
Институт

- Панҷшанбе, 01 Феврал 2024
РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ - ЯКЕ АЗ НУКТАҲОИ КАЛИДИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Назаршоева Чилла – мудири шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ - ЯКЕ АЗ НУКТАҲОИ КАЛИДИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола дар охири сол аз ҷониби Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, як навъи натиҷагирӣ аз ҷамъбасти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба шумор меравад, Аз ин лиҳоз ҳар як паёми Президенти кишвар як навъ муждаи нек ба ояндаи дурахшони миллӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳар як нуктаи Паёми Президенти кишвар барои пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии кишвар муҳим буда, он ҳамчун як барнома ва раҳнамои ояндасоз дар тамоми соҳаҳо мусоидат мекунад.
Як нуктаи муҳиме, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд, ин рушди сармояи инсонӣ ба шумор меравад, ки дар замони муосир ин сармояи яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ низ фаҳмида мешавад. Сарвари давлат дар бобати ин масъала қайд намуданд, ки: «Рушд ва истифодаи оқилонаи сармояи инсонӣ пеш аз ҳама яке аз масъалаҳои дорои аҳаммияти аввалиндараҷа ба шумор рафта, дар ҷаҳони муосир рушди сармояи инсонӣ аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоии ҷомеаи кишвар, хусусан илму маориф, инноватсия ва тандурустӣ, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ мебошад».
Мафҳуми «сармояи инсонӣ», ки маҷмуи дониш, малакаю маҳорат, қобилият ва саломатии инсонро дар бар мегирад ва қувваи пешбарандаи ҷомеа ва кишвар ба ҳисоб меравад, яке аз сарчашмаҳои муфиди таъмин намудани талаботҳои наслҳои оянда мебошад. Аз ин ҷиҳат, бамаврид аст, ки ҳукумати кишвар тамоми қувваю нерўи худро ба пешрафт, инкишоф ва рушди он равона сохтааст ва хушбахтона, сол то сол ба ин самт диққат ва ғамхориҳои бештар равона шуда истодааст.
Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор дар пешрафти технологияю инноватсияи муосир буда, омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии муассисаҳои илмию таълимӣ мебошад.
Дар ин самт яке аз иқдомҳои саривақтии Сарвари кишвар, ки дар Паёми имсола ироа гардид, ин дастгирии ҳамаҷонибаи таҳқиқотҳои илмӣ тавассути баланд бардоштани сатҳи маблағгузории он мебошад. Дар ин замина масъалаҳои таъсис додани марказҳои муосири илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ, озмоишгоҳҳо, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот барои давраҳои минбаъда муҳим арзёбӣ гардиданд.
Барои баланд бардоштани арзиши сармояи инсонӣ дар навбати аввал таъмин намудани сатҳи баланди маълумотнокӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар тамоми соҳаҳои хоҷагии кишвар лозим ва зарур аст. Маҳз рушди сармояи инсонӣ, аз ҷумла маърифати илмию техникӣ афзалияти ҳаётан муҳими миллӣ боқӣ мемонад, чунки илм на танҳо омили пурқуввати рушди истеҳсолот аст, балки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсиррасон аст ва рушди онҳоро асосан илм муайян мекунад. Бар замми ин илм ба фарҳангу сиёсат низ таъсиррасон мебошад. Аммо дар шароити муосир рушди сармояи инсонӣ дар доираи ҳамкорӣ бо истеҳсолот ба ҳаёти ҷомеа махсусан таъсири қавӣ мерасонад. Чаро? Чунки истеҳсолоти баланди технологии илмӣ имрўз сатҳи рушди кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонро муайян намуда, барои ҷомеаи онҳо сатҳи муносиби зиндагӣ ва афзалиятҳои рақобатпазириро дар арсаи ҷаҳонӣ фароҳам меорад.
Аз ин рў, таъкиди бевоситаи Сарвари давлат дар масъалаи ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисос дар Паёми имсола ба таври хоса ба тақвият бахшидану рушди сармояи инсонӣ равона шудаааст. Ҷаноби Олӣ дар Паёми соли 2023 мефармоянд, ки: «Дар ин раванд вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намоянд» ва Вазоратҳои дахлдорро барои тадбирандешӣ дар масъалаи бардоштани сатҳу сифати фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор менамояд: «Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, ҳамчунин, вазифадор карда мешаванд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд». Албатта, пешниҳоду таъкидҳои Сарвари давлат дар ин хусус ҳам як воситаи фароҳам овардани шароит барои рушди сармояи инсонӣ мебошанд.
