
Институт

- Ҷумъа, 08 Декабр 2023
Бардоштҳо аз Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муарифгари таърихи халқи тоҷик” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров
Бардоштҳо
аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муарифгари таърихи халқи тоҷик” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров
Ба шарофати бузургдошти 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров бори дигар ба вохӯрӣ ва баҳрабардорӣ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафёб гардидем. Шояд барои аксари мардуми замони муосир масъалаи вохӯрӣ ва дидорбинӣ бо президентҳои кишварашон як ҳол ва вазъи маъмулӣ бошад, вале барои мардуми Шарқ ин ҳодиса дар тӯли таърих ҳамеша ва ҳама вақт бар фоли нек рақам мезад. Дар ҳар сурат, ман барои худам онро фоли нек медонам.
Симпозиум ва маърӯзаҳои меҳмонон ҳақиқатан ҷолиб буданд ва бори дигар ба ифтихори миллии мо фахри дучанд зам намуданд. Ҳамаи меҳмонони хориҷӣ аз бузургии миллати тоҷик, шуҳрати фарзандони он, таърихи пурғановаташ ва саҳми беқиёси ин фарҳанг дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ ҳарф заданд. Ва ҳарфҳои онҳо барои худнамоӣ ё тамаллуқ набуд, онҳо самимӣ ва бар мабнои далелҳои раднашаванда ҳарф заданд. Аммо, ҳарфи аввал ва ниҳоӣ ҳарфи Пешво, суханронии Президенти кишвар буд, ки дар баробари ҷалби таваҷҷуҳи аҳли зиё ва фарҳехтагони Ватан ба таърихи пурғановати миллати мо, ки дар асари мондагори академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” холисона таҳлилу таҳқиқ шудааст, аз роҳнамоӣ ва насиҳатҳои одилонаву оқилона саршор буд. Ба чанде аз онҳо ишора мекунам, то ҳам барои худам ва ҳам дигарон сабақи рӯзгор бошанд.
- Муҳити оилавӣ муҳимтарин дунё барои тарбия ва ояндаи шахсияти ҳар кӯдак маҳсуб мешавад. Пешвои миллат дар хусуси муҳити хонаводагии Бобоҷон Ғафуров сухан ронда, муҳиммияти тарбияи оиларо дар шахсиятсозии инсон махсус ба таъкид гирифт, чунончи: “Самараи тарбия дар фазои мусоиди оилавӣ буд, ки Бобоҷон Ғафуров баъдтар ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ, тарғибгари арзишҳои ҳаётбахши миллӣ ва таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар фазои пӯшидаву мураккаби даврони хеш ба камол расид”.
- Модари босавод нақше беқиёс дар тарбияи кўдак дорад. Пешвои муаззами миллат, дар аснои таъкиди нақши муҳити бофарҳанги хонаводагӣ дар тарбияи кӯдак, ба мақоми модар дар камоли маънавии инсон, дар мисоли нақши модари Бобоҷон Ғафуров тамаркуз намуд. Президенти мамлакат яке аз муҳимтарин рукнҳои ба дараҷаи фидоии таъриху фарҳанги миллат расидани Бобоҷон Ғафуровро дар асоси тарбияи модараш, шоира Розияи Озод медодонад, ки бидуни ҳаргуна шакку шубҳа мебошад.
- Бофарҳангии модари тоҷик, пеш аз ҳама, дар шиносоии ӯ бо фарҳангу адабиёти гузаштааш зоҳир мешавад. Пешвои миллат дар хусуси модари Бобоҷон Ғафуров сухан ронда, ин масъаларо махсус зикр кард, чунончи: “Аз ҷумла, модари ӯ шоираи номдор Розияи Озод, ки бо асарҳои адибони классики тоҷик, хусусан, бо осори устод Рӯдакӣ, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизу Бедил ва дигар шоирону донишмандон ошноии комил дошт, дар ташаккули шахсияти фарзанди худ нақши ҳалкунанда бозид”.
- Аллома Бобоҷон Ғафуров тавонист дар тӯли ҳаёти хеш тавассути эҷоди асарҳо ва мақолаҳои сершумораш таъриху тамаддуни тоҷиконро аз нав зинда кунад ва ба он такони ҷиддӣ бахшид.
