ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ШУРОИ ОЛӢ “ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ”
Ҷонмамадов Шермамад – доктори илмҳои иқтисод, ходими пешбари илмии шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.И.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми навбатиашон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 баргузор гардид, таъкид доштанд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад”.
Иқтисоди сабз модели рушди иқтисодӣ мебошад, ки муносибати масъулиятноки одамонро нисбат ба захираҳои Замин пешбинӣ мекунад. Он ба пайдо кардани созиши оқилона байни афзоиши шукуфоӣ ва нигоҳ доштани сарватҳои табиӣ нигаронида шудааст.
Дар ояндаи наздик метавон гуфт, ки яке аз нишондиҳандаҳое, ки аз рӯйи он Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба гурӯҳи “кишварҳои сабз” дар ҷаҳон ворид кардан имконпазир мегардад, ин рушди бахши энергетика мебошад.
Дар ироаи Паёми навбатиашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “…бояд гуфт, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст”. Қайд кардан зарур аст, ки баъди ба кор даромадани агрегати якуми нерўгоҳи барқии обии “Роғун” Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои худ яъне истиқлолияти энергетикӣ расида, саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ қарор дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон таъкид намуданд, ки “…соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли нерўи барқ 22 миллиард киловатт соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт соат ё 28 фоиз зиёд мебошад”. Вобаста ба ин қайд кардан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ дорад, ки 527 миллиард кВт/соат дар як сол арзёбӣ мешавад. Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аз нигоҳи техникӣ дурнамои хуби рушд доранд ва дар як сол 317 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳанд, ки то имрӯз танҳо 4-5 фоизи он истифода шудааст. Тоҷикистон аз рӯи иқтидори гидроэнергетикии худ дар ҷаҳон пас аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада ҷои ҳаштум ва дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал аст. Асоси энергетикаи Тоҷикистонро 95 фоиз ва бештар аз он нерӯи обӣ ташкил медиҳад. Вобаста ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи ҳиссаи истеҳсоли “энергияи сабз” дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад.
Гарчанде ки мо ба таъмини истиқлоли энергетикї ноил гардида бошем ҳам, бо назардошти афзоиши босуръати аҳолї,талабот ба қувваи барқ зиёд гашта истодааст. Дар робита бо ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки “...барои беҳтар кардани таъминоти аҳолии кишвар бо барқ ва рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати металлургия суръати корҳои асосноккунии техникӣ ва лоиҳакашии нерўгоҳҳои барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи Вахш, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар се марҳала дар дарёи Панҷ – қисмати ноҳияи Рӯшон ва «Чарсем» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт, бо дарназардошти бунёди хатти интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори зарурии интиқол ва тақсимоти барқ тезонида шавад”.
Бо мақсади иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар ояндаи наздик сохтмони НОБ-и Нуробод-1 (460 мвт), НОБ-и Нуробод-2 (400 мвт), НОБ-и Фондарё (300 мвт), НОБ-и Айнї (160 мвт), НОБ-и Зарафшон (150 мвт) дар назар дошта шудааст. Инчунин сохтмони маркази гармидиҳии барқӣ (ТЭЦ) Шуроб (300 мвт) ва Фон Яғноб (700 мвт) дар нақша аст.
Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон қайд карданд, ки “....дар робита ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли барқи CASA–1000 ва азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ барои дар 7 соли оянда то 10 миллиард киловатт – соат афзоиш додани содироти нерўи барқ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд”.
Бояд зикр намуд, ки амалисозии лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи CASA–1000 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зеринро низ фароҳам меоварад: содироти нерӯи барқи зиёдатӣ; имконияти содироти нерӯи барқ ба ҷануб; имконияти содироти нерӯи барқ ба шимол; эҷоди иқтидорҳои нав; пӯшонидани норасоии барқ дар фасли зимистон; огоҳӣ ба дигар лоиҳаҳои минтақавӣ.
Мо боварии комил дорем, ки ҳадафҳои гузошташудаи Президенти мамлакат дар самти энергетика амалӣ мегарданд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари муваффақ дар бозори энергетикии ҷаҳон мақоми хосаро пайдо менамояд.