wrapper

 

 

ДОДХУДО КАРАМШОЕВ: УМРЕ ДАР ТАЛОШИ ПАЖӮҲИШ, ҲИФЗ ВА  НИГАҲДОРИИ ЗАБОНҲОИ КУҲАН ДАР ТОҶИКИСТОН

(Ёдномаи олим)

...Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи

сарзамин ва марзу бумӣ аҷдодӣ, мероси бойи

 фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург

 ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огаҳӣ

надоранд, ҳеч гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди

замони худ шуда наметавонанд.

Эмомалӣ РАҲМОН.

НАХУСТТОҶИКИ ПОМИРШИНОС

Донишманди зиндаёд, забоншиноси маъруф, профессор Додхудо Карамшоев аз ҷумлаи он олимони тоҷик аст, ки шӯҳрати ӯ ҳанӯз дар даврони зиндагияш на танҳо дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, балки дар бисере аз мамолики Шарқ низ паҳн шуда буд. Вай аз миёни шарқшиносони тоҷик нахустин пажӯҳишгар аст, ки ба таҳқиқи забонҳои куҳани помирӣ рӯ овард  ва дар муддати кӯтоҳ дар ин соҳа ба яке аз олимони номвар табдил ёфта буд. Бо кӯшиши профессор Карамшоев асарҳои муҳими забоншиносӣ ва луғатҳои комил арзи вуҷуд карданд, ки кунун на танҳо барои забоншиносон, балки барои тамоми шарқшиносон ҳамчун роҳнамое барои омӯхтани забонҳои помирӣ хизмат мекунанд.

“Ҳамчун олим ва луғатшиноси моҳир устод ҳама вақт мехостанд, ки ягон воҳиди забонӣ аз пеши назари муҳаққиқ дур намонад. Нисбати забонҳои помирӣ, ки аслан хат надоранд ва ба ҷамъ кардани маводҳои забонӣ ва фолклорӣ эҳтиёҷ доранд, устод тамомои донишу ақлу заковати худро сарф карда буд. Ӯ умед дошт, ки ин забонҳо соҳибхат мешаванд, то ки дар оянда фарҳангҳои соҳавӣ, этимологӣ ва энсиклопедиро сохта тавонанд ва нашр кунанд ва ояндагон аз он баҳра бигиранд”, менависад дар бораи  хидматҳои таърихии олим ва ниятҳои якумраи вай профессор М.Аламшоев[1]. Ба гуфтаи профессор Назрӣ Офаридаев устоди Донишгоҳи шаҳри Хоруғ “помиршинсоӣ ба ҳайси як шохаи бузурги эроншиносӣ яке аз самтҳои шарқшиносӣ мебошад ва профессор Карамшоев аз ҷумлаи тоҷикон ва соҳиби яке аз ин забонҳо аз нахустин кадрҳои маҳаллӣ аст, ки ба омӯзиши амиқи илмии  ин забонҳо пардохтааст”.  Вай афзуд “то Карамшоев мутахассисони аслии ин забонҳо аслан олимони рус ва англисизабон буданд ва марказҳои омӯзишии ин забонҳо низ берун аз ҷумҳурӣ дар шаҳрҳои Маскав ва собиқ Ленингради Русия, ҳамчунин Амрико, Англия, Фаронса фаъолият мекарданд”.

 

