wrapper

Институт

Институт

Об сарчашмаи ҳамаи мавҷудоти зинда дар олам аст

 

         Мутобиқи таҳлили коршиносони масоили об дар ҷаҳон зиёда аз 780 млн нафар ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд.  Зиёдан аз 1 миллард нафар ба оби тоза ниёзманд аст. Ҳамасола ҳазорҳо нафар аз нарасидани оби ошомиданӣ ва надоштани шароити беҳдошт мефавтанд.  Тоҷикистон  ҳамчун кишвари дорои захираи бойи об дар минтиқа ва ҷаҳон  маълум аст.  Роҳбарияти олии мамалкат дар ҳудуди кишвар ба масъалаи дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ  дер боз чораҳои амалӣ андешида, аҳолии кишварро бо оби ошомиданӣ таъмин намуда истодааст. Тибқи маълумотҳои Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 36% аҳолии деҳот ва 87% аҳолии шаҳр ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ дорад.   Гарчанде норасоии об дар ҳудуди кишвари мо эҳсос намешавад, дар минтиқа ва ҷаҳон як проблемаи асосӣ ба ҳисоб меравад.

Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дер боз дар созмонҳои ҷаҳонӣ масъали норасоии об дар сайёраро масъалагузорӣ менамояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ  бошад, якдилона аз пешниҳодҳои Ҷаноби Олӣ дастгирӣ менамонд. Тавре маълум аст, ки аз санаи 21-уми  то 23-юми марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорки Амрико конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид. Раиси ин конфронсро Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шоҳигарии Недерланд ба уҳда дошанд. Ин нишони онро дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон дорои обрӯ ва эътибори хоса мебошад.

Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои нарасидани об,  обшавии пиряхҳо, таъғирёбии иқлм ва дигар проблемаҳои глобалиро дар ин конфронс масъалагузорӣ намуд. Роҳбари давлат қайд кард, ки: “ ...Мо ба хотири баррасии яке аз масъалаҳои  ҳаётан муҳим, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳоямон вобастагӣ дорад, ҷамъ омадем...”. Аз гуфтаҳои зикргардида бармеояд, ки норасоии об чӣ гуна таъсири мусбӣ ба ҳаёти мо мерасонад. Инчунин роҳбари давлат дар суханронияш қайд кард, ки маҳз об дорои чунин қудрати бузург аст, ки ҳамаи ҷаҳонро дар СММ ба ҳам овард ва муттаҳид сохт. Ин ташаббуси роҳбари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи ба ҳисоб меравад, ки 46 сол пас боз тавонист таваҷҷӯъи ҷомеаи ҷаҳониро ба проблемаи об ҷалб намояд. Имрӯз тамоми шабакаҳои телевизонии маъруфи ҷаҳон раванди баргузории конфронсро нишон дода муҳимияи онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, боз обрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи олам баланд бардошта, роҳбарияи ин конфронсро дар созмони бонуфузи ҷаҳонӣ яъне СММ ба ӯҳда гирад. Конфронс барои дар оянда фаъолият намудан нақшаи кориро тартиб дода, маъсулин вазифадор карда шудаанд, ки барои амалӣ намудани он чораҳои мушаххас андешанд.  Дар оянда чандин конфронсҳо ва симпозиумҳои  байналмиллалӣ  вобаста ба масъалаи об ба нақша гирифта шудаанд. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳониро барои иштирок дар конфронси Даҳсолаи байналмиллалии  об, ки соли 2024 дар Душанбе баргузор мегардад даъват менамояд.

Баргузории ин конфроси байналмиллалӣ нуфузи Роҳбари давлат ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар дар арасаи олам собит кард.

 Ғаёсов А.А ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ

 

акс аз: https://radiotoj.tj/?p=24633 

Муфассал ...

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи об дар Созмони Миллали Муттаҳид

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Эмомали Раҳмон аз 22 то 24 марти соли ҷорӣ дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи об дар Созмони Миллали Муттаҳид иштирок намуд. Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ дар шаҳри Ню-Йорк пас аз 46 сол бори аввал таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳӣ ва пӯшидашавии Конфронси СММ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи миёнамӯҳлати Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони ва такид карданд,ки аллакай соли 1999 Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси аввалини эълон шудани соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза баромад карда буданд.Сипас, бо ташаббуси кишвари мо соли 2013 “Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан даҳсолаҳои байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор” эълон гардид ".

