wrapper

       Минтақаи Бадахшон аз кадимулайём гаҳвораи қавмҳои ориёӣ буда, дар каламрави он халқиятҳои мухталифи эронитабор шуғниҳо, рӯшониҳо, вахониҳо, риниҳо (ишкошимиҳо), язгуломиҳо ва ғайра умр ба сар мебаранд, ки ҳар яке аз онҳо бо гуйишҳои гуногуни эронӣ такаллум мекунанд. Ин вижагии Бадахшонро ба назар гирифта, муаррихон ва забоншиносон Помирро осорхонаи этнолингвисти қаламдод намудаанд . Бояд тазаккур дод, ки то охири қарни XIX ва ибтидои асри ХХ дар Бадахшон дар баробари забонҳои маҳаллӣ забони форсӣ-тоҷикӣ мавқеи хосаро ишғол мекард ва забони мазкур барои босавод намудани мардуми ин минтақа ва рушд бахшидани улуми мухталиф аз қабили адабиёт, забон, тиб, нуљум, таърих, фалсафа, улуми мазҳабӣ, наққошї, хушнависӣ ва ғайра нақши босазое бозидааст. Профессор Додихудо Карамшоев зимни пажуҳишоти худ перомуни густариш ва мавкеи забони форсӣ- точикӣ дар қаламрави Бадахшон дуруст тазаккур додаанд: «Забони тоҷикӣ дар Бадахшон ба унвони забони иртиботи байни ақвоми мухталифи ин сарзамин роиҷ аст ва ба ин восита мардуми Бадахшон арзишҳои фарҳангӣ ва суннатҳои қавми ориёиро бо ду забон ҳифз мекарданд. Забони помирӣ дар зиндагии мардум ба суратҳои мухталиф истифода мешавад. Чи шеъри фолклорӣ ва чи шеъри адабӣ бештар ба забони форсӣ-тоҷикӣ суруда шуда ва бинобар ин, тамоми ақвоми ин минтақа бо ин забон ошно ҳастанд. Аксари жанрҳои адабӣ, яъне ғазал, рубоӣ, мухаммас, достонҳои динӣ ва ирфонӣ дар Бадахшони бисёрзабон ғолибан ба форсӣ-тоҷикӣ навишта ва паҳн мешаванд ва бисёре аз расм ва ойинҳо ва аз ҷумла маросими «Чароғравшан», ки дар шаби савум баъд аз вафоти шахс баргузор мешавад, низ ба форсӣ-тоҷикӣ анҷом мешавад. Дуоҳо ва фотиҳаҳое, ки дар ҷашни арӯсӣ ва таваллуди кӯдак, маросими шурӯи хонасозӣ ва ворид шудан ба хонаи ҷадид хонда мешаванд, низ ба ин забон аст. Аммо баъзе аз анвои шеър ба забони маҳаллӣ низ суруда шудаанд. Аз жанрҳои мансури адабӣ қисса ва афсона, нақл ва ривоят, латоиф ва ғайра гоҳ ба забони помирӣ ва гоҳ ба забони форсӣ-тоҷикӣ гуфта мешаванд. Ҳамчунин, зарбулмасал ва мақол ва чистонҳо, ки аз жанрҳои кӯчаки фолклорї маҳсуб мешаванд, низ ба забони форсӣ ва ҳам ба забони маҳаллӣ нақл шудаанд. Замоне ки Ҳаким Носири Хусрав бо мақсади таблиғ намудани ақоиди исмоилия роҳи Бадахшонро пеш гирифтанд, ин мутафаккири бузург мардуми ин сарзаминро бо забони форсӣ-дарӣ ҳидоят намуданд ва барои онҳо даҳҳо ҷилд китобҳои пурарзишро дар мавзуоти фалсафӣ, адабӣ, ахлоқӣ ва ғайра ба забони форсӣ- тоҷикӣ таълиф намуданд, ки ин осори гаронбаҳо дар тӯли беш аз ҳазор сол дар хидмати мардуми кӯҳистони Бадахшон мебошад. Тавре Мискин Майҳанпараст тазаккур додаанд: «Носири Хусрави Қубодиёнӣ низ аз ҷабри яғмогарони салҷуқӣ ба Бадахшон паноҳ бурдааст... Ӯ дар Шуғнон, Бартанг, Рӯшон, Вахон, Сариқул, Кайрон ва Мунҷон аз ҷониби мардум гарм ва самимона пазироӣ медид ва суҳбатҳои ў ҳама ҷо бо забони шевои дарӣ дар ҷараён будааст». Ё донишманди тоҷик Азиз Мирбобоев доир ба густариши забони форсӣ-тоҷикӣ дар қаламрави Бадахшон ва маҳбубияти Ҳаким Носири Хусрав дар миёни мардуми ин сарзамин мефармояд: «Ошноии ақвоми ин вилоят бо забони форсӣ то ҳадде будааст, ки Носири Хусрави Кубодиёнӣ дар қарни 6-и ҳиҷрӣ тавонист мардуми ин вилоётро аз тариқи забони форсӣ ба мазҳаби исмоилия ташвиқ кунад. Чунонки аз ривоёт ва ашъори фолклорӣ, ки ҳанӯз ҳам дар байни моварои Помир ривоҷ дорад, маълум аст, мардуми ин сарзамин бо Носири Хусрав ба форсӣ такаллум мекарданд. Ва имрӯз мақоле «форсӣ шакар аст»-ро ба вай мансуб медонанд. Мазҳаби исмоилия, ки забони катаби аслии он форсӣ буд, барои тарвиҷи забони форсӣ дар ин ҳавза кумак кард».

