wrapper

Институт

Институт

Назаршоева Ч.Р. Этнолингвистическое освещение лексики родильного обряда (на материале шугнанского языка).

Назаршоева Ч.Р. Этнолингвистическое освещение лексики родильного обряда (на материале шугнанского языка). -Душанбе: Сифат-Офсет, 2022. – 200 стр.

Под общей редакцией

доктора филологических наук

Каландариён Хокима Сафара

 

Отв. редактор:

 Некушоева Ш.С. – кандидат филологических наук

 

     Рецензенты:

Аламшоев М.М. – доктор филологических наук

 Офаридаев Н. – доктор филологических наук

 

 

Язык шугнанцев Западного Памира относится к постепенно исчезающим языкам, что обосновывается стремительным отходом шугнанцев от традиционных обрядов, ритуалов и традиционных знаний различных областей жизни, отсутствием письменности для шугнанского языка, не востребованностью шугнанского языка в обществено-социальной жизни, а также функционированием официального таджикского языка, который имеет огромное влияние на местные памирске языки, в том числе шугнанский. Настоящая работа посвящена этнолингвистическому исследованию лексики родильного обряда шугнанского языка. В работе по тематическим группам представлен семантический и структурно-грамматический анализ лексических единиц, связанных с родильным обрядом шугнанцев Западного Памира. Относительно большинства языковых единиц автор прибегает к этнолингвистическому анализу и дает описание различных традиций, обрядов и поверий. Путем этнолингвистического анализа слов родильной обрядности установлены языковые особенности лексики данной сферы.

 

 

Печатается по решению ученого совета Института гуманитарных наук им. академика Б.Искандарова НАНТ, протокол № 9 от 17.11.2022 г.

 

 ©Ч.Р. Назаршоева

 

Муфассал ...

Истифодаи зодагони кишвар осонтарин роҳи халалдор сохтани оромиши он аст

Ноором сохтани ин ё он давлат, аз байн бурдани амонии он аз ҷониби давлати дигар имруз дар замони глобализатсия ё худ ҷаҳонишавӣ дар сайёра як падидаи хеле маъмул гаштааст. Зеро минбаъд таъсиргузор будан дар кишвари ҷангзада, истифодаи сарвату бойгарии он хеле осон аст, нисбати он давлате, ки сулҳу субот дар он ҳукмфармост.

Яке аз воситаҳои осонтарин дар ин раванд истифодаи шаҳрвандони худи кишвари зери таваччуҳ қарордода мебошад. Ин василаро феълан аксари мамолики абарқудрат, махсусан олами ғарб хеле зиёд истифода мебаранд. Зодагони кишвари таҳти назари “махсус” қарордоштаро ба шаклҳои мухталиф мавриди истифода қарор мегиранд. Яке чун ҷосус, дигаре манбаи маълумот, саввум иғвогар ва ғайра. Аз ҳама бештар ба ҳайси иғвоангез.   Ба назари мо, ин раванд чанд замина дорад:

