Омили муҳимми рушди босуботи мамлакат ваҳдату якпорчагии мардум мебошад. Ғояи миллии ваҳдат торафт ба умқи дарку фаҳми ҷомеа таъсир мерасонад. Дар тарғибу ташвиқи ғояи Ваҳдат нақши забони миллӣ басо бузург аст. Забони ягонаи миллии пурқудрат омили муҳими ваҳдати миллӣ мебошад, зеро забони ягонаи адабӣ намояндагони тамоми забонҳо, гӯишҳо ва лаҳҷаҳои Тоҷикистонро муттаҳид месозад. Забони тоҷикӣ ба забони муоширати байналхалқӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил меёбад. Дар асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомали Раҳмон дар ин маврид таъкид шудааст: « Далели ин гуфтаҳо он аст,ки дар тамоми ин давраи таърихӣ, ҳатто дар сахтарин солҳои ҷанги дохилӣ яке аз манфиатхое, ки тамоми гурӯҳу табақоти ҷомеаро, сарфи назар аз тамоюлоту сахтгириҳои иҷтимоию сиёсӣ, ба ҳам мепайваст, масъалаи забон буд. Ин ягона мавриде буд, ки ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф нисбат ба он ҳамфикру ҳамақида буда, мафиати миллиро аз ормонҳои гуруҳӣ ва ҳадафҳои зудгузари ҳизбиву идеологии худ болотар мегузоштанд» .
Забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб меёбад. Метавон гуфт, ки дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ забони давлатӣ низ ба қатори муқаддасоти миллӣ дохил мешавад. Дар ташаккул ва рушди давлатдории навин ва устувории он дар умури сиёсӣ иқтисодӣ, иҷтимои ва фарҳангӣ забони давлатӣ нақши муҳим дорад. Забон дар баробари рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб рафтан. инчунин омили муҳимми ягонагии давлат низ маҳуб меёбад. Ҳар як давлат вазифадор аст, ки на танҳо рукни муҳими сохибистиклолии худро мустаҳкам нигоҳ дорад, балки ҷиҳати рушди он ғамхорӣ намуда, густариши онро дар қаламрави мамлакат ва берун аз он таъмин намояд. Забони миллӣ василаи ифодаи идеологияи давлалатӣ мебошад ва дар татбиқи он саҳми чашмрас мегузорад. Ғояи миллии ҳар як давлат ба василаи забони назм, адабиёт ва санъату ҳунар ифода ёфта,дар дилу ниҳоди ҳар як фард ҷойгузин мегардад.
Дар шароити имрузаи ҷаҳонишавӣ ба фаҳму дарки аҳли ҷомеа, махсусан насли ҷавон расонидани таъриху тақдири забони тоҷикӣ , кудрату тавоноии он ҳамчун муқаддасоти миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду нумӯи забони тоҷикӣ дар давраи Истиқлол ба тақвияти худшиносии миллӣ, тарбияи рӯҳияи ватанпарастӣ, ифтихори шаҳрвандӣ, бедор намудани ҳисси муҳаббату эҳтиром нисбат ба забон ва омӯзишу аз худ намудани забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар ва инчунин ба боло рафтани сатҳи худогоҳии маърифатию маънавӣ ва мафкуравии сокинони мамлакат мусоидат мекунад.
Илова бар ин забон падидаи фарҳанги миллист,ки маҳз тавассути он миллат ҳувияти хешро таҳким бахшида, муаррифӣ месозад ва онро ҳифз менамояд. Ба ибораи дигар, забон ҳастии миллат мебошад. Ба сифати падидаи (феномени) фарҳанги миллӣ забон на танҳо ҷузъи фарҳанг ба ҳисоб меравад, балки вижагиҳои равонию маърифатӣ ва маънавии халқро низ инъикос менамояд. Дар забони ҳар як миллат равоншинохтии ҳамон миллат акси худро ёфтаааст. Аз ин рӯ забон бузургтарин ёдгории маданӣ ва маънавии миллат мебошад. Маҳз таввасути забон дастовардҳои фарҳангии миллат аз насл ба насл, аз як замон ба замони дигар, аз як давра ба давраи дигар, аз як қарн ба қарни дигар интикол ёфта, дастраси башарият мегарданд. Забони миллӣ омили муҳимми фарҳанг ва рушди он мебошад. Фарҳанги миллӣ аз бузургию шаҳомати миллат гувоҳӣ медиҳад. Фарҳанги миллат дар шароити ҷахонишавӣ аз ҷумлаи умдатарин намоди ҳифзи ҳувият ва умдатарин васоитаи муаррифии миллат дар ҷаҳони имрӯзаи зудтағйирёбанда ба шумор меравад. Забони миллӣ ва фарҳанги миллӣ ду ҷузъи як падидаи ҳувиятсозӣ ва давлатсозӣ махсуб гардида, ҳифзи асолат ва таҳкими пояхои онҳо бар мабнои рақобатпазирӣ бо фарҳангу забонҳои дигар вазифаи умдаи давлатист. Илова бар ин ҳифзу таҳкими забон ва фарҳанги миллӣ ба таҳкиму устуворсозии пояҳои истиқлолияти давлатӣ мусоидат мекунанд. Забони давлатӣ омили муҳимми таҳкими ваҳдати миллӣ низ мебошад Хамчунин забони давлатӣ омили муҳими иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳуб мешавад. Эътироф гардидани забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ ба муттаҳид шудани тамоми қавму миллатҳои сокини Тоҷикистон мусоидат намуд. Қабул шудани қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи этнолингвистии сифатан наверо ба вуҷуд овард,ки он барои баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳо ва рушди он заминаи воқеӣ фароҳам овард. Аз тарафи дигар ба вазъи ҳуқуқии тамоми забонҳои сокинони Тоҷикистон новобаста ба «хурдию бузургиашон» эҳтиром гузошта шуд. Ба ҷуз аз забони давлатӣ ба забонҳои тамоми сокинони Тоҷикистон ҳуқуқи корбурд ва инкишофи озодона дода шудааст.