          Забони тоҷикӣ дар қаламрави Бадахшон ва соир кишварҳои ҳамҷавор дар тӯли асрҳои мухталиф на танҳо ҳамчун забони илм, адаб, дину мазҳаб, балки ҳамчун забони байналмилалӣ ва байни қавмӣ хидмат намудааст. Яъне, агар қавмҳои мухталифи Бадахшон бо ҳамдигар ва ё бо намояндагони миллатҳои дигар ҳамсуҳбат мешуданд, ҳатман аз забони тоҷикӣ истифода мебурданд. Рушди забони тоҷикӣ дар Бадахшон дар тӯли асрҳои гуногун шароити мусоид фароҳам овард, ки дар ин кишвар сарчашмаҳои муҳимми форсӣ-тоҷикӣ, аз ҷумла дастнависҳо дар мавзуоти мухталиф ба вуҷуд оянд, ки имрӯз теъдоди онҳо дар Бадахшон ба ҳазорҳо нусха (дастнавис ва чопи сангӣ) мерасад. Ин сарчашмаҳои хаттии форсӣ-тоҷикӣ бо ду роҳ дар Бадахшон арзи вуҷуд кардаанд. Аввал ин, ки замоне ки муҳассилини бадахшонӣ барои таҳсили илм роҳи мадориси Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Афѓонистон, Самарқанд ва Бухороро пеш мегирифтанд, пас аз фарҷоми таҳсил онҳо китобҳои заруриро бо забони тоҷикӣ-форсӣ нусхабардорӣ намуда, бо худ ба Бадахшон меоварданд. Дувум, пас аз баргаштани муҳассилин онҳо дар зодгохи худ макотибҳои омӯзиширо таъсис дода, теъдоди зиёди кутуби форсӣ-тоҷикиро китобат намуда, миёни мардум паҳн мекарданд. Ин амали шоистаи нассохон имкони мусоид фароҳам овард, ки дар Бадахшон ҳунари наќќошӣ ва хушнависӣ низ рушд ёбанд ва хаттотон ва наққошони машҳур ба воя расанд. Барои собит кардани ин фикрҳо мехостем иттилооти чанд дастнависи форсӣ- тоҷикии дар Бадахшон дастраснамударо мавриди баррасӣ қарор диҳем:

         Нусхаи аввал «Нисоби Шайх Саъдӣ» ном дошта, аз ҷониби Улфатшох ибни Сайид Хукуматшоҳ дар Бомбайи Ҳиндустон бо фармоиши пир Сайид Фаррухшоҳ ибни Шоҳпартовӣ китобат шудааст, ки котиб дар охири дастнавис зикр кардааст: <<Тамат, тамом шуд Нисоби Шайх Саъдӣ» алайхирраҳмон валғуфрон. Катаба мин ядулзаъиф фақир-ул-хақир, хоки пойи ҷамии дарвешон Сайид Улфатшоҳ ибни Сайид Ҳукуматшоҳ таҳрир ёфт, фӣ явмул ҷумъа, нуздаҳуми шаҳри ҷумодиулохир саннаи 1275 (1858-1859) дар шаҳри Бомбай буд. Тамат тамом».

