ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭҲЁГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИК
Абдуламин МАЖНУНОВ – номзади илмҳои филологӣ, ходими калони илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тољикистон
Ин иқдомҳои фарҳангӣ ва илмии Президент Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи корҳои фундаменталии ӯ дар фаъолияти сохтмони давлати навини миллӣ мебошад, ки асоси маънавиёти ҷомеаро ташкил медиҳад ва барои эҳё ва равнақи фарҳанги миллӣ равона гардидааст. Асарҳои илмии ӯ, аз қабили “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Нигоҳе ба таърих ва фарҳанги ориёӣ”, “Чеҳраҳои мондагор” ва ғайра барои вусъати таҳқиқотҳои илмӣ ва фарҳангӣ низ такон ҷиддӣ бахшиданд.
Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ба фарҳанг такя мекарданд ва имрӯз низ корбаст аз фарҳанги миллӣ шеваи фаъолияти доманадорашон мебошад. Президенти мамлакат ҳанӯз 8 сентябри соли 2005 зимни суханронӣ дар таҷлили 14- солагии Истиқлолияти давлатӣ иброз дошта буданд: “Мо имрӯз ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста кардаанд. Ба ибораи дигар, тоҷикон маҳз аз файзу баракати ҳамин арзишҳову анъанаҳои аҷдодӣ тавонистаанд, ки ҳам ҳастии худро нигоҳ доранд ва ҳам дар минтақаи Осиё нақши тамаддунсозиро бозида, дар радифи қадимтарин миллатҳои дунё ҷой гиранд ва худро ба оламиён ҳамчун миллати фарҳангӣ муррифӣ намоянд”.
Дар Паёми Пешвои миллат (26-уми декбари соли 2018) омадааст: “Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Нарӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд”.
Бо идомаи суханони хеш Сарвари кишвар ёдовар шуда буданд, ки чанде аз мероси воқеан миллию башардӯстонаи мо ба Феҳрасти мероси ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардидааст. Зимнан таъкид карда буданд, ки дар оянда низ чанд мероси фарҳангии мо бояд ба Феҳрасти мероси ғайримодии ЮНЕСКО ворид гарданд. Зимнан таъкид карда будаанд, ки дар оянда низ чанд мероси фарҳангии мо бояд ба Феҳрасти мероси ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардад, ки дар байни онҳо ҷашни Сада низ буд: “Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳрасти мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳрасти мероси моддии ташкилоти зикришуда ворид гардиданд ва соли оянда мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд”.
Як мавзуи дигаре, ки дар Паём сухан рафт, он буд, ки соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳанги тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид. Дар робита ба ин, Ҷаноби Олӣ гуфтанд: “Бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин рушди сайёҳӣ дар ин самт пешниҳод менамоем, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида, Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад”.
Лозим ба зикр аст, ки сайёҳон армуғонеро бо унсурҳои миллӣ ҳамчун як хотира аз сафар ҳамроҳї мебаранд. Яке аз воситаҳои муҳимми бо кор фаро гирфтани аҳолии қобили меҳнатро ба миён оварда, заминаи мусоиди таъсиси бештари ҷойҳои нави кориро ба вуҷуд меоранд, ки дар ин замина берун аз кишвар омӯзиши таърих ва фарҳанги мо ривоҷ меёбад.
Халқи тоҷик анъана ва суннатҳои нек аҷдодони худро давом дода, пайваста мекӯшад, ки хазинаи тамаддуни башариро ба арзишҳои нави маънавӣ бою мустаҳкам гардонад. Аз ин рӯ, дар 32 соли охир бо иштироки мардуми тоҷик ва меҳмонони аз кишварҳои дуру наздики олам дар сатҳи баланди байналмилалӣ таҳлил гардидани ҷашнвораҳои гиромидошти бузургмардони таъриху адабиёти ҷаҳоншумули тоҷик, ифодаи бебаҳси эҳтирому арҷгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба гузаштагони шарафманду пур аз ифтихори миллати куҳандиёрӣ мо, таърихи бою пурғановат ва таваҷҷуҳ ба хиради олию адолатпарвар аст.
Аз ҷумла, зери унвони “Ситоишгари адлу ростӣ ва нури хирад” симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба ҳазорсолагии “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, 5 сентябри соли 1994, “Нақше ба ёд гузорем”, тантанаҳои ҷашни ба ифтихори 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоыик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хисрав, 675- солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва монанди ин ва ғайра рӯҳияи ифтихормандию эҳтироми ҷомеаро ба хазинаи ҷовидонаи таъриху адабиёти ниёгон боз ҳам ҳам афзун гардонида, мавқеи фарҳангии Тоҷикистон соҳибистиқлолро ба ҷаҳониён беҳтар шинос намуда, ифтихори хештаншиносии мардуми кишварро ба самти солими худшиносӣ равона карданд.
Хулоса, ҳамаи он дастовардҳое, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи фарҳангу санъати миллӣ ба даст овардаем, аз сиёсати фарҳанг парваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Эҳёи намунаҳои беҳтарини суннатҳо ва анъанаҳои аҷдодӣ дар замони соҳибистиқлолӣ суръати хос пайдо кардааст. Муҳимтар аз ҳама, тамоми арзишҳои маънавӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва махсусан пойдории амнияти миллӣ ба фарҳанг вобастагии қавӣ доранд. Пас фарҳанг монанди пайраҳаест, ки ҳамаи ин арзишҳоро ба ҳам мепайвандад.