wrapper

   

              Дарки   равиши  таърих суолҳоеро  матраҳ  месозад, ки нақши  ин ё  он  шахсият  дар  раванди  як  давраи  таърих  чи  гуна  будааст. Тағйироту  дигаргунихои  ба  амал  омада   ногузир  буданд  ё    не?   Агар  чунин  шахсияте     фаъолият  намекард,   чархи  таърих  чӣ гуна  ба  кадом  самт  ҳаракат  мекард.  Ҳақиқати возеҳ  ин  аст, ки  одамон  таърихро  меофаранд, ки   проблемаи   мухимми  фалсафаи  таърих ба  шумор  меравад. Накши   шахсият  дар  навбати  худ ба  муносибатҳои конуният  ва  тасодуф  алокамандӣ дорад   Ба  ин тариқ  нақши  шахсият  ба чӣ вобаста  аст, ба  худи  у, вазъи  таърихӣ қонунҳои  таърих,тасодуфҳо, ба ҳамаи  омилҳо  якбора ва  чӣ  тарз бо  кадом  равишҳо   масоили  муракккабанд, ки   омузиши   амиқро  талаб  мекунанд  [1; 233].

        Асосгузори Сулҳу  Ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат, Президнети Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон бемуболиға  яке аз шахсиятҳои бузурги  таърихи халқи  тоҷик маҳсуб  меёбад. Муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон  аз марзи  шахсияти миллӣ берун  баромада,  чун  шахсияти  сатҳи байналмилалӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо  намудаанд.

     Нақши  сиёсатмадори  барҷаста Эмомалӣ  Раҳмон дар  арсаи  байналхалқӣ ва дохилӣ баррасии васееро  талаб мекунад. Ба арсаи  сиёсат омадани  эшон  дар таърихи  навини халқи тоҷик падидаи  нодире буд.  Чун ватанпарасте дар  шароити душвор ба  майдон  омад, дар гирудори     ҳаводиси мураккаб  обу тоб ёфт ва бошандагони Тоҷикистон  хизматҳои  барҷастаи  уро  ба назар  гирифта ба ҳайси   Пешвои  миллат  эътироф  намуданд.      Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси симои барҷастаи  сиёсӣаз ҷониби  сиёсатмадорони  сатҳи  ҷаҳонӣэътироф  гардидааст.

      «Шахсиятҳо  таърихро  меофаранд, онро дигаргун  мекунанд, дар  тахрих аз  худ  нақш  мегузоранд ва номи  худро   вориди  таърих  мегардонанд. Бо баргузор  гардидани  Иҷлосияи  XVI Шурои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  номи Эмомалӣ Раҳмон вориди  таърих  гардида,  солҳои  минбаъда ӯ  ба  шахсияти  таърихӣ на  танҳо  дар дохили  кишвар, балки  дар  арсаи  ҷаҳонӣ табдил  ёфт. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори  Кохи  бузурги  сулҳ дар  миёни  сиёсатмадорони  сатҳи  ҷаҳонӣ мавқеъ  пайдо  намуд» [2].  

    Академик Евгений  Примаков  дар бораи сарвари кишвари  мо навишта буд: « Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон солҳои зиёдест, ки  роҳбарии ҷумҳуриашро  ба  зимма  дорад ва  мамлакатро  бо  роҳи дуруст бурд.  Ҳамчунин  вай дар муътадилсозии авзои дохилӣмусоидат  намуд» [3].

           Президенти Федератсияи  Россия Владимир Путин хизматҳои  Эмомали Раҳмонро ҳамчун  намуна барои  роҳбарони  халқҳову мамолики дигар таъкид намуда гуфта буд: « Эмомалӣ Раҳмон  яке аз  симоҳои  барҷаста  буда,дар байни сиёсатмадорони  ИДМ  мавқеи  намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду чаҳди у аз  он  шаҳодат  медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ  тавре  пойдор аст,ки назираш  дар ҳеҷ  мамлакате, ки чунин вазъияти муташанич дошт, дида  намешуд.  Ҳар он чӣоиди  ин масъала дар Тоҷикистон  амалӣ гардидааст,  мисоли хубест  барои биёр  халқҳову  мамолики  дигар» [4].   В. В. Путин   таъкид  мекунад, ки  Эмомалӣ Раҳмон на  тан ҳо  дар Ватани  худ, балки да  хориҷа  низ   чун ходими  барчастаи  сиёсӣ эътироф  гардидаааст: «   Шумо  миёни  ҳамватанон  эҳтироми  шоистаро  сазовор  буда,  дар  хориҷа ҳамчун  ходими сиёсии соҳибтаҷрибаву  дурбин ва Пешвои ҳақиқии  кишвари  худ эътироф  шудаед»[5]. 