Моҳи декабри соли гузашта Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси навбатии мо Қатъномаи дахлдор қабул кард, ки соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Эмомали Раҳмон дар маросими ифтитоҳӣ Конфоронс қайд намуд, ки дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла дар ҷараёни татбиқи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли гузашта бо ибтикори Тоҷикистон эълон карда буд, мо талошҳои ҳамаҷонибаи худро барои ҳалли мушкилоти об идома хоҳем дод.Дар ин замина дар соли 2025 дар Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро баргузор хоҳем кард.

Инчунин Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон даъват ба амал овард,ки Конфронси навбатии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2028 дар поёни Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба захираҳои об дар Тоҷикистон баргузор карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 изҳор доштанд, ки “Ин се рӯз дар ҳақиқат моро неруи наве бахшид: мо аҳли ҷаҳонро ба шаҳри Ню-Йорк овардем, акнун мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем”.

Дар доираи иштирок дар Конфронси оби СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Эмомали Раҳмон дар чорабиниҳои "Харитаи роҳ 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо"; чорабинии "Об моро муттаҳид мекунад";дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи «Таърихи рушди Тоҷикистон» дар қароргоҳи СММ; дар маросими супоридани тӯҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид низ суханронӣ кард.

Дар хотима бояд қайд кард, ки ташаббусҳои роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ки аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтаанд, аз сатҳи омӯзиш ба татбиқи амалии ҷомеаи ҷаҳонӣ гузаштанд. Якҷоя ин ташаббусҳо ба эҷоди стратегияи нави башарият ва таъмини зиндагии шоиста барои сокинони сайёра нигаронида шудаанд.

Сарходими илмии шуъбаи  

тадкикоти иҷтимоию иктисодии

Институти институти илмҳои 

гуманитарии ба номи академик

Баҳодур Искандаров

доктори  илмҳои иктисодӣ                                                   Ҷонмамадов Ш.Б.    

Муфассал ...

ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД

Бо ташаббусҳои оқилонаву дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2018 ин ҷониб Тоҷикистони кучаки мо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид барои ҷаҳониён муаррифӣ шуда истодааст.

Бисту дуюми марти соли 2018 дар рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об « Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид, ки дар ин бора Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон аз 26 декабри оли 2018 чунин иброз доштанд:

«Соли 2018 дар аёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об-22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз гардид».

Дар ин замина бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид. Бинобар ин мутобиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” муайян гардида, аз соли 2025 дар саросари ҷаҳон се рӯз, аз 21 то 23 март ҷашнҳои вобаста ба об, яъне Рӯзи пиряхҳо, Рӯзи захираҳои об ва Рӯзи обуҳавошиносиро таҷлил хоҳад кард.  

Қобили зикр ва ифтихор аст, ки солҳои пеш, агар бештари мамолики дунё шояд, ки дар бораи кишвари мо маълумот андаке доштанд, дар даврони на чандон тӯлонии истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро бо сарварии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми дунё мешиносанд ва ташаббусҳои ӯро дастури амал қарор медиҳанд.

Ҳарчанд пешниҳоди Президенти кишвар ба Созмони Милали Муттаҳид дар мадҳи аввал ҳамчун ба об ва ҳифзи пиряхҳо равона шуда бошад, вале аз тарафи дигар онҳо як ҷаҳон маъниро таҷассум мекунанд.

Бо ин пешниҳодҳо Пешвои миллат сарони давлатҳои абарқудратро ҳушдор медиҳад, ки бидуни нишон додани қудрат ба тариқи силоҳ, ҷанг ва қисмати ҳудуд, башаррият ба ҳалли масъалҳое ниёз дорад, ки оқибати онҳо барои на фақкат умри инсон, балки тамоми мавҷудоти зинда низ хатари ҷиддиро эҷод мекунад.

Бинобар ин муттаҳид шудани мамолики ҷаҳон дар гириди ҳалли чунин мушкилот дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои судманд тарафайнро ба бор меорад. Чунончи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023 иброз доштанд: «Об дар ҳақиқат ҳам сарчашмаи ҳамаи мавҷудоти зинда дар олам аст.  Бинобар ин об қудрати муттаҳидсозии ҳамаи моро дорад».

Оре:

Паркандагӣ аз нифоқ хезад,

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.

Хулоса Пешвои миллат бо чунин ташаббусҳои хирадмандонаи худ сарони мамолики дунёро ба сулҳу ваҳдат ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ба қавли худашон «Биёед мо дар атрофи об муттаҳид бошем!», даъват мекунад.

Корҳо рост кунад оқили комил ба сухан,

Ки ба сад лашкари ҷаррор муяссар нашавад.

 

 

Охонниёзов Қ.Д - ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ, АМИТ 

Муфассал ...