wrapper

     Басо рамзист ва боиси ифтихору сарфарозист, ки имсол  90-солагии бузургдошти доктори илмҳои филология, профессор, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, устоди зиндаёд Д. Карамшоевро гиромӣ медорем. Таъсиси ИИГ марҳилаи наве дар инкишофи омӯзиши илмии забонҳои помирӣ, фолклору адабиёт, таъриху фалсафа ва масоили иҷтимоию иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Аз сӯи дигар таъсиси инсититути номбурда дар маркази  вилоят аз рушду нумӯи  неруҳои илмии соҳаи помиршиносӣ гувоҳӣ  медиҳад, ки дар бунёди ин маркази илмии помиршиносӣ хидмати профессор Д. Карамшоев хеле бузург буд.

Пажӯҳиш ва омӯзиши забонҳои помирии Бадахшон таърихи беш аз як қарнро дар бар мегирад. То солҳои шастуми садаи XX омӯзиши забонҳо ва гӯишҳои қадимбунёди гурӯҳи помирии Бадахшон дар хориҷи кишвар бо кӯшишу ташаббуси ховаршиносони Русия ва мамолики гуногуни Аврупо Г. Залеман, И.И. Зарубин, В.С. Соколова, М.Н. Боголюбов, Н.А. Болдирев, Л.А.Лившиц, А.Л. Грюнберг, И.М. Стелбин-Каменский (Санкт-Петербург), В.С. Расторгуева, Т.Н. Пахалина, Д.И. Эделман (Маскав), Г. Моргенстерне (Норвегия), В. Гейгер, В. Ленс, Х. Шелд (Олмон), Р. Готиё (Фронса) ва дигарон ба роҳ монда шуда буд.

Ба арсаи илм омадани Додхудо Карамшоев дар самти омӯзиши забону фарҳанги кӯҳистони Помир паёмадҳои назаррасро ба бор овард. То солҳои шастуми қарни гузашта омӯзиши илмии  забонҳои помирӣ маркази расмии худро надошт. Забонҳои помирӣ дар доираи омӯзиши забонҳои  гурӯҳи эронӣ таҳқиқ мешуданд. Адами мавҷудияти маркази алоҳидаи илмӣ ба таҳқиқу баррасии мукаммал ва тибқи нақша сурат гирифтаро таъмин намекард.

Таъсиси маркази илмиии омӯзиши забонҳо ва фолклори  Бадахшон – имкони онро муяссар сохт, ки аз ҳисоби филологҳои  маҳаллӣ, ки ин забонҳо – забонҳои модарии онҳо мебошанд, мутахассисони илмӣ тарбия ёбанд. Яке аз шарқшиносони маъруф – муҳаққиқи таърихи забонҳои эронӣ М.И. Оранский навишта буд: «Ба арсаи илм ворид гардидани гурӯҳи мутахассисоне, ки барояшон  ин забонҳо- забони модариашон мебошад, дар инкишофи ин соҳаи эроншиносӣ марҳилаи нави ояндадор маҳсуб меёбад». Суханони эроншиноси маъруф дар солҳои оянда татбиқи амалии худро ёфтанд.

Устод Д. Карамшоев солҳои аввали ба майдони ин соҳаи илм қадам гузоштани худро чунин ёдоварӣ мекунад: «Солҳои 1956-57 директори он вақтаи Иниститути забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ АФ ҶШС Тоҷикистон Муллоҷон Фозилов масъалаи  тайёр кардани мутахассисони  маҳаллиро  оид ба забонҳои помирӣ ба миён гузошт, чанде баъд ин кор дар давраи  сарвари

иниститут будани Носирҷон  Маъсумӣ  ва Абдуқодир  Маниёзов  пешбурд дошт.