ЗИНДАГИНОМАИ ОЛИМ

Додхудо Каоамшоев 5 майи оли 1932 дар деҳаи баландкӯҳи  Баҷуви ноҳияи Рӯшони Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони ҶСС Тоҷикистон  дар оилаи деҳқони колхозчӣ  таваллуд шудааст.  Вақте синни ӯ ба сенздаҳ мерасад, дар миёни Германияи фашистӣ ва Шӯравии сотсиалистӣ ҷанги беамон сар мезавнад. Падараши Додхудо яке аз авввалинҳо ба ҷабҳа меравад ва дар ҳамон ҷо баъди чанде ба ҳалокат мерасад. Ин факт аз он шаҳодат медиҳад, ки бачагии олими оянда бо мушкилии сахте пушти сар мешавад.  Вақте Додхудо мактаби ҳафтсолаи деҳаашро бо баҳои аъло  хатм мекунад, ӯро бо як хурсандиву шодӣ ҳамчун омӯзгор ба мактаби деҳ даъват мекунанд. Ҳамин тавр Додхудо аз овони наврасӣ ба кори таълиму тарбия мегузарад, ки барои кори ояндани илмияш заминаи хубе мегардад. Аммо ӯ таҳсилро як сӯ намонда ҳуҷҷатҳояшро ба шӯъбаи ғоибонаи омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хоруғ месупорад.  Дар марҳилаи нахусти ҷавонии хеш вай на танҳо омузгориии мактаб, муҳасилии омӯзишгоҳ, балки вазифаи ҷамъиятии котиби комсомоли мактаби хешро низ ба уҳда мегирад.

Вай то соли 1952 дар деҳа монда сипас ба Институти давлатии педагогии шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) дохил шуда ихтисосои муаллими забон ва дабиёти тоҷикро бо дипломи аъло аз худ мекунад.

Ҳанӯз дар замони донишҷӯӣ таваҷҷӯҳи Додхудои ҷавонро забонҳо ва гӯишҳои мухталифи Помир ба худ зиёд ҷалб мекунанд.  Вале барои ӯ бештар  он ҳайратовар буд, ки олимони хориҷӣ ба омӯзиши ин забонҳо таваҷҷӯҳи зиёд мекарданду дар байни олимони миллии тоҷик ҳанӯз касе ба омӯхтани онҳо даст назада буд. Карамшоев бо азми комил соли 1957  шомили аспирантураи шӯъбаи эроншиносии Институти забоншиносии АУ СССР дар шаҳри Ленинград шуда то соли 1960 таҳсил намуд ва аз мактаби машҳури эроншиносии Ленингарди собиқ гузашт. Дар тӯли ин солҳо вай барои созмон додани зербанои манбаъҳои омӯзиши системаноки забонҳо ва гӯишҳои мавҷудаи Бадахшон заминаи хуби итилоотӣ фароҳам сохт. Муҳаққиқи Карамшоев шогирд, дӯст ва ҳамнишини чунин олимони маърфи помиршинос мисли В.С. Соколова,  И. И.Зарубинин, А.Л.Грюнберг, М. Н. Боголюбов,

И. И. Цукерман, А.К.Писарчик, Р. Х. Додихудоев, С. Н. Соколова, И. Стеблин-Каменский ва дигарон буд. Дониш, таҷрибаву маҳорат ва малакаи  аз онҳо гирифта тамоми умр барои ин пажуҳишгар рӯшангаре буд мисли чароғи дастӣ. 

 

АСРОРИ ЗАБОНҲОИ КУҲАНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲД БАРОИ ҲИФЗИ ОНҲО

“Ба арсаи илм омадани Додхудо Карамшоев дар самти омӯзиши забону фарҳанги кӯҳистони Помир паёмадҳои назаррасро ба бор овард. Зеро то солҳои шастуми қарни гузашта омӯзиши илмии забонҳои помирӣ маркази расмии худро надошт ва забонҳои помирӣ дар доираи омӯзиши забонҳои гурӯҳи эронӣ таҳқиқ мешуданд. Адами мавҷудияти маркази алоҳидаи илмӣ таҳқиқу баррасии мукаммал ва тибқи нақша сурат гирифтаро таъмин намекард”, мегӯяд доктори илмҳои филологӣ устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ профессор Назрӣ Офаридаев. Зимни фаъолият дар Пажӯҳишгоҳи забон ва дабиёти ба номи Рӯдакӣ дар тӯли солҳои 1963 - 1967 Карамшоев барои таъсиси сектор ё бахши забонҳои помирӣ дар дохили ин пажӯҳишгоҳ ва бо кадрҳои хуб таъмин кардани ин бахш хидматҳои сазоворе кардааст. Тавре профессор Н.Офаридаев ёдовар мешаванд, таъсиси сектор ё бахши помиршиносӣ кори саҳле набуд ва масъала бо миёнравии президенти онвақтаи АУ Тоҷикистон М.Осимӣ ба назди котиби КМ ПК Тоҷикистон Ковал ҳалли худро пайдо карда дар таъсиси ин бахш нақши директори вақти Институти забон ва дабиёти тоҷик Н.Маъсумӣ низ хеле бузург будааст. Ва албатта ҳамаи ин муваффақиятҳо бидуни кӯшишҳои  устод Карамшоев ба даст намеомаданд.

