wrapper

 

 

Таваллуди кӯдак ва расму анъанаҳои вобаста ба он қисми ҷудонашавандаи фарҳанги ҳар як халқияту миллат ба ҳисоб мераванд. Албатта, дар мардуми куҳистони Помир, ба монанди дигар мардуми дунё, се марҳилаи гузариши инсоният, ки аввалаш аз давраи таваллуд оғоз меёбад ва мавзӯи мо ҳам бевосита ба ҳамин марҳила пайванд аст, расму анъанаҳо ва боварию мамнӯъниятҳои мухталиф аз давраи гузашта то кунун бо ин давра алоқамандӣ доранд. Мақолаи мазкур ду масъалаи барои ҳар як инсон муҳимро фаро мегирад, ки ҳар дуяшон марбут ба фарзанд (ziryot) мебошанд. Аз ин рӯ тасмим гирифтем, ки мақоларо ба ду қисмат ҷудо намоем. Дар қисмати аввали мақола ифодаҳое таҳти таҳлил қарор гирифтаанд, ки муносибати мардуми куҳистон нисбат ба таваллуди фарзанд ва нисбати безурётӣ, инчунин анҷом додани расму анъанаҳои гуногун бо мақсади фарзандор шуданро инъикос мекунанд. Қисмати дуюми мақола ифодаҳоеро дар бар мегирад, ки аз рӯи таҳлили онҳо мавқеи фарзанд дар оила, ё ба таври фардӣ мавқеи писар ё духтар дар оилаи сокинони Шуғнону Рӯшон бараъло намоён мегардад. Бахши мазкур расму анъанаҳои вобаста ба таваллуд замони аз ба хонаи шавҳар овардани арӯс ва тамоми марҳилаи ҳомиладориро дар бар мегирад. Вале аксарияти ин русум аз маросими хостгории духтар оғоз ёфта то арафаи тӯй ва тамоми марҳилаи тӯйро фаро мегиранд.

Тоҷикони Помир ба монанди дигар халқиятҳо нисбат ба таваллуди фарзанд меҳри беандоза доранд. Таваллуди фарзанд, писар бошад ё духтар, доим бо хурсандӣ пазируфта мешавад, вале безурётӣ баъзан боиси харобшавии оила мегардад. Вале, бояд зикр кард, ки аз давраҳои гузашта ва то ҳол дар мардуми Шуғнону Рӯшон муносибат ба зани безурёт мухталиф мебошад ва на ҳама вақт оилаҳо аз ҳамдигар ҷудо мешуданд. Бо сабабҳои гуногун, яъне хешутаборӣ, писанд омадани хулқу атвори духтар ба хонаводаи шавҳар, ё муҳаббати зиёд доштани зану шавҳар ба ҳамдигар ва ғ. оилаашонро вайрон намекарданд.

Аз давраҳои пеш гузаштагони сокинони Помир фарзандро savȝa-i Xuδoy медонистанд ва наёфтани фарзандро дар аксарияти мавридҳо ба хости Худо ҳавола мекарданд. Вобаста ба ин муаррихи шинохта Қаландаров Т. қайд кардааст, ки “сабабҳои бефарзандӣ дар мардуми Помир мухталиф буданд – чӣ фавқуттабиӣ, яъне хости Худо ва чӣ таъсири руҳҳои бадӣ” [4. 284]. Дуо бо мазмуни tamā xůnāndi doyim-aϑ kūdak šīntow (sado) vidat, tama garginūẋā tamā ziryot-en-at nabīra-yen viyen ‘бигзор дар хонаатон доимо хандаи (садо) кӯдак шунида шавад, фарзандон ва набераҳоятон шуморо иҳота кунанд” махсус барои навхонадорон дар мардуми тоҷикони Помир роиҷ ҳаст ва ҳатман ба ҳайси табрикот хонда мешавад. Чун дар фаҳмиши мардуми куҳистони Помир фарзанд savӡa-i Xuδoy “сабзаи Худо” дониста мешавад, дар муносибат ба вай то як андоза боэҳтиёт буданро тақозо мекунад. Кор фармудани як қатор таҳқирҳо ба монанди tarakmārg, juwůnamarg, bebarakat ва ба монанди инҳо нисбат ба фарзанд дар забони шуғнонӣ табу ба ҳисоб меравад. Чаро ки кӯдак худ фаришта аст ва дар канораш фариштаҳои зиёд дорад, ки ӯро эмин нигоҳ медоранд ва тибқи боварии мардум, фариштаҳо ҳам аз дуову суханҳои бад ва ҳам нек дуо мегиранд. Аз ин сабаб, мардуми Шуғнон боварӣ доранд, ки як таҳқир ё як дуои бади падару модар ё одами калонсол метавонад бо дуо гирифтани фариштаҳо кӯдакро ба ҳалокат расонад ё дар зиндагӣ ба бадбахтию нокомӣ ӯро дучор гардонад.

