wrapper

БАХШИДА БА 70-УМИН СОЛГАРДИ ЗАБОНШИНОСИ МАЪРУФ, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ФИЛОЛОГӢ, ПРОФЕССОР

 

ОЛИМИ ТАВОНО ВА ОМӮЗГОРИ СОҲИБМАКТАБ

         Нимаи дуюми асри XX илми забоншиносӣ дар Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳои илм рушд ёфта, даҳҳо олимони забоншинос ба арсаи пажӯҳиш ворид гардида, садҳо номгӯй асарҳои пурарзиш таълиф гардидаанд. Доираи тадқиқотҳои забоншиносӣ васеъ гардида, равияю самтҳои нав пайдо шуданд. Яке аз самтҳои инкишофёфтаи забоншиносии тоҷик – помиршиносӣ маҳсуб меёбад. Дар бахши таҳқиқу баррасии масоили гуногуни забонҳои помирӣ донишмандоне ба воя расиданд, ки метавон гуфт, дар ин соҳа шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуданд. Дар баробари донишпажӯҳони забоншиноси Аврупо ва Русия, олимони тоҷик Р. Х. Додихудоев, Д. Карамшоев, П. Ҷамшедов, М. Аламшоев, И. Раҳимов ва дигарон дар таҳқиқи забонҳои помирӣ ва бахшҳои гуногуни он саҳми арзанда гузоштанд ва дар макотиби илмии эшон даҳҳо забоншиносони ҷавон тарбия ёфта, соҳиби унвону дараҷаҳои баланди илмӣ гардидаанд.

         Дар байни онҳо махсусан олими сермаҳсул ва нозукбин Назрӣ Офаридаевро метавон қайд кард, ки ба тадқиқи яке аз соҳаҳои муҳими забоншиносӣ – топонимияи Бадахшон машғул буда, асарҳои пурарзишашро таҳия намуда, дар тайёр кардани кадрҳои баланихтисоси Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев иқдоми бузургеро гузошта истодааст.

         Фаъолияти меҳнатии Назрӣ Офаридаев соли 1976, баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуруъ мешавад. Ӯ баъд аз хатми донишгоҳ дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии ноҳияҳои Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) ва Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти тоҷик кор кардааст.

         Солҳои 1981-1983 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, баъди хатми аспирантура моҳи марти соли 1984 рисолаи номзадиро таҳти роҳбарии забоншиноси варзидаи тоҷик Р.Х. Додихудоев бомуваффақият дифоъ мекунад ва монографияи ӯ дар мавзуи “Микротопонимияи Ванҷ ва Дарвоз” ба табъ мерасад.

         Омӯзиши номҳои ҷуғрофӣ яке аз масъалаҳои муҳими забоншиносии имрӯза маҳсуб меёбад. Муҳаққиқи амиқ бо таҳқиқи амиқаш исбот намуд, ки номҳои ҷуғрофии Помир таърихи хеле қадима доранд ва таърихи пайдоиши ҳар як номгузории маҳаллиро бо овардани сарчашмаҳои зиёде мавриди тадқиқ қарор додааст. Дар рисолаи эшон номҳои ҷуғрофии водиҳои Ванҷ ва Дарвоз аҳамияти аввалиндараҷа дода, бо усули таҳлили муқоисавӣ-таърихӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Тадқиқи топонимҳои Ванҷу Дарвоз барои таърихи гӯишҳои бостониаш забони гуфтугӯии Ванҷу Дарвоз, инчунин барои омӯзиши забони матруки ванҷии қадима барои илми таърихи забон хеле сарчашмаи арзишманд ба ҳисоб меравад. Корҳои илмӣ-тадқиқиотии минбаъдаи олим ба таҳлили сохтори калимасозии микротопонимия ва таҳлили лексикӣ-маъноии микротопонимия бахшида шудаанд.

         Сипас дар шӯъбаи помиршиносии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ АФ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи ходими хурди илмӣ кор мекунад. Солҳои 1986-1988 Назрӣ Офаридаев дар Афғонистон ба сифати тарҷумон ифои вазифа намудааст. Баъд аз барагаштан дар солҳои 1988-1991 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АФ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ходими илмӣ фаъолият мекунад. Соли 1991 ба тариқи озмун ба ҳайси дотсенти кафедраи усули таълими забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон пазируфта мешавад.

         Назрӣ Офаридаев соли 2002 рисолаи докториро дифоъ менамояд. Дар рисолаи докторӣ муҳаққиқ Ойконимияи Бадахшонро ба риштаи таҳқиқ мекашад. Натиҷаи тадқиқи ин мавзӯи муҳим соҳаи забоншиносӣ дар рисолаи бунёдии олим “Ойконимияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” (Душанбе, 2001с.) дарҷ гардидааст, ки ба омӯзиши номҳои шаҳру навоҳӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ВМКБ аз назари маъно, сохту таркиб, вижагиҳои луғавӣ ва таърихию этимологӣ бахшида шудааст. Олим дар ин асараш номҳоеро, ки аз забони тоҷикӣ – форсӣ (порсии дарӣ) ба забонҳои минтақа иқтибос шудаанд, инчунин номҳое, ки дар заминаи лаҳҷаҳои қадимии шарқи эронӣ ба вуҷуд омаданд, бо мисолҳои мушаххас таҳқиқ намудааст.

