Дар Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ баргузор гардид.
Дар он ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон Имомназар Хоҷаназар Лутфулло бо маърузаи “Нақш ва мақоми арзишҳои маънавии миллӣ дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон” баромад намуд.
Мавсуф, дар муқаддимаи маъруза қайд намуд, ки мавзуъи мавриди назар, аз диди замон, хеле муҳим мебошад. Зеро дар марҳилаи ҳозираи мавҷудияти ҷомеъаи инсонӣ таҳавуллоти амиқи тақдирсоз, дар ҳамаи самту ҷодаву соҳа, босуръат, бо касби сифату аломати мухталиф, ба вуҷуд омада истодаанд. Тадқиқот ва кашфиёти рӯзафзун, махсусан, дар ҷодаи генетика ва технологияи рақамӣ, тасаввуроти инсонро дар бораи ҳастӣ тағйир дода, то андозае, ба ҷаҳонбинии анъанавии ҳамаи тамаддунҳои мавҷуда таъсири гуногун мерасонад.
Пас аз он вобаста ба масъалаи арзишҳои умумиинсонӣ, аз он ҷумла, маънавӣ, андеша ронда, афзуд, ки онҳо аз рӯзи нахустини пайдоиши инсон, бо ҳаёти ҷисмонию равонии ӯ пайвасти ногусатанӣ доранд.
Вобаста ба мафҳуми “арзиш”, ки категорияи илмҳои зиёд, махсусан, фалсафа, ба шумор меравад, дар илми ҷаҳонӣ тадқиқоти зиёд анҷом ёфта, дар марҳилаи ҳозира, чуноне ки зикр намудем, бо таҳаввулоти ҷиддии рӯзафзун дар ҳаёти башарият, масъалаи тадқиқи бунёдӣ ва таҷдиди назар дар мавриди он, аҳамияти бузургро аз лиҳози посух ёфтан ба саволи мавҷудияти ояндаи ҷомеаи инсонӣ, касб менамояд.
Илмҳои гуногун таърифҳои зиёдро барои ин мафҳум, аз диди объект ва предмети омӯзиши худ, додаанд. Аммо, бо дида баромадани баъзе аз ин таърифҳо ва ҷудо намудани аломату сифат ва дигар паҳлӯҳои муҳим, метавон(ба истилоҳи математикӣ) онро ба як махраҷ ё нишондиҳанда овард. Он ҳам бошад, ин аст, ки “арзиш” ё “арзишҳо” танҳо хоси ҷомеаи инсонӣ буда, талаботи сириштӣ, зеҳнӣ, равонӣ, рӯҳӣ ва ҷисмонии ӯро қонеъ намуда, муфиду манфиатовар буда, рушди фард ва муносибати ӯро бо ҷомеа ва умуман муҳит ташкилу таъмин сохта, асоси ҳамзистии босуботи ҷамъияти алоҳида ва башарият, дар маҷмуъ, мебошанд. Арзишҳо ба рушди ҳамаҷонибаи фард нигаронда шуда, ҳамзамон ба симати чаҳорчӯба ё хати самт(вектор)-и ҳаракат ва амали шахс баромад мекунанд; инсон бо дарки моҳиятии онҳо вазифа, ҳадаф ва рисолати худро муайяну муқаррар менамояд.
Миллати тоҷик, ки аз аз нажоди ориёӣ мебошад, дар қатори дигар миллатҳои соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг дар саргаҳи офариниши арзишҳои умумиинсонӣ қарор гирифта, бо мурури замон, ки ҳазорсолаҳоро дарбар мегирад, низоми муайяни арзишҳои миллии хешро ба вуҷуд овард.
Дар баробари ин, арзишҳои зиёд аз тамаддун ва фарҳанги дигар ба низоми арзишҳои миллии мо ворид шуда, мақоми бештару бартар аз пешро соҳиб гаштанд. Низоми арзишҳо яке аз омилҳо ва унсурҳои мавҷудияти мо ҳамчун миллат баромад мекунанд. Онҳо ҳалқаҳои мустаҳками занҷири тиллоие мебошанд, ки имрӯзи моро бо гузаштаи дурамон маҳкам пайваст менамоянд.
Дар тӯли таърих арзишҳои аслии маънавии тоҷик бо бозбинӣ, маҳдудият, хатари азбайнравӣ мувоҷеҳ гардида, бо сабаби муҳимияти худ ва то ҷое ирсӣ буданашон, боз эҳё мешуданд.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси консенсуси умумимиллӣ, ки он ҳам як арзиши маънавӣ аст, вакилони мардумӣ, дар мавриди масъалаҳои бунёдӣ, аз он ҷумла, наҷоти давлатдории навини тоҷикон, аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллат ва барқарор намудани ниҳодҳои давлатию истиқрори сулҳу суботи иҷтимоӣ, аз тариқи конститутсионӣ, ба мувофиқа расиданд.