 Тибқи боварии тоҷикони Помир анҷом додани амалҳои зиёди дорои хусусияти сеҳромез баҳри хушбахтии навхонадорон ва барои фарзанддор шудани онҳо мусоидат мекунанд. Баъзе амалҳо, ки махсусан ба соҳиби фарзанд шудани навхонадорон равона гардидаанд, дар арафа ва дар давоми тӯй иҷрои онҳо дар ин мардум ба ҳукми анъана даромадаанд. Масалан, дар мардуми Шуғнону Рӯшон як маросими муҳим, ки чанд рӯз қабл аз тӯй дар хонаи арӯс баргузор мегардад, бо номи jůmaburůn “ҷомабурон” маълум аст. Чун анъана ҳангоми ба назди занони даъватшуда овардани либосвории арӯс, ки аз рӯи анъана дар ғалбел гузошта мешаванд, дар таги он ширинӣ ё меваи хушк мегузоранд. Тибқи фаҳмиши қадимаи мардуми куҳистон ғалбел ба серфарзандии арӯсу домод “niwenc-at ẋůnči” мусоидат мекунад ва меваҳои хушкшуда нишонаи меҳру муҳаббати покро ифода мекунанд [6. 102]. Муҳаққиқ Қаландаров Т. амали пош додани ширинию меваи хушкро баъди пӯшондани либоси арӯсию домодӣ аз сари онҳо ба маънои соҳиби насл гардидани навхонадорон шарҳ додааст [5.с. 40]. Бояд қайд кард, амалҳои вобаста ба маросими тӯй аксаран танҳо хоси мардуми Шуғнон набуда, монандии ин русум дар дигар сокинони Помир (Вахон Рӯшон, Язгулом ва диг.), ҳамчунин дигар тоҷикони куҳистон роиҷ аст [2.  182-184].

Одатан дар анҷом додани аксарияти маросимҳои тӯй дар мардуми Шуғнон мавқеи зани серфарзанд нуфуз доштааст. Пештар либосвории арӯсро, ки дар маросими jůmaburůn “ҷомабурон” барои пора кардану дӯхтани он занонро даъват мекарданд, афзалияти пора кардани  либосвориро аввалан ба зани серфарзанд ва дар ҳаёти оилавӣ хушбахт медодаанд. Хусусияти сеҳромезии ин амал дар гузаштани сифатҳои зани серфарзанд ба арӯс “niwenc” ҳувайдо мегардад. Табиати сеҳромези гузаштани сифату хислатҳои зани серфарзанд ба арӯс (niwenc) дар амали андохтани бистари шаҳмарду арӯс дар шаби аввали тӯй аз тарафи зани серфарзанд, ки таърихнигор Қаландаров Т ба ин ишора кардааст [5. 40],  низ аён аст.

Ифодаи “kaẋt (žindam) ar niwenc bīrej γīptow” дар бистари арӯс гандум пошидан’ маънои ба монанди гандум сарсабз шудан, яъне соҳиби фарзанд шудани  навхонадоронро мефаҳмонад. Ин расм дар арафаи тӯй, дар хонаи арӯс ҳангоми бастани бистари арӯсӣ ба ҷо оварда мшавад ва то кунун дар байни сокинони Шуғнон роиҷ ҳаст, вале дар бисёр ҷойҳо ба ҷои гандум биринҷро истифода мекунанд.