Воқеан илм ҳамеша бо ҳаёту фаъолияти одамон алоқаманд аст ва талаботи амалия яке аз сарчашмаҳо ва омилҳои рушди он мебошад. Вобастагии истеҳсолот аз илм ва ниёзҳои он на танҳо дар эҳтиёҷоти бевоситаи техникӣ, балки эҳтиёҷоти васеи ҷомеа барои таъмини раванди моддии ҳаёт, мавҷудият ва рушди ҷомеаи инсонӣ зоҳир мешавад.
Хурсандиовар аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии таҳқиқоти илмӣ ба воситаи боло бурдани ҳаҷми маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмию таҳқиқотӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои таълимию илмӣ бо сохторҳои истеҳсолӣ дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ гардид. Дар робита ба ин, дар Паёми имсола Президенти мамлакат ба Ҳукумати кившар ва вазорату идораҳои ваколатдори соҳаи илму маориф супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.
Итминони комил дорем, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми имсола назди масъулини соҳаи илму маорифи кишвар гузошта шуданд, метавонад дар рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ ва дар пешрафти кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намояд.
Пайнавиштҳо
- Е.В. Семенов. Человеческий капитал в сфере науки / Вестник международных организаций. 2007. №4 (12).
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»// http://www.president.tj/node/32191
- Рауфӣ А. Арзишмандии сармояи инсонӣ// https://ravshanfikr.tj/i-tisodi-mill-va-durnamoi-on/arzishmandii-sarmoyai-inson.html.
Муфассал ...

- Чоршанбе, 31 Январ 2024
Паёми Пешвои миллат – омили муваффақият
Паёми Пешвои миллат – омили муваффақият
(мусоҳибаи муовини сардори идораи телевизион ва радиои ВМКБ Тоҷинисо Файзуллобекова бо директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ Қаландариён Ҳ.С.)
Т.Ф.: Лутфан бигўед, ки аз назари Шумо Паём чӣ ҳуҷҷатесту чӣ барномаест?
Ҳ.Қ.: Паём ин як ҳуҷҷати барномавӣ аст. Чун ҳуҷҷат аст, пас, далелу бурҳон дорад, муҳру имзо дорад, қонунӣ ҳаст, қудрати ҳимояту ҳифозат дорад ва аз назари юридикӣ ҳуқуқи талабу дархост кардан низ дорад.
Ва чун барнома аст, барнома омўхта мешаваду омўзонда мешавад; барнома нақша дораду вазифаҳо; нақшаҳо иҷро мешаванду вазифаҳо амалӣ.
Аз ин рў, Паём ҳуҷҷаи барномавиест, ки фарогири тамоми ҷабҳаҳои давлатдорӣ буда, дар он оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шудаанд.
Т.Ф.: Дар оғози Паём Пешвои миллат ба вазъи ҷаҳони муосир ишора намуда, эълон намуданд, ки соли 2023 дар умум барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли пурбарор буд. Дар ин мавзуъ чӣ гуфтаниҳое доред?
Ҳ.Қ.: Пешвои миллат дар ду паллаи тарозўи сол – дар яке мураккабшавии вазъи ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим, хушксоливу камобӣ ва дар дигаре заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар мегузорад ва ғалабаи заҳмату меҳнат бар машаққатро эълом дошта, ҷамъбасти як соли бобарору бомуваффақиятро эълон менамояд. Барои тасдиқи ин сухан Пешвои миллат ба чанд нишондодҳои рақамӣ ишора менамоянд, ки дар ҳақиқат Ҳукумати ҶТ бо сарварии Роҳбари Давлат дар доираи андешаву арзишҳову ормонҳои миллӣ кору фаъолият намуда, ба муваффақиятҳо назаррас ноил гардид.