Ба гуфтаи дуктур Шамсиддин Солеҳов, муъовини раиси Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе, дар замони Шӯравӣ таъсиси бахши помиршиносӣ кори саҳле набуд ва барои ин кор мудохилаи Кумитаи марказии Ҳизби кумунисти Тоҷикистон лозим буд.

Вай мегӯяд: "Шояд ҳамаи ин муваффақиятҳо бидуни кӯшишҳои устод Карамшоев ба даст намеомаданд”.

 Соли 1974 ин бахш бо саъйи устод Карамшоев ба шӯъбаи помиршиносӣ табдил ёфт ва мутахассисони зиёдтареро фаро гирифт. Бо ривоҷ гирифтани фаъолияти шӯъба, афзоиши кормандони илмии он, фаро гирифтани доираи васеътар мавзӯоти  илмӣ дар помиршиносӣ зарурати боз ҳам тавсеа додани он ба амал омад. Устод Карамшоев чунин андеша мекард, ки ин шӯъба бояд дар маҳали корияш, яъне дар ҷои воқеъшавии забонҳо ё дар “лабораторияаш”амал кунад ва танҳо дар он ҷо метавонад самари бештаре орад.

Устод Карамшоев  бидуни кадом шак бунёнгузори шуъбаи помиршиносӣ дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Таъсиси шӯъбаи помиршиносӣ ба ривоҷи фаъъолияти он, афзоиши шумори кормандони илмӣ, фаро гирифтани доираи васеътари мавзӯъоти илмӣ дар заинаи помиршиносӣ мусоъидат кард.

Устод Карамшоев ҳамеша дар такопӯ буд ва мекӯшид, ки омӯзиши забонҳои куҳани шарқии эронӣ, ки дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон роиҷ ҳастанд, тавсеъа ёбад.

Ба андешаи вай, ин шуъба мебоист дар маҳалле, ки ин забонҳо роиҷанд, ё ба истилоҳ дар "озмоишгоҳи табиъии" забонҳои бадахшонӣ, фаъъолият кунад ва он гоҳ метавонист самари бештаре ба бор оварад.

Бо ин андеша, устод Карамшоев бо роҳбарони вақти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мавзӯъи ба Бадахшон кӯч додани шӯъбаи помиршиносиро матраҳ кард. Ҳамин тавр, аз соли 1989 шуъбаи помиршиносӣ фаъъолияти худро дар шаҳри Хоруғ оғоз кард.

Аз моҳи сентябри соли 1991 дар заминаи ин шӯъба дар шаҳри Хоруғ Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар Бадахшон таъсис шуд, ки он низ самараи саъю кӯшиши пруфесур Карамшоев унвон мешавад.

Суханони муҳаққиқи таърихи забонҳои эронӣ шарқшиноси маъруф М.И. Оранский :“Ба арсаи илм ворид гардидани гурӯҳи мутахассисоне, ки барояшон ин забонҳо  модарӣ мебошад, дар инкишофи ин соҳаи эроншиносӣ марҳилаи нави ояндадор боз мекунад” дар шахси Карамшоев татбиқи худро ёфтанд.

Карамшоев дар таҳия ва қабули нахустин Қонун дар бораи забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширктаи фаъол дошт ва пешниҳодҳои ӯ роҷеъ ба ҳифзи қонунии забонҳои куҳан дар Тоҷикистон дар ин қонун дарҷ ёфтанд. Ҳамчунин профессор Карамшоев яке аз мураттибони алифбои кириллиасоси забонҳои помирӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

КАРАМШОЕВ ПОЯГУЗОРИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРӢ ДАР БАДАХШОН

Донишёр Карамшоев дар назди роҳбарияти вақти АУ Тоҷикистон масъалаи ба Помир кӯчондани шӯъбаи помиршиносиро асоснок кард. Далелҳои ӯ бе қилу қол пазируфта шуданд ва аз соли 1989 шӯъбаи помиршинсоӣ фаъолияти худро дар шаҳри Хоруғ оғоз кард.  Дар тӯли ин солҳо  роҳбари ин бахш буда, дар омӯзиши забонҳо ва гӯишҳои помирӣ, фолклори мардуми он ва дигар масоили умдаи эроншиносӣ дар мисоли забонҳои помирӣ нақши сазовор гузоштааст. 