       Нуктаи болоро Президенти Ҷумҳурии  Узбекистон Шавкат  Мирзиёев тақвият  додаст: «Сиёсати  давлатии  босамари Шумо аз  ҷониби  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  эътироф  гардида,  ба  инкишофи  обрую  нуфузи  Тоҷикистон   дар  сатҳи  байналмилалӣ  мусоидат   мекунад» [6]. 

       Лозим  ба ёдоварист, ки  баргузор гардидани Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанди бостонӣ  ва  ба сари  кудрат  омадани   Эмомалӣ  Раҳмон  рӯйдоди  тақдирсозе буд, ки  миллати тоҷикро аз вартаи буҳронӣраҳо сохта, тамомияти арзии кишвар, ваҳдати миллӣва бунёди  давлатдории тоҷиконро дар охири қарни XX таъмин намуд. Истиқрори Сулҳ  ва  Ваҳдати  миллӣ муҳимтарин омиле буд, ки соҳибистиқлолӣ ва ҳувияти кишвари моро ҳамчун давлати миллӣва  пояҳои  давлатсозии  миллиро  устувор сохт. Тоҷикистон бо чеҳраи хоси фарҳангии худ ба ҳайси давлати миллӣба арсаи муносиботи  байналхалқӣ ворид гардида, бо роҳи инкишофи ботадриҷи иқтисодию иҷтимоӣқадам ба қадам ба суи рушд ва бунёди давлати дунявӣва ҳуқуқбунёд гом мебардорад. Тоҷикистон  дар  арсаи  байналмилалӣва  таърихи сулҳлфаринӣ барои  мамолики  дигари  даргири ихтилофҳои  дохилӣнамунаи  ибрат  мебошад. Бесабаб нест, ки собиқ  Дабири  кулли Созмони Милали  Муттаҳид Кофи Анан ба  нақши Тоҷикистон дар  арсаи  сулҳофаринӣ баҳои  баланд  дода,  гуфта  буд: «Тоҷикистон  ба  дигар  кишварҳо дар  масъалаи ҳалли  ихтилофоти  дохилӣ мисоли  беназире  нишон  дод. Ба  андешаи  ман ин саҳми муҳимми  Тоҷикистон  ба  таърихи  сулҳофаринист»[7]. 

       Асосгузори  сулҳу  ваҳдат- Пешвои  милллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон тамоми  неру ва имкониятҳои  сиёсиву  дипломатии  худро дар  даврони  соҳибистиқлолии  Тоҷикистон  ба ҳалли қазияи ҳамсоякишвар- Афғонистон  бахшидааст. Аз ин ваҷҳ   эшон чун  сиёсатмадори  сатҳи  ҷаҳонӣаз  ҷониби  ҷомеаи Афғонистон  шинохта  шуда  ба  хизматҳояшон   арҷгузорӣ намудаанд. Овардани  суханони  шодравон  Аҳмадшоҳи  Масъуд, Қаҳрамони  миллии  Афғонистон дар  ин  бора  ба маврид аст: «Истиқлолият  ба  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон – ин сиёсатмадори  дараҷаи  ҷаҳониро  дод. Имруз у  машҳуртарин  фарзанди  Тоҷикистон  ва  тамоми  тоҷикони  ҷаҳон  ва  дусти  ҳақиқии Афғонистон  аст» [8].

                  Вақте сухан аз истиқрори Сулҳу субот ва  Ваҳдат  меравад, қабл аз ҳама мо бояд омилҳоеро муаян намоем, ки дар истиқрори Сулҳу Ваҳдати  миллӣ ва раванди созандагю  бунёдкорӣнақши ҳалкунанда бозидаанд. Метавон чанде аз муҳимтарин омилҳоро дар раванди истиқрори  сулҳи тоҷикон номбар кард, ҳар кадоме аз онҳо нақши муайянеро дар давраи тақдирсози кишвар ифо намудаанд ва ҳар кадоме аз инҳо барасии ҷудогонаро талаб мекунад. Маъмулан, дар ин замина се омили муҳимтаринро метавон зикр  кард.