  1. Мардум нисбати ашхоси бегона ба сухани худӣ, ҳаммиллату ҳамкеши худ бештар боварӣ дорад. Ин аст, ки давлатҳои дигар сухану афкори иғвоангезандаи хешро тавассути чунин шахсон паҳну таблиғ менамоянд.
  2. Худро шахси ғамхору бомуҳаббат барои халқу миллат вонамуд кардан барои фарзандони таҳҷоӣ осонтар аст, нисбати як шаҳрванди бегона
  3. Шаҳрвандони ҳар халқу миллат нозукиву заъифӣ, каму беши онро зиёдтар медонанд, нисбати як нафар зодаи давлати хориҷа
  4. Забон дар ин кор мавқеи калидӣ дорад. Фарзанди Ватан бо забони модарӣ миёни мардум кор мекунад, ки хело таъсиргузортар аст.
  5. Дар аксари ҳолатҳо чунин шахсони ба истилоҳ “баргузида” аз миёни халқиятҳои теъдодан кам ё худ аққалият интихоб мегарданд. Ин халқиятҳо, ки метавонанд бо баъзе хусусиятҳои фарқкунандаи хеш миёни миллати худ тафовут дошта бошанд, аслан хеле таъсирпазир мешаванд. Таърих гувоҳ аст, ки ҷудоиандозӣ ва иғвоангезӣ маҳз миёни чунин халқиятҳо осонтар аст. Ташвиқи аз ҳад зиёди “афзалиятҳо”, ҳифзи хусусиятҳои хоси онҳо ба монанди дину мазҳаб, забони маҳалӣ, урфу одат, ҳудуди муайян ва ҳамсоли инҳо воситаест, ки мардумро метавонад, дар аввал эҳсосотӣ намояд, баъдан миёни мардум ҳар гуна норозигӣ ба вуҷуд орад ва дар фарҷом ба мубориза барои ҷудоихоҳӣ оварда расонад. Чунин формула дар чанд даҳсолаи охир дар нуқтаҳои зиеди ҷаҳони муосир, ба монанди қазияи Руссия бо мардуми Чеченистон, мушкилоти Осетия дар Гурҷистон, воқеаҳои Қирғизистон бо узбекони муқимӣ .... истифода шуда буд. Дар чунин ҳолатҳо аксар вақт зодагони алоҳидаи кишвар чун муборизону лидерон интихоб гардида, чун пешсафони халқи озодихоҳ аз хориҷ раҳнамоӣ менамоянд. Дар асл онҳо дар ягон амал ба таври физикӣ ширкат намеварзанд.
  6. Чунин шахсон, ки ҳатто аз ҳудуди ватани худ баромада, соҳиби паногоҳи сиёсӣ дар ин он мамлакат гардида бошанд, ҳам дар зодгоҳашон хешу пайвандон, наздикон доран, ки метавонанд минӣбаъд аз ҷониби онҳо то андозае дастгирӣ ёбанд, дар шакли ошкору пинҳон ташвиқгари онҳо дар маҳал мегарданд.

Ин чанд нуқтае буданд, ба фикри инҷониб омили истифодабарии зодагони ин ё он кишвар барои ноамн сохтани он аз ҷониби дилхоҳ давлат ё гуруҳи манфиатдор истифода бурда мешаванд. Аламовар он аст, ки чунин фарзандони кишвар дар рузҳои сахти ба сари мардуми таҳҷоии оддӣ расида ягон зараре надида, чун тири ба нишон расида, худро орому ғолиб мешуморанд. Дар ҳолате, ки ватанашон оғуштаи хун ва ҳамдиёронашон овараву саргардон мегарданд.

         Ҳадаф аз баррасии маводи мазкур ба ҷуз аз кушодани баъзе аз гиреҳҳои руйиобнаомада ва  як маслиҳат додан барои ҷавонону наврасон чизи бештаре нест. Дар чунин ҳолат аз мо шаҳрвандон, фикр мекунам, ки ду нуқта тақозо мегардад.

         Аввалан, чун аз ҳар вақта “зиракии сиёсӣ”-ро дар умқи зеҳн нигоҳ дошта шуда, дар ягон ҳолат фирефтаи ваъдаву ташвиқоти “ҳамватанони алоҳида” ва бархе аз ташкилотҳои ба истилоҳ “омиёни ҳуқуқ” ва “ғамхор”, ки дар асл манфиатҳои сиёсати ин ё он давлатро ҳимоя мекунанд, нагардем.

Баъдан, барои дустону бародарон, пайвадону наздиконе, ки ба вақти муайян ё доимӣ берун аз Тоҷикистон ҷойи сукунат интихоб кардаанд, маслиҳат диҳем, ки ба чунин ҳамватанони худ, ки худро дилсуз вонамуд карда, ҳамагонро ба як мухолифат ва игвоангезӣ бо ҳар ташвиқ мекунанд, пайравӣ накунанд, ҷонибдорӣ нанамоянд.