М. Фозилов чун хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии Ленинград бо эроншиносон  ва помиршиносони  ин шаҳр  И.И. Зарубин, В.С. Соколова, В. А. Лившиц, И.М. Оранский шиносоӣ ва муносибати нек дошт, тавассути мукотибот ва баъзан сафари эҷодии бархе аз онҳо ба Тоҷикистон наздашон масъалаи омода намудани мутахассисони ҷавонро аз ҳисоби худи намояндагони соҳибмаълумоти Бадахшон пешниҳод дошт ва пас аз гирифтани ризоияти шифоҳиашон пайи хатмкунандагони шуъбаҳои филология Донишгоҳҳои  давлатии Душанбе, хоса Институти омӯзгорӣ ба номи  Т.Г. Шевченко (ҳоло ба номи С. Айнӣ) шуд, ашхоси ҷудогонаро ё назди хеш мехонд, ё онҳоро ба донишмандони помиршиноси Русия шинос мекард.

Солҳои 1952-56 В.А. Лившитс дар донишгоҳи номбурда аз таърихи забони тоҷикӣ дарс медод ва ба бандаро  (Д. К.) ба ҷамъоварии мавод ва навиштани рисолаи курсӣ дар мавзӯи «Пешоянду пасояндҳо  дар забони шуѓнонӣ» ҳидоят намуд, ки ин боиси  шиносоии камина  бо помиршинос  ва эроншиноси  Русия  В.С. Соколова ва дертар  И.И. Зарубин гардид. В.С. Соколова солҳои 1948-49 ба гирдоварии маводи  забонҳои помирӣ  дар Хоруѓ ва солҳои 1952-53 дар Сталинобод машѓул  буданд ва ризоияти  хешро  дар

бобати тайёр намудани мутахасссисони помирзабон ба директории  Иниститути ба номи Рӯдакӣ М. Фозилов  иброз доштааст. Ҳамин буд, ки соли 1956 баъди хатми Донишгоҳи  омӯзгорӣ таҳсили аспрантура  назди кафедраи филологияи  эрон Донишгоҳи Ленинград (1957-60) ва бо роҳбарии В.С. Соколова навиштани рисолаи номзадӣ дар мавзуи  «Шеваи Баҷуви забони шуѓнӣ» ба расмият даромад. Чанде баъд Карамхудоев ва Р.Х. Додихудоев ба Ленингирад омада, яке  бо сарварии  В.С. Соколова ва дигаре таҳти  роҳбарии мутахассиси таърихи забонҳои эронӣ Сергей Николаевич Соколов ба таълифи рисолаҳои номзадии хеш пардохтаанд».

Раванди таъсиси маркази илмии омӯзиши забонҳои помирӣ ба баъзе монеаҳои сунъӣ дучор гардида буд. Дар ин бора баъдтар устод Д. Карамшоев ёдоварӣ кардааст. «Бо ибтикори Н. Маъсумӣ директории он вақтаи Иниститути забон ва адабиёт ба номи Рӯдакӣ  назди  Садорати  Академия масъалаи  таъсиси расмии шуъбаи  махсуси  забонҳои помирӣ гузошта шуд, лекин тасдиқаш  каму беш тӯл кашид, зеро он солҳои бештар дар хусуси тавҳаму иттиҳоди халқияту миллатҳо ва забонҳои онҳо сухан ронда, тадбирҳо меандешанд ва дар чунин вазъияти сиёсӣ таъсиси шуъбаи мустақили  забонҳои помири ҳатто ба гӯши помириён ҳам ба қавле намедаромад. Вале аҳли илм хуб медонист, ки таъсиси чунин марказ таъриху тамаддуни халқу миллати тоҷикро беш аз пеш пойдору устувор менамояд, чунки дар ташаккули халқи тоҷик қабл аз ҳамаи қавмҳои ба номи шарқиэронӣ: суѓдиҳо, бохтариҳо, сакоиҳо  ҳиссаи чашмгире гузоштаанд.

Бо чунин бурҳону далел президенти он вақтаи АИ Тоҷикистон  устод Муҳаммад Осимӣ, тавре ки баъдтар иқрор шудаанд, назди котиби дуюми Кумитаи марказии Ҳизби комунистии Тоҷикистон, рафиқ Ковал рафта, ризоияти шифоҳиашро перомуни пойдор сохтани маркази илмии помиршиносӣ гирифта буд».