         Якум, омили шахсият, ки мақоми шахсияти Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар раванди барқарорсозии сулҳ ва мусолиҳаи миллӣба ду омили дар зер номбаршуда баробар аст ва дар баъзе мавридҳо нақши ҳалкунандаро низ бозида буд.

         Дуюм, омили айнӣ, ки ба иродаи халқи тоҷик ва табиати сулҳофарини у иртиботи мустақим дошта, сиёсати оштии миллиро пайгирона ҷонибдорӣ намуд;

         Сеюм, омили байналмилалӣ, ки ба сиёсати сулҳҷуёнаи кишварҳое вобастагӣдошт, ки дар барқарор намудани сулҳ дар сарзамини тоҷикон манфиатдор буданд ва ҳар кадоме аз ин кишварҳо дар истиқрор ва бе бозгашт намудани сулҳ саҳми арзандае гузоштаанд.

           Муссалам аст, ки шахсият дар раванди просесси мураккаб ва тақдирсози сиёсӣмасъулияти бузурге ба душ дорад. Комёбӣдар раванди сиёсӣ аз бисёр ҷиҳат ба кордонӣ, мулоҳизакорӣ, дилсузӣ, фарҳанги сиёсӣва кору амали шахсият вобаста аст.

     

                Зуҳури лидери умумимиллӣба тафаккури миллӣва ифтихороти миллӣиртибот дорад. Зеро ифтихори миллӣ, ки дар муҳаббат ба Ватан ва таъриху фарҳанги он зоҳир мегардад, дар даврони соҳибистиқлол гардидани кишвар то андозае инкишоф ёфт ва барои рушди тафаккури умумимиллӣдар ҷомеа заминаи муаян ба вуҷуд омад. Аз ин ру тафаккури умумимиллӣметавонад, лидери умумимиллиро тарбия намояд.

         Бояд гуфт, ки лидери умумимиллӣ дар навбати худ шахсияти байналмилалист. Ва имрӯз бо боварии том гуфта метавонем, ки ЭмомалӣРаҳмон сарвари умумимиллии Тоҷикистон маҳсуб гардида, аз ҷониби тамоми ақшори ҷомеа, намояндагони халқу миллатҳои сокинони Тоҷикистон, аъзо ва ҷонибдорони созмону аҳзоби мухталифи сиёсӣ эътироф гардидааст ва  дар  сатҳи байналмилалӣ соҳиби  обрую  нуфузи баланд   мебошанд.

         Ибрати шахсӣ, ҳусни ният, масъулиятшиносӣ, муқаддас шинохтани манофеи давлату миллат, тафаккури умумимиллӣ, пойбанди арзишҳои демократӣ, эътрофи ғояҳои гуногуни сиёсӣва гуногунандешӣдар ҷомеа, ки аз ҷониби ЭмомалӣРаҳмон зоҳир мегардиданд, ба руҳия ва тафаккури собиқ мухолифин низ таъсир расонданд.

      Истиқрор ва таҳкими  Ваҳдати миллӣ самтҳои муҳимми ҳаёти  иҷтимоию  сиёсии ва иқтисодии мамлакатро фаро гирифт ва фазои  мусоиди рушдро  фароҳам  овард.

- ваҳдати  сиёсӣ дорои як  қолаби  муайяни демократӣ гардид,  неруҳои  ватанпараст  дар  асоси ғояи  миллии созанда  дар атрофи  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутаҳид  гардидаанд;

- ваҳдати  манотиқи кишвар таввасути  шоҳроҳҳои замонавӣ аз  назари  коммуникатсионӣ таъмин гардид, ки  на танҳо дар рушди  иқтисодии  минтақаҳо   нақши  бузург  бозид, балки  ба  рушди шуур  ва ҷаҳонбинии миллӣ мусоидат  намуд:

- ваҳдати  байналмилалии халқҳои Тоҷикистон устувор гардида  чун  давлати демократӣҶумҳурии Тоҷикистон барои нкишофи  фарҳангии  тамоми қавму халқҳои  мамлакат шароити мусоид   фароҳам овард;

- ваҳдати  динии  сокинони Тоҷикистон таҳким ёфта, барои  пайравони тамоми адёну  мазоҳиби  бошандагони  мамлакат дар  иҷрои  расму оинҳои диниашон шароити  мусоид  фароҳм  оварда  шуда  онҳо  чун  шаҳрвандони баробарҳуқуқ  дар рушди Тоҷикистон  саҳми худро  мегузоранд.

