Институт
- Сешанбе, 26 Апрел 2022
Шӯрои дессертатсионии ИИГ кушода шуд
Хушхабаре барот ҳаводорону мухлисону илму адаб. Дар асоси тавсияи Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия аз 25 марти соли 2022 дар заминаи муассисаи давлатии илмии ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б.ИСКАНДАРОВИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН Шурои диссертатсионии 73.1.015.01 барои дарёфти унвони илмии номзади илм, барои гирифтани унвони доктори илм барои ихтисосҳои илмии 5.9.2. Адабиёти халқҳои ҷаҳон ва 5.9.6. Забонҳои халқҳои мамлакатҳои хориҷӣ (забонҳои помирӣ) таъсис дода шуд. Марҳамат, дари Институти илмҳои гуманитарӣ ҳамеша ба рўйи шумо боз аст.
Муфассал ...- Панҷшанбе, 28 Октябр 2021
Қурбонхонова Нуриҷаҳон Мирасановна рисолаи номзадиашро ҳимоя намуд
Маъмурияти Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ ҳамкори муҳтарам Қурбонхонова Нуриҷаҳон Мирасановнаро, ки рӯзи 27-уми октябри соли равон таҳти роҳбарии академик Абдуҷаббор Раҳмонзода рисолаи номзадиашонро дар мавзӯи “Манбаъҳои асотирӣ ва маросимӣ дар фолклори Бадахшон (дар мисоли архетипҳои парандагон ва ҳайвонот)” дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D. KOA-033-и назди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҳимоя намудаанд, муборакбод гуфта, дуогӯ ҳаст то дарҳои меҳрубонӣ ҳамеша ба рӯи дилашон кушодаву насими донишу биниш навозишгари лаҳзаҳояшон бошад.
Муфассал ...- Ҷумъа, 15 Октябр 2021
Мушарраф гардидани Абдулназаров Абдулназар Абдулқодирович ба унвони доктори илмҳои филологӣ аз ҷониби Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Руссия
Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкори муҳтарам, донишманди хушзеҳн Абдулназаров Абдулназар Абдулқодировичро барои муваффақ шудан ба гирифтани тасдиқномаи УНВОНИ ДОКТОРӢ аз ҷониби Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия муборакбод мегӯяд. Абдулназаров А.А. 30-уми марти соли равон дар назди Шӯрои диссертатсионии назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Танатологические мотивы в таджикской литературе XX-XXI вв.» таҳти роҳбарии доктори илми филология Қаландариён Ҳоким Сафар дифоъ намудааст.
Муфассал ...