Таърихи минбаъдаи давлатдории навини тоҷикон нишон дод, ки интихоби роҳбари нави давлат дар симои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҷониби ин шахсият, дар марҳилаи ниҳоят вазнини таърихӣ ба уҳда гирифтани масъулияти роҳбарии кишвари дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сӯзон, барои эҳёи арзишҳои аслии маънавии ҳазорсолаи миллӣ таҳкурсии устувор гузошт. Дар ин амали мардум, вакилони мардумӣ ва Роҳбари навтаъини ҷавони давлат арзишҳои маънавии миллӣ, аз қабили ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамгироӣ, дарки рисолат, масъулият, эътимод, ҷавонмардӣ, ҷасорат ва ғайра баръало намоён мешаванд. Дар ин маврид арзишҳои асили миллӣ- боварӣ ба нерӯи худ, идроки рисолати таърихии шахс дар назди ҷомеъа, масъулияти баланди ватанпарстӣ, миллатдӯстӣ, диловарию шуҷоат, ҷонфидоӣ дар роҳи ҳақиқат ва сарсупурдагӣ барои миллат, ки дар таърихи миллати тоҷик борҳо аз ҷониби фарзонафарзандони он дар арсаи номуси ватандорию меҳандӯстӣ ҷилва дода буданд, ин дафъа дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳ ва сифати дигари баландтар зоҳир гаштанд. Аз ҷониби шахс дар умум ва алалхусус шахсияти дорои ҳокимияти давлатӣ савганд ёд кардан ва ба савганди худ содиқ мондан яке аз арзишҳои муҳими маънавии миллӣ аст, ки аз умқи ҳикмати миллӣ, ки футувват дар он ҷойгоҳи хос дорад, сарчашма мегирад.
Ба андешаи мутафаккири немис Г. Гегел “Он чизе, ки дар умқ, дар ҷавҳари ҳар миллат мегузарад, барои давлат ҷанбаи моҳиятӣ дорад” . Аз ин рӯ, Давлати мо, маҳз бо назардошти аҳамияти ҷавҳарии расму ойин ва анъанаҳои неки ниёгон, саъй бар он дорад, ки ин ғановати бостонии миллатро эҳё ва дар хизмати ҷомеъа гузорад. Дар ин самт, дар муҳлати кӯтоҳ, гомҳои устувор гузошта шуданд.
Истиқлолият, ки яке аз муҳимтарин арзиши миллӣ ба ҳисоб меравад, таҳкурсии мустаҳками давлатдории навини тоҷиконро гузошта, барои таҷаддуд ва таҳкими арзишҳои дигар заминаи мусоид фароҳам овард. Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид мефармоянд: “Истиқлол ҳадафи бартару волотар нисбат ба ҳадафу манфиатҳои сиёсӣ, гуруҳӣ ва шахсӣ дошта, барои ҳамагон арзиши муқаддас аст.”
Конститутсия, ҳамчун арзишҳои умумибашарӣ, дар заминаи фарҳанги ҳуқуқии миллати тоҷик дорои хусусиятҳои миллӣ гардида, яке аз аркони устувору муҳимтарини мавҷудияти давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад. Бо назардошти таҳияи Конститутсияи ба талаботи ҷомеаи миллии мо ҷавобгӯ, аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи кории салоҳиятнок таҳти роҳбарии худи Сарвари Давлат дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта таъсис ёфта, бо назардошти низоми арзишҳои миллӣ, ин ҳуҷҷати тақдирсоз таҳия ва қабул гардид.
Меҳвари марказии Конститутсияи Тоҷикистон ин инсон аст ва ҳамаи паҳлӯҳои марбут ба инсон, ки ӯро ба камоли маънавӣ мерасонанд, дар ин ҳуҷҷати арзишманд, ҳамчун арзиши воло қабул гардидаанд. Дар моддаи яки Боби аввали Конститутсия арзишҳои бунёдии давлатдории тоҷикон эълон шуда, дар дигар қисматҳои он мафҳумҳо ва ифодаҳои “давлат”, “истиқлол”, “ваҳдати миллӣ”, “забони миллӣ”, “фарҳанги миллӣ”, “озодӣ”, “ҳуқуқ” ва ғайраҳо ҳамчун арзишҳои маънавӣ маънидод мешаванд. Яъне, Конститутсия худ дорои арзиши баланд буда, арзишҳои дигарро ҳифзу ҳимоя менамояд.
