
Институт

- Душанбе, 29 Май 2023
Баргузории семинари илмии “Арзишҳои миллӣ, махсусият ва самтҳои он” дар Институти имлҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ
Дар маҷлисгоҳи ИИГ семинари илмӣ таҳти унвони “Арзишҳои миллӣ, махсусият ва самтҳои он” бо иштироки тамоми кормандони илмӣ, магистрантон ва докторантони PhD-и ИИГ баргузор гардид. Иштирокдорони семинари илмӣ оиди мафҳуми “арзиши миллӣ” махусусиятҳо ва дигар омилҳои вобаста ба онро дида баромада, мубодилаи афкор намуданд. Матни пурраи яке аз гузоришҳои илмии дар семинари мазкур баррасигардидаи ходимии илмии шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёт ва иқтисодиёти Бадахшони ИИГ Ҳақназар Имомназар бо унвони “Арзишҳои миллӣ ва замон” дар сомонаи Институт ва сафҳаи фейсбук пахш гардид.
Муфассал ...
- Ҷумъа, 26 Май 2023
Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Тағйир ёфтани бозори меҳнат дар шароити иқтисоди рақамӣ” баргузор гардид
Тибқи нақшаи кории Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ, дар таърихи 26 майи соли 2023, дар толори Институт бо иштироки намояндагони мақомотҳо иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, МИМҲД шаҳри Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, докторантон, магистрон, кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва донишҷӯён конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Тағйир ёфтани бозори меҳнат дар шароити иқтисоди рақамӣ” баргузор гардид.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ Директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. оғоз намуд. Дар конференсия аз ҷониби олимон ва коршиносони соҳа масъалаҳои зайл баррасӣ шуданд:
- Равандҳои муҳоҷират ҳамчун мушкилоти замони муосир: ҷанбаҳои мусбат ва манфӣ барои иқтисодиёти ВМКБ, н.и.и., муовини директор оид ба илм ва таълими Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ, Шоидарвозова М.С.
- Нақши стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи иқтисоди рақамӣ дар минтақа, н.и.и., ходими калони илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ Ғоибназарзода С.М.
- Иқтисоди рақамӣ ва таъсири он ба касбҳои оянда, ходими илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ Сабоиева Ҷ.С.
- Шуғли ғайрирасмӣ дар бозори меҳнати ВМКБ, докторант PhD Ғуломшоева С.О.
- Нақши маркетинги рақамӣ дар тиҷорати хурд ва миёна, докторант PhD Мирзоева М.
Шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшони ИИГ АМИТ
Муфассал ...
- Ҷумъа, 26 Май 2023
Табрикот
Имрӯз яке аз шахсиятҳои беҳтарин, олими варзида, адабиётшиноси шинохта, суханвари мумтоз, роҳбари беҳтарин, доктори илмҳои филологӣ, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ Қаландариён Ҳоким Сафар рӯзи мавлуд доранд. Аҳли кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ Қаландариён Ҳоким Сафарро ба муносибати ҷашни фархундаи мавлудашон сидқан табрик намуда, барояш танисиҳат, хонаи обод, толеи баланд, хушбахтии ҷовидонаро таманно менамоянд.
Хушо, хуршеди умрат ҷовидон бошад,
Сари болои ту то Каҳкашон бошад.
Муфассал ...