Аз моҳи сентябри соли 1991 дар заминаи шӯъбаи помиршиносӣ Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии АУ ҶТ дар ВМКБ таъсис шуд, ки бешак, бидуни саъю кӯшиши профессор Карамшоев, коре буд амри маҳол.

Бо супориши Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии АУ ҶТ дар Помир, ки ба таъсиси он профессор Карамшоев асос гузоштааст, дар қаламрави Боғи Ботаникии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои барҳавои худ шуд.  Ҳамакнун дар ин пажӯҳишгоҳ на танҳо масоили забон ва адабиёти мардуми Бадахшон, балки таърих, этнография (мардумшиносӣ), иқтисод, ҷуғрофия, геология ва ҳоказоро низ меомӯзанд.

Тавре  профессор, доктори улуми филологӣ директори Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии шаҳри Хоруғ  марҳум Шодихон Юсуфбеков гуфта буданд “ҳоло дар  шӯъбаи помиршиносие, ки устод Карамшоев як замоне таъсис дода буданд, олимон ва таҳқиқгарон аз куллияи манотиқи Бадахшон: Шуғнон, Рӯшон, Язгулом, Бартанг, Ванҷу Дарвоз фаъолият мекунанд ва боиси фахр аст, ки бархе аз шогирдони устод имрӯз дар пажӯҳишгоҳҳо ва муассисоти илмии гуногуни кишварҳои Русия,  Инглистон ва Амрико кору фаъолият мекунанд.

Сардори шӯъбаи забонҳои помирии Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии АУ ҶТ доктори илмҳои филологӣ профессор ва шогирди бевоситаи профессор Карамшоев Муқбилшоҳ Аламшоев мегӯяд “шодравон Карамшоевро ҳамчун лексиколог ва лексикограф дар Тоҷикистон ва берун аз он мешиносанд ва эҳтиром мегузоранд”. Ба гуфтаи ин олим “луғатсозӣ кори аз ҳама мушкилтарин дар забоншиносӣ аст, вале устод Карамшоев ба мушкилие нанигариста беҳтарин луғатро мураттаб сохтааст”. Бузургтарин кори илмие, ки устод Карамшоев дар тӯли солҳо анҷом додааст, ин таҳия ва мураттаб кардани “Луғати сеҷиладаи шуғнонӣ -  русӣ” аст, ки дар Сарредаксияи адабиёти шарқи Нашриёти “Наука” -  и шаҳри Москва ба нашр расидаст. Ин луғат дар вақташ аз ҷониби забоншинсосои номии шӯравии собиқ баҳои баланд гирифта буд.

САБКИ КОРУ РАФТОРИ ОЛИМ

Муаллифи ин сатрҳо шоҳид аст, ки устод Карамшоев ҳамеша новобаста дар куҷо ва бо кӣ нишаста аст, каламу коғаз дар даст дошт ва ҳар калимаи наверо, ки дар забон мешунид, сабт мекард ва ҳамоно онро ба картотека дохил менамуд. Вай ба шогирдонаш мудом таъкид мекард: “Шогирдонам, шитобед, қаламу коғазро гиред. Маводҳои забонӣ ва фолклориро ҷамъ намоед, забони тозаи мо дар ниҳоди пирон ва мӯйсафедон нуҳуфтааст, забонҳои помирӣ низ мисли ин мӯйсафедон астанд, пагоҳ дер мешавад”.

Профессор  Муқбилшоҳ Аламшоев, аз шогирдони устод Карамшоев, мегӯяд дар тӯли умри беш аз ҳафтодсолаи худ пруфесур Карамшоев ба манотиқи гуногуни Бадахшон сафарҳои ҳайъатҳои илмиро созмон дода ва осори шифоҳии мардумро ба забонҳои шуғнонӣ, рӯшонӣ, язғуломӣ, вахонӣ, ишкошимӣ ва порсӣ гирдоварӣ кардааст.