Қонуни мазкур дурнамои рушди забони далатиро дар асоси меъёрхои муқарраргардида дар иртибот бо вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ аз ҷумла меъёрхои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатхои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва мукаррар менамояд. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон давраи нави рушди забони куҳанбунёди тоҷикӣ оғоз гардида, чун забони давлатӣ мақоми манзалати баландро соҳиб шуд. Дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомали Раҳмон забони тоҷикӣ таҳти ҳимояи давлат қарор гирифт. Вазифаи ҷамъиятии забони адабии тоҷикӣ густариш ёфта, мақоми давлатии он дар тамоми арсаҳо таҳким ёфт.
Дар суханрониҳои Сарвари давлат, асру мақолаҳои ба масоили забон бахшидашудаи эшон нақши забон ҳамчун падидаи фарҳанги миллӣ дар тақвияти худшиносии миллӣ, равнақи тафаккур ва шуури миллӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва омили муҳимми давлатсозӣ дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ пайваста таъкид мегардад.
Забон падидаи иҷтимоӣ ва фарҳангист, ки дар асари таҳаввулоти иҷтимоӣ ба тағйироту дигаргуниҳо дучор ояд ва ин як омили айниии (объективии) рушду инкишофи забонҳост. Забон ба истилоҳ табиати шахшуда ва тағйирнопазир надошта, дар асари таҳаввулоти берунӣ қонуниятҳои дохилии он низ метавонанд дигаргун шаванд. Дар дунё забоне нест, ки ба қавле танҳо дар деги худаш ҷӯшад. Хоҳем нахоҳем забон аз забони дигар вожаҳо, унсурҳои дастуриро вом мегирад (иқтибос мекунад). Забони тоҷикӣ низ аз ин конуниятҳои инкишофи забонҳо истисно нест. Пайдоиши забонҳои нав, дигаргун шудани номи забонҳои мавҷуда, пайдоиши номи нави забонҳо бо дар назардошти таҳаввулоти иҷтимоию сиёси як амри вовоқеист. Бо чанд ном маълум будани забони тоҷикӣ ( дарӣ, порсӣ, форсӣ, порсии дарӣ, форсии дарӣ) низ ба омилҳои ичтимоӣ вобаста аст. Бояд ёдовар шуд, ки номи забон аз ҷониби соҳибони он муайян мегардад. Аз тарафи дигар олимону донишмандон ин ё он номро бо дарназардошти асосҳои илмиву фарҳангӣ ва сиёсӣ махсуси забон медонанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомали Раҳмон масълаи мазкурро дар асари «Забони миллат – ҳастии миллат» масъалаи арзёбӣ намуда, зикр намудаанд: «Зуҳури номвожаи Тоҷикистон ва таркиби «забони тоҷикӣ» дар ибтидои садаи XX сабабҳои хоси сиёсӣ ва далелҳои дурусти объективӣ низ дошт. Аввал он ки ҳангоми таъсиси номи ҷумҳуриҳои нав ва забони онҳо аз номи миллат ва қавму қабилаҳои сокини онхо гирифта шуд, ба мисли Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон. Бинобарин, аз ин нигоҳ Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ низ мутобиқи ин меъёр буд».
