НАҚШИ ЗАН ДАР ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН
Ширингул АЗОРАБЕКОВА– ходими илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Мақоми зан дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ҳамчун тарбиятгари насли наврас мавқеи муҳимро ишғол мекунад, зеро зан – модар пояҳои аввалини дониши фарзандро ҳамчун инсони фаъол ба роҳ мемонад. Ин нуқта дар Паёми Пешвои миллат низ баррасӣ гардид. Аз ҷумла Пешвои миллат қайд намуданд, ки мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Беҳуда нест, ки мутафаккири бузург Абдуррауфи Фитрат ҳамаи пешравию тараққиёт, рушду бонизомии ҳар давлатро дар мақоми модар ва оила мебинад ва чунин менависад: «Дар ҳар ҷо, ки муносибати оила бо қуввати интизом аст, мамлакату миллат низ қавӣ ва мунтазам хоҳад буд». Бояд қайд кард, ки мо дар сохти ҷамъияти иҷтимоӣ фаъолият дорем.
Мутобиқи Паёми имсолаи Пешвои миллат самти иҷтимоӣ бахусус таҳсили духтаронро дар мадди аввал қарор медиҳад. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.
Нақши занон дар ҷомеа ҳамчун тарбиятгари насли наврас тақозо менамояд, ки ҷавононро аз диди психологӣ ба ташкил намудани оила тайёр намоем. Дида баромадани муносибатҳои оилавии ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Дар байни омма низ андешае мавҷуд аст, ки худи ҳаёт ва оила мактаби асосии оиладорӣ аст. Маълум аст, ки таъсири оила дар инкишофи шахсияти ҷавон, бешубҳа, муассир мебошад, вале наметавон ҳама масъалаҳои оиладориро дар мактаби зиндагӣ омўхт. Барои ҳамин Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем. Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд.
Яке аз мушкилотҳо дар оилаи имрўзаи тоҷик ба инобат нагирифтани характери ҳамсарон мебошад, ки ин омил барои ба вуҷуд овардани тасаввурот дар бораи ҳаёти оилавӣ хеле муҳим аст, зеро ин муносибатҳо на танҳо ба аъзоёни оила, балки ба насли оянда дар маҷмуъ таъсиррасон мебошанд. Бояд қайд намуд, ки кўдак дар оила аввал масъалаҳои муошират намудан бо одамони наздикро аз худ мекунад, намунаҳои рафтори волидайнро дида, тақлид ба он менамояд.
Ҳамин тавр, кўдак, ки минбаъд наврасу ҷавон мешавад, нақшҳои падару модарашро аз худ менамояд. Чунин азхуднамоии нақшҳои иҷтимоӣ ва характери муносибатҳои байнишахсӣ, пеш аз ҳама, аз тарбияи оилавӣ вобаста мебошад. Аз рўи андешаи баъзе тадқиқотчиён, дар оилаи солим ҳаёт ба сар бурдани ҷавон, метавонад ба дараҷаи тайёрии ў ба ақди никоҳ таъсир бахшад.
Бинобар ҳамин, Пешвои миллат ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеаро яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ҳисобид. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар маҷмуъ, беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар сокинони мамлакат шароити истиқоматии худро беҳтар кардаанд, ки аксари онҳоро оилаҳои ҷавон ташкил медоданд. Дар ин замина, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.
Дар масири масъалаҳои дар Паёми Пешвои миллат оид ба мақоми зан- модар дар тарбияи насли наврас гузошта шуда, зарур аст, ки корро дар ин самт боз ҳам ривоҷу равнақ диҳем, то ки тарбияи ҳамаҷонибаи насли ояндаи Тоҷикистонро дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монем.