        Нусхаи дувум «Иршодоти Мавлоно Шоҳ Ҳасан Алӣ ва Мавлоно Шоҳ Алишоҳ» унвон дошта, аз ҷониби пир Шоҳ Ҳусайн дар шаҳри Пунои Ҳиндустон нусхабардорӣ шудааст. Пир Шоҳ Ҳусайн дар дастнавис зикр мекунад: «Ин чанд хатти шикастаи баста ба дасти нотамоми камина Сайид Шоҳ Ҳусайн валади Мирзо Муҳаммад Қосим аз валои Бадахшон аз сабаби фармоиши Сайид Қобилшоҳ валади Сайид Носиршоҳ дар мулки Ҳиндустон дар мавзеи шаҳри Пуна ба итмом пазируфт... Явми ҷумъа, чаҳоруми моҳи Зулҳиҷҷа, саннаи 1327 буд, ки тамом ёфт».

         Дар асри ХІХ ва ибтидои ХХ дар Бадахшон ба шарофати тарвиҷи ҳунари нассохӣ, пахш гардидани теъдоди зиёди осори форсии илмӣ, адабӣ ва ҳунарӣ дар ин сарзамин илми таърихнигорӣ низ рушд кард ва дар Бадахшон чанд тан аз муаррихон ба воя расиданд, ки бо кӯшиши онҳо асарҳои таърихӣ оид ба таърихи Бадахшон ба забони ноби форсӣ-тољикӣ таълиф гардиданд. Дар ин давра, яъне соли 1880-81 милодӣ дар замони њукмронии Юсуфалихон аз ҷониби пир Сайид Фаррухшоҳ маснавии «Таърихи шоҳони Шуѓнон»  таълиф гардид, ки донишманди мазкурро метавон яке аз аввалин муаррихон ва поягузорони илми таърих дар Бадахшон эътироф кард. Пир Сайид Фаррухшоҳ асари худро ба назм ва ба забони тоҷикӣ эљод намуда, дар он доир ба шарҳи ҳоли ҳашт нафар шоҳони Шуғнон иттилооти пурарзиш медиҳад. Ҳамчунин, аз ин донишманд то замони мо ашъори зиёди људогонае ба ёдгор мондаанд, ки онҳо ба мавзуъҳои таърихӣ ва инъикоси авзои иҷтимоии Бадахшони асрҳои гузашта бахшида шудаанд.

       Дар ин давра аз ҷониби донишмандони дигар Курбон Мухаммадзода (Охон Сулаймон) ва Муҳаббатшоҳзода (Сайид Шохфитур) як асари мукаммал ва пурарзиш бо номи «Таърихи Бадахшон»  ба забони тоҷикӣ таълиф гардид, ки ин асар дар чаҳор дафтар навишта шуда буд, ки он таърихи Бадахшонро аз замони Шоҳи Хомӯш то Юсуфалихонро дар бар мегирад.

      Ҳамчунин дар ин аср як асари таърихии муаррих Ҳайдаршоҳи Муборакшоњзода «Таърихи мулки Шуғнон»  ва Фазлалибеки Сурхафсар бо номи “Таърихи Бадахшон”ба забони тоҷикӣ тасниф шуданд, ки онҳо дар илми таърихнигории муосир ба хотири равшан сохтани таърихи ҳукмронии чиниҳо дар Шуғнон, сукунати оташпарастон дар Бадахшон, таърихи шоҳони Шуғнон ва ба Русия ҳамроҳ гардидани Помир дорои аҳамияти муҳим мебошанд. Метавон хотиррасон намуд, ки ҳар яке аз ин асарҳо дорои арзиши хосси илмӣ буда, ба таърихи тираи асрҳои собиқи Бадахшон равшанӣ меандозанд.

       Дар баробари осори таърихӣ дар Бадахшон бо инкишоф ёфтани забони тоҷикӣ адабиёти тоҷик рушд намуда, шоирони зиёд тарбия ёфтанд ва осори манзуми худро ба забони тоҷикӣ эҷод намуданд, ки метавон шоирони машҳури Бадахшон ба мисли Саййид Фаррухшоҳ, Мубораки Вахонӣ, Саййид Ҷаъфар, Мирзоибоди Шидзӣ, Шоҳфутур Муборакшоҳзода ва дигаронро ном бурд, ки онҳо ашъори худро ба забони тоҷикӣ таълиф намуданд. Ҳамчунин бо баракати густариш ёфтани забони тоҷикӣ дар Бадахшон дар ин сарзамин мактабҳо ба вуҷуд омада, онҳо барои босавод гардондани мардум саҳми босазо гузоштанд.

      Хуллас забони тоҷикӣ дар ҳаёти мардуми Бадахшон дар тўли асрҳо саҳми босазо гузошта буд. Маҳз ин забон буд, ки бадахшониён босавод гардиданд ва дар макотиб таҳсили илм намуданд ва ҳар гурӯҳе дар соҳаҳои гуногун соҳибкасб гардиданд.

 

 

  Умед Мамадшерзодшоев

Ходими илмии шуъбаи таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