Махсусан, нисбат ба соли гузашта ба андозаи 8,3 фоиз зиёд гардидани маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар ва ба беш аз ба 130 млрд. сомонӣ расонидани он ва ҳамчунин таъмин гардидани қисми даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 102,5 фоиз баёнгари рушди босуботи кишвар дар соли ҷамъбастӣ мебошад.
Танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар беш аз 40 млрд сомонӣ равона шудааст, ки нисбат ба соли 2022 5,3 млрд сомонӣ зиёдтар мебошад.
Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки новобаста аз вазъи номусоиди ҷаҳони муосир, паҳншавии бемории сироятӣ КОВИД-19, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ ва халалдор гардидани низоми муносибатҳои молиявӣ ва таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ НИШОНДИҲАНДАҲОИ РУШД дар ин марҳалаи ҳассос таъмин гардиданд.
Даромади пулии аҳолӣ соли 2023 дар нисбати 2017 3,3 баробар афзоиш ёфта, музди миёнаи меҳнат 2 баробар ва нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардида бошад, сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоизи соли 2023 коҳиш дода шуд. Ба илова, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд, супориш дода шуд, ки дар ҳафт соли минбаъда сатҳи камбизоатӣ бодя ба 10 фоиз паст карда шуда, суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад.
Т.Ф.: Ба фикри Шумо меҳвари усулии Паёмро чӣ ташкил медиҳад?
Ҳ.Қ.: Паём фарогири тамоми масоили иҷтимоиву иқтисодии кишвар буда, ба навъе саргузашти таърихии миллату мардуми тоҷик мебошад. Ва бешак меҳвари усулии Паёмро боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, ҳалли мушкилоти мавҷуда, фароҳам овардани шароити мусоиди кориву зиндагӣ ва расидан ба ҳаёти шоиста ташкил медиҳад.
Сарвари давлат дар доираи Паёми имсола низ барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишвар супориш доданд, ки аз якуми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 дар сад зиёд мешавад. Ҳамзамон бо ин, Сарвари давлат масъалаи аз 1 июли соли 2024-ум 30 дар сад боло рафтани нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ, инчунин иловапулии онҳоро ба миён гузошта, дар ин замина ба тасвиб расидани дастуру фармоишоти заруриро ёдовар шуданд. Сарвари давлат, ҳамчунин бар он афзуданд, ки аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо 40 дар сад зиёд мегардад. Бояд изҳор намуд, ки ин тарзи масъалагузории иҷтимоию молиявӣ дар мамлакат собиқа надорад.
Баланд будани нишондиҳандаҳои рақамӣ дар қиёс бо солҳои пеш, аз ҷумла ворид шудани сармояи хориҷӣ, амалӣ шудани шумораи зиёдтари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, сохта ба истифода дода шудани корхонаҳову коргоҳҳои истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандўсти кишвар, таъсис ёфтани ҷойҳои нави корӣ, таҳкими ҳамкориҳо бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ва ба илова, ба андозаи 40 фоиз зиёд намудани маоши вазифавии кормандон аз он дарак медиҳад, ки Тоҷикистони азизи мо дар кўтоҳтарин давраи рушди худ аз қатори кишварҳои дар ҳоли рушд ба гурўҳи кишварҳои мутараққӣ дохил хоҳад шуд.
Т.Ф.: Роҳбари давлат дар Паём ишора намуданд, ки мо ба рушди иқтисодии мамлакат танҳо аз соли 2000-ум шурўъ кардем. Чаро ба ин мавзуъ дар Паём ишора намуданд ва оё таърихи рушди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз ягон ҷиҳат рабте ба ин сана дорад ё не?
