70-УМИН СОЛГАРД МУБОРАК БОД!
Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандаров дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи давлатии ВМКБ бахшида ба 70-умин солгарди доктори илмҳои филологӣ, профессор Офаридаев Назрӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои актуалии номшиносии тоҷик” баргузор намуданд.
Конференсияро директори Институт доктори илмҳои филологӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Дар конференсия муовини Раси ВМКБ доктори илмҳои филологӣ Абдулназарзода Абдулназар соҳибҷашнро аз номи Мақомоти ВМКБ табрик намуд. Чанд нафар баромадкунанда: Матробиён Саодатшо Қосимзода – Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматуллозода Сахидод - муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарифзода Фарангис – директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АМИТ ба тариқи онлайн соҳибҷашнро табрик гуфта, бо маърўзаҳояшон баромад карданд.
Офаридаев Назрӣ яке аз симоҳои маъруфи илмии на танҳо ВМКБ, балки олими шинохта ва соҳибэҳтироми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, давомдиҳандаи кору фаъолияти муҳаққиқони забонҳои помирӣ ва фарҳанги таҳҷоӣ ба монанди Р.Х. Додихудоев, Д. Карамшоев, М. Файзов, Т.Бахтибеков, Н. Карамхудоев мебошад. Устоди муҳтарам дар риштаи топонимия ва ойконимияи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ки яке аз самтҳои асосии илми забоншиносӣ маҳсуб меёбад, таҳқиҳотҳои назаррасеро анҷом додаасту ҳоло ҳам фаъолияти ӯ дар ин ҷода беназир мебошад.
Профессор Назрӣ Офаридаев яке аз сермаҳсултарин олимони Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ба қалами ӯ беш аз 100 асару мақолаҳои илмӣ оид ба масоили топонимикаи Тоҷикистон, лексикологияи забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ, усулҳои таълими забон, таҳлили синхронӣ, диахронӣ ва муқоисавӣ-типологӣ тааллуқ доранд. Ба сифати муҳарризи расмии даҳҳо рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ баромад кардаанд. Рисолаву маҳолаҳои зиёди ин донишманд аз қабили “Микротопонимияи Ванҷу Дарвоз”, “Ойконимияи таърихии Вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон”, “Ойконимияи Вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон”, “Очеркҳо оид ба топонимия ва микротопонимияи Кўҳистони Бадахшон” дар илми забоншиносӣ мақоми хоса доранд.
Саҳми Офаридаев Н. дар пажӯҳиши забонҳои шарқ ва ғарби эронӣ басо арзанда буда, кӯшиши ӯ дар пойдории сулҳу субот ва оромиши кишвар, тарғиб ва тарафдории сиёсат ва стратегияи пешгирифтаи имрӯзаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон оид ба мақоми забони давлатӣ шуҳрати ин олимро дар байни аҳолии Ватанамон афзудаанд. Теъдоди мақолоти публитсистии устоди муҳтарам дар самти ташвиқу тарғиби донишҳои илмӣ, сиёсати хирадмандонаи кишварамон, қонунгузорӣ дар самти забон, илму таҳсилот тавассути Воситаҳои ахбори омавӣ ва шабакаҳои интернетӣ бениҳоят зиёд буда, аз ин ҷиҳат ӯро метавон энсеклопедисти соҳаи сиёсат ва қонунгузории давлатамон низ эътироф намуд.
Офаридаев Назрӣ дар поягузорӣ ва инкишофи риштаи филологияи тоҷик, дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, хизмати арзандае ба ҷо овардааст. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Донишгоҳи давлатии ш. Хоруғ ба номи М. Назаршоев ба ҳайси омӯзгор, сипас мудири кафедраи забони тоҷикӣ, декани факултаи филологияи тоҷик кор ва фаъолият намуда, баъдан солҳои тӯлонӣ вазифаи Проректор оид ба илми Донишгоҳро ба уҳда дошт. Кафедрае, ки сарварии онро устоди муҳтарам ба уҳда дошт, ба як маркази илмиву забоншиносии ҳақиқӣ ва махзани кадрҳои забоншинос табдил ёфт.
Дар тарбияи кадрҳои илмии соҳаи филология, яъне муҳаҳҳиҳон, мутахассисони ҷавони забоншинос (ҳамчун роҳбар ва мушовири илмӣ) саҳми баѓоят калон доранд. Дар давоми фаъолияти илмиву омўзгориашон то имрўз устод Назрӣ Офаридаев тавонистаанд чандин шогирдони худро дар роҳи илм раҳнамоиву тарбия намоянд. Шогирдони ин олими барҷаста ҳоло дар рушди илми забоншиносӣ ва пешрафту инкишофи илму фарҳанг дар вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми беандоза гузошта истодаанд.
Ҷашни муборакро барои устоди меҳрубонамон фархундаву ҳумоюн гуфта, ба эшон саломатӣ, офияти рўзгор ва комёбиҳои илмии навро таманно менамоем.