- Китоби “Тоҷикон” оинаи таърихи миллат аст, ки тамоми ҳасту буд ва бурду бохти онро одилона ва мунсифона таҷассум намудааст. Аз ин рӯ, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» эълон гардид, то насли кунунии миллат гузаштаи худро дар он муоина кунад ва ояндаи худро бар мабнои дастовардҳои пешин ва ҳозира созад. “Ин озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори тоҷикон, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва шинохти нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ дар чор марҳала баргузор гардид”,- изҳор дошт Президенти мамлакат.
- Барои такони андешаи худшиносии миллӣ, ва “бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди захираи Президенти кишвар чоп шуд ва дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оила дастрас гардид. Зимнан бояд изҳори шодӣ намоем ва таҳсини Пешво кунем, ки чунин иқдомро нисбати “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ҳам эълом дошт. Яъне бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат “Шоҳнома” низ дар нӯҳ ҷилдаш нашр мешавад ва барои ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ тақсим мегардад.
Аҳсант, Пешвои миллат!
Офарин, Президенти мамлакат!
- Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол “қалам озод аст”, “эҷод кардан озод аст”, “фармоишӣ нест”. Ин се ибора ибораҳои заррини суханони Пешвои миллат ҳастанд ва онҳо ба аҳли қалам, ба аҳли эҷод пару боли заррин мебахшанд. Воқеан, эҷоду таҳқиқ дар Тоҷикистони мо берун аз чаҳорчўби фармоиш ва хости касе ё гурӯҳе аст. Камина ҳамчун як эҷодкор ва муҳаққиқ боре ҳам надидам ва нашунидам, ки таҳқиқ ё эҷоде бо фармоиши махсус содир шуда бошад. Аммо мо аҳли эҷод ва аҳли таҳқиқ худ бояд донем, ки дар бораи чӣ ва чигуна бояд навишт. Ҳаёт ва маҳсули заҳмати Бобоҷон Ғафуров барои ҳар яки мо намуна аст. Ба ин як ҷумлаи аз суханони Пешвои миллат, ки аз ҷиҳати сохт сода, вале аз ҷиҳати мазмун, мантиқ ва дарки масъулият олӣ, таваҷҷуҳ шавад: “Бо вуҷуди корҳои ҳизбиву давлатӣ Бобоҷон Ғафуров таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро содиқона идома медод”. Ман фикр мекунам, ки ҳар нафари бо таърихи даврони Бобоҷон Ғафуров шинос хуб дарк мекунад, ки дар болотарин қабати ҳизби он давра ҳоким қарор доштан ва таърихи миллати худро СОДИҚОНА анҷом додан кори саҳл набуд. Мо, аҳли эҷод бояд ба касбу эҷоди худ содиқона рафтор кунем.
В.Д. Охонниёзов,
доктори илмҳои филологӣ
Муфассал ...
- Чоршанбе, 01 Ноябр 2023
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои сатҳи ҷаҳонӣ аст.
Боре дар семинаре, дар маркази кишварамон, дар мавзӯи рушди сектори хусусӣ иштирок доштам, ки ба он коршиносони босалоҳият, аз кишварҳои аврупоӣ низ ҳамчун мураббиён даъват шуда буданд, чанде аз соҳибкорони мо гиллае пеш оварданд, ки гӯё мушкилоти рушди соҳа ба ниҳоят “сахтгир” будани низоми қонунии кишвар рабт дорад.
Коршиноси хориҷӣ, аз кишвари Олмон, ки гардонадаи ин семинар ҳам буд, монеъҳҳои пеши роҳи рушди босуръаттари сектори хусусиро ба замони мураккаби ба ном гузариш дар кишвари тозаистиқлол, менталитети хоси насли ин замони мураккаби гузариш ва сабабҳои дигар вобаста ба нишон дод. Бояд гуфт, ки далелҳои овардаи ин коршинос, бо ироаи намунаҳои кишварҳои дигари минтақа, воқеан ҳам қавӣ буданд, ки яке аз онҳо то ба ҳол дар хотирам нақш бастааст. Вай гуфт, ки ман бо аксари қонунҳои кишвари шумо ошноӣ дорам ва бояд бигӯям, ки Конститутсия мамлакати шумо, яке аз конститутсияҳои беҳтарини сатҳи ҷаҳонӣ аст, зеро дар таҳияи он коршиносони беҳтарини сатҳи ҷаҳонӣ аз мамолики пешрафта ҷалб шуда буданд. Барои шумо танҳо зарур аст, ки онро ҳамчун манбаи асосии низоми қавонини мамлакат, бо тамоми ҷиддият дар ҷомеаатон риоя кунед”.
