wrapper

Давлатбеков Лоло -  доктори илмҳои филологӣ, ходими пешбари шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ

 

МУҲИМИЯТИМИ  САВОДНОКИИ ДУХТАРОН ВА ЗАНОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 

  Дар Паёми навбатӣ доир ба сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа боз диққати ҷиддии Президенти кишвар равона гардид.

  Имрӯзҳо дар соҳаҳои афзалиятноки раванди иҷтимоишавии ҷомеаи Тоҷикистон бо баробари ҳамаи ин дастовардҳои дар боло зикргардида  нақш ва мақоми занон барои пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоии кишвар низ аз мадди назари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур набуда,  ҳанӯз  ҳам мавқеи занро мо дар оила медонем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромади хеш гуфта буданд, ки “Оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзиши инсонӣ, аз қабили муҳаббату саодат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ  дар оила  ташаккул меёбад”. 

  Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки «Бачаро тарбия намоед инсонро тарбия менамоед ва духтарро тарбия намоед миллатро ботарбия менамоед». Сарвари давлатамон нақши маорифи занонро дар эҳёи миллат ва дар рушду такмили минбаъдаи он ҳамаҷониба дарк намуда, дар баромаду паёмҳои худ ба шаҳрвандони кишвар оид ба рушди маорифи духтарон борҳо хотиррасон намуда, ташаббуси рушду таҳкими он ва бо тамоми воситаҳо таъмин намудани онро ба ҳамаи сохторҳои дахлдор сари вақт супориш медиҳад. Бисъёре аз маорифпарварон ва равшанфикрон дар чунин ақидаанд, ки “бе саводнокии занон маорифи халқ вуҷуд дошта наметавонад».

  Дар Паёми имсолааш оид ба сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷуҳи Раисиҷумҳури кишвар ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар ҷомеа ҷалб карда шуд. Президенти кишвар аҳаммияти занро ҳамчун модар дар ташаккули ҷомеа ва тарбияи фарзанд дар оила баҳои баланд дода, арзиши волои онро барои миллат бо дараҷаи баланд арзёбӣ кард. Бешубҳа, имрӯз дар кишвар ягон қаламраве нест, ки дар он вазъи занон барои рушди афзалиятнок мусоид ҳисобида нашавад.

  Дар он ҷомеаҳое, ки дар онҳо ҳуқуқи зану модар маҳдудиятҳои зиёд муқаррар карда мешавад, пас дар ин кишварҳо ҳамеша бадбахтиҳо ва низову хушунат ҳукмфармост. Чунин вазъро дар мисоли бархе аз ҷомеаҳои исломии тундрав мебинем, ки дар онҳо фарёди қалби модарон  “осмонҳоро рахна менамоянд”.

  Шукри Худованди мутаол, ки бо роҳбарии Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ва тоҷикистониён тавонистанд ба кўшишҳои ҷонибдорони исломгароёни тундгаро аксуламал нишон дода, роҳи дурусти дунявии рушдро барои миллату давлат интихоб кунанд. Чи хеле ки ба мо маълум аст, ин роҳи хеле душвор ва пурталотум буд.

  Сарфи назар аз душвориҳои солҳои аввали истиқлолият ва нооромӣ дар кишвар аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа ва баланд бардоштани нақши занон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расонида шуданд. Аз солҳои аввали истиқлолият  Тоҷикистон ба занон барои дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овард.

  Дар солҳои истиқлолият дастгирии занон аз ҷониби Сарвари давлат боиси иштироки фаъолонаи онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа гардид. Пешвоёни миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки зани босавод метавонад на танҳо мавқеи пешсафро ишғол намояд, балки ҷомеаро тарбият намояд. Ин аст, ки имрўз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ занону духтарон, занони соҳибмаълумот дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ фаъолияти назаррас нишон дода, дар самти роҳбарӣ сафи онҳо сол то сол меафзояд.