Ҳ.Қ.: Дуруст аст, ки Истиқлолиятро замоне ба даст оварда будем, ки тамоми соҳаҳои ҳокимияти давлатӣ куллан фалаҷ гардида буданд, байни ҷонибдорони ҳукумати марказӣ ва гурўҳҳои мухталифи мухолифон даргириҳои мусаллаҳонаи даруниқавмӣ ба вуқўъ пайваст. Баъд аз имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (1997), се-чор соли дигар зарур буд, то вазъият дар кишвар ором гардад, гурезагон ба ватан баргарданд, шохаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат тибқи принсипҳои давлати дунявию ҳуқуқбунёд фаъолияти солими худро ба роҳ монанд. Аз ин рў, Пешвои миллат дар Паём ишора намуда буданд, ки “танҳо пас аз барқарорсозии сулҳу субот ва роҳандозии фаъолияти бонизоми соҳаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ мо имконият пайдо кардем, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат машғул шавем”. Бо ин ишора, аз як тараф, Пешвои миллат сад афсўс мехўрад, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ лаҷоми давлатдорӣ ба дасти фурсатталабони мунофиқу мухолиф афтод ва ногузир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд ва рушди давлати соҳибистиқлолро беш аз даҳ сол ба қафо кашид. Аз ҷониби дигар, Роҳбари Давлат ифтихорманд аз он аст ва башорат аз он медиҳад, ки Ҳукумати ҶТ муваффақ гашт то дар 23 соли оромиву суботи сиёсӣ ба ҳадафҳои стратегии худ расад.
ВМКБ низ чун яке аз гўшаҳои нотакрори кишвари азизамон Истиқлолиятро бо як оғўши кушод пешвоз гирифт ва мардуми бедордили он аз болафшонии байрақи озодӣ дар ин баландиҳо хушҳолӣ мекарданд. Аммо мутаассифона, ба иллати таъмин набудани волоияти қонун дар вилоят мардум аз шуълаи истиқлолу озодиву саодатмандӣ дертар баҳраманд гаштанд. Ин боис гардид, ки дигар қисматҳои кишварамон ба маротиб аз мо пеш гузаштанд. Агар дар дигар гўшаву канори мамлакат 23 соли рушди босубот рафта бошад, ВМКБ танҳо таърихи яксолаи оромиву осудагиро паси сар кардааст. Дар як соли рушду пешрафт бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва саҳмгузориҳои ҳадафмандонаву хизмати шарафмандонаи Раиси вилоят, муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ мо бо натиҷаҳои бузург як ҷаҳиши таърихӣ доштем ва ин ҷаҳиш зиндагии мардумро куллан ба тарафи мусбат тағйир дод.
Т.Ф.: Пас, таъмини волоияти қонун ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлату шаҳрванд мусоидат мекунад ва натиҷааш, албатта, ба рушду инкишофи тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ оварда мерасонад.
Ҳ.Қ.: Бе ягон шакку тардид! Ҷаноби Олӣ дар Паём дуруст таъкид кардаанд, ки тамоми дастоварду пешравиҳои то имрўз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат мебошад. “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия, - мегўяд Сарвари Давлат, - ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”. Соли 2024 ба қабули Конститутсияи ҶТ 30 сол пур мешавад. Пешвои миллат ба ифтихори таҷлили ин санаи муҳимми таърихӣ пешниҳод намуданд, ки ин сол “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад. Ин иқдоми хело актуалӣ ва саривақтӣ мебошад, зеро яке аз сабабҳои асосии содиршавии ҷиноят аз тарафи шаҳрвандон ва вайрон кардани меъёрҳои қонун маҳз надонистани худи қонун аст.
Маърифати ҳуқуқӣ – маҷмўаи арзишҳо ва донишҳои ҳуқуқиест, ки барои баланд бардоштани дарку эҳсоси волоияти қонун ва густариш додани донишҳои ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.
Т.Ф.: Аз муҳтавои Паём бармеояд, ки Пешвои миллат дар Паём ҷомеаи ҷаҳонӣ ё ҷомеаи башариро мухотаб қарор медиҳад ва ба масъалаҳои муҳимми глобалӣ таваҷҷуҳ мекунад. Дар ин мавзуъ чӣ гуфтаниҳое доред?
Ҳ.Қ.: Пешвои миллат ба мушкилоти давлатдории дохилӣ ишорат намуда, ҷо-ҷо аҳли башар ва ё ҷомеаи башариро низ мухотаб қарор медиҳад. Ин албатта, бесабаб буда наметавонад. Дар замони ҷаҳонишавӣ кишвари Тоҷикистон мисли дигар давлатҳо ҷузъи ҷудонашавандаи олам аст ва ҳатто як мушкилоти ҷузъии кишвари мо масъалаи мавриди ташвиш ва баҳси дигар минтақаҳо аст ва баръакс.