Ба гуфтаи вай, маводди ҷамъовардаи устод Карамшоев он қадр зиёд аст, ки бархе аз он то ҳанӯз ҳатто аз нигоҳи илмӣ омӯхта нашудаанд.

“БОЗИИ БУЗУРГ” ВА ЗАБОНҲОИ ПОМИРӢ

Дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳамакнун панҷ забони қадимаи эронӣ - шуғнонӣ, рӯшонӣ, язғуломӣ, ишкошимӣ ва вахонӣ ба изофаи забони порсӣ (шеваҳои дарвозӣ ва ишкошимӣ) роиҷанд, ки ба ин забонҳо беш аз 240 ҳазор нафар такаллум мекунанд.

Профессор Карамшоев ба манотиқи гуногуни Бадахшон сафарҳои ҳайъатҳои илмиро созмон дода осори шифоҳии мардумро ба забонҳои шуғнонӣ, рӯшонӣ, язғуломӣ, вахонӣ, ишкошимӣ ва порсӣ гирдоварӣ кардааст.

Помиршиносӣ ба унвони яке аз шохаҳои умдаи эроншиносӣ аз охири қарни 19, аз замони шиддат гирифтани ихтилофот миёни имперотуриҳои Русия ва Инглистон дар мавриди тақсими қаламрави Бадахшон ё ончи имрӯзҳо "Бозии бузург" номида мешавад, шакл гирифт.

Ҳадафи аслии ин риштаи эроншиносӣ омӯзиши забонҳо, адабиёт, таърих, мардумшиносӣ ва равоншиносии гӯяндагони забонҳои помирӣ будааст, ки ҳоло бештар дар қаламрави Тоҷикистон, Покистон, Ҳинд ва Афғонистон роиҷанд.

Бар асоси Қонуни забон, ки дар порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, ҳифз ва омӯзиши илмии забонҳои помирӣ аз ҷумлаи фаъъолиятҳоест, ки давлат бояд аз он ҳимоят кунад.

Ҳамчунин, баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон таваҷҷуҳи хориҷиён ба омӯзиши забонҳои помирӣ афзоиш ёфтааст. Масъулони Анҷумани гардишгарии табиию фарҳангии Помир (PECTA), мегӯянд, ки дар солҳои охир шумори ҷаҳонгардони хориҷӣ, ки барои омӯзиши забонҳои куҳани помирӣ ба Бадахшон ворид мешаванд, ба маротиб афзудааст.

Забоншиносон мегӯянд барои омӯзиши амиқи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ (ки мардуми дараи Яғноб дар шимоли Тоҷикистон ба он такаллум мекунанд) истифода аз осори илмии профессор Карамшоев аҳаммияти бештаре касб мекунад.

 

АСАРҲОИ ҶОВИДОНӢ

Ато Мирхоҷа, шоъири тоҷик, мегӯяд: "Дар баробари кори илмӣ профессор  Карамшоев ҳамчун шахсияти иҷтимоъӣ дар бораи таърих, фарҳанг, одобу русуми иҷтимоъӣ ҳамеша дар расонаҳо ва миёни мардум на танҳо суханронӣ мекард, балки навишта ва асарҳои зиёде пешниҳод менамуд.

"Устод Карамшоев хеле сермаҳсул буданд ва доираи мавзӯоти навиштаҳои вай аз баъзан аз забоншиносӣ ҳам берун меомаданд. Вай тақрибан 400 асари илмиро дар шакли мақола, китоб ба мерос мондааст.

Вале дар баробари кори илмӣ профессор Карамшоев ҳамчун ходими ҷамъиятӣ дар мавзуоти таърих фарҳанг, одоб ҳамеша дар васоити ахбори омма ва дар байни мардум баромад мекард.

