Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров ва ҳамаи кормандони муассиса дар баробари кулли сокинони Тоҷикистони азизамон имрӯз аз он фарх доранд, ки тими мунтахаби футболбозони кишварамон дар мусобиқаи Ҷоми Азияи 2023 тими мунтахаби Аморати Арабистонро мағлуб сохта, бо ин ғалабаи худ номи Тоҷикистонро дар сатрҳои аввали ВАО-и ҷаҳонӣ баровард.
22 январ дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо футболбозон мулоқот намуда, дар ин асно, ҷавононро ба ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихор аз Ватан насиҳат карданд. Зикр гардид, ки ҷавонон бояд ҳарчи бештар ба варзиш машғул шаванд ва парчами кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ бо дастовардҳои беназирашон баланд бардоранд.
Бояд зикр кард, ки таъмини рушди варзиш дар Тоҷикистон ва дастгирии варзишгарон, бахусус футболбозон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлатамон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин ҷода дар давоми солҳои Истиқлолият иқдомҳои бемислу монанд ва маблағгузориҳои зиёд амалӣ гардидаанд. Ташаббуси Ҳукумати кишварамон бе натиҷа намонд ва ҳоло самараву натиҷаҳои хуберо рӯи кор оварда истодааст.
Аз ин рӯ, мо кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ на танҳо тими мунтахаби футболбозони кишварамонро бо ин санаи фаромӯшнашаванда табрику таҳният мегӯем, балки кулли мардуми Тоҷикситон, ҳамаи тоҷиконе, ки футболро дӯст медоранд МУБОРАК БОД мекунем ва ҷавононро даъват ба он менамоем, ки чунин пайкорҳоро сармашқи зиндагии ҳаррӯзаи худ дониста, дар сарбаланд намудани номи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ кӯшиш намоянд.
Кулли мардуми Тоҷикситон, ҳамаи тоҷиконе, ки футболро дӯст медоранд МУБОРАК БОД мекунем
Матлабҳои дигар аз Институт
- ТАБРИКОТИ САМИМИИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОН БА МУНОСИБАТИ ЗОДРӮЗИ МУДИРИ ШӮЪБАИ ТАДҚИҚОТИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ БАХШИ БАДАХШОН — ЗАМИРА ИСКАНДАРШОЕВА
- ДИФОЪИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ШАКАРМАМАДОВ ОРИФ НИСОРМАМАДОВИЧ
- КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҲАФТАИ ИЛМ – ФАЗОИ МУКОЛАМА ВА ҲАМКОРИИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ»
- АКТУАЛЬНОСТЬ НАУЧНЫХ ИССЛЕДОВАНИЙ В ЦИФРОВОЙ ЭКОНОМИКЕ
- КО ДНЮ СТОЛИЦЫ ТАДЖИКИСТАНА