Ман ҳамчун як шаҳрванд, бидуни муболиға аз ин эътирофу дидгоҳи мантиқии як коршиноси хориҷӣ воқеан ҳам ифтихор кардам, зеро татбиқи Қонуни асосии мамлакат дар асл ҳам масъулияти тамоми аҳли ҷомеа ва ҳам ҳар фарди оно мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Бояд ёдовар шуд, ки дар таърихи Тоҷикистон, то замони истиқлолияти он, панҷ маротиба (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994) Конститутсияҳо қабул гардида буданд, аммо танҳо Конститутсия замони соҳибистқлолии кишвар ва ҳатто иловаву тағйиротҳои он, аз тариқи референдуми умумихалқӣ қабул гардиданд, яъне ба ибораи дигар, онро тамоми сокинони кишвар таҳия ва қабул кардаанд. Аз он замон, рӯзи Конститутсия дар саросари кишвар, ҳамчун ҷашни санади олитарини кишвар, кафили озодиҳо ва зиндагии бо саодати тамоми тоҷикистониён бо тантанаи хос таҷлил мегардад.
Аксари сокинони кишвар дар хотир доранд, ки дар авохири солҳои 80 ум, авҷи ҷунбишҳои бозсозӣ дар фазои иттиҳоди Шӯравӣ, дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам, дар мавриди қабули “конститутсия миллӣ” баҳсҳои зиёд авҷ гирифта, дар ин маврид аз аввали соли 1990 кор оғоз ҳам гардида буд. Аммо ба сабаби парешонии зиёди дар ҷомеаи кишвари он солҳо, ба истиллоҳ вазъи буғранҷу буҳронӣ ва ниҳоят ҷанги таҳмилии ба сари миллат боркарда шуда ба амал омада ягон ниҳод аз ӯҳдаи ин кори муҳим баромада натавонист. Дар чунин вазъи мураккабтарини сиёсӣ ва иқтисодӣ ва ҳолати ҷанги дохилӣ, кишвар комилан ба вартаи нобудии тамом расонда шуд. Маҳз дар чунин вазъ, Сарвари давлат, киштиии дар ҳоли ғарқшавӣ, ба номи Тоҷикистонро наҷот дод ва дар мавриди таҳияи Конститутсияи мамлакат иқдомоти заруриро зери даст гирифт, ки яке аз намунаҳои возеҳ аз қаҳрамонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ояндабинии сиёсии ин шахсияти сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистон мебошад, ки онро ҳар касе, ҳар қадар талош ҳам кунад, нодидаву эътироф накардан наметавонад.
Дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Роҳбари давлат, дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол беҳтарин дастовардҳои таърихи конститутсионализми мамолики мутараққӣ, таҷрибаи байналмилалии инкишофи демократия ва падидаҳои он, принсипҳои умумии байналмилалӣ ва консепсияи ҳуқуқи фитрӣ, сохти муосир ва созгор ба ҷаҳони воқеии муосир инъикос гардиданд. Ин имкон фароҳам сохт, ки ин санади олиии давлатӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва дар маҷмӯъ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ сазовор арзёбӣ гардида, ба қатори панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон ворид карда шуд.
Бо қабули Конститутсия ҳамраъйии аксари аҳолии тамоми маҳаллу минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон (бе истисно) маълум гардида, заминаи ваҳдати миллӣ гузошта шуд. Ҳарчанд дар он замони бесарусомонии тамоми кишварро фаро гирифта аксари сокинони парешонгашта ва ба гурӯҳҳову ҷиноҳҳо тақсим карда шуда,ба мазмуну моҳияти арзишҳои дар Конститутсия ифодаёфта дуруст сарфаҳм намерафтанд ва ё иддае онро ба иллати надидани ояндаи норавшану тирагардондашудаи кишвар ҷиддӣ ҳам намегирфтанд. Аммо як нуктаро ҳамагон дақиқ эҳсос карда буданд, ки танҳо қабули Конститутсия, сарқонуни мамлакат, ки бо тақозои ҷаҳони душворпешгӯишавандаи муосир, дар замони пур аз таҳаввулоти босуръат, дар роҳи ваҳдату ягонагӣ ва ба сари пойи худ истод кардани давлати соҳибихтиёри тоҷикон ҳамчун шанси ягонаи ҳифзу устувории минбаъдаи он мебошад.