Муаллифи ин сатрҳо бохабар аст, ки чӣ тавр як китоби таълифкардаи профессор Карамшоев дар ҳаммуаллифӣ бо генерали рус В. Харкавчук таҳти уновни “Пограничники и жители Памира” барои ба эътидол омадани вазъ дар Бадахшон дар солҳои ҷанги шаҳвандии дохилӣ дар Тоҷикистон (1992  - 1993) чи гуна нақши бузурге бозид. Марзбонони рус, ки ҳифозати марз дар Бадахшонро беш аз 100 сол ба дӯш доштанд ва ин корро повиҷдонона иҷро мекарданд, дар он солҳо андаке аз анъанати дустӣ ва ҳамкорӣ дур рафтанд. Ҳодисаи ба ҳоли худ мондани марз, аз он гузарондани афроди гуногуни  мусаллаҳ, дар рустоҳои марзӣ бегуноҳ ба қатл расондани ҷавонон ва муташанниҷ кардани вазъ аз ҷониби сарбозони рус ва қувваҳои ба имдоди онҳо омада хеле зиёд шуд. Профессор Карамшоев теъдоди зиёди маълумотҳо дар бораи фаъолияти марзбонони рус дар Тоҷикистон, анъанаоти дӯстии онҳо бо сокинони Бадахшон маводи зиёди архивӣ, ҳикояҳо, ёддоштҳои марзбонони мустафъиро ҷамъ оварда, онро бо ҳаммуаллифии генерали рус В.Харкавчук -  сардори марзбонони рус дар Помир ба нашр расонд. Баъди ба чоп расидани китоб устод аз байни шаҳравнадони тоҷик, афроди соҳибэҳтиром ва афсарони рус як ҳайате амсоли гурӯҳи ташвиқотӣ -  тарғиботӣ ташкил карда аз застава ба застава мерафтанд ва дар бораи оинҳои дӯстии миёни мардуми маҳаллӣ ва марзбонони рус сӯҳбат мекарданд ва сипас китобро ройгон тавзеҳ мекарданд. Ин иқдоми ҷамоатчигии професоор Карамшоев бисёр муассир буд ва муомилаи марзбонон нисбати марз ва мардуми маҳаллӣ ба куллӣ тағйир ёфт.

Дар ин бино дар болои яке аз дарҳо навишта шудааст: “Кабинети кории профессор Д.Карамшоев”. Дар ин кабинет тамоми осори профессор Д. Карамшоев гирд омадаааст. Аз ҷумлаи шогирдони устод Карамшоев танҳо дар ин пажӯҳишгоҳ 5 доктори илм, 14 номзади илм ва 18 ходими илмӣ фаъолият дошта ҳар соле аз натиҷаи  даҳҳо  тадқиқоти муҳим китобҳо ба чоп мерасонанд.

Дар ҳоли ҳозир роҳбарияти  кишвар масъалаи омӯзиши амиқи забонҳои кӯчак ва азбайнрафтаистода, таҳкими забони адабӣ ва расмии тоҷикӣ дар Вилояти Бадахшонро ба миён мегузорад. Ҳамчунин баъди касби истиқлоли Тоҷикистон   таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба омӯзиши забонҳои помирӣ афзоиш пайдо кард. Дар ин росто омӯзиши амиқи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ ва идомаи фаъолияти илмии профессор Карамшоев аҳамияти бештаре касб мекунад.

Забонҳои куҳани тоҷикӣ дар Бадахшон ва Зарафшон бузургтарин дороии ТОҷикистонанд, ки бояд ҳам аз ҷониби давлат ва ҳам аз ҷониби ҳар як соҳибмиллат ҳифз шаванд. Беҳуда ҷаноби олӣ Помирро осорхонаи зиндаи забонҳо ном набурд.

Профессор Додхудо Карамшоев барои ояндагон мероси бебаҳое гузоштааст. Тавре ҳамеша худи ӯ таъкид мекард, дар шароити ҳозираи ҷаҳонишавӣ забонҳои куҳани Тоҷикистон метавонанд аз байн раванд. Вале мо бояд ба ин роҳ надиҳем ва ҳар яке чун олми шаҳири мо сарсупурдаи ҳифзи ин забонҳо бошем.

Қурбонидин АЛАМШОЕВ,

Номзади илмҳои таърих.