АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА ЗАМОН
Мутобиқи нақшаи кории Институти илмҳои гуманитарии ба академик Б.Искандарови АМИТ, ба таърихи 23.06.2023 дар мавзӯи “АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА ЗАМОН”семинари илмӣ доир гардид, ки дар он ходими илмии Институти мазкур, Ҳақназар Имомназар маълумоти заруриро аз нигоҳи ҷомеашиносӣ ироа намуд. Дар маводи пешниҳодшуда мафҳуми “арзиш” дар таърихи ҳаёти ҷамъиятҳои ибтидоии одамон, ки аз забони юнонӣ “аксиос” ба маънои “муфид будани чизе, ё падидае”,“арзишманд”, “муҳим”, “фоидаовар” ва маънии аслии он дар давраҳои қадим (ҳамчунон “ҳақиқат”, “хайр”, “хуб” ё “хайри умумӣ”, “зебоӣ”, ва дар қарнҳои миёна (аз қарни 2 то 15) аз тарафи дин тасарруф шудани он ва сипас аз қарнҳои 14/16, давронҳои машҳури таърихи башар, ба монанди Ислоҳот (Реформатсия дар калисои масеҳӣ), Эҳё ва Рушангарӣ, ва тағйири арзишҳо таҳлил муфассал барои баҳсу баррасӣ пешниҳод гардид.
Мазкур қайд, ки арзишҳо самти зиндагӣ, ё раҳнамои(компас) дарунии ҳар фард, гурӯҳ ва ҷомеа буда, аз ҳадафҳо ва хостаҳову хоҳишҳо талаботи рӯзмрари ҷисми физикӣ ва эҳсосот тафовути ҷиддӣ доранд. Дар такя ба манобеи мухталифи илмӣ, таърифи арзишҳо дода шуда,хусусияти хосу нотакрории арзишҳо барои ҳар халқият, миллат, ба хусус миллати куҳанфарҳанги тоҷик хеле равшан нишон дода шуд.
Арзишҳо ба ду қисми асосӣ- моддӣ ва маънавӣ ҷудо шудаанд. Яъне тамоми он неъматҳои моддӣ ва маънавии аз ҷониби наслҳо сохта шуда ба наслҳои оянда интиқол ёфта, арзишҳои миллӣ ба шумор мераванд.
Дар мавод масъалаи замони муосир, эҳёву тақвияти арзишҳои миллӣ, ки яке аз афзалиятҳои кишвар мебошанд, махсусан таъкид шудааст.
Аз ин рӯ, талоши давлати ҷавони Тоҷикистон дар он аст, ки ин арзишҳои миллии тоҷикӣ, ба хусус арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии он набояд бо арзишҳои бегона омехта шаванд ва ё аз байн раванд, балки ба ҷузъи арзишҳои умумибашарӣ ворид шаванд ва дар низоми таълиму тарбияи насли ҷавон саҳму нақши махсус дошта бошанд.
Дар мақола дар мавриди эҳё, таҳким ва баландтар бардоштани сатҳи арзишҳои миллӣ ва нақши он дар ҷомеаи кишвар, аз ҷониби роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан ибтикороти ҳамешагии Пешвои миллат,Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобили эътирофи умум ва арҷгузорӣ мебошад, махсусан таъкид шудааст.
Аз ҷумла, арзишҳои маънавӣ, ба амсоли мафҳумҳои озодӣ, баробарӣ, адолат, некӣ ва мафҳумҳои дигар, ки хоси таъриху фарҳанги миллати тоҷик мебошанд, аз қабили ҷашнҳои миллӣ (Наврӯз, Меҳргон,Садда, Идҳои Қурбон ва Рамазон, ҷашни Истиқлолияти Давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, ҷашни забони миллӣ, Парчами миллӣ ва ғайра, маҳз дар даврони соҳибдавлатӣ ба мақоми сазовор расонида шуданд.
Инъикоси мукаммали мафҳумҳои вобаста ба он, аз қабили, эҳёву тақвияти арзишҳои миллӣ, дар робитаи ногусастаниашон бо арзишҳои умумибашарӣ ва ниҳоят истифодаи дурусти онҳо ҳамчун омили муҳимтарин дар таъмини ваҳдати комил, якпорчагии тамоми ҷомеаи кишвар, дар самти таъмини рушди минбаъда ва шукуфоии бештари Ватани азиизи мо, Тоҷикистон нуктаи калидии мақолаи мазкур мебошанд.
ҲАҚНАЗАР ИМОМНАЗАР
Ходими илмии Институти илмҳои гуманитарии ба академик Б.Искандарови АМИТ