         Соли 2010 профессор Н. Офаридаев рисолаи дигари илмиро таҳти унвони “Топонимияи таърихии Кӯҳистони Бадахшон” (Душанбе. - 2010с.) ба табъ мерасонад. Дар ин асари ӯ оид ба топонимияи таърихии Кӯҳистони Бадахшон ва инъикоси он дар сарчашмаҳои хаттӣ сухан меравад. Муаллиф оид ба тавсифи минтақавии ареалии топонимия мулоҳизаҳои тозаро баён намудааст. Дар маҷмуъ ба қалами устод Н. Офаридаев беш аз 150 асару мақолаи илмӣ, методӣ ва илмӣ-оммавӣ тааллуқ доранд.

         Аз соли 1994 то имрӯз мавсуф дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар вазифаҳои дотсент, мудири кафедраҳои забони тоҷикӣ, филологияи тоҷик, ноиби ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ ва ҳоло ноиби ректор оид ба илм адои вазифа менамояд.

         Бисёр аз шогирдони устод дар мактабҳои олӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ, муассисаҳои илмии АИ ҶТ, дар радио ва телевизони марказӣ ва вилоятӣ, рӯзномаҳои гуногуни марказу вилоят имрӯз пурсамар кору фаъолият менамоянд.

         Зимни ҷустуҷӯ ва ковишҳои пайгиронаи илмӣ, Офаридаев Н. имрӯз мактаби илмии, номшиносии худро барпо кард, ки дар ин шогирдони ӯ дарси илм ва дарёи инсонгариро меомӯзанд. Зери роҳбарии ӯ омӯзгорони Донишгоҳ Фозилов Д., (мудири кафедраи забони тоҷикӣ), А. Насридиншоев (муовини ректор оид ба тарбия), С. Абдуллоева (декани факултаи забонҳои хориҷӣ), Д. Қодиров (мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Данғара), Б. Ҷумъаева (мудири кафедраи педагогика ва равоншиносии ДДХ) рисолаи номзадиро дифоъ намуданд.

         Таҳти роҳбарии бевоситаи Назрӣ Офаридаев 7 нафар шогирд сазовори унвони илмӣ гардиданд. Инчунин 13 нафар аз хатмкардагони шӯъбаи филологияи ДДХ низ ба гирифтани дараҷаҳои илмӣ мушараф гардиданд, ки дар тарбияи онҳо низ саҳми устод бузург аст. Ҳоло устод ба 8 нафар аспиранту унвонҷӯ роҳбарӣ менамоянд.

         Назрӣ Офаридаев ба сифати ноиби ректори оид илм барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия саъю кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳад. Сол то сол сафи омӯзгорони дорои дараҷаи илмӣ дар донишгоҳ зиёд мегардад ва дар ин кор хизмати Назрӣ Офаридаев низ чун роҳбар, ташкилотчӣ ва мушовири илмии ҷавонони навкор хеле калон аст.

         Устод дар тарғиби сиёсат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати оқилонаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда мегузорад. Ӯ оид ба масоили иҷтимоӣ бо мақолаҳои публисистӣ дар рӯзномаҳои “Минбари халқ”, “Ваҳдат”, “Ҷумҳурият”, “Садои мардум” ва “Бадахшон” пайваста баромад карда, ҳамчун узви фаъол барои тарғиби сиёсат ва ҳадафи барномавии ҳизб бо Сарфарзонаи Кумитаи Марказии Иҷроияи ҲХДТ мушарраф гардидааст.

         Назрӣ Офаридаев вакили Маҷлиси Вакилони халқи ВМКБ буда, ба ҳайси раиси комиссияи доимӣ оид ба маориф, илм, фарҳанг ва сиёсат байни ҷавонон дар ҳаёти ичтимоӣ – сиёсии вилоят фаъолона иштирок менамояд.

         Хизматҳои бузурги профессор Назрӣ Офаридаев ҳамчун олими забоншинос ва омӯзгори пуртаҷриба бо медали “Хизмати шоиста”  ва чандин Ифтихорномаҳо тақдир карда шудаанд. Устод Н.Офаридаев ба синни камолоти 60 расидаанд ва ба ӯ саломатӣ, беҳбудии рӯзгору муваффақ будан дар рушди илми тоҷик орзумандем.

        

Ш. Юсуфбеков доктори илмҳои филология, профессор, 

Д. Фозилов – номзади илмҳои филология, дотсент

Рўзномаи “Бадахшон”, 27 феврали соли 2014, № 9 (10486)