва ҳозира созад. “Ин озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори тоҷикон, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва шинохти нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ дар чор марҳала баргузор гардид”,- изҳор дошт Президенти мамлакат.
- Барои такони андешаи худшиносии миллӣ, ва “бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди захираи Президенти кишвар чоп шуд ва дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оила дастрас гардид. Зимнан бояд изҳори шодӣ намоем ва таҳсини Пешво кунем, ки чунин иқдомро нисбати “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ҳам эълом дошт. Яъне бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат “Шоҳнома” низ дар нӯҳ ҷилдаш нашр мешавад ва барои ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ тақсим мегардад.
Аҳсант, Пешвои миллат!
Офарин, Президенти мамлакат!
- Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол “қалам озод аст”, “эҷод кардан озод аст”, “фармоишӣ нест”. Ин се ибора ибораҳои заррини суханони Пешвои миллат ҳастанд ва онҳо ба аҳли қалам, ба аҳли эҷод пару боли заррин мебахшанд. Воқеан, эҷоду таҳқиқ дар Тоҷикистони мо берун аз чаҳорчўби фармоиш ва хости касе ё гурӯҳе аст. Камина ҳамчун як эҷодкор ва муҳаққиқ боре ҳам надидам ва нашунидам, ки таҳқиқ ё эҷоде бо фармоиши махсус содир шуда бошад. Аммо мо аҳли эҷод ва аҳли таҳқиқ худ бояд донем, ки дар бораи чӣ ва чигуна бояд навишт. Ҳаёт ва маҳсули заҳмати Бобоҷон Ғафуров барои ҳар яки мо намуна аст. Ба ин як ҷумлаи аз суханони Пешвои миллат, ки аз ҷиҳати сохт сода, вале аз ҷиҳати мазмун, мантиқ ва дарки масъулият олӣ, таваҷҷуҳ шавад: “Бо вуҷуди корҳои ҳизбиву давлатӣ Бобоҷон Ғафуров таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро содиқона идома медод”. Ман фикр мекунам, ки ҳар нафари бо таърихи даврони Бобоҷон Ғафуров шинос хуб дарк мекунад, ки дар болотарин қабати ҳизби он давра ҳоким қарор доштан ва таърихи миллати худро СОДИҚОНА анҷом додан кори саҳл набуд. Мо, аҳли эҷод бояд ба касбу эҷоди худ содиқона рафтор кунем.
В.Д. Охонниёзов,
доктори илмҳои филологӣ
Муфассал ...