Моҳи декабри соли 1967 бо ибтикори Д. Карамшоев дар Институти  забон ва адбиёти ба номи Рӯдакӣ сектори  забонҳои помирӣ расман таъсис ёфт, ки сарварии онро эшон ба дӯш гирифт. Ҳамзамон дар шуъбаи фолклор дар радифи созмон додани бойгонии осори мардумӣ бо ташаббуси Н. Шакармамадов ва ширкати Р. Ширинова омӯзиши фолклори мардуми Бадахшон ва созмон  додани  фонди бахши  Помир - Бадахшон  сурат гирифт.

Соли 1974 сектори забонҳои помирӣ ба шуъбаи  помиршиносӣ табдил ёфт, ки ба таҳқиқи  забон, адабиёт фолклор, таърих, этнографияи  мардуми Бадахшон такони тоза бахшид ва натиҷаҳои назаррас ба бор овард. Баъд аз таъсиси сектори забонҳои помирӣ ва шуъбаи помиршиносӣ осори зиёди илмӣ дар Тоҷикистон ба дасти нашр супорида шуд ва марҳилаи наве дар омӯзиши фарҳанги маънавии мардуми Помир оѓоз ёфт. Дар баробари ин барои тарбияи мутахассисони маҳалии забоншинос шароити мусоиде фароҳам оварда шуд.

Бори нахуст дар шаҳри Душанбе китоби бузургҳаҷми Д. Карамшоев  таҳти унвони «Шеваи Баҷуви забони шуѓнонӣ», зери таҳрири  А.К. Писарчик аз чоп баромад. Дар он сохтори садонокҳо ва ҳамсадоҳо бо корбурди асбобҳои  овозсанҷи  техникӣ ҳамаҷониба  таҳқиқ шуда, сохти граматикии  шеваи номбурда дар қиёси забони шуѓнонӣ таҳлил ёфтааст. Аз ин рӯ, пажӯҳишгарони забонҳои гурӯҳи шуѓнонию рӯшонӣ қолаби онро дар таҳлили маводи забону лаҳҷаҳои гурӯҳи номбурда татбиқ намуда, дар муддати нисбатан кӯтоҳ, омӯзиши моногафиии забонҳо ва лаҳҷаҳои ба ҳам наздики гурӯҳи шуѓнонию рӯшонӣ анҷом пазируфт.

Инчунин рисолаҳои Раҳим Халилович Додихудоев «Фонетикаи  таърихии забони шуѓнонӣ», Д. Карамшоев «Категорияи ҷинсият дар забонҳои помирӣ», М. Файзов «Забони рӯшониёни Помири Шӯравӣ», Н. Карамхудоев  «Забони бартангӣ» ба табъ расидаанд.  Солҳои 70-ум асарҳои илмии Х. Қурбонов, Т. Бахтибеков  оид  ба забону гӯишҳои  рошорвӣ ва шуѓнонӣ аз чоп баромаданд. Пажӯҳишгарон З. Мирзабдинова, Л.Р. Додихудоева,  А. Каримова, С. Хушенова, З. Миршакар, Ш. Юсуфбеков, М. Аламшоев, Ш. Мирзоев, М. Бироимшоева, Ш. Некушоева, М. Давлатмирова, П. Абдулҳамидова, М. Мамадасламов, Ш. Зоолишоева, С. Саркоров, У. Булбулшоев, С.  Алихонова оид ба масоили гуногуни гӯишҳои  Шуѓнону Рӯшон рисолаҳо номзадӣ таълиф намуданд, ки  қисмашон  ба сурати рисолаҳои алоҳида аз чоп баромаданд.

Ба омӯзишу таҳқиқи забони язгуломӣ доктори илмҳои филология профессор  И. Раҳимов  ва номзади илмҳои филология А. Алиев машѓуланд, ки солҳои охир оид ба лексика ва фразиология забони мазкур  рисолаҳо, луѓатномаҳо, дастурҳои таълимӣ ба табъ расондаанд. Аз байни помиршиносони рус дар омӯзиш, таҳқиқ  ва муаррифи  забони язгуломӣ Д. Эделман хизмати бузург кардаанд. Асарҳои ӯ «Язгулямский язык», «Язгулямского-русский словарь» маъхази  бебаҳоянд дар омӯзиши ин забон.

