
Институт

- Ҷумъа, 22 Сентябр 2023
ҲИМОЯИ НАВБАТӢ ДАР ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б.ИСКАНДАРОВИ АМИТ
Дар таърихи 20 сентябри соли 2023 дар Шурои диссертатсионии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ дифои рисолаи номзадии Субҳонқулова Наргис Акбаралиевна дар мавзуи “ХУДОЖЕСТВЕННОЕ ОТРАЖЕНИЕ ПРИРОДЫ В ТАДЖИКСКОЙ ПРОЗЕ ХХ – РУБЕЖА ХХI вв.” таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ Мурувватиён Ҷамила Ҷамол бо муваффақият гузашт. Раёсати ИИГ АМИТ ва кормандони илмии ИИГ Субҳонқулова Н.А.-ро бо ҳимояи бомуваффақияти рисола таҳният гуфта, барои корҳои минбаъдаи илмиашон барор хоҳонанд.
Муфассал ...
- Сешанбе, 19 Сентябр 2023
Табрикот
Муҳтарам Фарҳод Қодир!
Шумо аз ҷумлаи он фозилонед, ки комёбиҳои назарраси илмии давлатии мо бо онҳо алоқаманд аст. Дар тӯли солҳои фаъолияти илмиву роҳбарии худ Шумо сазовори нуфузи роҳбари кордону ғамхор гардида, ба қуллахои баланди касбӣ расидаед. Шумо соҳиби истеъдоди баланди фикрронии илмию эҷодие ҳастед, ки қобилияти ҷалб намудани шогирдону пайравони боистеъдодро ба мадори фаъолиятҳои гуногунҷабҳа дорад ва ҳар як мо шоҳиди ин падида ҳастем.
Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо шӯҳрат ва эътироф, ояндаи дурахшон, таваҷҷӯҳи шоиста аз аҳли илму ҷомеа, саломатии бардавом, нерӯи бекарон, лаҳзаҳои дурахшони ҳаёт ва бахту саодати бузурги инсониро таманно дорем!
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 14 Сентябр 2023
Ҳимояи навбатӣ дар Шурои диссертатсионии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ
Дар таърихи 13 сентябри соли 2023 дар Шурои диссертатсионии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ дифои рисолаи номзадии Ғуломҷонов Зариф Мирҷонович дар мавзуъи “Таджикско-американские литературные связи: перевод как форма межлитературной рецепции ” таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ Мурувватиён Ҷамила Ҷамол бо муваффақият гузашт. Раёсати ИИГ АМИТ ва кормандони илмии ИИГ Гуломҷонов З.М-ро бо ҳимояи бомуваффақияти рисола таҳният гуфта, барои корҳои минбаъдаи илмиашон барор хоҳонанд.
Муфассал ...