 

 

Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир

 

доктори илмҳои филологӣ,

ходими калони илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти

Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандаров АМИТ

 

Муфассал ...

Ҳар шаб зи худат бипурс...

Азорабекова Ш

Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Исканадарови АМИТ

Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,

К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ ?.

         Нисбати журналистон эҳтиром дорам, дар истисно аз он нафароне, ки фарсахҳо дур аз Ватан зиндагию фаъолият дошта, бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд миёни мардум ивғо ангезанд ва сабабгори нооромии халқ гарданд.

         Рустами Ҷонӣ ту чи касе ҳастӣ, ки аз номи мардуми Бадахшон садо баланд мекунӣ? Бовар кун 95 %-и мардум туро намешиносанд. Ягон маводи хонданибоби туро мардум надидааст, ба ҷуз аз навиштаҳои беасосу ивғоангези дар шабакаҳои интернет мавҷудбуда, ки мардум ҳатто ба онҳо таваҷҷӯҳ ҳам надоранд. Бас будагист суханчиниву низоъандозӣ миёни ҷавонон. Ту, ки мулки бегонаро ихтиёр кардаӣ аз пайи зиндагии хеш шав, зеро дар Бадахшон касе ба ту баринҳо эҳтиёҷ надорад. Мақсади ту баринҳо фақат гумроҳ намудани ҷавонони содалавҳ мебошад, ки бори дигар исбот гардид. Бо даъвати ту барин ноҷавонмардон, ҷавонони ноогоҳ  аз найрангу фитна қурбон мегарданд.

    Ту, ки миёни мардуми сарбаланди Бадахшон набудаи, магар аз дарди дил ва сӯзиши ҷигари модари бадахшонӣ, ки фарзандаш тӯъмаи офати «марги сафед» гардид, бохабар ҳастӣ?. Худат қазоват кун ва ба ҳодисаҳое, ки ба вуқӯъ мепайванданд, бо чашми дил ва ботин нигоҳ кун. Шумораи ҷавонон ва наврасоне, ки қурбони нашъамандӣ гардиданд, магар кам аст?. Оилаҳои бесаробон, фарзандони падаргумкарда ва як насли носолим магар натиҷаи нашаъаҷаллобӣ набуд? Щояд шумораи қурбоншудагон аз ҳазор кам набошад. Магар онҳо модар надоштанд? Магар он модарони мазлум оҳу фарёд надоштанд? Дар Қуръони Маҷид омадааст: Битарс аз дуои бади мазлум, ки дуои мазлум мустаҷоб мегардад

         Боре шоҳиди оху нола ва дуои бади модари нокоме шудам, ки дар сари ҷасади беҷони писараш гиряву зорӣ дошт ва ин савумин писари аз даст додааш буд. Нолаи ҷигарсӯзи модар ва ду даст ба дуо бардоштааш дили ҳар бинандаро фишор дода ба дард меовард. Пас аз ду моҳ модар аз сактаи дил фавтид. Дарди модарро ҳис кардам ва дуои ӯро, ки ба нашъаву нашъаҷалобӣ нафрат мехонд, ба риштаи назм даровардам, ки хотимааш чуни аст:

         Илтиҷо дорам ба даргоҳат, Худо!

         Илтиҷо дорам зи ту, ай зоти поки Мустафо,

Кун ту ин махлуқи нофармонро дар байни мардум рӯсиёҳ.

Хонадонашро бисӯзон….

Теша зан бар решаи ин гуна марди дилсиёҳ.

Зулфиқори Шоҳи Мардон, пора кун ту пайкараш,

Тозаву озода монанд наслҳо.

Набояд форомӯш кард! Занон ва модарони Бадахшон ҳамеша тарафдори сулҳу субот, тинҷӣ ва оромӣ, пешрафт, ободии диёр ва амнияти фарзандони хеш буданд, ҳастанд ва мемонанд.

        

          

Муфассал ...