Масалан, гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он, ба мисли камобӣ, хушксолии паёпай, бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нўшокӣ ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ оварда мерасонад. Барои ҳамин ҳам Пешвои миллат ба аҳли башар муроҷиат намуда, ба хотири наҷоти табиату инсоният андешидани тадбирҳои бетаъхиру муассирро талаб мекунанд.
Ва чун кишвари мо аз рўи мавқеи ҷуғрофӣ дар қисмати мусоиду муносиб қарор дорад, дар таъмини таносуби мувозинати табиии минтақа саҳмгузору пешсаф будани мо ба нафъи кулли минтақа аст.
Ҳамчунин чун Тоҷикистон минбаъд низ сиёсати дарҳои кушодро пеш мебарад, ногузир бо тамоми кишварҳои дунё, махсусан кишварҳои исломӣ ҳамкории худро боз ҳам густариш медиҳад. Пешвои миллат дар Паём аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоварад, ки ҳамаи низоъҳо, махсусан дар Афғонистон ва Ховари Миёна танҳо бо роҳи музокирот ва муколама ҳал карда шаванд.
Т.Ф.: Шумо чун яке аз роҳбарони муассисаҳои илмӣ-академикӣ дар бораи мақоми олим ва мавқеи илм дар Паём чӣ метавонед гуфт?
Ҳ.Қ.: Бояд иқрор шуд, ки дар тамоми фаъолияти чандсолаи Роҳбари Давлат масъалаи илму маориф ҳамеша дар мадди назарашон буда, таваҷҷуҳи хосса ба ин соҳа дар Паёми навбатӣ низ комилан зоҳир аст. “Рушди илму маориф, - мегўяд Пешвои миллат, - калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Роҳбари Давлат дар баробари баланд бардоштани моҳонаи вазифавии кормандони илму маориф ба идораҳои дахлдор ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ роҳандозӣ намудани тадбирҳои муассир ва заруриро супориш намуданд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки ба рушди иқтидори илмии муассисаҳои илмӣ дар доираи лоиҳаҳои давлативу байналмилалӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад.
Дар баробари дастгириҳои пай дар пайи Сарвари давлат аз соҳаи илму маориф дар амал татбиқ намудани корҳои илмиро аз муҳимтарин вазифаҳои олимон баршумурданд. Имрўз фурсате фаро расидааст, ки олимони мо бо тадқиқотҳои арзишманди худ дар пешрафту тавсеаи минтақа саҳми босамари худро расонанд. Имрўз коршиносон маълум намуданд, ки 60 дарсади ҳудуди Тоҷикистон дар мавзеъҳои баландкўҳ, 21 дарсад дар ҳудуди миёнакўҳ, 10 дарсад дар доманакўҳҳо ҷойгир буда, танҳо 9 фоизи он барои рушди кишоварзӣ имконияти мусоид дораду халос. Пас, дастгирии бесобиқа дар ҷаҳон аз соҳаи илму маориф моро ҳам водор месозад, ки вобаста ба густариши иқтисодиёту мавқеи ҷуғрофии кишварамон тадқиқотеро ба анҷом расонем, ки дар ҳамин вазъияти мавҷуда рушди иқтисоди мамлакатро ба даст оварда тавонем.
Муфассал ...

- Чоршанбе, 31 Январ 2024
Маориф – рушди устувори давлат
Тошмамадова Ф. – докторант (Phd)-и шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Маориф – рушди устувори давлат
Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноку муҳим ба шумор рафта, дар пешрафту тараққиёти мамлакат бениҳоят саҳми калон дорад. Чунки агар миллат босаводу бомаърифат ва донишманд бошад он миллат дорои ояндаи басо дурахшону дуру дароз хоҳад буд. Яқин аст, ки соҳаи маориф дар ҳар давлат нишондиҳандаи тараққиёти соҳаҳои дигари ҷомеа мебошад.
Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ бар он таъкид кардаанд, ки давлатро бояд бо кадрҳои баландихтисос таъмин намуд. Дар бобати ин масъала сарвари кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар Вазорату идораҳоро бо мақсади тадбиқи ин лоиҳа вазифадор намуд, ки «Сармоягузории давлатии муҳити таълим, асоси таҳсилоти босифат, чаҳорчубаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намоянд. Барои амалӣ кардани ин лоиҳа муҳити мусоид ва барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шавад». Дар ин маврид бояд омўзгорон аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзии доимӣ гузаранд, ки танҳо тавассути пешкаш намудани чунин курсҳо барои муаллимон воқеӣ хоҳад буд
Инчунини дигар Пешвои Миллат ба президенти Академияи Миллии илҳои Тоҷикистон муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки дар самти тайёр намудани донишмандони соҳибихтисос ва ихтироъкор кўшиш намоянд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ маблағи лозимӣ барои чунин иқдомро дареғ намекунад. Дар ин хусус Пешвои миллат фармуданд, ки “Ҳадафи баргузор намудани озмунҳо ҳам дар ҳамин аст, ки нафарони дорои донишу малакаи махсусро пайдо намуда, онҳоро дар самти лозимӣ тарбия намоеду ҳамчун мутахассиси касбӣ омода кунед”.
Бояд зикр намуд, ки дар кишвари мо дар самти маориф - яке аз самтҳои муҳими ҷомеа, раванди таъмини хонандагон бо муассисаҳои нави таълимӣ, муҷаҳҳаз намудани онҳо бо технологияи муосир бо суръат ба роҳ монда шудааст. Тибқи таҳлилҳо ва нишондодҳо дар Паёми соли 2023, муссисаҳои миёнаи умумиро 130 000 нафар хатм намуданд, ба синфи якум бошад 261 000 нафар дохил шуданд. Барои 48000 нафар хонанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 муассисаҳои нави таълимӣ бунёд ва ба истифода дода шуд. Сарфи назар аз ин ба истифода додани ин қадар муассисаҳои таълимӣ, дар кишвар барои 73000 кўдак норасоии ҷои нишаст ба назар мерасад. Яъне бо чунин афзоиши аҳолӣ бояд ҳарсола 400 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шаванд. Ба қавли Пешвои Миллат «бесавод мондани миллат боиси бадбахтии давлат хоҳад буд». Пас кўшиш бояд дар самти ҳар чӣ бештар фаро гирифтани наслиҳои минбаъда дар таълиму тарбияи босифат ба харҷ дода шаваду насли наврасро ҳар чӣ бештар аз илмҳои замони муосир бохабар намоем.
Сарвари давлат дар паёми навбатии худ қайд карданд, ки мутобиқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон ба гурўҳӣ кишварҳое дохил шудааст, ки барои саҳаи маориф аз тарафи ҳукумат маблағгузории ҳаҷман калон ҷудо карда мешавад. Дар байни 183 кишвари таҳти омўзиш қарор дошта, Тоҷикистон дар ҷои 21–ум меистад, ки албатта,.чунин ҷойгоҳро дар рейтинги умумиҷаҳонӣ касб намудан боиси фахру ифтихори кишварамон мебошад.
Нуктаи муҳими дигаре, ки аз тарафи Пешвои муаззами миллат на танҳо дар Паёми соли 2023, балки дар Паёмҳои пешина ҳам иброз мегардад, ин донистани забони давлатӣ ба дараҷаи олӣ ва аз тарафи ҳамаи табақаҳои ҷомеа омӯхтани забонҳои хориҷӣ мебошад. Дар ин хусус Президенти кишвар таъкид намуданд, ки сарфи назар аз ихтисос барои ҳар як мутахассис донистани на кам аз ду забони хориҷӣ зарур аст. Барои ҳамин дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз боғчаи бачагона сар карда то дигар зинаҳо омўзиши забони хориҷӣ ба роҳ монда шавад. Бояд гуфт, ки чунин талаботу пешниҳодоти оқилона танҳо ва танҳо барои пешрафти шахсии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муҳим хоҳад буд, зеро як шахсияти боистеъдо на танҳо ҷомеаро пеш мебарад, вале сифати зиндагии шахсиву оилавии худро беҳтар намояд.
Хулоса, агар чунин иқдомҳои пешниҳод гардида дар кишварамон бо як дастгирии ҳамаҷониба ба роҳ монда шаванд, соҳаи маорифи Тоҷикистон дар оянда қуллаҳои баландтареро фатҳ хоҳад намуд. Ва мо боварии комил дорем, ки таҳти роҳбарии Пешвои Миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо рўз аз рўз ба дастовардҳои беназир ноил хоҳад гашт.
Муфассал ...