Ифодаи niwenc důmān-ti kūdak ribīdow” (сари зонуи арӯс гузоштани кӯдак) амалеро нишон медиҳад, ки дар давоми тӯй, дар хонаи шаҳмард анҷом дода мешавад ва тарзи иҷрои он чунин аст. Ҳангоми арӯсро ба хонаи шаҳмард овардан, баъди рӯяшро кушодан “pīc-pat čīdow”, кӯдак (хосатан писарбача)-и ширмакро сари зонуи арӯс ва баъдан шаҳмард мешинонанд, бо мақсади он ки оилаи онҳо бефарзанд набошад ва ба зудӣ соҳиби фарзанд шаванд, ки ин амал низ инъикоскунандаи таъсири сеҳронаи кӯдак ба арӯсу домод мебошад. Ба ҳамин монанд расму анъанаҳо дар халқҳои дигар низ роиҷ будааст. Г. А. Гаҷиев –таърихшинос, дар бораи русуми тоисломии мардуми Доғистон, дар тасвири русуми ҳаёти оилавӣ-маишии ин халқият ҳамин расмро қайд кардааст, ва онҳо танҳо писарбачаро афзалтар дониста, сари зонуи арӯс мешинонданд, то ки давомдиҳандаи насл, яъне писар таваллуд гардад [3. 59]. 

Ҳангоми кушодани рӯйи арӯс ба истилоҳи забони шуғнонӣ pīcpatčīd, аз камон-ғӯлак ва химчаи дарахти баҳрадор истифода мекарданд. Муҳаққиқ Юсуфбекова З. камонғӯлакро ҳамчун ашёи рафъкунандаи бадӣ ва чӯби дарахти баҳрадорро рамзи сернаслӣ, серҳосилӣ маънидод кардааст [6.130].

Аз ин бармеояд, ки аслу моҳияти хонадоршавӣ асосан барои давом додани насл хеш мебошад. Ва мардуми Шуғнон барои ба ин хушбахтӣ ноил гардидан, расму анъанаҳои гуногунро, ки фарогири тамоми маросими тӯй ҳастанд, ба ҷо меовардаанд. Ҳарчанд то гузаштаи начандон дур мардум аз воситаҳои тиббӣ дур будаанд, вале мувофиқи фаҳмишу дарки ақлониашон аз усулҳои мардумӣ ва ҳар гуна амалҳои сеҳрона истифода бурда бисёр муваффақ ҳам шудаанд. Ба ҳамин маънӣ муҳаққиқон чунин мешуморанд : «барои инсони на аз беморӣ ва на аз ҳодисаҳои табиат ҳимояшуда, сеҳргароӣ бо усулҳои худ як дифои хаёлиро эҷод мекард» [3, 73]. Чун мардуми куҳистони Помир бо деҳаҳои дурдасташ аз ёрию мадади тиббӣ дар канор буданд, шояд маҳз ҳамин ҷиҳат вобастагии маросимҳо (таваллуд, тӯй ва мотам)-ро бо амалҳои сеҳрангез ва боварию эътиқод ба онҳо пурқувват гардонидааст.

Дар кисмати дуюми мақола тавре иброз доштем, бо таҳлили чанд ифодаҳои забонӣ муносибати мардуми Шуғнон нисбат ба фарзандро нишон диҳем. Фарзанд “ziryot” дар ҳаёти ҳар як падару модар умеди зиндагӣ, мояи хушбахтии оила ҳаст. Ба ду узви муҳимми инсон dīdā ‘дида, чашмон’ ва jigār ‘ҷигар’ шабоҳат додани фарзанд дар забони шуѓнонӣ беасос нест. Дида, ки ҳаммаънои калима чашм аст, узви биниши инсон ва ҳайвон мебошад [7. 543]. Ҷигар яке аз узвҳои дарунии бадани инсон ва баъзе ҳайвонҳо, ки ҳосилкунандаи заҳра мебошад ва барои таъмини мубодилаи моддаҳо дар бадан хизмат мекунад [7. 590]. Пас, вазифаи ин ду узв дар ҷисми инсон ниҳоят муҳим аст ва бо нуқс доштани онҳо ҳаёти инсон заифу бетароват мегузарад. Шояд фарзандро ҳам ба ҳамин ду узви инсон нисбат додан ба ҳамин мақсад бошад, ки оилаи бефарзанд ноқису бадбахт аст. Мавқеи истифодаи dīdā ҳамчун фарзанд дар забони шуғнонӣ маҳдуд ва муайян аст ва дар шаклҳои mu yi (δu…) dīdā “як (ду...) дидаи ман”, Xuδoy-I mu-rd δu (yīw…) dīdā δoδj “Худо ба манд у (як...) дида додааст”, as xu dīda-yen ris-um  “аз дидаҳоям монам” истифода мешаванд. Ин воҳидҳоро шахс дар вақти собит кардани ҳаққияташ, ки нисбат ба сухан ё кирдораш нобоварию шубҳа доранд, кор мефармояд. Яъне ин маънои онро дорад, ки барои падару модар фарзанд аз ҳама азизу муқаддас аст ва савганд хӯрдан ба фарзанд далели бегуноҳию растагории шахсро исбот мекунад.

Вобаста ба jigār “ҷигар” дар забони шуғнонӣ  воҳидҳои забонии jigar-sūxtā jigār-sūz “ҷигарсӯхта”, jigār cirafct-ow “сӯхтан, сӯзиши ҷигар”, jigār kānd sidow “ҷигарканд шудан” jigār zarδov sidow “ҷигар зардоб шудан” ва ғ., мавриди истифода ҳастанд, ки мафҳуми аз фарзанд ҷудо шудан, ё аз миён рафтани фарзандро баён мекунанд. Як хусусияти ҷигар ҳамчун узви биологии инсон дар он аст, ки вай хосияти худбарқароркунӣ дорад, аммо чун фарзанд аз миён меравад, ҷигар дигар ин хусусиятро аз даст медиҳад, ки ифодаҳои мазкур далели ин ақида мебошанд. Матн: odam-and di wi dod-at nān tar pāli sut, yi andům-i wi cirafct, wi ziryot di tar pāl-i sut wi jigār zarδov sut... mund-en δu ziryot as miyůn andoyd, jigar-suxtā-yum sat, mu jigār ik šič fuk zarδov-and… агар падару модари шахс аз миён раванд ягон андоми вай месӯзад, агар фарзанд аз миён равад, ҷигараш зардоб мешавад... ду фарзанди ман аз миён хестанд, ман ҷигарсӯхта шудам, ҷигарам ҳозир ҳамааш зардоб аст [Мамадпаноева Назархотун (с.т. 1940, истиқоматкунандаи ш.Хоруғ].

Тавре қайд кардем, дар забони шуғнонӣ барои ифода кардани фарзанд калимаи решагии ziryot кор бурда мешавад. Вобаста ба ин калима дар забони шуғнонӣ ифодаҳои маҷозии маъмул роиҷанд, ба монанди ziryot xu dod-at nān dawlat ‘фарзанд давлати падару модар’ ziryot dod-at nān boygari “фарзанд бойгарии падару модар”. Ин ифодаҳо фаҳмиши мардуми Помири Ғарбӣ, бахусус, шуғнониёнро оиди беҳтарин бойигарии дунё шумурдани фарзандро инъикос карда, мақоми кӯдакро дар доираи оила ва ҳам ҷамъият нишон медиҳанд.

Баъзе ифодаҳои дигар дар забони шуғнонӣ муҳиммияту афзалияти таваллуди писар дар оиларо нишон медиҳанд. Дар забони шуғнонӣ писарро бо калимаи puc ифода мекунанд. Ифодаи puc xu dod/tāt‘писар - меросхӯри падар’ хусусияти иҷтимоӣ дошта аз маънои ифода аён аст, ки мероси падарию бобоӣ, ки асосан замину чорворо дар бар мегирифт, дар мардуми Шуғнон аз қадим ба писар гузаштааст. Ифодаи mardina čīd-and ẋā-sitan “мард дар хона шаҳсутуни хонадон” дар фарҳанги мардуми Помир мавқеи мард дар оила ва мартабаи баланд доштани онро дар хонадон нишон медиҳад. Чунки дар хонаи урфии Бадахшонӣ шаҳсутун сутуни асосӣ ҳисоб меёбад ва писар (мард)-ро маҳз ба ҳамин сутун шабоҳат медиҳанд, ки вай асоси хонадон аст. Муҳаққиқ  З. Юсуфбекова ҳам дар ин бобат қайд кардааст: “... чунин мешумориданд, ки писар дар натиҷа сардори оила мегардад, пуштибони оила, ворис ва давомдиҳандаи насл –“bunyod” дониста мешавад [6. 75]. Ба ҳамин монанд ифодаи mardīnā xůnāndi peδokun “мард дар хона пайдокунанда” вазифаи ва мартабаи баланди писарбача/мард дар хонадонро нишон медиҳад ва ба мард ҳамчун пайдокунандаи ризқу рӯзии хонадон нигоҳ мекарданд.

