Гузориши
мудири шуъбаи забонҳои помирӣ Назаршоева Ч.
аз семинари илмии «Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва боло бурдани маънавиёти миллӣ»
Тибқи Қарори Раёсати АМИТ аз 10 майи соли 2023 № 89 бо мақсади боло бурдани сатҳи ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ дар шуури кормандони илмӣ шуъбаи забонҳои помирӣ вобаста ба банди савуми он «Пурзӯр намудани воситаҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати аз байн бурдани андешаи «аз идеология дур будани илм» дар байни кормандони АМИТ» сарходими шуъбаи мазкур доктори илмҳои филологӣ, профессор Офаридаев Н. барои кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандаров семинари илмиро дар мавзуи « Арзишҳои давлатӣ ва идеологияи тадқиқотҳои илмӣ» гузаронд. Арзишҳои миллӣ дар айни ҳол арзишҳои давлатӣ маҳсуб меёбанд. Эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ин маънои ҷонибдорӣ аз сохтори сиёсӣ ва иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Дар баробари рамзҳои асосии давлатӣ суруд, нишон ва парчами миллӣ арзишҳои идеологии давлатӣ низ ба арзишҳои миллӣ-давлатӣ дохил мегарданд. Бояд қайд кард, ки илм дар тамоми давру замон ва дар сохторҳои сиёсии гуногун ҳамеша ба идеологияи давлатӣ такя мекард. Дар шароити имрӯза илми тоҷик бояд дар самти ҳифзи муҳити солими иҷтимоӣ ва муҳити солими идеологӣ саҳми худро гузорад. Махсусан, дар назди илмҳои гуманитарӣ дар ин самт иҷрои вазифаҳои бузург қарор доранд ва кормандони соҳаи илмҳои гуманитарӣ бояд дар таҳкими идеологияи солими иҷтимоӣ саҳми босазои худро гузоранд.