“Таърих” ва “хотираи таърихии миллат”, ки худ аз арзишҳои дигари маънавӣ ба шумор мераванд, дар замони нав эътибори дигар ва сифатан навро гирифтанд. Акнун, ин арзишҳо пурра дар ихтиёри худи миллат буда, ба қонеъ намудани манфиати гуногунпаҳлӯи он нигаронда шудаанд. Чунин муносибат ба фарҳанг ва тамоми ҷузъҳои таркибии он: дониш, илм, маориф, санъат, ахлоқ, зебоипарастӣ, эътиқод ва тарбия баръало дида мешавад.
Забони миллӣ ҳамчун арзиши волои миллӣ пас аз садсолаҳо мақоми сазовори худро пайдо намуд. Имрӯз забони тоҷикӣ, ки соҳиби мақоми баланди давлатию ҷамъиятӣ аст, меҳвари аслии ваҳдати миллӣ ва омили рушду муаррифгари миллату давлат ба ҳисоб меравад. Ин рисолатро забони миллии мо ҳазорсолаҳо иҷро намуд, аммо, танҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ бунёди ҳуқуқии мақоми он гузошта шуд.
Ваҳдати миллӣ, ки то андозае дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлол, таҳти таъсири омилҳои манфии муайян, моҳияти аризишии худро аз даст дода буд, дар заминаи таҳкими арзишҳои фавқуззикр, боз ҷойгоҳи муҳими худро дарёфт намуд ва имрӯз яке аз арзишҳои воло дорои моҳият ва аҳамияти бунёдии худ мебошад.
Оила, ҳамчун унсури билодии ҷамъият ва аъзои анъанавию табиии он, яъне волидайну фарзандон, дар доираи арзишҳои дигар, аз қабили ахлоқу ҳуқуқ, дар марҳилаи ҳозираи рушд, мақоми наву сазоворро касб намуд.
Зарур ба таъкиди махсус аст, ки оила ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ, табиатан, дар шаклҳои гуногун вуҷуд дошт. Аммо, имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ, алалхусус, дар баъзе мамолики Ғарб, ба таҳаввулоти, ба табиати он носозгор, рӯ ба рӯ гардида, то андозае таъсири ин дигаргунии манфӣ ба оилаи миллии мо низ расида истодааст.
Дар ин маврид аз мақоми баланди яке аз рукнҳои оила: зан-модар бояд сухан ронд, ки мақоми модар дар фарҳанги миллии мо дорои арзиши бузурги маънавӣ буда, он бо арзиши дигар-ватан тавъам мебошад.
Футувват, некӣ, кӯмак, хайрия, эҳсонкорӣ, тамизкорӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳурмат, эҳтиром, меҳмоннавозӣ ва ғайраву ҳоказо аз арзишҳои маънавии миллии мо ба шумор мераванд ва дар асоси ҳамин ва дигар арзишҳои воло давлатдории навини тоҷикон ташаккул ёфта, дар шоҳроҳи инкишофи худ қарор дорад.
Дар заминаи анъанаи андешаи бостонии миллӣ оиди муносибати оқилона ва сарфакорона ба муҳити зист ва бойгариҳои табиӣ Роҳбаритяи олии мамлакат чанд иқдоми таърихиро рӯи кор овард. Чор унсури табиӣ, ки дар ҳикмати ориёӣ ба онҳо нигоҳи амиқ андохта шуда, ба обу оташу хоку бод муносибати арзишмандро қоил ҳастанд, айни замон, аз ҳолати муқаррарии табиии худ убур намуда, зарари ҷиддӣ ба бор оварда истодаанд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои мубрами ҳифзи муҳити зист, аз он ҷумла, муносибати оқилона ба об ва истифодаи сарфакоронаву самараноки он аз ҷониби башарият қабул ва дар нисбати ҳалли масоили вобаста ба он чораҳо андешида шуда истодаанд. Ин далолат ба он менамояд, ки дар низоми арзишҳои маънавии миллӣ эҳтиром ба муҳити зист ҷойгоҳи махсусро доро буда, онҳо муқаддас шумурда мешаванд.
Ҳамчунин, дар маъруза вобаста ба дигар арзишҳои маънавии миллӣ сухан рафта, таъкид гардид, ки масъалаи мазкур бояд аз ҷониби олимон мавриди таҳқиқ ва омӯзиши минбаъда қарор дода шуда, ҷиҳати густариш ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллӣ, тадбирҳои судманд рӯи кор оварда шаванд.