Дар таҳқиқи забону гӯишҳои  ишкошимӣ низ солҳои охир комёбиҳои зиёде ба даст омадаанд. Рисолаҳои илмии соҳибони ин забон З.О. Назарова (Системаи феъли забони ишкошимӣ) ва Н.О. Назаров  (Ибораҳои рехтаи

соматикӣ дар забони ишкошимӣ) дастраси аҳли илм гардидаанд. Имрӯзҳо ин олимон ба омӯзиши масъалаҳои гуногуни забони ишкошимӣ, аз ҷумла лексика  ва фразеологияи  он машѓул  буда, корҳои  назаррасеро ба сомон расонидаанд.

Гӯиши наздик ба ишкошимӣ, ки дар водии Санглечи Бадахшони Афѓонистон густариш ёфтааст, то солҳои охир дар эроншиносӣ дастнохӯрда буд. Ба шароити душвори кишвари ҳамсоя нигоҳ накарда, пажӯҳишгари ҷавон Ш. Юсуфбеков солҳои 90-уми асри гузашта ба минтиқаи Санглеч сафар карда, ин гӯишро мукамммал омӯхта маводи зиёдеро ҷамоварӣ намуд ва чандин рисолаву мақолаҳоро оид ба забони сангличӣ ба табъ расонд.

Таҳқиқи забони вахонӣ ҳанӯз аз охири асри XIX таваҷҷуҳи  забоншиносонро ба тарафи худ ҷалб намуд. Бо таъсиси шуъбаи помиршиносӣ ва ривоҷ ёфтани омӯзиши забонҳои помирӣ чанде аз зодагони Вахони Тоҷикистон таҳти сарварии помиршиносони рус ба пажӯҳиши савтиёту вижагиҳои  дастурӣ, таърихи феъл, хусусиятҳои  луѓавӣ пардохтанд.

Дар ин самт метавон А. Сайидмамадов (Хусусиятҳои наҳви ҷумлаи содаи забони вахонӣ), Б. Лашкарбеков (Таърихи феъли забони вахонӣ), А. Мирбобоев (Лексикаи чорводорӣ), С. Матробов  (Лексикаи бозиҳо) - ро номбар кард, ки асару мақолаҳо ба табъ расонда, рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд.

Ҳамзамон бо идомаи пажӯҳишҳо оид ба забонҳои помирӣ фолклори  ба ин забонҳо офаридашуда низ мавриди тадқиқи амиқ қарор гирифт. Дар  ин самт пажӯҳишгароне чун доктори илмҳои филология, профессор, устоди зиндаёд Н. Шакармамадов, корманди илмӣ Н. Саркоров, Р. Ширинова, Х. Қадамшоева, В. Охонниёзов, Г. Ризвоншоева, Л. Давлатбеков,                                 Н. Қурбонхонова асару мақолаҳои илмӣ таълиф намудаанд. Н. Шакармамадов мактаби фолкршиносии Бадахшонро ба вуҷуд  оварда, шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст. Эшон беш аз 20 китобу рисола, садҳо  мақола ва гузоришҳои илмиро оид ба масоили гуногуни фолклори  Кӯҳистони Бадахшон  ба таъ расонидааст. Бо ташаббус ва ширкати ӯ чандин китобҳо ва мақолаҳои пурарзиш рӯйи чоп диданд, ки фолклоршиносии Бадахшонро поядору устувор сохтанд. Асарҳои Н. Шакармамадов  китобҳояш: «Назми халқии Бадахшон», «Рубоиёт ва сурудҳои мардуми Бадахшон», «Даргилик-жанри махсуси фолклор», «Фолклори мардуми Помир», «Зарбулмасал ва мақолаҳои сокинони Шуѓнон ва Рӯшон», «Остонҳо» ва амсоли ин ба табъ расидаанд, ки ҳар кадомашон арзиши баланди илмию маърифатӣ доранд.

Маҳз дар заминаи маҳсули фарохпаҳлӯи хеш Н. Шакармамадов соли 1997 бо таълифу чопи маърӯзаи илмӣ дар намуди автореферат ба дарёфти дараҷаи баланди доктори илми филология сазовор гардид, ки онро метавон ифтихори помиршиносон арзёбӣ намуд. Шогирдону пайравонаш В. Охонниёзов, Л. Давлатбеков, Ҳ. Тавакалов, Г. Ризвоншоева, Н. Қурбонхонова оид ба адабиёти хаттӣ ва лафзии ин минтақа тадқиқотҳо анҷом дода, рисолаҳои номзадию докторӣ ҳимоя карданд ва натиҷаҳои пажӯҳишҳои илмиашонро ба сурати рисолаҳои илмӣ ба нашр расондаанд.