  Саъю талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маорифи занон ҳамчун самти маърифат ва ободии кишвар нигаронида шудааст. Дар натиҷаи чунин талошҳо симои зани тоҷик ҳамчун сиёсатмадор, соҳибкору тоҷир, директору ректор дар чомеа маъмул шудааст, яъне духтарону занон дар баробари рисолати модару зан, рисолати роҳбариро ҳам баробари мардон иҷро карда метавонад.

  Баланд бардоштани нақши занону духтарон дар идоракунии давлатӣ, зиёд намудани сафи занону духтарони лаёқатдор дар вазифаҳои роҳбарӣ, таҳкими мавқеи сиёсию иҷтимоии занон дар маркази сиёсати давлат қарор дошта, ба масъалаҳои зикршуда алоқаманд аст.

  Дар Паёми худ Пешвои миллат қайд намуданд, ки «дар даврони соҳибистиқлолӣ мо мақоми занро дар ҷомеа тадриҷан баланд бардошта, барои онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам овардем. Имрӯзҳо занону духтарони тоҷик барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат мекунанд.

  Ҳоло ҳазорон нафар духтарони боистеъдоди мо дар мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷа таҳсил мекунанд. Аз 41 ҳазору 232 донишҷӯи тоҷик, ки ҳоло дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Дар маҷмуъ, дар солҳои истиқлолият беш аз 256 ҳазор нафар духтарон мактабҳои олиро хатм карданд, яъне маълумоти олӣ гирифтанд. Имрӯз занону духтарони мо дар баробари кор дар хизмати давлатӣ корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намуда, ҳамчун соҳибкори муваффақ обрӯю эътибор пайдо кардаанд ”.

  Тайи солҳои истиқлолият ба хизмати давлатӣ ва идораи давлатӣ теъдоди зиёди занони соҳибистеъдод ва соҳибихтисос ҷалб гардиданд ва ин раванд идома хоҳад ёфт.

  Бояд тазаккур дод, ки нақши занону духтарон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси ватандўстӣ, ифтихори миллӣ, инсондўстӣ ва масъулиятшиносӣ дар кўдакон, инчунин пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

  Пешвои миллат махсусан қайд намуданд, ки «Бовар дорам, ки занону модарону духтарони гиромии мо дар оянда низ риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд», мустақилона ба ҳаёт тайёр кардани фарзандон, инкишофи ҳунарҳои халқӣ ва беҳбудии зиндагии ҳар як оилаи мамлакат саҳмгузор хоҳанд буд.

  Барои шахси мутараққӣ, бофарҳанг зани таҳсилкарда ё духтари босавод матлубтарин ва боэътимодтарин, шарики бовафои зиндагӣ ва шарики нек аст. Маҳз ҳамин падару модарон фарзандонеро тарбия мекунанд, ки аз онҳо ҷомеа, давлат ва умуман миллат фахр карда метавонад. Аз ин рӯ, ҳар касе, ки аҳаммияти таҳсилу саводро барои занон инкор мекунад, на танҳо нисбат ба зан беэҳтиромӣ мекунад, балки нисбат ба ояндаи фарзандони худ, рушди давлат ва сарнавишти миллат низ бетаваҷҷуҳии худро нишон медиҳад. Ин гуна шахс дар зери ниқоби ягон хурофот ва ё таассуботи беасоси динӣ нодонии худро нишон медиҳад. Бояд қайд кард, ки муаммои зӯроварӣ дар оила нисбати занон яке аз масъалаҳое мебошад, ки имрӯз таҳти муҳофизат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» 19-марти соли 2013, № 954 ба тавсиб расидааст.

  Муҳтарам Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки “Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро  дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ  менамоем”.

  Ҳамин тариқ, Сарвари давлат дар Паёми худ нақши таҳсили занон ва саводнокии духтаронро барои кишвар ва тамоми ҷаҳон баҳои баланд дода, шарҳ додааст. Охир, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият бевосита ба ҳамин вобаста аст.