АБОДУЛЛОЕВА САФИНА ЮСУПОВНА - доктори илмҳои филологӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
РУШДИ ФАРҲАНГУ ТАМАДДУНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АЗ БЕДОРИИ ХУДШИНОСИСТ
«Равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгароиву динӣ василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд….» Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, 2024
Дар давоми сӣ соли соҳибистиқлолии кишварамон намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, афроди бо нангу номуси ҷомеаи тамаддунофар дар натиҷаи дарки арзишҳои миллӣ ва фарҳангу ахлоқи ҳамидаи аҷдодӣ сиёсати давлатро дастгирӣ намуда, иқдомоти хубро дар амалӣ сохтани сиёсати пешгирифтаи давлат гузоштаанд. Иқдомоти шахсони хайрпеша дар баробари баланд бардоштани вазъи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, инчунини дигар, дар хизмати маънавӣ барои халқу ватани азизамон зоҳир мегардад. Неъмати бузургтарини халқу кишварамон истиқлолияту озодӣ ва дунявӣ будани мамлакат мебошад. Маҳз истиқлолият ба мо имкон дод, ки мо ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии худ ноил гардида, бузургони илму адаб ва пирони хирадро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем. Эҳёи расму ойинҳои миллӣ ва ҷашну идҳои аҷдодӣ аз қабили Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои динии Рамазону Қурбон аз шарофати озодии виҷдону озодандешии мардуми кишварамон имконпазир гардидааст. Бузургдошти шахсиятҳои барўманди илмӣ ва динӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чандин маротиба нашр гардидану дастрас гардидани Куръони маҷид маҳз аз ҷумлаи иқдомотест, ки шаҳодати бевоситаи миллати мутамаддини тоҷик мебошад.
Дар ҷаҳони муосир зуҳуроте низ ба назар мерасанд, ки боиси халалдор сохтани тамоми самтҳои зиндагии мамлакат шуда метавонанд. Масъалаи аввале, ки аз тарафи Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар иброз гардида буд, роҳи ҳифзу такомули арзишҳои эътиқодиву ахлоқии дини мубини ислом тавассути поксозии он аз ҳама гуна хурофоту таассуб, ҳимоя аз тафриқаандозӣ ва пойдории асолати динӣ мебошад. Вақтҳои охир зуҳуроти таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ боиси риоя нагардидани меъёрҳо ва қонунҳои амалкунанда шуда истодааст. Дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир ин гуна амалҳо моро ҳушдор месозанд, ки барои ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа риояи оқилонаи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динӣ ба роҳ монда шуда, пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро комилан бигирем, зеро омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта оқибати ногувор хоҳад дошт.
Масъалаи амалисозии манфиатҳои абарқудратон ҷиҳати азнав тақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки мутаассифона, хусусияти динӣ касб намудааст, нигароникунандамебошад, ки халқи тоҷик бояд дастаҷамъона бар зидди чунин зуҳуроти номатлубу хатарнок мубориза бурда, дар кишвар барои таъмин намудани волоияти қонун мусоидат намояд.
Исрофкориву зиёдаравӣ, риёкориву зоҳирпарастӣ омили дигари хатарноки ҷомеаи имрўза ба шумор меравад, ки баёнгари маърифати пасти суннатшиносӣ ва риояи арзишҳои динӣ ба шумор меравад.
Фарҳанги хуби либоспӯшӣ, рафтору анъанаҳои махсуси он, ки инъикоскунандаи арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи мардумамон ба шумор меравад, бояд пояи мустаҳкам дошта бошад, зеро намояндаи ҳар миллатро пеш аз ҳама аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш мешиносанд. Тавассути зебоиву рангорангии либоспушӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии тоҷик инъикос мегардад. Ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои бегона, ки хилофи урфу одати фарҳанги мо мебошанд, хотима бояд гузошт.
Ҳамин тариқ, дар такя ба қонунҳо «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 ва 2021 – 2025 тамоми зуҳуроти номатлуби ҷаҳони имрўзаро бартараф сохта, аз ҷавонони азиз, соҳибони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид ба амал оварда мешавад, ки роҳи илму маърифат, омўзиши технологияи муосир, роҳи беҳтар сохтани зиндагии имрўзаро пеш гирифта, кўшиш ба харҷ диҳанд,ки Ватани маҳбуби худамонро боз ҳам ободу шукуфон созанд.