wrapper

Мамадшерзодшоев Умед, ходими илмии шуъбаи таърих ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ  

   ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАҲНАМОИ ҶАВОНОНИ КИШВАР

         Бояд хотиррасон намуд, ки дар ҳар давру замон рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ин ё он кишвар ба ҷавонон вобастагии калон дорад. Дар Тоҷикистони азизи мо низ саҳми ҷавонон ҳамчун нерӯи пурқудрат ва бунёдкор дар сохтани давлати демокративу дунявӣ хеле бузург мебошад. Зеро Тоҷикистон ҷавонтарин кишвар ба ҳисоб рафта, теъдоди асосии аҳли ҷомеаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Тавре асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои пурмуҳтавои худ таъкид намуданд, ки  «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавону ҷавонон буда, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 фоизи сокинони онро шахсони то 30-сола ташкил медиҳанд. Бо назардошти ин, мо аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ба татбиқи сиёсати давлат доир ба ҷавонон ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа афзалияти бештар муқаррар намудем...”.

         28 декабри соли 2023 Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа, гардид, ки Сарвари авлат дар ин паёми навбатии худ низ диққати аввалиндараҷаро ба рушди  ҳаёти ҷавонон дода буданд.  Махсусан Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ таваҷҷуҳи  ҳозиринро ба масъалаҳои зерин: бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таъмин намудани рушди соҳаи варзиш,  инкишофи соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ва  баланд бардоштани соҳаи маориф, ки ба тарбияи ҷавонон робитаи бевосита доранд, ҷалб намуданд.

         Масалан Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки: “Таъмин намудани рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад”.

         Тавре маълум аст бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ҷавонон садҳо варзишгоҳҳо сохта шуда, таваҷҷуҳи ҷавонон ба соҳаи варзиш ҷалб карда шуд. Ҳадаф ин аст, ки имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш мекунад барои ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда, онҳоро ҳамчун насли солим ба воя расонад. Дар баробари ин ҷавонони варзишгар муаррифгари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба шумор мераванд. Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор зикр мекунанд ки: “Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 226 медал зиёд мебошад”.

Яке аз хидматҳои муҳими дигари Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ин рушд бахшидани соҳаи илм ва маорифи ҷумҳурӣ мебошад. Бо ин мақсад бо кӯшиши Ҷаноби Олӣ дар шаҳру навоҳии кишвар даҳҳо донишгоҳҳои бонуфуз ва садҳо макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ сохта шуданд, то ки ҷавонони имрӯзи мо соҳибилм ва соҳибкасб гардида, барои рушди ватани худ саҳмгузорӣ намоянд. Тавре Пешвои миллат ҳангоми суханронии худ дар ин бора иброз  доштанд:

“Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад... Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад. Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад”.

          Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон  дар баробари  соҳибмаълумот кардани ҷавонон, ба масъалаи соҳиби ҳунар гардидани онҳо низ диққати ҷиддӣ медиҳад. Зеро бо соҳибкасб ва соҳибҳунар шудани  ҷавонон имкон дорад, бо нерӯи онҳо  дар шаҳру навоҳии мамлакат ҳунарҳои гуногуни аҷдодӣ инкишоф дода шуда, корхонаҳои гуногуни ҳунармандӣ бунёд карда шаванд ва дар қаламрави мамлакат фурӯшгоҳҳои маҳсулоти худӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ифтитоҳ гардида, ҷавонон бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд. Тавре Пешвои миллат дар ин бора ишора мекунад: “Андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба омӯзонидани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат ва ҳарчи бештар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон низ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат мебошад”.

         Ғайр аз ин бо инкишоф додани касбу ҳунар дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шароити  мусоид фароҳам оварда мешавад, ки соҳаи сайёҳӣ рушд бахшида шавад.  Тавре Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикстон зикр мекунанд: “Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти сайёҳӣ ва назорати қатъии онҳо зарур аст, ки таҳти роҳбарии муовини дахлдори Сарвазири кишвар бо шомил намудани яке аз муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории босалоҳияти доимӣ таъсис дода шавад.

Амалисозии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва заргарӣ, инчунин, касбу ҳунаромӯзии шаҳрвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат ва истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ба зиммаи ин гурӯҳи корӣ вогузор карда шавад”.

Рушд бахшидани касбу ҳунар замина фароҳам меоварад, ки бо кӯшиши ҳунармандони ҷавон осори арзишманди миллии тоҷикӣ офарида мешавад ва сайёҳони хориҷӣ ва ҳаводорони дохилӣ бо ин осори пурарзиши тоҷик ошноӣ пайдо мекунанд. Ҳамаи ин чорабиниҳои муҳим замина фароҳам меоваранд, ки ҷавонони тоҷик аз худшиносии миллӣ огоҳ гарданд ва фарҳанги миллӣ тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Хуллас Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти нави тараққиёти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро барои ҷомиаи мо муайян намуд.