Ифодаи puc xu dod-at nān narvůnd senīj/narvůnd-yosīj ‘писар бардоранда /барандаи нардбони падару модар’ маншаи исломӣ дорад ва ин дар бисёр халқиятҳо роиҷ аст, ки ҳангоми аз дунё рафтани падару модар вазифаи писар аст, ки дар қатори аввал истода нардбон (тобут)- и падар ё модарашро бардорад. Ба ҳамин маъно ифодаи yi narvůnd-senīj-aϑ-en xurd ca vūγj-at “як нардбонбардорро аққалан барои худ таваллуд мекарданд” аз ноумедии оила барои соҳиби писар нашуданро ифода мекунад. Дар хусуси ин масъала муҳаққиқи шинохтаи рус М.С. Андреев ҳам ибрози назар кардааст. Вай дар фарҳанги мардуми водии Хуф нишон додааст, ки ҳоҷати падар ба таваллуд шудани писар дар ин мардум афзалият дорад. Чунки падар писарро ёрдамчии хона, давомдиҳандаи насл ва меросхӯри падар мешуморид [1. 46]. Ба ҳамин монанд ибораи pīc-ti sit pitêwij “хокро ба рӯйи (майит) партоянда” ҳам хусусияти динӣ дошта, яке аз вазифаҳои ҷонии писар ба шумор меравад. Маънии ин ибораҳо дар он аст, ки агар дар оила писар таваллуд гардад, хусусан падар худро бекасу танҳо ҳис намекунад. Ин амал дар забони шуѓнонӣ бо чунин ифода баён карда мешавад: puc di tund vud, be kas-at kasotat nist “агар писар дошта бошӣ, бекасу касот нестӣ”.

Барои ифода кардани духтар дар забони шуғнонӣ калимаи rizīn истифода мешавад. Дар забони мардуми шуғнон чунин ибораҳое, роиҷ ҳастанд, ки истифодаи онҳо танҳо нисбат ба духтар аст ва бо ин ифодаҳои мардумӣ мақоми духтар дар оила муайян карда мешавад. Ибораҳои rizīn – mardumand “духтар аз они мардум”, rizīn mardum bāẋ “духтар насибаи мардум”, rizīn vaj  bāẋ “духтар насибаи берун” rizīn půn-ti tuẋā “духтар дар роҳ тӯша аст”дар забони шуғнонӣ маънои муваққатӣ будани духтар дар хонаи падару модарро ифода мекунанд, яъне духтар – ҳамчун фарзанд дар хонаи падарӣ ба ҳайси меҳмон аст. Падару модар духтарро бо умед калон мекунанд, вале ӯ хоҳ нохоҳ ба хонадони дигар меравад ва соҳиби хонаву дари дигар мешавад.

Ҳамин тариқ аз таҳлили ифодаҳои мазкур бармеояд, ки мардуми куҳистони Помир таваллуди фарзандро фоли нек медонистаанд, хушбахтию осоиштагии оиларо дар фарзандор шуданд меҳисобидаанд. Аз таҳлили ифодаҳои мазкур чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳарчанд мардуми Шуғнон нисбат ба таваллуди фарзанд, духтар бошад ё писар, як хел муносибат доранд, вале ифодаҳо нишон медиҳанд, ки афзалияту бартарият ва хоҳиши писардор шудани, хусусан падар бараъло ҳис карда мешавад.

Адабиёт:

  1. Андреев М. С. Таджики долины Хуф (Верховья Аму -Дарьи) Вып 1. /М.С.Андреев - Сталинабад: Из-во Академии наук Таджикский ССР, -1953. –522 с.
  2. Булатов А.О. Пережитки домонотеистических верований народов Дагестана в Х1Х - начале ХХ века. /Булатов А.О. Махачкала: Дагкнигоиздат, 1990. – 266 с.
  3. Гаджиев Г. А. Доисламские верования и обряды народов Нагорного Дагестана./ Гаджиев Г. А.  Москва: «Наука» 1991. - 182 с.
  4. Қаландаров Т. С. Шугнанцы. (Историко-этнографическое исследование). Институт этнологии и антропологии РАН. / Қаландаров Т. С. Москва: 2004, -476 с.
  5. Каландаров Т.С. Магия в семейно-бытовой обрядности шугнанцев/ Каландаров Т.С. Этнос и культура, 2001 г., ЭО, № 1, с. 39-52.
  6. Юсуфбекова З. Семья и семейный быт шугнанцев конец ХIX – начало XX века. Институт этнологии и антропологии РАН. /Юсуфбекова З. Москва: 2015г. 220c.
  7. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷ.2, Душанбе: 2008.-944 с.

 

НАЗАРШОЕВА ЧИЛЛА - мудири шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ

акс: https://aussiedlerbote.de/2021/09/deti-v-germanii-bolshoe-rukovodstvo-dlya-roditelej/