         Таблиғи масъулиятшиносӣ дар даврони тақдирсози Ватан самти асосии фаъолияти роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мерафт. Маҳз  ибтикори шахсӣва масъулияти бузург  барои  тақдири халқу Ватан ба  Сарвари давлат  имконият дод,ки  ба  боварии кулли мардуми Тоҷикистон арзанда  гардад.

     Имруз тоҷикистониён дар фазои сулҳу  оромӣба меҳнати бунёдкорона машғуланд ва итминон доранд, ки ба оромии кишвар осебе намерасад. Зеро Ваҳдат омили  муҳими  тараққиёти ояндаи  мамлакат  ва  беҳтар шудани  сатҳи зиндагии  мардум  мебошад.

         Дар истиқрори суббот ва рушди  муътадили мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси шахсияти маъруфи давраи ҷадиди таърихи халқи тоҷик, лидери эътирофшудаи умумимиллӣва ходими намоёни сиёсати байналмилалӣ нақши бузурги созандагиро баҳри ояндаи неки кишвар бар душ дошта, сокинони Тоҷикистонро дар атрофии худ муттаҳид карда, ба меҳнати бунёдкорона барои ободии Ватан даъват  менамояд.Таҳти  роҳбарии  эшон  дар  мамлакат барномаҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ амалӣ мегарданд.   Дар Тоҷикистон  давлати миллии  иҷтимоӣ бунёд  гардид, ки аз пуштибонии ақшори  васеи  мардум  бархурдор  аст.    

       Барои рушди босуботи иқтисоди миллӣ замина ва шароити мусоид ба вуҷуд омада, баҳри боло бурдани сатҳи зиндагии мардум шароити муайяне фароҳам омад. Ҳадафҳои  стратегии рушди  иқтисодӣва  иҷтимоии   мамлакат  муайян гардида, дар ин замина  корҳои бузурге  дар самтҳои  аз бунбасти   коммуникатсионӣ раҳо намудани  мамлакат, ба даст овардани  истиқлолияти  энергетикӣва таъмини  амнияти  озуқаворӣ ва ба кишвари  саноатӣ  табдил додани Тоҷикистон анҷом  дода  шудаанд.

 

            Эмомалӣ Раҳмон  бешубҳа шахсияти   ҷаҳонӣ мебошад.  Дар шароити  мураккаби  вазъи  байналмилалӣ миллат  ба  сарвари  эътирофшудаи  умумимиллӣ эҳтиёҷ дорад, Лидери  умумимиллӣ  ва  шахсияти   ҷаҳонӣ - Пешвои  миллат  кафили Иттиҳод, Якпорчагӣ  ва Ҳамраъии  ҷомеаи  Тоҷикистон  ва  рушди босуботи  мамлакат  дар  шароити  зудтағйирёбандаи  ҷаҳон ва  вазъи мураккаби   байналмилалӣ  мебошанд. 

Пайнавишт:

1.Гринин Л.Е. Роль  личноси  в  истории: История  и  теория  вопроса \\ Модели, системы, сети в экономике,  технике, природе  и обществе – 2015, №3(7).  – С.233-237.

2.Офаридаев Н. Меъмори  Кохи  бузурги  сулҳ \\ Садои мардум

 2012, 19 ноябр.

  1. Шахсиятҳои ҷаҳонӣ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон \\ Садои  мардум. -2015, №132, 5 октябр.
  2. Шахсиятҳои ҷаҳонӣ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон \\ Садои  мардум. -2015, №132, 5 октябр.
  3. Барқияҳои табрикӣ\\ Садои мардум. -2018, №122 9 сентябр.
  4. Барқияҳои табрикӣ\\ Садои мардум. -2018, №122 9 сентябр

7.Фаттоев С., Сайфидддинов  М. Президенти  мардумӣ\\ Садои  мардум, - 2012, № 126, 4 октябр.

  1. Шахсиятҳои ҷаҳонӣ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон \\ Садои  мардум. -2015, №132, 5 октябр.

 

 

 

Назрӣ  Офаридаев

сарходими   илмии Институти  илмҳои  гуманитарии   ба   номи  Б. Искандарови  АМИТ

 

 акс:  https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/215345/120296709036107597091117535754414325265514o.jpg