wrapper

 

Дар фарҳанги халқи тоҷик аз ҷумла тоҷикони кӯҳистони Бадахшон мақому манзалати кӯдак хеле баланд аст.   Ҳанӯз солҳои 1898-1899 шарқшиносӣ маъруфи рус А. А. Семёнов ба ин масъала диққати хоса дода дар мақолаи худ “Отношение к детям у горных таджиков” онро хеле хуб баррасӣ намудааст. Семёнов махсусан қайд кардааст, ки мақому манзалати  фарзанд дар миёни кӯҳистониён хеле баланд аст. Онҳо бо фарзандони худ муносибати хеле хуб доранд, кӯшиши зиёд мекунанд ки фарзанди худро дуруст тарбият кунанд.  Дар тасаввурот ва эътиқоди мардуми Бадахшон фарзанд атои Худованди буда нисбати он чунин ибораҳо “фарзанд сабзаи Худо” (savӡa-i Xuδoy ),  “фарзанд атои Худо аст”  (zi ryot –atoyi Xudowand) , “кӯдак фаришта аст- чунки ӯ бегуноҳ аст  ”, “фарзанд давлати падару модар аст”, “фарзанд  ду дидаю ҷигарбанд (jigār ‘ҷигар’) аст”, “писар - меросхӯри падар аст”, “писар бардорандаи нардбони падару модар аст”,  “писарбача-мард дар хона шаҳсутуни хонадон аст”, “писарбача ганҷи хона аст”, “писар давомдиҳандаи наслу авлод аст” ,  “духтарина тӯшаи роҳ аст” “писар бошад бача бошад ҳарду атои Худованданд” ва ғайра кор мефармоянд.

Аз ин хотир замони пеш гарчанде, ки барои пешгирӣ кардани фарзанди зиёд чора андешидан доштанд  сади роҳи таваллуд кардани кӯдак намешуданд ва таваллуд шудани ҳар як кӯдакро атои Худовандӣ мешумурданд ва чунин мегуфтанд “Худо агар фарзанд диҳад, ризқу рӯзиаш ҳамроҳи вай аст”.

Дар фарҳанги мардумиБадахшон  ба хотири фарзандор шуани арӯсу домод  дар маросими туйашон чандин расму оинҳои рамзомез ва сеҳромез мегузаронанд.   

Баъд аз туй волидайни арӯсу домод дар “Худо-гӯю дуо-гӯи” онанд, ки фарзандонашон соҳиби фарзанд шаванд.   Тибқи тасаввуроти мардум падид омадани кӯдак дар батни модар (яъне ҳомиладор шуданаш) низ хости Худо ва атои Худо аст.  

 

    Дар падид омадани кӯдак дар батни модар ва то 9 моҳ рушду такомул ёфтани ӯ, дар миёни исмоилиён аз ҷумла дар ақидаҳои Н. Хусрав баръало дида мешаванд. Тибқи таълимоти Н. Хусрав ва дигар исмоилиён тифл-кӯдак ва умуман қолаби одам бо амри Худованд аз чор аносир падид меояд ва ҳангоми инкишоф аз ҳафт сайёра қувват мегирад.

Аз ашъори Н. Хусрав бармеояд, ки то ин марҳила яъне то дар раҳми зан ҷойгир шудани нутфаи мард бо амри Худованд як гурӯҳи “ходимони хидмат” вазифаи худро ба итмом мерасонанду, марҳилаи дигар марҳилаи ҳомиладории зан ва тарбияи кӯдак дар батнаш оѓоз меёбад, ки дар ин марҳила бо амри Худованд  “ходимони дигар” омада вазифаи худро иҷро мекунанд. “Чун ба амри Холиқи олам ходимони хидмат ба ҷо оваранд ва полуда пок шуд ва дар машима қарор гирифт, ходимони дигар биёянд ва ӯро тарбият кунанд, чуноне ки ҳазрати Пир Носири Хусрав “Андар фитрати инсон” боз фармудааст:

           В-аз он пас дар машима хун, ки афтод,

                                Фикандаш Устоди чархи бунёд.

                                 Зуҳал як моҳ ӯро тарбият кард,

             Дуввум маҳ Муштариаш тақвият кард.

    Бишуд моҳи севвум Баҳром ёраш,

   Чаҳорум моҳ Хур суратнигораш.

    Чу аз Хуршеди тобон зиндагӣ ёфт,

      Дар он ҷо қуввати ҷунбандагӣ ёфт.

        Маҳи панҷум  кунад Зӯҳра варо кор,

    Уторид бошадаш моҳи шашум ёр.

Ба ҳафтум моҳ ӯро Моҳ бошад,

   Ба ҳаштум з-ӯ Зуҳал огоҳ бошад.

           Дар он зиндони танг андар кашокаш,

                          Бувад ҷойаш миёни обу хун х(в)аш.

