wrapper

   Бо ибтикори шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ дар доираи лоиҳаи ҷории шуъба маҷмӯаи дуҷилдаи “Афсонаҳои сеҳромези Бадахшон” аз дасти чоп баромад. Муҳаррирони масъул: д.и.филол. Қаландариён Х.С., д.и.филол. Кочумкулова Э.; мушовир оид ба фолклори Помир: д.и.филол. Додихудоева Л. (Институти забоншиносии АИ ФР, Москва); Муҳаррири матни забони англисӣ: Нишанова Т.; рассом: Аҳмади Мансур; тарроҳ: Тостокова А.

   Таҳиягарони матн ва тарҷума ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ: н.и.филол. Ризвоншоева Г., н.и.филол. Некушоева Ш., ходимони илмӣ Ризвоншоева Н. ва Ардабаева М.

   Дар таърихи фолклори тоҷик ин нахустин маҷмӯаест, ки бо чор забон: тоҷикӣ, шуғнонӣ, русӣ ва англисӣ, бо фарогирии 12 номгӯи афсонаҳои қадимаи маскунони Бадахшон (Помири ­Ғарбӣ), ки дар хазинаи илмии Институт, дар бахши дастнависҳои  олимони рус маҳфуз буданд, инчунин вижагиҳову матнҳое, ки аз ҷониби олимони худи Институт докторони илмҳои филологӣ Шакармамадов Н., Карамшоев Д. ва бахусус н.и.филол. Ризвоншоева Г., ки бевосита пажуҳиши илмиашон гирдоварию тасниф ва муайян намудани вижагии аслии афсонаҳои Бадахшон буданд,  гирд оварда шуданд, нашр гардиданд. Бемуҳобот ин як кори назаррас дар соҳаи фолклори тоҷик ас

   Китоби дуҷилда бо сифати хеле хуб ва  ороишоти ниҳоят ҷолибу тасвирҳои мавзуии рассоми машҳур Аҳмади Мансур пешкаши ҳаводорони ин жанри мардумӣ мегардад.