Иддае, ки ба дарки моҳияти давлатдории худӣ ва миллати куҳанфарҳангу созанда боварии комил доштанд, дар атрофи Роҳбари ҷавону ояндабини миллат Эмомалӣ Раҳмон гирд омаданд, ин кори заруритаринро муваффақона пеш бурданд ва сафи онҳо ба тадриҷ афзуда, дар ниҳоят тамоми миллатро фаро гирифт. Зеро дар ин санади олии кишвар, дар таърихи давлатдории тоҷикон бори нахуст, ҳамраъйии миллат дар масъалаҳои тақдирсоз, аз қабили асосҳои сохтори конститутсионӣ – хусусият, сохтор ва таркиби давлат, вазъи ҳуқуқии инсон, иттиҳодияҳои онҳо, асоси иқтисодии давлат, самтҳои асоси сиёсати хориҷии он, инчунин ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ифода гардид.
Яке аз мушаххасоти хоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани он нишонаи саҳми худи сокинони мамлакат дар таҳия ва баррасии умумихалқии он ва аз ҷониби дигар, масъулияти ҳамин сокинонро дар баробари ин санади олии давлатӣ,тақдири худи давлат нишон медиҳад.
Қобили таъкиди махсус аст, ки пояҳои асосии давлатдорӣ дар муқадимаи ин санади олии мамлакат, аз лиҳози асосҳои ҳуқуқӣ ба таври зерин мушаххас шудаанд, ки арзиши онро ба сатҳи олӣ расондааст. Яъне халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор донистан,таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намудан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурдан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳои сокини Ватани аҷдодиро эътироф кардан, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додан ва дигар усулҳои появӣ, ки ин гувоҳи мақоми олӣ ва шикастнопазирии сарқонуни кишвар мебшад.
Яке аз мушаххасоти дигари қобили зикри Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, мушаххас шудани асосҳои сохтори конститутсионии давлат мебошад, ки онро моддаи 1-и он барои тамоми ҷаҳон возеҳ эълом медорад, ки; Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ба назари шахсии мо, маҳз бо эълом доштани чунин асосҳои сохтории давлат, Тоҷикистон яке аз кишварҳои ояндаддор, бо сиёсати иҷтимоии дохили давлатӣ ва сиёсати хориҷии бо усули “дарҳои боз” аз ҷониби аксари кулли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мавриди эътироф ва эҳтиром қарор гирифта, тамоми созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилаллӣ бо Тоҷикистон, бо ҳусни эътимод ҳамкориҳои тарафайнро ба роҳ мондаанд. Зеро давлати соҳибистиқлоли мо, бо эълом доштани мафҳумҳои асосии сохтори давлатии худ, ба хусус, сохти демократии далатдории дар пояи ҳуқуқ бино ёфта ва муҳимтар аз ҳама, сохтори дунявияти худ ва амалан нишон додани ин усулҳои зикршуда, таваҷҷӯҳи ҷомеаи мутараққии ҷаҳониро ба худ ҷалб карда тавонист. Таври мисол, пешниҳодҳои сатҳи ҷаҳонии аз ҷониби роҳбарияти сохти олии кишвар дар СММ ироа гардида, аз дидгоҳи мо, маҳз ба ҳамин моддаи калидии якум вобастагии мустақим дорад.
Дар зимн як намунаи таърихиро, ки барои мо ҷолиб буд, ба қазовати хонандагони муҳтарам ҳам ҳавола карданием. Дар авоили қарни 20, яке аз олимони Ирон ба номи Мусташори Дувла, пас аз сафарҳои тӯлонӣ ба мамолики Ғарб ва ошноии комилбо тарзи зиндагии ғарбиёна ва стҳи рушди он, пас аз сафар ба Ирон баргашта, китобе навишт ба унвони як калима- “Қонун”. Тавре гуфта мешавад, агар тамоми ташреҳоту мисолҳои андешаҳои дигар сарфи назар шаванд, мағзи гапи он рисолаи кӯчак ба тариқи хулоса чунин аст, ки мо шарқиён чизе, ки надорем ва онро хеле зарур ҳам дорем, ҳамон мафҳуми “қонун” аст бо маънои мукаммал ва асоии он. Ва агар мо “амалан қонун медоштем” (на дар рӯи қоғаз) ва он ҳатман риоя мешуд, тамоми мушкилоти мо, ки аз ҳамон “набудани қонун” (яъне риояи он) ҳам маншаъ мегиранд, ба соддагӣ мисли, тамоми ҷаҳони мутамаддин ҳал мешуданд”.