                                    Пас аз нӯҳ моҳ Зодӯши ҳуҷаста,

                                     Бурун орад варо з-он роҳи баста.

Аз абёти Н. Хусрав бармеояд, ки дар моҳи якум кӯдаки дар батн будаашро Зуҳал тарбият мекунад. Дар моҳи дуввум Муштарӣ, дар моҳи сеюм Баҳром, дар моҳи чорум Хур (Хуршед), дар моҳи панҷум Зӯҳра, дар моҳи шашум Аторид, дар моҳи ҳафтум Моҳ (Қамар), дар моҳи ҳаштум Зуҳал кӯдаки дар батнбударо тарбият мекунанд.

Ва моҳи ҳафтум дар тарбияти Қамар бошад ва шояд, ки дар ҳафт моҳагӣ мутаваллид шавад ва умр ёбад ва бузург шавад. Агар дар ҳашт моҳагӣ мутаваллид шавад бақо наёбад чаро, ки моҳи ҳаштум дар тарбияти Зуҳал бошад ва Зуҳал сарду хушк аст ва табиати мавт дорад ва наҳси акбар аст [Мирот-ул-Муҳаққин,1970 с.51].

Ва дар моҳи нуҳум (бештар бақо ёбад аз он ки) дар тарбияти Муштарӣ бошад ва Муштарӣ гарм ва тар аст  ва саъди Акбар аст ва бар мизоҷи ҳаёт дорад.

Дар моҳи ҳаштуму нуҳум Зуҳал ки сайёраи якуму  Муштарӣ ( сайёраи дуюм буд дар даври дуюм такроран меоянд.   

Мувофиқи ақидаи Н. Хусрав дар моҳи чорум дар кӯдак қуввати ҷунбандагӣ пайдо мешавад.

    Чаҳорум моҳ Хур суратнигораш.

      Чу аз Хуршеди тобон зиндагӣ ёфт,

      Дар он ҷо қуввати ҷунбандагӣ ёфт.

 Аз навиштаҳои Н. Хусрав бармеояд, ки қуввати ҷунбандагӣ дар тифли дар батнбуда, аз Хуршед падид меояд. Дар дигар асарҳои асримиёнагии исмоилиён низ чунин ақида дида мешавад. Чунончӣ дар “Офоқнома” омадааст. “Бидон ки фарзанди одам дар вуҷуди модар чаҳор моҳа мешавад аз гӯшт ва пӯст ва устухон ва рагу пай ва ҳафт андоми ӯ дуруст мешавад ва баъд аз чаҳор мо ҷон дар ҷисми одам меандозанд” [Офоқнома, 1970 с.19].

   Тибқи тасаввурот ва эътиқоди мардуми Бадахшон кӯдак атои Худовандӣ аст, аз ин хотир  замоне, ки фарзанд таваллуд меёбад ӯро Додаи Худо (Додихудо) ё Худо дод (Худодод), Худоназар, Назархудо, Мавлоназар, Мавлодод ва ѓайра номгузорӣ мекарданд.  Сокинони  Бадахшон бо фарзандашон ҳамчун додаи Худо муносибат мекарданд ва кӯшиш мекарданд, ки ӯро ҳамчун инсон аз ҳар гуна офату балоҳо ва дигар қувваҳои баъд муҳофизат намоянд то ки дигар оламҳо  онро ба олами худ набаранд.

Хатару таҳдиди калон барои тифли навтавлидёфта то 3, 7 ва  40- рӯз аст. Ин яке аз давраҳои асоси ва марҳилаи вазнини гузариш аст. Тибқи тасаввуроти мардум дар ин давра  ба кӯдак хатарҳои зиёд таҳдид мекунанд. Аҷдодони гузаштаи мо бо иҷро кардани чандин расму оинҳо кӯдакро аз ҳаргуна хатарҳо эмин медоштанд.  

Муҳаққиқон ин намуди хатарҳоро ба қайд гирифта роҳҳои бартараф кардани онҳоро тавассути иҷрои расму оинҳо муфассал нишон додаанд (ниг: Зарубин, 1927.-с.361-370; Андреев 2020,-с.53-77; З. Юсуфбекова 2015.-с.61-99: Ч. Назаршоева, 2022.)

Хулоса, дар фарҳанги мардуми Бадахшон вақте ки қудак таваллуд меёбад ӯро аз Худо ҳамчун амонат бо иҷро кардани расму оинҳои хос қабул мекунанд, вақте ки қудак калон шуда мард мегардад маросими тӯйашро мегузаронанд ва ӯро Кахудо меноманд ва вақте ки ба камол расида мевафтад барояш маросими кафну дафн гузаронда  амонати худро боз ба Худо медиҳанд. Хулоса, аз Худо, Кадхудо ба Худо.

 

 

 ШОИНБЕКОВ А   мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