Тариқи раъйпурсии умумӣ қабул шудани Қонститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон дар тақвияти истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нақши бузурге бозид. Ин санади санавиштсоз давлати тозабунёди Тоҷикистонро чун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона муаррифӣ сохта, мавқеи баналмилалии кишвари навбунёди моро таҳким бахшид. Дар Қонуни Асосии ҳар як кишвар муайян намудани номи забони расмӣ ва давлатӣ аз ҷумлаи масъалахои меҳварӣ мебошад. Номи забони расмию давлатии Тоҷикистон бо иттифоқи ороъи аксарияти мутлақи мардуми Тоҷикистон – забони тоҷикӣ пазируфта шуд. Пазируфта шудани номи забон ба меъёрҳои илмию фарҳангӣ ҷавобгӯ буда, аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ низ пазируфта шуда, боиси эътирози доираҳои расмии ягон давлат нагардида буд. Вазъи нави иҷтимоию геосиёсӣ тақозо менамояд, ки тоҷикро чун миллати пешрафта, соҳиби таъриху фарҳанги ғанӣ, ки дар рушди афкори созандаи умумибашарӣ саҳм гузоштааст, дар шароити нави таърихӣ барои ҷаҳониён муаррифӣ созем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомали Раҳмон дар асарашон «Забони миллат – ҳастии миллат» дар робита ба масъалаи мазкур чунин таъкид кардаанд: «Назар ба воқеиятҳои ҷорӣ, ба андешаи мо, номи расмии забони давлатии мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон «забони тоҷикӣ» ба тамоми меъёру талаботи илмӣ ҷавобгӯ буда, ҷанбаҳои сиёсӣ ва равонии ин масъаларо низ дар бар гирифтааст. Он ба монанди аксарияти забонҳои дунё баёнгари номи миллат,яъне тоҷикон ва кишвари онҳо Тоҷикистон мебошад» .
Соҳиби истиқлоли комили сиёсӣ гардидани Тоҷикистон дар сарнавишти миллати куҳанбунёди тоҷик давраи нави тақдирсозе буд, ки барои рушди фарҳангу забони миллӣ шароити мусиде фароҳам овард. Тоҷикистон бо чеҳраи хоси фарҳангии худ ба ҳайси давлати миллӣ ба арсаи муносиботи байналхалқӣ ворид гардида, бо роҳи инкишофи ботадриҷи иқтисодию иҷтимоӣ қадам ба қадам ба сӯи рушд ва бунёди давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд гом мебардорад. Барои рушди босуботи иқтисоди миллӣ замина ва шароити мусоид ба вуҷуд омада, баҳри боло бурдани сатҳи зиндагии мардум шароити муайяне фароҳам омад. Ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат муайян гардида, дар ин замина корҳои бузурге дар самтҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ анҷом дода шудаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки фарханги миллии тоҷик кайҳо аз бунбасти маҳдуди маҳаллӣ берун баромада, дар намоишгоҳу ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардида, забони тоҷикӣ низ, ки ҷузъи фарҳанги миллӣ маҳуб ёфта аз нав мақому нуфузи байналмилалӣ пайдо намуд. Фарҳангу забони миллӣ заминаҳои маънавии бунёди давлатро фароҳам меоваранд ва давлати миллиро дар ҷаҳон, қабл аз ҳама бо фарҳангу забонаш мешиносанд, ки тоҷикон кайҳо боз чун мардуми фарҳангиву тамаддунсоз шинохта шудааст. Нуктаи зайл дар асари Пешвои миллат «Забон – ҳастии миллат” бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки ба арзишҳои таърихии офаридаҳои моддиву маънавии халкамонро дар асри имруз арҷгузорӣ намоем: « Хушбахтона, халқи мо аз ҷумлаи чунин мардумони фарҳангзову тамаддунсози дунёи қадим ба шумор меравад. Офаридаҳои моддиву маънавии дар як минтиқаи васеи ҷаҳон паҳн гардида, на танхо мардуми ҳамнажоду ба ҳам наздик, балки қавму қабилаҳои гуногунро дар домани худ парваридааст. Бинобар ин, агар аз захираҳои сарватҳои моддӣ ва иҷтимоию сиёсии садахои охир дороиҳои озимаи ҷаҳони нав ва шароити муосир барои мо камтар боқӣ монда бошад ҳам, вале аз ҷиҳати мероси фарҳангӣ ва арзишхои ахлоқиву маънавии умумибашарӣ мо соҳиби сарвати нодиру камназире будем, ки дар тору пуди миллат танидааст» [1,28].
Имрӯз нақши забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун падидаи шуури миллӣ, омили ташаккули афкори солими ҷамъиятӣ ва василаи мафкураи созандаи давлатӣ дар устуворсозии чанбаҳои фарҳангию маънавии давлатсозӣ, тахкими истиқлолияти давлатӣ ва таъинсозии ҳувияти миллӣ, тақвияти нуфузи баналмилалии Тоҷикистон барои ҷомеаи мо аз ҳар вақти дигар басо чашмрас ва ҳадафманд ба назар мерасад.
Назрӣ Офаридаев,
доктори илмҳои филологӣ, сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б Искандарови АМИТ