Дар зимн, ба назари мо, ёдоварии он зарур аст, ки дар ҷаҳони имрӯз, барои ҳар яки мо зарур аст, ки ҳамеша андешаеро дар фикру мағз дошта бошем, ки мо соҳиби давлати соҳибихтиёри худӣ ҳастем, беҳтарин Конститутсияи сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшударо дорем, ки дар пояи он низоми мукаммали қонунии муосиро ҳам дорем. Ҳамчунон Пешвои эътирофшудаи миллату тамоми тоҷикони дунёро дорем, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии миллӣ, рушди кишварро ва бисер дастовардҳои дигаре дорем, ки бисёриҳо надоранд. Масъулияте, ки барои тамоми мо, сокинони кишвар боқӣ мемонад, ин саҳмгирии дар татбиқи бе чуну чарои низоми қавонини кишвар, ҳифзи дастоварҳои беназири истиқлолият, ба монанди Консттиутсия ваҳдати комили миллӣ, ва саҳмгирии дилсӯзона дар роҳи таъмини рушди босуръатари Ватани аҷдодӣ, ва дар шакли ободтару шукуфотар ба наслҳои ояндаи худ ба мерос мондани он аст.
Ҳақназар Имомназар- ходими илмии Институти илмхои гуманитарии ба номи Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Точикистон.
Сабоиева Ҷамила- ходими илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Муфассал ...

- Душанбе, 30 Октябр 2023
Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон - омили пешрафти давлатдорӣ
Аз рӯзҳои аввали эълон гардидани истиқлолияти давлатӣ, масъалаи қабул кардани Конститутсияи нав ба миён гузошта шуд. Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷиҳат зарур буд, ки он низоми ҳуқуқӣ ва сохти идоракунии давлатро муайян мекард. Барои ҳамин ҳанӯз дар солҳои 1990 - 1991 роҳҳои ташаккули давлати ҳуқуқбунёд дар шакли лоиҳаи Конститутсия аз тарафи олимони тоҷик таҳия гардид. Ҳангоми таҳияи лоиҳа таҷрибаи таърихи конститутсияҳои қаблӣ ки солҳои 1929, 1931, 1937, ва 1978 қабул гардиданд, ба назар гирифта шуд. Моҳи феврали соли 1992 лоиҳаи Конститутсия ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз ин 22 апрели соли 1992 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид. Аммо бо сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар нимаи дуввуми соли 1992 ин кор ба таъхир гузошта шуд.
Соли 1993 дар шароити нав, Комиссияи конститутсионӣ ба кори худ идома дод ва моҳи апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи нав дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ интишор гардид. Аз 25-уми сентябр то 6 ноябри соли 1994 дар сар то сари ҷумҳурӣ раъйпурсии умумихалқӣ доир ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давом кард ва зиёда аз 87,59 фоизи овоздиҳандагон ба тарафдории қабул кардани Конститутсияи нав овоз доданд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тайғиру иловаҳо ворид гардиданд.
Аҳамияти асосии Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он буд, ки он Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона эълон намуд, ва ҳамин тавр шакли давлатдории мамлакат муайян гардид. Шакли идоракунӣ ҳамчун идоракунии президентӣ эълон карда шуд. Муҳимияти дигари Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он буд, ки он Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълон намуд. Яъне эътиқод ба дин озод эълон шуд ва дар баробари ҳамин дахолати диндоронро ба системаи сиёсӣ манъ намуд. Кафолати озодии виҷдон таъмин шуд ва фаъолияти ҳизбҳо дар доираи қонун таҳия гардид.
Конститутсия гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравиро таъмин намуда, барои фаъолияти сиёсӣ фазои қонуниро муҳайё намуд ва ҳама гуна маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро манъ кард. Ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро таъмин намуда, онҳоро зери ҳимояи давлат қарор медиҳад. Таҳлили қабули Конститутсияи замони истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон нишон дод, ки он низоми нави давлатиро муқаррар кард ва барои иштироки бевоситаи мардум дар ҳаёти ҷомеа заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Саидасанов Юсуф – ходими илмии Институти илмҳои гумманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Муфассал ...