Таъсиси чунин як маркази азими илмӣ мавқеи помиршиносӣ ва помиршиносони тоҷикро то ҳадде дар арсаи байналмилалӣ густариш дода, барои омӯзиши таҷрибаи онҳо донишмандони мамолики хориҷӣ паси  ҳам омадурафт доштанд. Чунончи, Нестор Свейн аз Норвегия, Ҷон Пейн аз Манчестери  Биртания, Гаор Чан аз Чин, Домник Инчучан аз Фаронса, Беате Ренҳолд ва Роналд Еммерик аз Олмон, Габриелла Ванден Берг аз Ҳолланд- Нидерландия ба Тоҷикистон ташриф оварда, ба кору бори ҳар кадоме аз пажӯҳишгарони маҳаллӣ аз наздик шинос гардиданд. Бархе аз чунин меҳмонон мавзӯи тадқиқоти хешро ба помиршиносӣ алоқаманд намуда, фаъолияташоро  дар ин ришта то кунун идома медиҳанд.  Равобити  илмию  шахсии  бархе аз номбурдагон ҳоло ҳам канда нашудааст. Чунончӣ, хонум Габриелла мадҳиясароию марсияхонии тоҷикии ҳофизони Бадахшони Тоҷикистонро мавзуи пажӯҳиши хеш қарор дода, дар ин ҷанбаи маънавиёти мардумӣ рисолаи докториро дифоъ намуд ва ҳам мақолоту китоби пурарзишро бо шарҳу тавзеҳи англисӣ чоп кунонд. Дилбохтагии донишмандро нисбат ба сарзамини Помир аз он ҳам метавон ёдрас намуд, ки ӯ забони шуѓнониро ба таври худомӯзӣ ба андозае аз худ кардааст, ки бо намояндагони  он ба таври шифоҳӣ ва хаттӣ мубодилаи афкор намояд.

Соли 2010 дар шаҳри Хоруѓ конфренсияи байналлмилалӣ ба ибтикорӣ «Бунёди забонҳои таҳти таҳдиди хатари аз байнравӣ қарор дошта» баргузор гардид, ки эътибори  баланди помиршиносии тоҷик гувоҳӣ медиҳад.

Дар конференсия намояндагони беш аз 10 кишвари дунё ширкат варзида,  оид  ба масоили матраҳшуда  фикру мулоҳизаҳои  судманд баён намуданд. Дар радифи пажӯҳишгарону коршиносони хориҷӣ помиршиносони тоҷик  низ ба маърӯзаҳо гузоришҳои илмӣ баромад карданд.

Ба туфайли соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон омӯзиш таҳқиқ ва ҳифзи забонҳои помирӣ чун мероси фарҳангии тоҷикон дар чандин суханрониҳои Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуда, дар сатҳи давлатӣ ба ҳифзу корбурди забонҳои Бадахшон моддаи ҷудогонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ихтисос дода шудааст, ки  ин ба зуҳури ҳодисаи нави фарҳангӣ мусоидат намуд. Дар радифи адабиёти бадеии тоҷикзабон адабиёти помирзабони муаллифӣ рӯ ба пойдорию устуворӣ ниҳод, ки аҳамияташ барои таърихи тамаддуни халқи тоҷик ва худшиносии он хеле муҳим мебошад, чаро ки ин падидаи фарҳангӣ иқдомгузории қавмҳои ориёии шарқӣ суѓдиён, бохтариён ва сакоиёнро дар ташаккули халқу миллати тоҷик бори дигар бо арзишҳои навини фарҳангӣ зинда кард.

Н. Офаридаев –сарходими шуъбаи забонҳои помирии ИИГ АМИТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор

ДОДХУДО КАРАМШОЕВ-АСОСГУЗОРИ МАРКАЗИ ИЛМИИ

ТАҲҚИҚИ ЗАБОНҲОИ ПОМИРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН